КОВИШҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ ДАР ҲИНДУСТОН

86

(Ба ифтихори 100-солагии муаррих ва адабиётшиноси номвар Аҳрор Мухторов)

Соли равон аз мавлуди олими сатҳи ҷаҳонӣ ва ифтихори миллати тоҷик академик Аҳрор Мухторов 100 сол сипарӣ мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ин санаи муҳимро бо доир намудани конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ истиқбол намоянд. Дар воқеъ ин ташаббус боиси хурсандист, зеро эҳтиром ва гиромидошти хотираи фарзандони фарзонаи миллат амали хайру нишон аз хиради азалии миллати тоҷик мебошад. Ин тадбири муҳим ба тарбияи худшиносии насли ҷавон мусоидат карда, ҳисси масъулиятшиносии онҳоро боло мебарад. Дар воқеъ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино, яке аз 500 чеҳраи шинохтаи ҷаҳон, доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов аз зумраи шахсиятҳоест, ки омӯхтани рӯзгору осори ӯ дар тарбия ва худогоҳии наслҳои имрӯзу фардои миллат нақши бориз мегузорад.

Олимону донишмандону пажӯҳандагон асару мақолаҳои бешумори худро ба паҳлӯҳои гуногунҷанбаи ҳаёт ва эҷодиёти академик Аҳрор Мухторов бахшидаанд. Профессор Ҳайдаршо Пирумшоев дар асари “Кашшофи нақди таърих” ҳаёт, рӯзгори ибратомӯз ва фаъолияти таҳқиқотии Аҳрор Мухторовро мушикофона ва хеле дақиқ таҳлилу баррасӣ намудааст.

Олимону донишмандону пажӯҳандагон асару мақолаҳои бешумори худро ба паҳлӯҳои гуногунҷанбаи ҳаёт ва эҷодиёти академик Аҳрор Мухторов бахшидаанд. Профессор Ҳ. Пирумшоев дар асари “Кашшофи нақди таърих” ҳаёт, рӯзгори ибратомӯз ва фаъолияти таҳқиқотии Аҳрор Мухторовро мушикофона ва хеле дақиқ таҳлилу баррасӣ намудааст.

Дар маҷмӯаи “Олиме, ки ифтихори миллат аст”, ки ба 80-солагии академик Аҳрор Мухторов бахшида шудааст, олимони тоҷик профессор Ҳ. Пирумшоев (“Олими шуҳратёр” ва “Историк по призванию”), профессор М. Бобохонов (“Нақши академик Аҳрор Мухторов дар пажӯҳиши таърихи тоҷикони ҷаҳон”), академик М. Муллоаҳмадов (“Аламбардори илму фарҳанг”, академик Х. Отахонова (“Манбаъшиноси нуктадон”), профессор Р. Набиева (“Ситораи дурахшони Машриқзамин”), профессор С. Муҳиддинов “Академик Аҳрор Мухторов ва масъалаи омӯзиши санъати халқи тоҷик”, профессор Л. Додхудоева (“Академик Аҳрор Мухторов ва масъалаҳои мубрами таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ дар давраи гузариш аз асри миёна ба давраи нав”), профессор М. Иброҳимов (“Шуҳрати олим”), дотсент С. Ғуломшоев “Академик Мухторов-китобшинос”, дотсент Н. Қосимов (“Поягузори катибашиносии тоҷик”), шоир В. Акбарӣ (“Шаҳсавори таърих”) академик Аҳрор Мухторовро чун омӯзгори асил, олими борикбин, бостоншиноси гавҳаршинос, мардумшинос, маъхазшинос, манбаъшинос, катибашинос, қомусшинос, оинадору ҷоннисори таърихи миллат ва ифтихори миллат ба қалам додаанд.

