КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА

5

Дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари ба вуҷуд омадани дигар зуҳуроти хатарзо ва хавфнок, ба мисли терроризму ифротгароӣ, қоҷоқи маводи мухаддир масъалаи дигари нишаронкунадаву муташанниҷ ва вабои қарн ин фасод ё худ коррупсия ба ҳисоб меравад, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллату давлатҳоро ба ташвишу парешонӣ андохтааст. Коррупсия ва дигар амалу ҳаводиси марбут ба хусусиятҳои коррупсионӣ дошта, яке аз ҷиддитарин монеаҳо дар самти ташккули давлату давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, низоми ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёдро халалдор месозад ва садди асосии пешрафти иқтисод кишвар гардида, ба сатҳи некӯаҳволию зиндагии осоиштаи мардум ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зиён ворид мекунад. Тавре ки дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: “Коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие”, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ” фаҳмида мешавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки зоҳир шудану ба вуҷуд омадан ва пайдоиши омилҳои коррупсионӣ мансуб ба қарни ҷадид набуда, балки падидаву зуҳуротест, ки дар асрҳои гузашта дар шакли гуногун низ мавҷудият намуда, зина ба зина яке аз сабабҳои аслии аз саҳнаи пурталотум ва пур шебу фарози таърих берун гардидани давлату миллатҳои мухталиф гардидааст. Дар ин росто, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ дар тӯли таърих ба ин омилҳо ва мушкилот дучор шуда, ҳатто яке аз омилҳои аз байн рафтани чандин давлатҳои миллии тоҷикон пайдо гардидани чунин зуҳуроти хусусиёти коррупсионӣ дошта ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, коррупсия зуҳуроти ниҳоят хатарнок ва барои ҷомеа зарарнок маҳсуб ёфта, таҳдидкунанда ва барҳамзанандаи аслии сулҳу оромиш, ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ ва ваҳдати миллии халқу миллатҳо ва давлатҳост. Он мисли ҳашаротест, ки дохили ҷисми инсон гардида, ҳарчанд дар зоҳир мустаҳкам намояд, вале оҳиста-оҳиста дохили онро вайрон намуда, ибтидо ба заифшавӣ расонида, пасон аз байн мебарад. Бинобар ин, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди коррупсия муборизаи оштинопазирро оғоз намуда, ибтидо қайд намуданд, ки “бо дар назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатиро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем”. Ҳамин буд, ки пас аз расидан ба Ваҳдати комил ва пойдор гардидани сулҳу салоҳ дар кишвар нахустин санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба омилу хусусиятҳои коррупсиёнӣ дошта ба тасвиб расид. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999 яке аз чораҳои андешидашудаи хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар дар солҳои нахусти расидан ба сулҳу салоҳ дар мамлакат буд, ки дар муқобили фасод талошу мубориза ва муқовиматро ҷонок намуд. Пешвои миллат хуб медонист ва дарк мекард, ки бидуни пешгирии фасод бунёд ва рушду пешрафти ҷомеаи мутамаддинро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин лиҳоз барҳақ таъкид намуданд, ки “мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”. Дар воқеъ, сади роҳ шудани фасод дар кишвар кори дастаҷамъӣ буда, бидуни иштироки фаъолонаи ҷомеаи мутамаддин пеши роҳи онро гирифтан ғайри имкон аст.

Бо ташаббусу иқдоми дигари хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгири намудани коррупсия соли 2007 ниҳоди махсуси назоратӣ дар самти мазкур – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо Коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин албатта барои пешгирии омилҳои хусусияти коррупсиёнӣ дошта, ташаббуси волову бузурге ба шумор меравад. Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва аз 3-юми августи соли 2021 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул шуданд, ки дар амал татбиқ ва иҷро шудани он аз ҷониби ҳар як ниҳоди давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии фасод дар кишвар роҳи муносиберо ба вуҷуд меорад.

Дар воқеъ, сабабҳо ва омилҳои ааслии реша давонидан ва паҳн гаштани коррупсия ва амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Яъне, инсоне, ки соҳиби ақлу дониш ва хираду заковат буда, маърифати баланди ҳуқуқиро доро мебошад, ҳеҷ гоҳ даст ба ришвадиҳӣ ва ё порагирӣ намезанад. Албатта, бо сабабҳои иқтисоди паст доштани баъзе афрод ва барои қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию шахсии худ баъзе аз одамон даст ба ин корҳои номатлуб мезананд, ки зиёнашро на танҳо ба худи шахс, балки ба тамоми ҷомеа мерасонад. Ин амали нангин ва пастфитратона, боварии ҷомеаи шаҳрвандиро нисбат ба давлату ҳукумат коста гардонида, ҳар гуна хавфҳоро ба вуҷуд меорад. Обрӯ ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмиллалӣ паст гардонида, равобити боварибахши миёни давлатҳоро заиф мегардонад. Дар ҳақиқат, “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқи ҷомеа мегардад”. Бинобар ин, кулли ҷомеаи моро лозим аст, ки бо шиори “Гест бод коррупсия” амал намуда, дар роҳи расидан ба ҷомеаи бозҳам пешрафту мутамаддин талош биварзем, то наслҳои баъдӣ аз он ибрат гирифта, зиндагии шойстатаро барои худ ва миллату давлати азизи хеш ба сомон расонанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тавсеа ва рушду инкишоф ёфтани коррупсия боиси рух додани фоҷиа ва фарҷоми як миллат буда, хавфноктарин зуҳуротест, ки ба ишкишофу оромона пешрафти босамари иқтисод ва ҷомеаи демократӣ халал эҷод менамояд ва аз ҳама муҳим боварии мардумро нисбат ба давлат коста мегардонад. Аз ин рӯ, кулли ҷомеаи мутамаддини тоҷикро мебояд, ки чун ҳамхуну ҳамтан ва ҳамнажод дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, дастуру супоришҳои ӯро сармашқи кори хеш намуда, барои обрӯву эътибор ва нуфузи миллату давлати хеш дар сатҳи байналмилал тамоми талоши хешро ба анҷом бирасонем.

Самандар МАҲМАДАМИНОВ,ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих