НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИК

102

Ҳаводису воқеоти солҳои навадуми асри 20 таҳаввулоти азимеро ба вуҷуд овард. Бузургтарин қудрати сиёсии он замон – Иттиҳоди Шуравӣ, ки понздаҳ кишварро муттаҳид карда буд, аз байн рафт.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ миллати куҳанбунёди тоҷик Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, ки ин бузургтарин рӯйдоди таърихӣ ва орзуву омоли чандинасраи ниёконамон мебошад. Вале мутаассифона, бо гузариш аз як сохт ба сохти дигар, мардуми кишвар мафҳуми истиқлолу озодӣ ва давлатдориро дарк накарда, бо дасисаю иғвоҳо ва манфиатҷуии як чанд давлатҳои хориҷӣ ва иддае аз шахсони роҳгумзадаю мансабпараст, кишвари азизамон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари нестшавии давлати тозабунёди тоҷикон ба миён омад. Дар андак замон он ҳама нишоту нусрати тоҷикон ба ғаму андуҳ мубаддал гашта, вазъи ногувор мардумро фаро гирифт. Мардум, ки аксар ҳадафҳои ҷонибҳоро дарк карда наметавонистанд, ба ду гурӯҳи калон тақсим шуда, майдонҳои худро ташкил намуданд.

Вазъ рӯз то рӯз мураккабу печида мегашт. Сарварони онвақтаи кишвар аз уҳдаи идораи мамлакат набаромада, баръакс вазъро печидатар намуданд. Аз ин истифода бурда, кишварҳои манфиатҷӯ нақшаҳои тарҳрезишудаи худро амалӣ сохтан мехостанд ва алакай кишварро миёни худ тақсим карда, фурсати муносибро барои пурра ба даст даровардани он интизор буданд. Қисми зиёди мардум ба суханону ваъдаҳои бардуруғи онҳо фирефта шуданд.

Дар кишвар садҳо гурӯҳҳои алоҳида пайдо гашта, дар ҳар минтақа худро сарвар меҳисобинад. Манфиатҳои умумимиллию давлатӣ комилан ба назар гирифта намешуд ва онҳо ҳадафҳои худро пиёда кардан мехостанд. Умед ба ояндаи дурахшони кишвар аз қалби аксари мардум аз байн рафт. Бинобар ин, дар як муддати кутоҳ садҳо ҳазор нафар барои зиндагии шойиста ва дур аз ҷанг тарки Меҳани хеш карда, аксаран ба он тарафи соҳили Ому, яъне Афғонистон фирор намуда, дар он ҷо маскан ихтиёр карданд, вале вазъи он минтақа низ бадтар буду беҳтар не.

Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳасоси таърихӣ, ки ояндаи давлату миллатамон зери хатар буд, чандин фарзандони фарзонаи миллат вазъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва бо ташаббуси онҳо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) даъват ва баргузор гардид. Дар иылосия чандин қарору қонун ва санадҳо қабул шуда, гардиши наверо дар ҳаёти кишвар ба вуҷуд овард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар иҷлосия аз ҷониби вакилони мардумӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт, интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон буд. Мардуми кишвар дар Раёсати Олии мамлакат сарвареро дидан мехостанд, ки тавонад вазъи ҷумҳуриро аз ҳолати ба вуҷуд омада бароварда, якпорчагии кишвар, ҳифз ва сулҳу салоҳро таъмин созад. Хушбахтона, намояндагони мардумӣ сарвареро ба Роҳбарии кишвар баргузиданд, ки дорои тамоми хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ғайрату далерӣ ва ҷасорату ҷавонмардиро дар тинати худ дошт. Ин шахсияти нексиришт, абармарди волохирад, сиёсатмадори нотакрор Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пас аз раиси Шурои олӣ интихоб гардиданаш дар кишвар дигаргуниҳо ба амал омад. Дар воқеъ, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи худ дар як муддати аз нигоҳи таърих хеле кутоҳ тавонистанд ҷумҳурии дар ҳолати мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарордоштаро аз парокандагию ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба маҷрои рушд ва ваҳдату ягонагӣ равона созанд” (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари таърихи бостонии халқи тоҷик, -Д.: 2020, С.-4)

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат дар замоне роҳбарии кишварро ба дасти хеш гирифт, дар кишвар на қудрати сиёсӣ буду на ҳокимият.

