ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

80

Таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки аз қадимулайём ҳамаи ақвому халқиятҳое, ки умр ба сар мебурданд, дорои нишона ё худ рамзи ба худ хосе буданд, ки онҳоро аз дигар қавму қабила фарқ мекунонид ва дар воқеъ ҳамин нишонаи бузург аз мавҷудияти ин ё он қабоиле гувоҳӣ дода, то андозае муттаҳидӣ ва мавҷудияти он халқу қабиларо ҳифз менамуд. Биноан, кулли ақвому халқиятҳо кушиш ба харҷ медоданд, ки нисбат ба ин рамз, ки имрӯз он Парчам номида мешавад, эҳтиром намоянд ва ба он арҷ гузоранд ва бад – ин сабаб онро дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта, аз хурдтарин газанд эмин нигоҳ медоштанд. Воқеан, дар замонҳои кӯҳан Парчам нишонаи қудрату бузургиро дар худ таҷассум карда, муқаддас ҳисобида мешуд ва бинобар ин парчамбардорон одамони махсусро ташкил медоданд ва аз даст додани парчам дар ҷанг маънои шикастро дошт. Дар баробари ин, мардуми азияткашида дар ҳама давру замон дар канори парчам якдилона муттаҳид шуда, шӯришу ошӯбҳоро ташкил менамуданд ва дар роҳи истиқлолу озодӣ талош меварзиданд.

Қобил ба қайд аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи куҳантарин халқиятҳои башар буда, дар масири пур аз печу фарози таърих бо азму иродаи қавӣ, меҳру муҳаббати самимӣ, ақлу заковати азалӣ ва донишу хираду заковатмандӣ аввалин давлатҳову нахустин империяҳоро таъсис намуда, нақши мондагоре дар таърихи тамаддуни ҷаҳон гузоштааст. Ин халқи номдору пурифтихор, тамадунофару фарҳангсолор дар дарозаи таърих соҳиби парчамҳои махсуси худ буданд, ки куҳантарини он “Диравши ковиёнӣ” маҳсуб меёбад, ки таърихи хеле қадима дорад ва зери ҳамин парчам аввалин маротиба муборизаи халқи тоҷик бар зидди зулму ситам ва расидан ба озодӣ шурӯъ гардида буд ва академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин матлабро мушфикона баҳо дода, қайд месозад, ки “… аз замонҳои хеле қадим, аз ҳамон вақтҳое, ки тоҷикон бар васфи баҳодури қаҳрамон –Коваи оҳангар, бар васфи ҳамон Ковае, ки халқро бар зидди подшоҳи аҷнабӣ – Заҳҳоки истилогар бархезонида буд,… сар карда, тоҷикон анъанаҳои ба муқобили ҳар зулму ситам муборизаи фидокорона бурданро дар худ нигоҳ доштаанд” ва дар ин роҳи нек доимо зери Парчами озодӣ мубориза мебурданд ва ҳамин муборизаи беамони ниёгон буд, ки имрӯз халқияти соҳибмаърифате бо номи тоҷик мавҷудият дорад. Дар воқеъ, ҳаминро ба назар гирифта, роҳбари Давлати Шуравӣ Иосиф Сталин дар яке аз муроҷиатҳои хуб ба мардуми шарафманди тоҷик таъкид месозад, ки “…аҳли заҳмати Тоҷикистон маданияти кишвари худро баланд бардоред, хоҷагидориро ривоҷ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳру деҳот кӯмак расонед… ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки Шумо ворисони гузаштагоне ҳастед, ки парчами озодиро дар даст устувор барафрохта буданд!”. Дар ҳақиқат, тоҷикон дар тулли мавҷудияти чандинҳазорсолаи хеш зери парчами озодӣ доимо муборизаи диловарона бурда, мавҷудияти хешро нигоҳ медоштанд ва имрӯз боиси хушнудист, ки мо тоҷикон насли ҳамон гузаштагоне ҳастем, ки дар дарозои таърих соҳибпарчам буда, ин анъанаи парчамдории хешро идома дода, давлату империяҳои бузурги худро таъсис доданду бузургии ин миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки таърихи парчамдориву парчамбардории тоҷикон дуру дароз буда, ба ҳазораҳои пеш аз мелод рафта мерасад. Ниёгони бомаърифати мо дар ибтидо парчамро чун рамзи озодию муттаҳидӣ истифода намуда, бо як ғурури баланди миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ бар зидди зулму ситам қаҳрамонона мубориза бурда, ҷонисорӣ менамуданд. Дар саргаҳи ин муборизаҳо аввалин шуда, Коваи Оҳангар чун як фарди сарсупурдаи ин миллат бар зидди зулму бедодгарии Заҳоки Морон муборизаро шурӯъ намудааст. Кова пешдомани чармии худро бароварда, мардумро дар атрофи он якдилона муттаҳид намуда, ба муборизаи диловарона даъват намуд ва дар андак замон тавонист, ки Заҳҳоки аҷнабиро шикаст дода, тухми шару бадро аз мамлакати тоҷикон берун намояд. Аз ҳамин айём оғоз намуда, парчам чун рамзи муборизаву озодӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ дар байни на танҳо тоҷикон, балки кулли ақвоми башар мавқеи хосаро касб намуд. Дар ин мудат, парчамдории тоҷикон роҳи пурпечу тоберо пушти сар намудааст ва тавассути фарзандони асилу номдор ва бузургмардони нотакрори миллат дар ақсои олам парафшони карда, бузургию қудрату тавоноии аҷдодонамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Тоҷикон чун халқи воломақому покнажод бо таъсис намудани императории паҳновари Ҳахоманишиён бо сарварии марди оқилу сиёсатмадори тавоно Куруши Кабир парчами аҷдодии хешро дар ақсои олам парпарфишонӣ намуда, бузургии тоҷиконро ба ҷаҳониён собит намуданд. Дар парчами онҳо тасвири уқоб ҷойгир буд, ки ба андешаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “… тасвири уқоб нишонаи қудрату тавоноист, ки он Парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт”. Шоҳони ботатбиру оқили ҳахоманишӣ ба ҳар куҷое, ки қадами худро бо нусрату зафар мегузоштанд, дар он манотиқ парчами аҷдодии хешро парафшон мегардониданд. То он дараҷае парчам азизу муқаддас гардид, ки ҳатто парчамбардор одамони махсусро таъин кардагӣ мешуданд, то тавонад парчамро аз ҳар гуна газанд эмин дошта, садоқатмандона ба он муносибат намояд. Ин рисолати шоҳони Ҳахоманишиҳоро ворисони онҳо – сулолаҳои Ашконияну Кушониён идома дода, то қадри тавон дар манотиқи зиёд ҷаҳон ҷилвагар намуданд.

