Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати куҳанбуёнд ва соҳибтамаддуни тоҷик мебошад, ки кафолати татбиқи ормонҳои миллӣ гардид. Махсусан, ин падидаи нодири таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар радифи амалӣ гардидани дигар ҳадафҳои муҳимму стратегӣ сиёсати гендерӣ дар амал ва самаранок татбиқ гардад. Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони Истиқлол таҳти роҳабарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия ва маърифатноккунонии ҷавондухтарон ташкил медиҳад. Дар ин марҳилаи кутоҳи таърихӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳамқадам гардидан ба ҷомеаи мутамаддин зарурати маърифатноккунонии ҷавондухтарон ба миён омад. Аз таҷрибаи таърихӣ маълум аст, ки зани тоҷик дар ҳама давраҳо чун қишри муҳим ҷойгоҳи хосса дошт. Махсусан, дар таълиму тарбияи насли наврас мақоми зани тоҷик ҳамеша барҷаста буд ва ҳаст. Бо дарназардошти он, ки ҷавондухтари тоҷик дар оянда ҳамчун модари сазовор ва масъул дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақ бошад, зарурат ба миён омад, ки ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра барои ҷавондухтарони кишвар, ҷиҳати ҷалб намудан ба раванди омӯзиш ва аз худ намудани илму дониш «Квотаи президентӣ» такшил карда шуд, ки дар натиҷа то имрӯз ҳазорон духтарони манотиқи дурдаст соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кор шуданд. Ҳамасола ба воситаи «Квотаи президентӣ» садҳо духтарон – хатмкунандаҳои макотиби миёна ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм ҳамчун мутахассис ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Ҳамчунин, як қисми хатмкунандаҳо ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоянд. Қисми зиёди ин духтарон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшони миллати куҳанбунёди тоҷик бо назари нек менигаранд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба мақоми Олии қонунгузори кишвар масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифатро баррасӣ намуда, зикр карданд, ки: «Дар замони истиқлол 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо «Квотаи президентӣ»хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».
Ин буд, ки дар даврони истиқлол зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи «Квотаи президентӣ» хатм кардаанд, беш аз 80 фоизи он дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва беш аз 25 фоизи онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд. Имрӯзҳо боиси ифтихор аст, ки духтарони ҷавони мо метавонанд, озодона фикру ақидаи хешро дар бораи дилхоҳ мавзуъ баён намоянд. Онҳо ба хубӣ дарк намудаанд, ки савод доштан дар зиндагӣ нақши хело муҳим дорад. Мушоҳидаҳои якчанд вақти охир нишон медиҳад, ки ҷавондухтарони мо пайи илму дониш доим дар талошанд ва мекушанд, ки дар баробари гирифтани ихтисос дар донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ боз донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ бошанд.
Дар айни замон ҷавондухтарони тоҷикро зарур аст, ки пас аз хатми макотиби миёнаи таҳсилот ба муассисаҳои олии таълимӣ шомил гардида, дар пайи ҷустани илму дониш ва маърифат шаванд. Маҳз маърифат имкон медиҳад, ки дар оянда зан духтари тоҷик зиндагии шоиста намуда фарзанди сазовори миллатро ба камол расонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон ва дастгирии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ҳар мулоқот ва суханрониҳояшон мавқеи занону духтарон ва нақши созандаи онҳоро дар ҷомеа махсус таъкид менамоянд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои муҳимму саривақтӣ дар амал татбиқ шудаистодаанд.
Хушбахтона ҷавондухтарони тоҷик имрӯзҳо бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамомада дар ҳама самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Ширкати ин қишри муҳимми ҷомеаро метавон дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба таври назаррас мушоҳида намуд. Дар ин радиф зарур аст, ки имрӯз дар баробари мардон занон бо нақши худ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ саҳмгузор бошанд.
Салимзода Марворид Ҳомиддин – раиси бахшибонувон ва донишҷӯдухтарони факултаи таърих