ПАЁМИ РАҲНАМОВУ РАҲКУШО

27

Дар доираи фаъолияти парламенти касбӣ, 25 сол мешавад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа мегардад. 28-уми декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳоднамуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат барои рақамикунонии иқтисодӣ миллӣ ва мутобиқсозии он ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ заминаҳои мусоидро фароҳам месозад.

Ҳамон тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ин самт аз ҷониби Пешвои ғамхору раъиятпарвари миллат ҳамасола тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдоми сарвари давлат имконият медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон боз ҳам хубтару беҳтар гардида, кадрҳои болаёқату кордон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бештар ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тариқ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ кулли масоили ҳалталаби ҷомеа ва роҳҳои рушди босубот дақиқ матраҳ шуда, тадбирҳо дар роҳи зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, истеҳсоли молҳои ватании содиротӣ ва дигар нақшаҳо барои болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ дар қатори тамоюл ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд, ки нишондодҳои он аз ҷониби ҷомеа чун дастурамали зиндагӣ истифода хоҳанд шуд.

номзади илмҳои таърих, дотсент,мудири кафедраи таърихи навва навини кишварҳои хориҷии ДМТИззатова Матлуба Қудртовна