Дар даврони шоҳаншоҳии сулолаи маъруфи Сосониён парчами аҷдодӣ “Дирафши ковиёнӣ” ҷилои тоза ба худ касб намуда, омили асосии пирӯзи бар душманон мегардид. Шоҳони хирадманди Сосонӣ парчамро бо сангҳои қимматбаҳо зебу зинат дода, қудрати худро ба дигарон нишон медоданд ва аз дурахшиши он аҷнабиён дар тарсу ҳарос меафтоданд. Мутаасифона, ин парчами ниёгон аз беҳунарии баъзе аз сарлашкарон ба дасти аъроб афтода, аз байн рафт. Аз даст додани парчам руҳияи ҷанговарони сосониро шикаста, мағлубияти онҳоро тезонид ва инқирози давлати Сосониро ба вуҷуд овард. Шикасти Сосониён муборизаи диловаронаи тоҷиконро зери парчами озодӣ аз нав зинда гардонида, талоши онҳоро бо сарварии чандин фарзандони тоҷик, аз қабилӣ Ғураку Деваштич, Абумуслиму Муқанаъ зиёд намуд ва ҳамин боис гардид, ки аз сари нав давлатҳои миллии хеш Тоҳириёну Сафориён ва Сомониёнро таъсис дода, эъёи дигарбораи миллатро ба вуҷуд биорем.

Дар воқеъ, гарчанде ки парчам бо баён калимаи сода менамояд, аммо дар асл мафҳуму моҳияти хеле васеъро дар худ таҷассум меукунад. Он рамзи озодию истиқлол, ваҳдату ягонагӣ ва нишонаи давлатдорӣ буда, ифодагарӣ ҳастии миллат мебошад. Ҳамин нишонаи бузург ормону омоли халқро ба ҳам пайваст намуда, онҳоро яктану ҳамрайъ мегардонад. Тоҷикон низ чун халқи бо нангу ор, куҳанбунёду пурифтихор, тамаддунофару номдор бузхурги ва муҳимияти парчамро амиқу дақиқ медонистанд ва ҳамин буд, ки дар дарозаи таърих ин рамзи бузургро муқаддас дониста, чун гавҳараки чашм азизу муътабар нигоҳ медоштанд, ба он арҷ мегузоштанд ва барои амали намудани мақсаду мароми неки худ, ба хотири мубориза баҳри ҳаёти осоишта, тенҷию оромӣ, таъмини баробарӣ ва пирӯзи ба зулмот доимо парафшонӣ мекарданд. Аҷдодони бо нанги мо бо азму талошҳои собитқадамона тулли ҳазорсолаҳо зери парчамҳои хеш, баҳри ҳастии ин миллат муттафиқона саф ороста, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, забони гуворою фарҳанги волои хешро ҳифз намуданд.

