ОБ, РУШДИ УСТУВОР ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО: ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ОҒОЗ ГАРДИД

16

Дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори фаъоли барномаҳои байналмилалӣ эътироф гардид, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври васеъ дастгирӣ ёфтаанд. Дар ин раванд ташаббусҳои марбут ба об мавқеи хоса доранд – аз эълони солҳои байналмилалӣ ва даҳсолаҳо то баргузории конфронсҳои ҷаҳонии об. Бо ин саъю кӯшишҳо Тоҷикистон ҳамчун пешвои дипломатияи об эътироф шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро мунтазам ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ҷалб мекунад. Имрӯз кишвари моро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сиёсати ҷаҳонии об меноманд, ки ин на танҳо обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад, балки барои рушди устувори ҷаҳонӣ низ хизмат мекунад.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об

Аз соли 1999 Тоҷикистон пайваста дар доираи СММ ташаббусҳои марбут ба обро пешбарӣ менамояд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд. Муваффақияти ин иқдом Тоҷикистонро барои пешниҳоди боз ҳам бузургтар – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015) илҳом бахшид, ки онро 141 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуданд. Дар доираи ин даҳсола дар ҷаҳон ва Тоҷикистон садҳо чорабинӣ, аз ҷумла се конфронси бузурги байналмилалӣ дар Душанбе баргузор гардид.Соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуд, ки ҳадафаш табдил додани захираҳои обӣ ба манбаи шарикӣ ва сулҳ, на ба майдони низоъҳо буд. Маросими расмии оғози он дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шуд, ки аҳамияти амалҳои муштаракро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об таъкид кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки аҳамияти об барои ояндаи устувор на камтар аз нафт ва газ аст.

Қуллаи ин ташаббусҳо барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018–2028) гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд ва бо ҷонибдории якдилонаи 177 кишвари узви СММ қабул гардид. Оғози расмии барнома 22 марти соли 2018 ба Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об рост омад ва марҳилаи наверо дар амали ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва пешгирии офатҳои экологӣ оғоз намуд.

Қадами навбатӣ дар дипломатияи глобалии экологии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии СММ ин қатъномаро бо ҷонибдории якдилонаи 153 давлат қабул кард. Аз соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад ва таҳти сарпарастии СММ фонди махсуси байналмилалӣ барои маблағгузории чорабиниҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ин ташаббус бори дигар собит кард, ки Тоҷикистон ба таври пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили муҳими ҳифзи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷалб менамояд.

Дар Душанбе Конференсияи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо шӯрӯъ гардид: натиҷаҳои аввалин ва интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ

Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид, ки баргузории он 29–31 майи соли 2025 пешбинӣ шудааст. Форуми мазкур рӯзи 29 май бо як қатор чорабиниҳои қабл аз конфронс оғоз ёфта, маросими расмии кушодашавии он субҳи 30 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор мегардад. Барои иштирок дар конфронс ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор намоянда аз 60–80 кишвари ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа ҳузур овардаанд. Конфронс бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби СММ эълон шудааст, баргузор мегардад ва таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонии экологиро ба Душанбе ҷалб кардааст.

Дар конфронс меҳмонони сатҳи баланд ва намояндагони созмонҳои байналмиллалии калидӣ ширкат доранд, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои тахассусии СММ (масалан, Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ), ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СҲШ ва ИДМ. Дар кори конфронс беш аз 70 муассисаи байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (ВМО), Бонки рушди Осиё (АБР), Барномаи рушди СММ (ПРООН) ва дигарон ширкат мекунанд. Аксари намояндагони конфронс вазирон, олимон-иқлимшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар форум таҳти роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода ва муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ширкат меварзад. Дилрабо Мансурӣ дар суханронии худ дар форуми қаблазконфронсӣ таҳти унвони «Нақши занон дар ҳифзи пиряхҳо» таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори муколамаи глобалӣ дар масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Ӯ ҳамчунин баргузории форумро дар Душанбе бо иштироки намояндагони бисёр кишварҳо як имконияти муҳими муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим номид.

Рӯзи аввали конфронс ба форумҳои мавзӯӣ бахшида шуд, ки дар он изҳороти барномавии коршиносон ва ташкилкунандагон садо доданд. Аз аввалин ҷаласаҳо омори нигаронкунанда эълон гардид: тибқи суханони роҳбари Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло, се сол пайиҳам дар тамоми 19 минтақаи пиряхии ҷаҳон ақибравии пиряхҳо мушоҳида мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон мушкилоти минтақаро махсус таъкид намуд: обшавии босуръати пиряхҳои Осиёи Марказӣ аллакай ба захираҳои обӣ таъсир расонида, хатари офатҳои табииро меафзояд. Созмонҳои ҷавонон ва занон низ дар ин маврид андешаҳои худро баён доштанд: дар бахшҳои махсус намояндагони ҷавонон аз кишварҳои мухталиф оид ба лоиҳаҳои экологӣ сухан гуфтанд ва зарурати ба инобат гирифтани манфиатҳои насли навро талаб намуданд, инчунин занони пешсафи минтақа нақши занонро дар ҳифзи иқлим ва захираҳои об баррасӣ карданд. Ин изҳоротҳо фазои конфронсро муайян карда, зарурати амалҳои фаврӣ ва муштаракро таъкид намуданд.

