НАЗАРЕ БА ОИНИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН

84

Тоҷикон бо суннатҳои волои давлатдорӣ, арзишҳои милливу башарӣ дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд. Махсусан, суннатҳои фарҳангӣ, низоми давлатдорӣ, ҷаҳондорӣ ва оини паҳлавониву қаҳрамонии онҳо дар пешрафти таърихи аҳди қадиму вусто ва навини халқҳои ҷаҳон таъсири муаасир дошт. Дар ин миён, рамзҳои хосси давлатдории тоҷикон дар осори ҳамосӣ ва таърихӣ тавсифу тамҷид мешавад. Оини парчамдории тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Таҷлили ин оини ниёгон ба хотири бузургдошти арзишҳои таърихии миллати мутамаддинамонмояи ифтихор аст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили рӯзи парчам «… эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то замони мо расонидаанд. Яъне эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузашта» мебошад.

Дар ҳамоса ва таърихномаҳои қадими мардуми тоҷик парчам ба унвони алам, роят, ливо ва дирафш ёд мешавад, ки бешубҳа ба маънои дурахшидану машҳур аст. Дар қадимтарин маъхази хаттӣ – «Авесто» аз корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо бо таъбири «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта», «дирафши говпайкар», «дирафшҳои душманони ориёиҳо» ва ғ. зикр мешавад.

Мутаассифона, баъзе муҳаққиқони илми парчамшиносӣ (вексиллология) дар Аврупо пайдоиши парчами матоиро ба хадамоти сарлашкари юнонӣ Фемистокл (тақ. 524 п. аз м.) нисбат медиҳанд. Дар ин навиштаҳо алббата, ситоиши Соми Гаршосб дар «Авесто» сарфи назар шудааст, ки ӯ бо бозувони қавӣ ва барафроштани дирафшҳои паҳну кушуда дар баробари роҳзанони ҳавлнок муқовимат мекард.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ вожаи «дирафш» беш аз 700 бор ба унвони ливо (дар шакли чарминаи муқаррарӣ – Дирафши Ковиёнӣ)ва чармина (дар сурати говазн – Дирафши Сиёвуш), зикр шудааст. Яке аз куҳантарин рамзҳои давлатдории тоҷикон «Дирафши Ковиёнӣ» аст. Он рамзи давлатии подшоҳони каёнӣ, ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ мебошад. Зуҳури онро ба давраи Фаридун нисбат медиҳанд. Таърихан собит гардидааст, ки он аз охири аҳди Ҳахоманишиён то давраи истилои араб (набарди Қодисия: 636) вуҷуд дошт. «Дирафши Ковиёнӣ» дар ҳамосаҳои қадимӣ чун «Дирафши Коваи Оҳангар», дар таҳқиқоти илмӣ бо номи дирафши Ковиён, Кобиён ё Каёниён низ ёд мешавад.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, пас аз он ки Коваи Оҳангар аз пешбанди чармини худ дирафш сохт ва мардумро таҳти ливои он ба муқобили Заҳҳок бархезонду пирӯз шуд, он дирафш ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар муқобили тохтутози мардуми аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас гардид. Пас аз ин пирӯзӣ мардум Фаридунро бар тахт оварданд ва ин дирафшро ҳамчун рамзи хосси шоҳӣ ба ӯ бахшиданд, ки баъдан ин дар дарбори шоҳони ориёӣ ба суннати дарборӣ табдил ёфт. Ба навиштаи Ибни Асир, мардум рамзи пирӯзиро дар лаҳзаҳои ҳасоси давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое ин дирафш дар назди подшоҳони тоҷик бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд. Тибқи навиштаи Табарӣ, ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати мардуми форс нишаст, аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд ва онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Дар бораи чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрӯз дар байни донишмандон андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Баъзе бар онанд, ки чармпорае буд аз пӯсти шер, паланг ё хирс, ки онро қаблан Кова ҳамчун пешбанд истифода мекарду баъдан онро чун дирафш суфтавузеботарва ба алам монандкарданд. Ба қавли соҳиби «Бурҳони қотеъ», «ҳакиме будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар саде бар он нақш карда буд. Ва баъзе гӯянд шакле аз сӯхтагиҳои оташ дар он чарм ба ҳам расида буд, ки ин хосият дошт, яъне дар ҳар ҷанг, ки он ҳамроҳ буд, албатта фатҳ мешуд».

Дар мавриди андозаи дирафш андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аксар онро чун пешбанде аз пӯсти чаҳорпо тавсиф кардаанд. Ба қавли Табарӣ, ин дирафш аз пӯсти паланг буд ва ба андозаи ҳашт ба дувоздаҳ зироъ (тақр. 4х6 м). Аммо маълум нест, ки дар навиштаи Табарӣ дирафши таърихии Ҳахоманишиён ё Сосониён тавсиф шудаасти. Ба ҳар сурат онро баъдан бо чанд пӯсти мунаққаши паланг тазйин доданд. Мувофиқи маълумоти Деҳхудо ва Муъин, дирафши мазкур як қитъаи чармпораи чоргӯша буд, ки бар болои як найза насб ва нӯки найза аз болои он намоён мешуд.