Ҳамзамон, саҳифаҳои рӯзгору осор ва таҳқиқоти илмиву фаъолияти пурсамари омӯзгориву тадқиқотии Аҳрор Мухторов дар мақолаву асарҳои пурарзиши олимони шинохта М. Исоматов ва С. Муллоҷонов (Мухторов Аҳрор //Донишномаи Рӯдакӣ), М. Исоматов (Бузургаш бихонанд аҳли хирад //Аҳрорнома), Қосиди таърихи тамаддун //Омӯзгор, 5.11.2004), С. Маъмур (Муаррихи замон, маҳбуби шоирон //Аҳрорнома), Х. Нарзулло (Бузургонро бузургон зинда медоранд //Садои мардум.- 21.08.2004), Шӯҳрати ҷаҳонии як марди фидокор //Сухани халқ. – 23.08. 2004) равшан нишон дода шудааст, ки аз шуҳрати беамсоли эшон дарак медиҳад.

Академик Аҳрор Мухторов дар тадқиқи таърихи халқи тоҷик саҳми арзанда дорад ва хонандаро ба худшиносӣ ҳидоят мекунад. Асарҳои мондагори А. Мухторов дар омӯзиши таърих ва сарчашмашиносӣ, бахусус таърихи Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон ҷойгоҳи намоён ва арзиши баланди илмӣ доранд. Академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқи масоилу равияҳои илмӣ сухани наву тоза эҷод кардааст. Асарҳои мондагори мавсуф “Санг ҳам диле дорад”, “Аз пайи таърихи кӯҳан”, “Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон”, “Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик дар асрҳои XIX ва ибтидои асри XX” дар адабиётшиносӣ аҳаммият ва арзиши баланд доранд.

Асарҳои безаволи академик Аҳрор Мухторов “Балхи давраи охири асри миёнагӣ”, “Ёдгориҳои катибавии Кӯҳистон (асрҳои XI-XIX)” дар ҳаҷми ду китоб, “Очерки таърихи мулки Ӯротеппа дар асри XIX”, “Гузарҳои Ӯротеппа”, “Ҳокимони Ӯротеппа (асрҳои XV-XIX), ”“Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа”, “Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо”, “Саҳифаҳои таърихи Ҳисор”, “Ҳисор очерки таърихӣ”, “Ҳокимони Ҳисор” дар таҳқиқи таърихи мулкҳои Балх, Ҳисор ва Ӯротеппа нақши назаррас дошта, ба ҷанбаҳои гуногуни он равшанӣ андохтаанд. Академик Аҳрор Мухторов ифтихори ҳамватанон ва форсизабонони бурунмарзист, зеро беҳтарин вақти худро барои таҳқиқи таърихи миллат ва Осиёи Марказӣ бахшида, бисёр саҳифаҳои то кунун торики ин сарзаминро барои хонанда равшан сохтааст. Аҳрор Мухторов чунин андеша дошт: “Насли оянда бояд пешсафии илми таърихшиносии ватаниро дар минтақа нигоҳ дорад”.

Тули зиёда аз 30 сол академики номвар Аҳрор Мухторов ҳамчун узви “Ҷамъияти алоқаҳои дӯстӣ ва маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ”, Раиси “Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити мадании Тоҷикистону Ҳиндустон” дар густариш ва мустаҳкам шудани ҳамкориҳои илимиву фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ фаъолияти босамар кардааст ва бо нашри асарҳои илмӣ дар нашрияҳои ИМА, Олмон, Англия, Полша, Чехия, Италия, Венгрия, Эстония, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Исроил ва ғайра таърих ва фарҳанги халқи тоҷикро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Мақом ва нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик хеле бузург аст. Бахусус, ҳашт сафари илмии эшон ба Ҳиндустон ва таҳқиқи сарчашмаҳои нодири таърихиву адабӣ доир ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик дар ганҷинаҳои ин сарзамин қобили таваҷҷуҳ аст.

Сафари нахустини Аҳрор Мухторов ба Ҳиндустон ба моҳи январи соли 1964 рост меояд, ки бо академикон Б. Ғафуров, А. Мирзоев ва К. Айнӣ дар ҳамоиши XXVI-уми шарқшиносони ҷаҳон ширкат мекунад. Аҳрор Мухторов дар ин ҳамоиш дар мавзуи “Деҳқон” дар асрҳои XIII-XVI” маърӯза мекунад ва ҳамзамон бо олмони маъруфи ҷаҳон Саид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафо (Эрон), Ричард Фрай (Амрико), Тоган (Туркия) ва олимони Ҳиндустон Нурул Ҳасан, Саид Ҳасан Обидӣ, Назир Аҳмад, Ҳусайн Саҷҷод шинос мешавад, ки дар сафарҳои минбаъда олимони Ҳиндустон ба Аҳрор Мухторов кӯмаки назаррас мекунанд. Дар ин сафар академик Аҳрор Мухторов аз шаҳрҳои Агра, Ҷайпур, Бомбей, Мадрас дидан мекунад ва дастхатҳои маҳфузи ин шаҳро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ковишҳо боис мешавад, ки А. Мухторов чанд мисраъ шеърҳои тозаи Абуабдулло Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Аҳмади Хуҷандиро пайдо карда, ба олимону муштоқони шеър пешкаш намояд.

Дар давраи сафари семоҳа ба Ҳиндустон (ноябри соли 1981-январи соли 1982) Аҳрор Мухторов бо дастхатҳои зиёд шинос шуда, натиҷаи таҳқиқотро дар китоби “Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон” гирд овардааст. Миқдори зиёди дастхатҳо дар китобхона, осорхона, донишгоҳҳо ва бойгонии шаҳрҳои Деҳлӣ, Ҳайдаробод, Сринагар (Кашмир), Патна, Олигарҳ, Рампур, Тонг, Ҷайпур ва ғайра маҳфузанд.

Сафари думоҳаи Аҳрор Мухторов дар соли 1986 ба Ҳиндустон, ки бо таклифи сафири кабири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Москва, профессор Нурул Ҳасан сурат мегирад, ҷолибу хотирмон аст.

Муаррих ва адабиётшиноси нуктасанҷ Аҳрор Мухторов дар маҷмӯи мақолаҳои “Мероси ниёгон” ба хонанда маълумоти наву тоза пешниҳод кардааст. Муҳақиқи борикбин Аҳрор Мухторов дар давоми сафари моҳҳои август-сентябри 1986 аз фонди дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи Кашмир (ш. Сринагар), Академияи ҳунар ва фарҳангу забони Остони Ҷамму ва Кашмир, осорхонаи шаҳри Сринагар дидан карда, маводро руйнавис ва микрофилм мекунад. Ба андешаи ӯ дар китобхонаву осорхонаҳои Ҳиндустон дастнависҳои зиёд доир ба мусиқии классикии форсу тоҷик маҳфузанд, ки барои омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаи нодир мебошанд. Аз ҷумла, ду нусхаи “Шоҳнома”- А. Фирдавсӣ дар китобхонаи Донишгоҳи Кашмир мавҷуд аст, ки яке солҳои 1608-1609 ва дигараш пас аз панҷ сол китобат шудааст.

Муаллиф зикр мекунад, ки дар Академияи ҳунар ва фарҳангу забони Остони Ҷамму ва Кашмир қадимтарин дастнавис ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷумаи таҳтулафзии Қуръон маҳфуз мебошад, ки онро соли 1279 Фатҳуллоҳи Кашмирӣ китобат намудааст. Дар китобхонаи Донишгоҳи Калкутта зиёда аз 100 адад дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ мавҷуд аст. Дар шаҳри Ҷайпур бинои зебои дуошёнаи Потихона (“Хонаи дастхатҳо”) мавҷуд буда, дар ин ҷо низ зиёда аз 100 адад дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, аз зумраи девонҳои А. Ҷомӣ, К. Хуҷандӣ, У. Зоконӣ маҳфузанд. Аз руйи нигоштаи Аҳрор Мухторов дар пештоқи бинои боҳашамати осорхонаи шаҳри Ҷайпур, ки соли 1850 бо санги мармари сафед бо усуси ҳиндӣ сохта шудааст, бо ҳиндӣ ва форсӣ-тоҷикӣ ин байт сабт шудааст:

Бо дӯшману дӯст феъли некӯ, некӯст,

Бад кай кунад он, ки некиаш одати ӯст.

Бо дӯст чу бад кунӣ, шавад душмани ту,

Бо душман агар некӣ кунӣ, гардад дӯст.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чун амалдар ту нест нодонӣ.

Ин навиштаҷот гувоҳи он аст, ки забони форсӣ-тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд дар марказҳои бузург ва инчунин дар маҳалҳо низ мавриди истифода қарор дошт.

Дар китобхонаҳо, осорхонаҳо ва бойгониҳои Ҳиндустон даҳҳо ҳазор китобҳои қаламӣ бо забонҳои форсӣ тоҷикӣ маҳфузанд. Сабаби зиёд будани чунин китобҳо ин шӯҳрати забони форсӣ-тоҷикӣ буд, ки дар асри XI забони гуфтугӯӣ ва дар давоми асрҳои XVI-XIX на танҳо забони адабию давлатӣ, балки забони муоширати байни халқҳои гуногунзабони Ҳиндустон буд.

Ба гуфтаи академик Аҳрор Мухторов дар шаҳри Калкуттаи Банғола донишгоҳ, ҷамъияти осиёшиносӣ, ҷамъияти эроншиносӣ, китобхонаи миллӣ, осорхонаи “Мемориали Виктория” (“Ёдгории Зафар”), осорхонаи миллӣ ва ғайра мавҷуд аст, дар онҳо дастнависҳои форсиву арабӣ, урдуву ҳиндӣ ва санскрит нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин шаҳр, ҳанӯз соли 1947 дар маҷаллаи “Индо-Ираника” (“Ҳинду Эронӣ”) Муҳаммад Исҳоқ ном олим мақолаеро бо номи “Рӯдакӣ падари адабиёти нави форсӣ” чоп кардааст.

Дар маҷмӯаи “Мероси ниёгон” академик Аҳрор Мухторов тадқиқоти анҷомдодаи худро дар самти омӯзиши дастхатҳо батафсил нақл карда, хонандаро бо ёдгориҳои муҳими таърихиву адабии аҷдодонамон ошно месозад. Дар ин китоб сафар ба шаҳри Тонки иёлоти Роҷистон ва шиносоӣ бо фонди китобҳои қаламии Институти забонҳои арабӣ ва форсӣ, ҳунари хаттотон, хатҳои аз миён рафта (кӯфӣ, тугро, девонӣ ва ғ.), “Сафар ба Кашмир”, “Ашъори Рӯдакӣ дар “Фарҳанги Қаввос” (кӯҳнатарин фарҳанги форсӣ ба форсӣ), “Сухан аз иштиҳори Рӯдакӣ дар Ҳинд”, ки фарогири сафари муаллиф ба шаҳрии Калкутта аст, “Рӯзгори Зебуннисо”, “Семинари Бедил ва девони Туғрал”, “Рисолаҳои мусиқӣ ва шӯҳрати “Шашмақом” бо як нигориши баланду фасеҳу равон ба хонанда пешкаш шудааст.

Бахусус, хотираҳои муаллиф дар хусуси сафар ба Кашмир ҷолиб аст. Муаллиф қайд мекунад, ки “марди мовароуннаҳрӣ асосгузори санъати бофандагии шоли кашмирист” ва ин андешаи ӯро олимони Деҳлӣ ва Сринагар, ки ҳамсафари Аҳрор Мухторов буданд, тасдиқ кардаанд. Муаллиф иброз медорад, ки ба ифодаи Риёзаҳмади Шервонӣ занони Кашмир аз зеботарин занҳои дунё ба шумор мерафтанд ва ҳусни онҳо илҳомбахши шоирон шудааст. Чуноне, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд,

Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Дар ин қисмати асар муаллиф доир ба маъруфияти муносибатҳои тиҷоратӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ, инчунин мубодилаи илму ирфон миёни мардуми Мовароуннаҳр ва Кашмир маълумот медиҳад. Ривоҷи забони форсиро дар Ҳинд муаллиф аз қадршиносии шоирон, адибон, хаттотон ва арбобони илму фан аз ҷониби подшоҳони Ҳиндустон медонад.

Қайди ин нукта муҳим аст, ки муаллиф дар бахши “Ашъори Рӯдакӣ дар “Фарҳанги Қаввос” зикр мекунад, ки профессор Назир Аҳмад хизмати фахрии Қаввосро ҳамчун бунёдгузори фарҳангнависӣ дар Ҳиндустон қайд кардааст, аммо тадқиқотгарони тоҷикро зарур аст, ки ин фарҳангро барои омӯхтани забони тоҷикӣ, алалхусус барои муайян намудани мақоми он дар Ҳиндустони асрҳои XIII-XIV омӯзанд.

Дар бахши “Расидаҳои адибони хуҷандӣ” муаллиф зикр кардааст, ки солҳои 1981-1982 ҳангоми омӯхтани китобҳои қаламии Ҳиндустон шоири то ҳол номаълумеро аз ин диёр бо номи Мавлоно Аҳмад пайдо карда, намунаи шеърҳои ӯро руйи чоп овардааст.

Дар давоми сафари илмии худ академик Аҳрор Мухторов ном ва ашъори 25 нафар форсу тоҷикро пайдо намудааст.

Дар бахши “Рисолаҳои мусиқӣ ва шӯҳрати “Шашмақом” муаллиф зикр мекунад, ки дар асри XVI муборизаи рӯҳониён ба муқобили баъзе мақомҳои тоҷикӣ, классикӣ сар задааст, ки ин масъала низ омӯхта нашудааст. Беасос, нест, ки нусхаи вақфномаи соли 1527, ки дар охири асри XVIII аз тарафи амир Шоҳмурод ва нусхаи дигари он дар аввали асри XIX бо муҳри амир Ҳайдар тасдиқ шуда, қувват гирифтааст. Ин навъ муносибати манфӣ ба мусиқии классикӣ дар Ҳиндустон низ ҷой дошт. Мусиқии классикӣ дар Ҳиндустони асрҳои XVI-XVII пеш рафтааст. Аммо, дар замони ҳукумати Аврангзеб (1658-1707) кор ранги дигар гирифтааст ва ӯ хонандагону навозандагонро аз дарбор рондааст. Аз руйи навиштаи Риёзаҳмади Шервонӣ “хонандагон ва навозандагон рӯзе тобути илоҳаи мусиқиро дуруст карда аз ҷилави қасри подшоҳ бо гиряву зорӣ гузашта, онро мушоаят карданд”. Чун Аврангзеб аз ин мавзуъ огоҳ шуд, гуфт: “Тобутро хуб ва боэҳтиёт дафн кунанд, то ҳаргиз натавонад аз он ҷо бигрезад”. Аммо, ин ҳунар аз байн нарафтааст ва устодони фан онро зинда нигаҳ доштаанд. Чунин бармеояд, ки рушди мусиқии классикӣ дар асрҳои XVI-XVII ва бетавофутии подшоҳ ба ин ҳунар дар нимаи дуюми асри XVII дар Мовароуннаҳру Ҳиндустон дар як вақт бо ивазшавии “дувоздаҳмақом” ба “Шашмақом” иттифоқ афтодааст. Ин аз як тараф наздикии санъати мусиқии халқҳои Мовароуннаҳру Ҳиндустонро нишон диҳад, аз тарафи дигар ин навъ муносибат ба санъати мусиқӣ шояд ибтидои такомул ёфтани мақомҳои классикӣ, ивазшавии номи онҳо дар як мулк ва давом доштани номи пешина дар мулку вилоятҳои дигар сурат гирифта бошад.

Бо даъвати профессор Каушик Аҳрор Мухторов бо ҳамроҳии М.Осимӣ, А. Маниёзов ва А. Ғаффоров дар ҷашни 80-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки соли 1989 сурат гирифта буд, ширкат мекунад ва дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Олигарҳ баромад мекунад.

Бо ҳидояти ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ соли 1990 Аҳрор Мухторов бо ҳамроҳии дӯзандаи фабрикаи 50-солагии Октябр дар Душанбе С. Қурбонова бо мақсади густариши равобити фарҳангӣ ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Канпур, Лакҳнав сафар мекунанд.

Бо ҳадафи мустаҳкам кардани алоқаҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ ва бо таклифи роҳбари заруштиёни Ҳиндустон профессор Меҳр Мистер Мус соли 1992 Аҳрор Мухторов бо ҳафт нафар ба Ҳиндустон сафар карда, бо расму оини зардуштиёни Мумбай, Пуна, Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳои начандони калони Ҳиндустон шинос мешаванд. Имкон фароҳам меояд, ки дар маросимҳои зардуштӣ –истиқболи “Наврӯз”, маросими қабули кӯдакон ба ин мазҳаб, туйи арусии зардуштӣ, баъзе лаҳзаҳои муносибати зардуштиён бо ҷасадашон ширкат кунанд.

Маҷмӯи мақолаҳои Аҳрор Мухторов “Авроқи рангини таърих”, ки ба поси хотири писари ягонааш Аброрҷони марҳум бахшида шудааст, мақолаҳои дар маҷалла ва рӯзномаҳои солҳои 1951-2006 нашршударо дар бар мегирад ва арзиши баланди илмӣ дорад. Дар ин маҷмӯа 75 мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст, ки ҳар яке мазмуни як асарро дорад.

Барои ҷамъоварии сарчашмаҳои таърихӣ ба шаҳри Деҳлӣ рафтан ва вохӯрӣ бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров дар мақолаи “Дар сари турбати Бедил” оварда шудааст.

Дар ин вохӯрӣ бо пешниҳоди Абдулаҳад Қаҳҳоров Аҳрор Мухторов оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедилро бо раҳнамоии профессори Донишгоҳи Деҳлӣ ҷаноби Обидӣ зиёрат мекунад.

Маълум мешавад, ки соли 1373 ҳиҷрӣ (с. 1953-1954) ҳаводорони шоир дар Афғонистон маблағ ҷамъ карда, дар рӯйи қабри Бедил бо услуби меъмории Ҳиндустон айвоне бино кардаанд. Дар ин сафар фурсат намешавад, то навиштаҷоти болои санги мазори Бедилро омӯзанд. Соли 1999 ҳамроҳи собиқ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва профессор У. Ғафуров дар ҷашни 90-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ширкат мекунад. Ҷашнвораи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Деҳлӣ рӯзи аввал дар толорои парламент бо ширкати сарвазири Ҳиндустон А.Б. Ваҷҳпейӣ ва рӯзи дигар дар Донишгоҳи Ҷавоҳирлал Неҳрӯ доир мешавад. Дар ин сафар академик Аҳрор Мухторов бо кӯмаки профессори Донишгоҳи Деҳлӣ Маҳмуди Олам санги мармари сандуқмонанди қабри Бедилро кушода, матнҳои паҳлӯи чапу рости онро мехонад.

Дар паҳлӯи рост:

Баъди мурдан шуълаи овози ман хомӯш нест,

Хезад аз тори раги санги мазор оҳанги ман.

Дар паҳлӯи чап:

Бедил, таҷаддуд аст либоси хаёли ман,

Гар сад сол бар оям кӯҳан наям.

Дар ин ҷо аз бисёр катибаҳо, аз ҷумла аз санги қабри Ҷаҳоноро, духтари сеюми Шоҳҷаҳон дидан мекунад, ки дар руйи он чунин навиштаҷот будааст:

Ба ғайри сабза напӯшад, касе мазори моро,

Ки қабрпӯши ғарибон ҳамин гиёҳ бас аст.

Ҳамчунин, ба Академик Аҳрор Мухторов тавофи мазори Амир Хурсави Деҳлавӣ, Хондамир ва шоири номии Ҳиндустон Асадуллоҳ Ғолиб муяссар мешавад.

Академик Аҳрор Мухторов қайд мекунад, ки қабрҳое, ки дар болояшон катиба гузошта бошанд, тақрибан боқӣ намондааст. Танҳо дар руйи як қабр чунин матнро мехонанд: “Шайх Нуриддин Малик-сахӣ, бузургу бо каромат буд. Султон ул-машоих Низомиддин Авлиё ба равзаи ӯ меомад ва таърихи вафоти ӯро барёфт. Санаи вафот соли 680 ҳиҷрӣ, шаҳри ҷумоди ул-уқро” (с. 1281 милодӣ, моҳҳои август-сентябр). Аз руйи нигоштаи А. Мухторов дар шаҳри Деҳлӣ маҳалле бо номи “Даргоҳи Низомиддин Авлиё” маъруф аст. Низомиддин Авлиё дар Бухоро таваллуд шуда, ба Лоҳур ва баъд ба Деҳлӣ омада, соли 1326 вафот кардааст. Дар қисми ҷанубии мазори Низомиддин мадфани Хусрави Деҳлавӣ қарор дорад. 400 метр дуртар оромгоҳи Асаддулоҳи Ғолиб ҷой гирифтааст. Дар наздикии қабри Хусрави Деҳлавӣ муаррихи асри миёна Хондамир хобидааст.

Сафари соли 2004 – и академик Аҳрор Мухторов барои ширкат дар семинари илмӣ бо даъвати профессори Донишгоҳи мусулмонии шаҳри Олигарҳ Мансура Ҳайдар сурат мегирад. Фарқияти ин сафарро муаллиф чунин иншо кардааст, ки бо шарофати “Истиқлоли миллӣ” ва кушода шудани сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҳиндустон “таҳти парастории сафири Тоҷикистон Раҷабов Муҳаммадалӣ қарор доштам”. Дар ин сафар Аҳрор Мухторов ба ғайр аз Деҳлӣ, аз шаҳрҳои Агра ва Олигарҳ, бахусус аз китобхонаи Мавлоно Озоди Донишгоҳи Олигарҳ дидан мекунад. Дар ин китобхона ду нусха китоби муқаддаси Қуръонро ба Аҳрор Мухторов нишон медиҳанд, ки онҳо тарҷумаи таҳтулафзии форсӣ-тоҷикӣ доштаанд. Яке аз ин Қуръонҳо ба подшоҳи Ҳиндустон Аврангзеб таалуқ доштааст.

Сафарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов ба Ҳиндустон ва омӯхтану таҳқиқи осори ниёгонамон, бахусус китобҳои қаламии дар он ҷо маҳфузбуда моро бо осори бою рангини аҷдодамон ошно карда, дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши мондагор дорад. Ҳамчунин онҳо баёнгари решаҳои таърихии пайвандии мо бо халқҳои Ҳиндустон аст ва барои ривоҷу равнақи илму фарҳанги ҳарду кишвар имкон медиҳад. Моро зарур аст, ки бо фароҳам омадани шароити созгор осор ва рӯзгори гузатагонамонро, ки дар ақсои олам, аз ҷумла Ҳиндустон маҳфузанд, мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳем ва дар ҷаҳони имрӯз, ки халқҳои ҳамсоя таъриху фарҳанги моро аз худ мекунанд, дар асоси сарчашма ва маводи таърихӣ ба чунинҳо ҷавоби сазовор гардонида тавонем.

Турсунов Т.Х. – профессори кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи ДМТ