Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ низоми маориф ба омили стратегии рушди устувори давлат табдил ёфтааст. Рақамисозӣ, инноватсия ва рақобати зеҳнӣ талаб менамоянд, ки сармояи инсонӣ ҳамчун захираи асосии миллӣ ташаккул ёбад. Дар ин раванд омӯзгор субъекти калидии тавлид ва рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади мақола таҳлили илмии мақоми иҷтимоӣ-касбии омӯзгор дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муайян намудани омилҳои таҳкими он мебошад.
Аз нуктаи назари назарияи сармояи инсонӣ, сармоягузорӣ ба маориф заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Дар ин замина омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тавлидкунандаи неруи зеҳнӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба шумор меравад.
Дар таърихи афкори педагогӣ мақоми омӯзгор ҳамеша баланд арзёбӣ гардидааст. Конфутсий таъкид менамуд, ки тарбияи инсон заминаи рушди дарозмуддати ҷомеа мебошад. Ян Амос Коменский омӯзгорро ёвари табиат дониста, вазифаи асосии ӯро фароҳам овардани шароити рушди табиии қобилиятҳои шогирдон мешуморид. Ин андешаҳо имрӯз низ аҳаммияти методологӣ доранд.
Тағйироти босуръати асри XXI- рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ нақши омӯзгорро сифатан тағйир медиҳанд. Ӯ аз интиқолдиҳандаи иттилоот ба фасилитатор ва роҳнамои раванди донишандӯзӣ табдил меёбад. Се салоҳияти калидии омӯзгори муосир чунинанд: 1. саводи рақамӣ; 2. қобилияти ташкили муҳити интерактивии таълим; 3. рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаи таҳлили мустақилонаи хонандагон. Аз ин рӯ, такмили пайвастаи тахассус шарти ҳатмии фаъолияти касбӣ мегардад.
Мақоми омӯзгор танҳо падидаи инфиродӣ нест, балки натиҷаи сиёсати давлатӣ ва муҳити иҷтимоӣ мебошад. Мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ ва дастгирии иҷтимоӣ омили муҳими устувории фаъолияти педагогӣ ба шумор меравад.
Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати марҳилавии баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон амалӣ гардида истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро муқаррар менамояд. Баланд гардидани эътибори иҷтимоӣ ба баландшавии самаранокии фаъолияти таълимӣ мусоидат мекунад. Тавре ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа мебошад». Ин андеша аҳаммияти маънавӣ ва иҷтимоии рисолати омӯзгорро инъикос менамояд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки сифати маориф бевосита ба сатҳи интихоб ва дастгирии омӯзгорон вобаста мебошад. Дар Финландия интихоби омӯзгорон рақобатпазир буда, танҳо довталабони дорои нишондиҳандаҳои баланди академикӣ пазируфта мешаванд. Дар Сингапур омӯзгор ҳамчун сармояи стратегӣ эътироф шудааст. Бо роҳбарии Ли Куан Ю низоми меритократӣ (яъне интихоби кадрҳо бар асосӣ қобилият ва дастовардҳои шахсӣ) ҷорӣ гардида, сармоягузории ҳадафмандона ба рушди кадрҳои педагогӣ татбиқ гардид. Таҷрибаи Ҷопон низ нишон медиҳад, ки фарҳанги эҳтиром ба омӯзгор ба устувории низоми маориф таъсири мусбат мерасонад. Намунаи барҷастаи садоқати касбӣ фаъолияти омӯзгори кениягӣ Питер Табичи мебошад, ки соли 2019 сазовори ҷоизаи Global Teacher Prize гардид. Ин мисол нақши масъулият ва касбияти омӯзгорро дар сатҳи байналмилалӣ тасдиқ менамояд.
Дар шароити муосир омӯзгорон бо сарбории зиёди таълимӣ, тағйироти стандартҳои таълимӣ ва таъсири муҳити иттилоотӣ рӯбарӯ мебошанд. Бартарафсозии ин мушкилот сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатӣ, рушди фарҳанги худомӯзӣ ва такмили ихтисоси пайвастаро талаб менамояд. Таҳкими мақоми омӯзгор бояд дар се сатҳ амалӣ гардад:1. сатҳи касбӣ (рушди тахассус); 2 сатҳи иҷтимоӣ (эътибор ва ҳифзи иҷтимоӣ); 3 сатҳи институтсионалӣ (қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ).
Хулоса, дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки субъекти калидии ташаккули сармояи инсонӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии давлат бевосита ба касбият, нуфуз ва ҳифзи ҳуқуқии омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба неруи педагогӣ, такмили пайвастаи тахассус, истифодаи технологияҳои муосир ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба омӯзгор шарти стратегии рушди устувори низоми маориф ба ҳисоб меравад.
Маҳмудзода Суханвари Анвар,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърихи ДМТ