Ороиши ҳариру гавҳари рӯи чарм ба як ситораи чаҳоргӯша шабоҳат дошт, ки дар маркази ва қисми болои он доираи кӯчак тасвир шуда буд. Қисми таҳтонии чарм чаҳор решаи мухталифи сурх, зарду бунафш дошт, нӯки онҳо ба ҷавоҳирот оро ёфта буданд. Ду намунаи тасвири қадими «Дирафши Ковиёнӣ» то ба имрӯз боқӣ мондааст. Намунаи аввалӣ тасвири рангаи рӯи тахтасанг аст, ки соли 1831 дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои шаҳри қадимаи Помпей пайдо гардид. Дар он набарди байни Искандари Мақдунӣ ва Дорои III (323 то м.) ҳаккокӣ шудааст. Дар ин акс Дорои III дирафшбадаст дар миёни лашкариёи гардунасавор ва дар ақиби ӯ сипоҳи савора наққошӣ гардидааст.

Мутаассифона, қисми хотамкории дирафш хароб шуда, санги он ҳувайдо нест. Бо вуҷуди ин қисмати болоии дирафш, нӯки найзае ва решаҳои он қисман ба хубӣ намоёнанд.

Намунаи дигари ин дирафш дар тасвири сиккаҳои шоҳони ориёӣ (аз замони Ҳахоманишиён то Ашкониён) мушоҳада мешавад, ки ба хотамкории Помпей айният доранд. Тасвири дирафш дар сиккаҳо нисбат ба ҳотамкории Помпей барҷастатар аст. Донишмандон дар заминаи шабоҳати се маъхаз, яъне хотамкории Помпей, сиккаҳои шоҳони ориёӣ дар сарзамини тоҷикон ва васфи «Дирафши Ковиёнӣ» дар «Шоҳнома» имрӯз тақрибан шакли дурусти тасвири онро барқарор кардаанд. «Дирафши Ковиёнӣ» пас аз набарди Қодисия ба дасти арабҳо афтод ва онро ҳамчун ғанимат ба назди халифа Умар ибни Хаттоб фиристоданд. Арабҳо ҷавоҳироти қимати онро ғанимат гирифтанд ва онро ҳамчун рамзи озодию соҳибихтиёрии давлатдории мардуми ориёӣ сӯзониданд. Аммо пас аз ба қудрат расидани хонадонҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён оини парчамдории мурдуми тоҷик эҳё гардид. Ба навиштаи Байҳақӣ, «дар давраи Аббосиён парчами сиёҳи Абумуслим хеле маъруф буд ва то поёни ҳукумати ин сулола бар ин ранг боқӣ монд». Оини парчамдорӣ ва низоми давлатдории мардуми тоҷик баъдан дар дарбори сулолаҳои турку муғултабори минтақа иқтибос шуд. Дар ин замон хонадони шуҷоъу шарафманди тоҷик – Ғуриён, Сарбадорон бо таъсиси давлатҳои миллӣ дар манотиқи гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдории ниёгонамонро ҳифз карданд.

Бояд гуфт, дар замони таҳаввулоти сангини чаҳоряки аввали асри 20 мардуми тоҷик дар радифи дигар халқҳои Осиёи Марказӣ давлатдории миллии худро дубора барқарор карданд. Маҳз бо таъсиси ИҶШС ва тақозои сиёсати замон дар асоси қарори Президиуми Кумитаи марказии иҷроия (аз 23 феврали 1924) парчами сурхи Тоҷикистон таҳия шуд, ки дар кунҷи он шиоре таҳти унвони «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед» тасвир шуда буд.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ бо назардошти таҳаввулоти дохилӣ (узвияти ҶШС Тоҷикистон дар ИҶШС, қабули Конститутсия, иваз шудани алифбои лотинӣ ва кирилӣ) парчами Тоҷикистон тӯли солҳои 1929–1953 ҳафт бор тағйир ёфт.

Пас аз заволи ИҶШС ва истиқлоли Тоҷикистон (9. 9. 1991) зарурияти тағйири парчам бо риояи суннатҳои миллии давлатдорӣ ва тамаддунофарии миллати тоҷик ба миён омад.

Барои муайян кардани парчами ҷумҳурӣ озмун эълон шуд. Дар ин миён зиёд аз 200 лоиҳа пешниҳод шуд. Барои баррассии мунсифонаи ин лоиҳаҳо комиссияи махсус бо роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ ташкил ёфт. Бо сабабҳои маълум раванди таҳия ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ ба таъхир афтод. Аммо бо даъвати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳфаи давлатдории навини миллати тоҷик тағйироти куллӣ ба миён омад. 24 ноябри 1992 дар иҷлосияи таърихӣ «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад».

Дар ҳақиқат, парчами давлатӣ дар замони истиқлоли кишвар асолати таърихии худро нигоҳ дошт, ки ин баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамдори мо аст. Сентябри 2011 ба хотири мақому манзалати Парчами миллӣ ва бузургдошти 20-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази кишвар манораи бузурги Парчами миллӣ (165 м) бунёд ва дар китоби Рекордҳои Гиннес сабт гардид. Соли2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва нишони садоқат ба Парчами миллии Тоҷикистон 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт, ки ҳамасола ин рӯз таҷлил мегардад.

Месазад, ки ҳар яки мо Рӯзи Парчами давлатиро ба унвони рамзи давлатдории миллати тоҷик ва бузургдошти арзишҳои миллӣ таҷлил намоем. Бигузор Парчами давлатӣ дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон бошад.

Умаров А.Қ. – н.и.т., дотсент,муовини декан оид ба илм варобитаҳои байналмилалиифакултети таърихи ДМТ