НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

13

Имрӯз дар факултети таърих бо ибтикори кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш профессорону устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Декани факултет, номзади илмҳои таърих, дотсент Муродов Назирмад дар сухани ифтитоҳии худ аҳамияти таърихӣ ва сиёсӣ доштани ин ҳамоишро барои устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён таъкид намуд.

Сипас, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Хидирзода Махфират бо маърӯза таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таъмини суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карданд. Дар маърӯза масъалаи нақши Пешвои миллат ҳамчун омили асосӣ дар ҳифзи амнияти миллӣ ва устувории сиёсати дохилӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Баъдан, Каримзода Рухшона Муҳаммадӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва мудири шуъбаи кор бо занон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Душанбе, маърӯзаи худро таҳти унвони «Иҷлосияи сарнавиштсоз ва Абармади таърихсоз» ироа намуданд. Дар он аҳаммияти Иҷлосияи XVI дар таърихи давлатдории миллӣ ва нақши он дар таҳкими низоми давлатӣ равшан таҳлил гардид.

Сипас устоди факултет, номзади илмҳои таърих, дотсент Шарофуддинов Суҳроб Саломович, бо баромади худ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди таърихии кишвар» суханронӣ карданд. Дар ин маърӯза аҳаммияти таърихии Иҷлосия ва таъсири он ба таҳкими низоми давлатӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар ба таври амиқ баррасӣ шуд.

Ҳамоиши мазкур бо муҳити илмию назариявии пурмаҳсул баргузор гардида, ба таҳкими ҷаҳонбинии таърихӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури сиёсиву иҷтимоии иштирокчиён мусоидат намуд.