НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРӢ

50

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои ниҳоят муҳим ва мондагоре маҳсуб меёбад. Неруҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат, дар замони басо мушкили таърихӣ ташкил ёфта, он дар роҳи ба эътидол даровардани вазъи дохилӣ, ҳифзу ҳимояи марзу бум, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, амнияти миллӣ ва пойдории истиқлоли давлатӣ нақши муҳим дорад.

Дар воқеъ, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муддате нагузашта, бо мудохилаи баъзе аз кишварҳои манфиатҷӯ ва як гурӯҳ аз шаҳрвандони роҳгумзада, ки манфиатҳои хешро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло мегузоштанд, фазои сиёсии кишварро ноором карданд. Дар ин замина, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва порчашваии сарзамини он ба миён омад. Ин дар ҳоле буд, ки пояҳои Ҳукумати марказӣ комилан фалаҷ гардида, дар кишвар садҳо гурӯҳҳои силоҳбадаст ба вуҷуд омаданд, ки ҳар яке мақсаду мароми хоҷагони хориҷии худро амалӣ кардан мехостанд. Ягон қувва ва қудрати миллию давлатие мавҷуд набуд, ки пеши роҳи ҳамаи онҳоро гирифта тавонад. Дар ҳамин замони ниҳоят мушкил, ки тақдири минбаъдаи давлату миллати тоҷик ҳаллу фасл мегардид, дар ростои ақлу заковати азалие, ки Офаридгор барои тоҷикон насиб гардонида буд, як гурӯҳ аз донишмандону зиёиёни ватандӯсти тоҷик ҳолати бавуҷудомадаро таҳлилу баррасӣ намуда, бо саъю кӯшиши онҳо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон даъват ва баргузор карда шуд. Иҷлосия вопасин умеди мардуми тоҷик барои ояндаи дурахшони мамлакат буд. Аз ин лиҳоз, ҳама бо як назари нек ба он нигариста, орзуи хотима ёфтани ҷангу ҷидол ва ҳамбастагию ягонагӣ дар кишварро мекарданд.

Рӯзномаи Иҷлосия муҳимтарин масоилро барои ҳалли мушкилоти бавуқуъпайваста дар ҷумҳурӣ фарогир буд. Аз ҷумлаи он масъалаҳо, ки гардиши куллиеро дар ҳаёти кишвар ба миён овард, интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб карда шуд ва ӯ «тавонист мардуми кишварро дар атрофи як дастархони сиёсӣ муттаҳид намуда, манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва умумии мардуми Тоҷикистонро аз ҳама боло гузорад ва халқи ҳазор сол дар вартаи парешонӣ мондаро соҳибдавлат намуда, миллат ва давлати моро ба ҷаҳониён дар симои як давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ муаррифӣ намояд» (Холиқов А., Таърихи ҳуқуқ ва худшиносии миллӣ. – С. 35).

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи душманони миллатро, ки дар фикри нобудии тоҷикон буданд, ба хубӣ эҳсос намуда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ чандин иқдоми дурандешона пеш гирифт, ки аз ҷумлаи он таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо роҳбарӣ ва ибтикороти Сарвари давлат ҳанӯз 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он заминаи асосие барои ташкили Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Ҳамин буд, ки муддати зиёде нагузашта, бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон» баргузор карда шуд, ки минбаъд ин сана ҳамасола чун рӯзи ташкили Артиши миллӣ қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар он лаҳза, амалан кори ниҳоят душвор буд. Зеро кишвар дар ҳолати буҳрони сиёсию иқтисодӣ қарор дошта, буҷаи мамлакат касод шуда буд ва барои ташкили неруҳҳои мусаллаҳ ҳатто сару либос намерасид. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ артиши боқимондаи он ҳам аз хоки кишвар баромаданд ва он ҳама таҷҳизот, техникаҳои ҳарбие, ки мавҷуд буданд, бо ҳар роҳу восита аз ҷумҳурӣ берун бароварда шуданд. Пешвои миллат хуб медонист ва дарк мекард, ки бидуни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ баромадан аз ин роҳи ноҳамвори мавҷуда душвор аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи ин норасоиҳо ва мушкилот нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ, иродаи устувор, донишу малакаи роҳбарӣ ва аз ҳама муҳим, боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ба ташкили неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пардохта, бо иқдомҳои шоиставу наҷибонаи хеш, марҳила ба марҳила Артиши миллиро бо силоҳ, лавозимоту таҷҳизоти ҳарбӣ, сару либос, хӯрока ва ҷойи зист таъмин намуда, ҷавонони содиқ ва фарзандони бо нангу ори ин Меҳанро ба сафи он ҷалб намуданд. Маҳз ҷасорату мардонагӣ ва дӯст доштани Ватан буд, ки барои дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар карда, қатъи назар аз ҳамаи мушкилот аз ин давраи пуртаҳлука бо сарбаландию саодатмандӣ бароянд.

Дар он рӯзҳои сахту сангин Пешвои миллат пайваста таъкид менамуданд: «Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар-Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа мебошад». Маҳз ҳамин таъкидҳои Сарвари давлат буд, ки ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпарасти тоҷик ҳамхуну ҳамтан гардида, ба хотири ҳифзу ҳимояи сарҳадоти давлатӣ ва манфиатҳои давлату миллат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, қарзи фарзандию ватандории хешро адо намуда, таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз ҷанги хонумонсӯз берун баромаданд.

Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии худ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон рисолати фарзандии хешро ба таври шоён иҷро намуда, Ватани азизамонро ба суйи сулҳу субот, созандагию бунёдкорӣ ва ваҳдату ягонагӣ бурданд. Дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат ва ғанӣ гардидани буҷаи мамлакат имконият фароҳам овард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ҳама намуди техникаву лавозимоти замонавии ҷангӣ таҷҳизонида шуда, ҷузъу томҳои нав ташкил карда шавад ва тамоми зерсохторҳои ҳарбӣ таҷдиду азнавсозӣ гардад. Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтаххасуси ҳарбӣ, муккамал ва ғанӣ гардонидани донишу малакаи онҳо ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷ ҷонок намуда, хизматчиёни давлатиро ба мамолики гуногун мефиристанд, ки албатта ин ҳам барои пурқудрат гардидани Артиши миллӣ нақши муассир мебозад.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз пуриқтидортарин нерӯҳо дар минтақа табдил ёфта, тамоми вазифаҳои ба уҳдаи худ доштаро сарбаландона иҷро мекунад. Айни замон он аз Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал ва дигар сохтору воҳидҳои гуногун иборат буда, дар пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи сарҳадот ва таъмини ҳаёти осоишта нақши калон дорад.

Ҳамин тариқ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барҷаста мебошад. Зеро ба ҳама мушкилоту монеаҳои ба вуҷуд омада нигоҳ накарда, Пешвои миллат тавонист, ки бо далерию мардонагӣ, матонату ҷасурӣ ва сабру таҳаммулпазирӣ ба ташкили Артиши миллӣ даст ёбад. Сарвари давлат бо кору пайкори нотакрораш сиёсатмадори беназир будани хешро собит намуд ва ба ҷаҳониён исбот гардонид, ки миллати тоҷик аз насли Курушу Дориюш, Ардашеру Анушервон, Яъқуб ибни Лайсу Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо сиёсатмадори камназиру донишмандони бузург ҳастанд, ки бо қудрати ақлу заковат, илму дониш ва тамаддунофарӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда буданд.

Назримад Муродов,и.в. декани факултети таърих,н.и.т., дотсент