(Бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Таърих нишон медиҳад, ки дар сарнавишти бисёре аз халқу миллатҳо давраҳои хеле душвору буҳронӣ вуҷуд доштаанд ва барои баромадан аз он мушкилот ё буҳрон нақши шахсиятҳои бузурги сиёсӣ хеле калон ва ҳалкунанда будааст. Онҳо бо фаъолият ва андешидани чораҳои фаврию зарурӣ тавонистаанд миллат ва давлатро ба роҳи сулҳу оромӣ ва тараққиёт баранд ва буҳрони умумимиллиро бартараф намуда, давлат ва миллатро аз нестшавӣ эмин нигаҳ доранд.
Масалан, Пётри I дар давраи бисёр вазнини таърихи Русия император шуд ва давлатро идора кард. Аз рӯзҳои аввали ҳокимияташ Пётри I дарк намуд, ки Русия ҳаматарафа хеле заиф гардидааст ва метавонад аз тарафи дигар давлатҳо шикаст хӯрда аз байн равад. Бо андешидани чораҳои зарурӣ ва гузарондани якчанд ислоҳот ӯ тавонист иқтисодиёт ва қувваҳои ҳарбии Русияро пурзӯр ва мустаҳкам намояд, обрӯи Русияро дар миқёси байналхалқӣ баланд бардорад ва душманони хориҷии кишварашро шикаст диҳад.
Ё ин ки канслери машҳури Олмон Оттофон Бисмар. Ӯ тамоми давлатҳои хурди парокандаи олмониро дар зери як давлати бузург муттаҳид намуда, иқтисодиёт ва саноати Олмонро рушд дод. Артиши Олмонро хеле пурзӯр гардонд. Олмон ҳатто тавонист дигар давлатҳоро забт кунад.
Мисоли дигар, Президенти 32-юми ИМА Франклин Рузвелт дар давраи буҳрони иқтисодии солҳи 1929-1933 ва “дипресия бузург”, ки 17 миллион нафар аҳолӣ дар ИМА ба бекорӣ гирифтор шуда буданд ва 5 ҳазор бонкҳо муфлис шуданд, президенти ИМА таъин шуд. Бо роҳандозии барномаи “Роҳи нав” ва чораҷӯйиҳои фаврӣ Франклин Рузвелт тавонист ИМА-ро аз буҳрон барорад ва тамоми аҳоли онро дар зери як парчам муттаҳид кунад. Сарбозони ИМА-ро аз Гаити, ки 20 сол дар он ҷо меҷангиданд, ба Ватан баргардонд. Бо Куба ва дигар давлатҳо шартномаҳои дӯстӣ ва тиҷоратию дипломатӣ баст.
Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ин гуна шахсиятҳо ба шумор рафта, барои миллати тоҷик дар давраҳои хеле душвор ва тақдирсози таърих хизматҳои хеле бузург ва нотакрор кардаанд. Ин сиёсатмадори бузург тамоми ҳастии худро баҳри озодӣ, сулҳ ва ободии Тоҷикистон равона кардаанд.
Ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои тоҷикон ва Тоҷикистон хеле марҳилаи мураккаб буд: буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ кишварамонро тез фаро гирифт.
Кашмакашиҳои сиёсӣ, мубориза барои ҳокимият, дахолати дигар кушварҳо ба корҳоии дохилии Тоҷикистон дар охир ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриямон оварда расонид. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) яке аз солҳои душвор ва мудҳиш барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи амалётҳои ҷанги шаҳрвандӣ 1 миллион нафар аҳолии кишвар гуреза гардида, ба дигар давлатҳо рафтанд, 150 ҳазор нафар тоҷикон кушта шуданд, 55 ҳазор нафар кӯдакон ятим монданд, 37 ҳазор хонаҳо вайрон гардиданд.
Ноумедӣ, гуруснагӣ, дилшикастагӣ, ғоратгарӣ, куштор Тоҷикистнро фаро гирифт.
Душманони миллати тоҷик то ҳатто дар фикри пора-пора кардану фурӯхтани марзи ягонаи Тоҷикистон буданд. Дар рӯзи равшан 24 августи соли 1992 Прокурори генералии Тоҷикистон дар Душанбе ба қатл расонида шуд. 7 сентябри соли 1992 Презденти Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсӣ ӯро интихоб намуда буданд, бо таври зӯрӣ аз ҷониби мухолифин ба истеъфо рафт. Душанбе – пойтахти Тоҷикистон пурра дар дасти қувваҳои мухолифин қарор гирифт. Вазъият рӯз то рӯз дар ҷумҳуриямон бадтар шудан гирифт. Куштору ғоратгарӣ дар ҷумҳуриямон идома меёфт.