Дар ҷараёни баҳсҳои рӯзи аввал рӯзномаи конфронс ташаккул ёфт, ки муҳимтарин мушкилотро инъикос мекунад. Мавзуъҳои калидӣ оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии обшавии пиряхҳо – аз таҳдиди болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ то мушкилоти таъмини об ва афзоиши офатҳои табииро фаро гирифтанд. Масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва мероси фарҳангии кӯҳистон дар шароити тағйирёбии иқлим низ баррасӣ шуданд. Диққати махсус ба тадбирҳои амалии мутобиқшавӣ, истифодаи технологияҳои муосири мониторинги криосфера, ташкили низоми ягонаи назорати пиряхҳо ва огоҳсозии барвақт аз офатҳои табиӣ, табодули маълумоти илмӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин байни кишварҳо равона гардид. Ҳамкории минтақавӣ низ ҳамчун мавзӯи марказӣ – аз ҷумла, пешниҳоди таъсиси марказ ё платформаи минтақавии мониторинги пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Нақши муассисаҳои молиявӣ низ махсус таъкид шуд: Тоҷикистон ташаббуси таъсиси фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуд ва дастгирии донорҳо ва шариконро интизор аст. Дар бахши кишоварзӣ низ мутахассисон роҳҳои кам кардани хисорот аз обшавии пиряхҳо ва пешгирии хушксоливу обхезиҳоро бо истифода аз технологияҳои нав баррасӣ намуданд. Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали конфронс афзалиятҳои асосии он аз илм ва экология то иқтисоду иҷтимоиёт муайян гардиданд, ки ҳамаи онҳо дар робита бо буҳрони иқлимӣ ба ҳам алоқаманд мебошанд.

Интизориҳо ва натиҷаҳои аввалини конфронс

Ҳанӯз дар марҳилаи омодагӣ ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки санади асосии Конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо» хоҳад шуд. Дар рӯзи нахустини конфронс ин интизорӣ тасдиқи худро ёфт: лоиҳаи эъломия барои муҳокима пешниҳод гардид ва дар он ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаврӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва афзоиши маблағгузорӣ барои иқдомҳои иқлимӣ даъват менамояд. Интизор меравад, ки эъломияи қабулшуда муроҷиатномаи барномавии форум барои Конфронси дарпешистодаи тағйирёбии иқлими СММ (COP30) дар Бразилия мегардад. Дар баробари он, ҷамъбасти умумии ҳамраисон бо хулосаҳои асосии баҳсҳо ва «Даъвати Душанбе ба амал» таҳия мегардад, ки дар онҳо ташаббусҳо ва ҳамкориҳои нав барои баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об сабт мешаванд. Ҳадафи ин санадҳо таҳкими тавофуқоти бадастомада ва мушаххас намудани нақшаи амалҳои минбаъда мебошад.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли мушкилоти об ва ҳифзи пиряхҳо равона шудаанд, мавқеи кишварро ҳамчун як пешвои муҳим дар дипломатияи глобалии об ва иқлим боз ҳам тақвият доданд. Бо пайгирӣ ва матонати худ ҷумҳурӣ тавонист диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаҳои муҳим ҷалб карда, дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо кишварҳои шарикро ба даст орад.

Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, ҷиддияти ниятҳои Тоҷикистон ва нақши онро дар муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли яке аз муҳимтарин мушкилоти замони муосир тасдиқ менамояд. Аз рӯзи аввали форум возеҳ гардид, ки ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкили минтақавӣ набуда, балки масъалаи глобалиест, ки ҳамкории фаъоли илм, сиёсат, тиҷорат ва ҷомеаро талаб мекунад.

Қабули Эъломияи Душанбе ва дигар санадҳои стратегии конфронс метавонанд самти нави ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳими об муайян созанд. Ин санадҳо бояд на танҳо натиҷаи расмӣ, балки барномаи воқеии амал бошанд, ки бо захираҳои молиявию технологӣ пуштибонӣ мешаванд.

Нақши махсусро иштироки ҷавонон ва ҷомеаи илмӣ мебозанд, ки бо шавқу завқ ва ғояҳои навовари худ метавонанд расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро суръат бахшанд. Ҷалби насли ҷавон барои ҳалли чунин мушкилот на танҳо пойдории талошҳоро таъмин мекунад, балки имконияти муваффақона рафъ кардани мушкилоти иқлимии ояндаро низ меафзояд.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар бахши об ва иқлим, намунаи равшани онанд, ки чӣ гуна як кишвари хурд бо захираҳои маҳдуд метавонад дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таъсири назаррас гузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо муттаҳид сохтани талошҳои даҳҳо давлат ва созмонҳо ба ҷаҳониён роҳи рушд ва ҳифзи сайёраамонро нишон медиҳад.

Салимов Ф.Н.номзади илмҳои таърих, дотсент.Мирзоев Ҳ.Т.- номзади илмҳои таърих