Бояд гуфт, ки баъди расидан ба бузургтарин дастоварди таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси баъзе аз афроди ватандӯсту меҳанпараст ва худшиносу худогоҳ, ки муҳимияти парчами миллиро мушаххасан, амиқу дақиқ дарк карда метавонистанд, зарурати таҳияи нави парчами давлатӣ пешниҳод карда шуд ва хушбахтона, дар Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 –уми августи соли 1992 парчами имрӯзаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ карда шуд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои навини кишвар маҳсуб ёфта, рамзи давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамонро нишон медиҳад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки парчами давлатии Тоҷикистон дорои се ранг: сурх, сафед ва сабз мебошад, ки ҳар яке аз он рангҳо маъноҳои хоси худро доро аст. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷонисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлол буда, ранги сафед – нишонаи бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарзабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадиятро ифода мекунад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки ба қавли Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Зикри он мусаллам аст бигуем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти парчам эътибори зиёд дода шуда, бо ташаббуси Эшон 24 май рӯзи парчами давлатӣ эълон шуда, ҳамзамон бо ибтикороти ин марди хирад баландтарин парчам дар ҷаҳон 165 метр дар кишвари азизамон барафрохта шуд, ки ин гувоҳӣ аз қадршиносии Пешвои миллат нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Воқеан, П арчами миллӣ рамзи соҳибистиқлолию давлатдорӣ буда, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, сулҳу субот, ягонагӣ ба шумор меравад ва тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон иброз медоранд: “парчам яке аз рамзҳои далатдорӣ ва таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон маҳсуб мегардад”. Дар ҳақиқат, парчами давлатӣ чун рамзи музаффарият аз гузаштаи пурифтихори мо гувоҳӣ дода, гироми доштани он қарзи ҳар як насли пиру барно ба ҳисоб меравад ва беҳуда нест, ки Пешвои миллат ин нуқтаро низ таъкид намуда, барҳақ, иброз медорад, ки “қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлорлияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст”. Воқеан, парчами имрӯзаи Тоҷикистон идомаи ҳамон парчамҳои ниёгон буда, роҳи тайнамудаи пур аз печу фарози ниёгонро таҷассум мекунад, бинобар ин эҳтироми он эҳтиром ба руҳи поки ниёгон ва аҷдодони асилзодаи худ мебошад. Имрӯз ҳамин парчам симои мардуми тамаддунсози тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифи намуда, роҳи тайнамудаи моро ба ҷаҳониён нишон медиҳад, бинобар ин он бояд мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки воқеан парчам дар ҳама давру замонҳо рамзи давлатдорию мустақилӣ буда, ифодагари сарҷамъиву муттаҳидии ҳамаи халқиятиҳо ба шумор меравад.

Тоҷикон низ, ки як ҷузъи ҷомеаи башарӣ ва миллати деринатаърих маҳсуб меёбанд дар ин росто соҳибпарчам буданд ва онро азизу муътабар медонистанд. Ҳамакнун, насли имрӯзаи ҷомеаи тоҷикро мебояд, ки илму дониш андӯхта, ба хотири руҳи поки Коваи оҳангар, ки зери парчами озодӣ бар зидди зулму ситами аҷнабиён мубориза бурд, ба хотири Курушу Дориюш, ки парчами аҷдодиро дар ақсои олам парафшон намуданд, ба хотири Спитамену Абумуслим, Муқаннаву Темурмалику Восеъ, ки баҳри озоди аз зулми аҷнабиён ҷоннисорӣ намуданд, ба хотири Ардашеру Шопур, Хусрави Анушервон, Тоҳиру Яъқуб ибни Лайс, Исмоили Сомониву Наср ибни Аҳмад, ки парчамбардорони ниёгон буданд ва умуман, ба хотири кулли гузаштагон ва руҳи поки ниёгон, ки баҳри муррифии ин миллат хизматҳои шоён намудаанд, бо садоқат ба Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардорӣ ин миллат бошем ва насли воқеӣ будани худро ба ҷаҳониён нишон диҳем.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,Самандар МАҲМАДАМИНОВ,устодони факултети таърихи ДМТ