Ин ҳолати мудҳиш дар Тоҷикистн аҳолии кишварро (зиёиён, сиёсатмадорон, ҷавонон, намояндагони халқ ва дигар табақаҳо), роҳбарони кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байнамилалиро ба ташвиш оварда буд. Аз ин хотир, зарурати даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатӣ дар Тоҷикистон ба амал омад. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар қасри бошукӯҳи Арбоб Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шуруъ кард. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти вакилони халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд, ки нисбатан ором буд, даъват карда шавад.
Дар ин иҷлосия дар қатори намояндагони халқ, арбобони илму фарҳанг, рӯзноманигорон, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, қомондонҳои майдонҳо, меҳмонон аз ташкилотҳои байналхалқӣ ва сиёсатмадорон ҳузур доштанд. Мақсади асосии иҷлосия ноил гардидан ба ризояти миллӣ ва таъсиси ҳукумати қонунӣ буд. Рӯзноми иҷлосия 23 масъаларо дар бар мегирифт. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда бозхонди раиси Шурои Олӣ А. Искандаров, баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мансаби президентӣ, аризаи аъзои раёсати Шурои Олӣ, Девони Вазирон, муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, авфи умум, интихоби раиси Шурои Олӣ, ташкили Шурои Вазирон, аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои алоҳида ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Масъалаи аз ҳама асосии иҷлосия интихоби сохтори давладории Тоҷикистон буд. Ҳама дар иҷлосия ба ҷонибдории сохти демократӣ дар Тоҷикистон овоз доданд. Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ эълон карда шуд.
Иштирокчиёни Иҷлосия хуб дарк карда буданд, ки дар марҳилаи аввал зарур аст, ки аз тарзи идоракуни президентӣ муваққатан даст кашида, боз ба сохти идоракунии парлумонӣ гузаранд.
Масъалаи асосии дигари Иҷлосия таъин намудани роҳбари нави Тоҷикистон буд. Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд ва бо роҳи овоздиҳӣ ба ин мартабаи баланд ва масъулиятнок раиси Комиҷроияи ҳамонвақтаи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Аз 197 вакилони халқӣ 186 нафарашон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Худованд барои миллати тоҷик дар ин давраи фоҷиабор роҳбаре ба мисли Эмомалӣ Раҳмон дод, ки миллатро аз парешонӣ ва Тоҷикистонро аз нестӣ нигоҳ дошт.
Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ қонунӣ ва дуруст буд, зеро депутатҳо шахси интихобкардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва меҳанпараст, боҷасорат ва қавиирода мебошад. Дарҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз байни халқи одӣ баромада буд, зиндагии мардуми заҳматкашро хуб медонист ва аз орзуву омоли ӯ бохабар буд.
Аввалин суханони Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаи Роҳбари давлат кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво буданд. Ӯ суханони худро чунин изҳор намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем, дар ҷумҳурӣ. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ ва дунявӣ мебошам».
Бо кӯшишу талошҳои Роҳбари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони халқ дар ин иҷлосия хеле корҳо ба анҷом расонида шуданд. Масалан:
1. Тамоми сохторҳо ва вазоратҳо дар ҷумҳурӣ аз сари нав таъсис дода шуданд;
2. Рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ қабул карда шуданд;
3. Қонун дар бораи гурезаҳо ва авфи умум қабул гардид.
Иҷлосия 2 декабри соли 1992 ба кори худ анҷом бахшид ва Ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри ҳамон сол аз се самт ба шаҳри Душанбе ворид гардиданд. Қуваҳои мухолифин Душанберо тарк намуда, ба самти Ғарм, Тавилдара ва Бадахшон ақибнишинӣ карданд. Ҳукумати қонунӣ акнун бо як ҷиддият ба кори худ шуруъ кард. Дар як муддати кӯтоҳ чунин корҳо ба анҷом расонида шуданд:
1. Бехатарӣ ва оромӣ дар Душанбе барқарор ва таъмин карда шуд;
2. Алоқаи роҳи оҳани Тоҷикистон бо дигар кишварҳо барқарор карда шуд;
3. Аҳоли кишвар бо нон ва маводи ғизоӣ таъмин гардид;
4. Эмомалӣ Раҳмон ба гурезаҳо муроҷиат карда, онҳоро даъват намуд, то ба Ватан баргарданд;
5. Дар давраи хеле душвори ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон сафар карда, вазъияти ин минтақаро ором кард;
6. 23 феврали соли 1993 бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон ташкл карда шуд;
7. Бар зидди роҳбарони мухолифинпарвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд;
8. Қувваҳои мусаллаҳи Ҳукумат бар зидди қувваҳои мухолифин амалётҳои ҳарбиро шуруъ карданд;
9. Бо сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон 25 май соли 1993 ба Федератсияи Русия сафар карданд. Дар натиҷа, дар байни Тоҷикистон ва Русия созишномаҳои ҳарбӣ, тиҷоратӣ, дипломатӣ ва дӯстӣ баста шуданд;
10. Моҳиавгусти соли 1993 ба Тоҷикистон бо сафари корӣ президенти Афғонистон Бурҳонддин Раббонӣ омад;
11. 29 сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳидбаромад намуда, тамоми ҷаҳонро аз вазъяти душвор дар Тоҷикистн бохабар намуд;
12. 6 ноябри соли 1994 дар кишварамон Конститутсия қабул карда шуд.
Ин ҳама чораҷӯиҳо боиси он шуданд, ки вазъи Тоҷикистон рӯз то рӯз беҳтар гардад, мардум ба Ҳукумати нав боварӣ ҳосил намояд. Вазъят дар ҷумҳурӣ муътадил гардид, иқтисодиёт дубора барқарор карда шуд.
Хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик беназиранд. Онҳоро метавон ба чунин зайл нишон дод:
1. Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид;
2. Сулҳу субот дар Тоҷикистон барқарор карда шуд;
3. Зиёда аз 1 миллион нафар гурезаҳои тоҷик аз дигар ҷумҳуриҳо ба Ватан баргардонида шуданд;
4. 37 ҳазор хонаҳои вайрону валангоргашта дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дубора барқарор карда шуданд;
5. Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо беш аз 160 давлати дунё ҳамкориҳои худро барқарор кард;
6. Артиши миллӣ Тоҷикистон дар соли 1993 таъсис дода шуд;
7. Конститутсия нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул карда шуд;
8. Ҷашнҳои қадима, урфу одатҳои тоҷикон дубора барқарор карда шуданд (Наврӯз, Меҳргон, Сада, Чакан, Фалак ва ғайра);
9. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ рушд карданд, махсусан бо СММ, ИДМ, СҲШ, САҲА ва дигарон;
10. Бисёр заводу фабрикаҳо дар ҷумҳурӣ бунёд карда шуданд;
11. Роҳҳо, пулҳо, нақбҳо дар Тоҷикистон бунёд ёфтанд;
12. Бисёр НБО-и хурду калон дар кишварамон сохта шуданд;
13. Садҳо боғчаҳо, мактабҳо, коллеҷҳо дар Тоҷикистон сохта шуданд;
14. Бисёр донишгоҳу донишкадаҳо дар кишварамон таъсис гардиданд;
15. Садҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхонаҳо дар Тоҷикистон сохта шуданд;
16. Чор ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон муайян гардид;
17. Садҳо майдончаҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳо дар кишварамон сохта шудаанд;
18. Иқтисодиёти Тоҷикистон рушд кард;
19. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон обу рӯйи Тоҷикистон дар миқёси байналхалқӣ баланд гардид;
20. Тамоми соҳаҳо дар ҳоли рушд қарор гирифтанд…
Хулоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрор ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Бо дарназардошти ин ҳама кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳое, ки Пешвои миллат ба хотири бунёди ояндаи рӯшани халқи давлат намудаанд, месазад, номи Роҳбари давлат дар радифи бузургтарин мардони таърихи сиёсии ҷаҳон қарор гирад.
Натиҷаи заҳамоти Ҳукумати Тоҷикистон, бавежа Президент аст, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик бо халқу миллат ва Пешвои худ ифтихор намуда, аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ менамояд ва муҳити озоду обод ояндаи неки худро бунёд месозад.
Равшанзод Маликфаридун, н.и.т.,дотсенти кафедраи таърихи халқитоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон