МАРҲИЛАИ ТИЛЛОИИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН

23

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъетки фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хориҷии хеш, ки дар меҳвари он ҳамгироӣ ва дӯстӣ бо ҷаҳони мутамаддин қарор дорад, ба дастовардҳои зиёду мондагор ноил гардид. Яке аз самтҳои муҳимму афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро, қабл аз ҳама ҳасмоягии нек бо кишварҳои минтақа ташкил медиҳад.

Махсусан, ин сиёсат дар робита ба Ҷумҳурии Узбекистон имрӯзҳо ба таври хеле назаррас ва судбахш роҳандозӣ гардидааст.

Алабатта, дар густариши муносибати ду миллати ба ҳам дӯсту бародар ва дорои умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ нақши сарони ду давлат – Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барҷаста мебошад. Маҳз дар доираи сиёсати ду роҳбари хирадманду дурандеш ба ҳар ду ҷониб муяссар гардид, ки дар ҳама самтҳо робитаҳои судманду самарабахш ба роҳ монда шавад. Сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон на танҳо аҳаммияти минтақавӣ, балки байналмилалӣ низ дорад.

Бояд гуфт, ки дар муддати шаш соли охир равобити дуҷониба боз ҳам густариш ёфта, дар доираи он дӯстии ду халқ боз ҳам устувор гардид. Ташрифоти дуҷонибаи сарони давлатҳо нишоне аз эҳтирому самимият нисбат ба ҳамдигар мебошад. Дар маҷмуъ то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи самтҳои мухталиф зиёда аз 200 созишнома ба имзо расидааст.

Дар соли 2018 ташрифҳои мутақобилаи давлатӣ сурат гирифтанд, ки дар доираи онҳо дар маҷмуъ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Муҳимтарини онҳо Созишномаи шарикии стратегӣ мебошад, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Он муносибатҳои ду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ба сатҳи сифатан баланд бардошт.

Ҳамчунин, ҳамкории судманд ва муассири дуҷониба дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ, СҲШ, ИДМ ва дигар ташкилотҳои ҳамгироӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёмҳои солонаи хеш рушди муносибатҳои минтақавиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар ҳамеша таъкид менамоянд. Вохурӣ ва мулоқоти сарони ду ҷониб ва роҳбарони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон, хусусияти доимӣ ё мунтазамро касб намудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Мақоми олии қонунгузор – Маҷлиси Олӣ соли 2019 аҳаммияти махсуси ҳамаҷониба такмил додани муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва расидан ба сатҳи шарикии стратегиро таъкид намуда, ин воқеаъро яке аз се рӯйдодҳои нодири соли 2018 дар таърихи минтақаи мо арзёбӣ карданд. Бо итминон метавон гуфт, ки мардуми ду кишвар аз сафари расмии қарибулвуқӯъи Президенти Узбекистон ба Ҷумҳури Тоҷикистон самимона шоданд ва ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба, ки ба манфиати кишварҳо ва халқҳои мо мусоидаӣ мекунад, баланд арзёбӣ менамоянд. Бо ташаббуси сарони ду кишвар дар муддати кӯтоҳ ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳал гардидани масълаи сарҳади давлатӣ, барқарор намудани фаъолияти пурраи 17 гузаргоҳ, афзоиши назарраси робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷумлаи нишондиҳандаи рушди ҳамкориҳо мебошанд. Дар ин радиф низоми бидуни раводид барои то 30 рӯз барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар боиси афзоиши шумораи шаҳрвандони кишварҳо, ки бо мақсади сайёҳӣ ё робитаҳои хешутаборӣ сафар мекунанд, ҷорӣ гардид.

Дар ин баробар, шаҳрвандони ҳар ду ҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамдигар дохил шуда, таҳсили худро идома дода истодаанд. Дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Шурои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис ёфтааст. Сатҳи ҳамкории судманд дар соҳаи маориф идома ёфта, дар ин замина бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуд.

Маблағи умумии сохтмон 18 миллион сомониро ташкил дода, барои 630 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд барои 640 нафар хонанда ва як кӯдакистон дар вилояти Фарғона барои 300 нафар сохта ба истифода дода шуд. Иншоотҳои мазкур рамзи дӯстии байни ду халқ буда, аз бародарӣ ва ҳамдилии ду миллати тамаддунофар хабар медиҳанд.

Баргузории Форуми ректорони муассисаҳои олии таълимии ҳар ду ҷониб дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд аз ҷумлаи ҳамкориҳои судбахш дар соҳаи илму маориф мебошад. Дар соҳаи илм ҳамкориҳо саҳту сифати нав гирифта, миёни муассисаҳои илмии ҳар ду кишвар равобити дуҷониба барқарор шуда, олимони ҳар ду кишвар дар ҳамоишҳои илмии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, бо ҳамдигар табодули назар менамоянд ва асарҳои илмиву амалӣ таълиф карда, дар ҳар ду кишвар онҳоро ба чоп мерасонанд. Махсусан, байни олимони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамкроиҳои густурда ба роҳ монда шуда, дар баъзе корҳои таҳқиқотӣ ҳамдигарро шарикӣ менамоянд.

Равобити фарҳангӣ низ миёни ду кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Дар ибтидои соли 2022 Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо Театри калони давлатии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ дар ш. Тошканд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд, ки тибқи он сафарҳои ҳунарии дуҷониба, табодули санъаткорон ва коллективҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, иштирок дар фестивал ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили курсҳои омузишӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин давар чанд маротиба дар ҳошияи ташрифи расмии сарони ду кишвар шоми дӯстӣ баргузор гардид.

Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 18-уми апрели соли ҷорӣ нишони тақвияти сатҳи баланди ҳамкориҳо ба шумор меравад. Ин меҳмони олиқадр бо шукӯҳу шаҳомати сатҳи олӣ аз ҷониби мардуми меҳмондӯсти кишвар пешвоз гирифта шуд. Дар ҳошияи ин сафари расмӣ шоми дӯстии ду миллати таъриху фарҳангӣ умумидошта баргузор мегардад.

Ҳамин тавр, ташаббусҳои ду ҷониб дар симои Сарварони хирадманду дурнадеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии ду миллати ҳамҷаворро боз ҳам қавӣ намуд.

Муродов Назримад Сафарович – н.и.т.,дотсент, декани факултети таърихи ДМТ