Вале меҳри Ватан, ки дар дилаш туғён мезад ва ҷасорату мардонагӣ дар тинаташ нуҳуфта буд, ӯро водор намуд, ки тамоми талошҳояшро равона намуда, сулҳу салоҳро дар кишвар таъмин намояд. Аз ҳамон замоне, ки Роҳбарии кишварро бар души хеш гирифт аз минбар баромад намуда, ба тамоми мардуми кишвар ваъдаи сулҳ дод ва дар ҳақиқат ҷавонмардонаю садоқатмандона ба ин ваъдаи худ вафо кард. Дар воқеъ, “Дили росту шаффоф, дасту нияти пок, такя ба фазли Ҷаҳонофарин, эътиқод ба хиради мардум, тааммул бар ҳикмату омӯзаҳои таърих аз оғози кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар сиришти маънавӣ ва иродати сиёсии ӯ мазҳари тамоми корсозиҳо буд, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагӣ ва сарнавишти миллат, давра ба давра ба сӯи эҳёву камолот роҳ мекушод” (Иҷлосияи сарнавиштсоз, мураттибон Шариф Комилзода, Моҳира Акобирова, пешгуфтор, -Д.: 2012, С.-8).

Воқеан, агар ба таърих назар афканем, кам дар кам шахсиятҳоеро вомехӯрем, ки ба хотири сарҷамъии миллати худ ин қадар ҷонбозиҳову ҷонфишониҳо намуда бошад. Дар лаҳзаҳои бениҳоят ҳасос ӯ дар канори мардум буд. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки як сиёсатмадори ҷавон, ки ҳоло таҷрибаи роҳбарикунандаву давлатдориро хуб намедонист, тавонад сулҳу суботро ба кишвари азизамон биёрад ва мардумро дар канори ҳамдигар муттаҳид намуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшад. Дар ҳақиқат, “Эмомалӣ Раҳмон нақшеро, ки сарнавишт ба вай супурда буд, бо талоши комил ифо намуд ва на танҳо муосирон, балки наслҳое, ки баъд аз мо ба дунё хоҳанд омад, корнамоиҳои ӯро арзёбӣ хоҳанд намуд ва … ба ин даврони таърихии пояндозӣ ва бунёду устувор сохтани Тоҷикистони навин бо нигоҳи нав ва аз дидгоҳҳои нав хоҳанд нигарист. Бидуни шак, арзёбии онҳо аз ин даврон ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дархури мақому манзалати таърихии ин сиёсатмадори камназир хоҳад буд” (Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлатдории муосири тоҷик, Д., 2017, С. -15).

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати навини тоҷикон мебошад. Ӯ бо тамоми ҳастӣ баҳри мавҷудияти кишвар ва ба сарзамини биҳиштосо табдил додани он талош варзид ва ба қуллаи мурод расид. Дар як муддати кутоҳ бо талошҳои хастанопазир ва бедорхобиҳои Эшон тамоми ниҳодҳои давлатӣ барқарор гашта, Тоҷикистон ба биҳишти воқеии рӯйи замин ва хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Дар воқеъ, аз сифр оғоз намудан ва сохтану рушд додани кишвар кори саҳлу сода нест. Бинобар ин, ин хизматҳои Сарвари давлат ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш нагашта, дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи Иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бузург буда, барои таъсиси ҳукумати нав нақши муассир бозид ва он барои мо Сарвареро ҳадя намуд, ки дар муддати кутоҳ занҷиру завлонаи душманонро бишкаста, Тоҷикистони дар ҳолати пароканда қарордоштаро бо ақлу заковат ва донишу хиради хеш ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ раҳнамуд сохт. Дар ин замони басо ҳасос ва пуртазод, ки хатарҳои нави ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст, ҳар як фарзанди бедордили миллатро, ки худро ҷузъи ҳамин сарзамин меҳисобад ва хоки кишварро муқаддас мешуморад, мебояд атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, манфиатҳои давлату миллатро ҳимоят намояд ва зарае ҳам бошад, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

Назримад Муродовн.и.т., муовини декан оидба таълими факултети таърих