Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.
Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.
Офтоби беғубори осмони иттиҳод,
Нурофар то абад, андар ҷаҳони иттиҳод!
Оре, ҳар гаҳе сухан оид ба моҳияти парчам ва нақши он дар сарҷамъию муттаҳидии миллат меравад, пеш аз ҳама, ба забон овардани худи вожаи «Парчам» ба ҳамагон як ҳиссиёти гуворои бовару нангу виқору ифтихори миллӣ мебахшад, ки бешак ин таъсир аз аҳамияти парчам дар масири давлатдорӣ бармеояд. Дар ҳақиқат Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад».
Бале, метавон иброз намуд, ки Парчами давлат моро дар ҳарбзори ободонию созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро тавсеаву тақвият мебахшад. Бо парафшонии Парчами давлатӣ – ин рамзи муқаддас ҳама якҷоя пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро боз ҳам таҳким бахшида, барои ба мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистон саъю талошмекунем.
Дар кафи пешсаф парчам аст,
Аз матои ҳадаф парчам аст.
Эътибору шараф парчам аст,
Халқи моро ба каф парчам аст.
Як нишони ватан парчам аст,
Шаъну шони ватан парчам аст.
Қудрати лашкар аз парчам аст,
Шавкати кишвар аз парчам аст.
Парчами миллӣ… Бале, Парафшонии доимии Парчами миллӣ ба кору фаъолият ва ҳисси худшиносию ҳувияти миллии ҳамаи мо вобаста аст. Агар мо ҳама вақт ҷасорат, зиракии сиёсӣ, мавқегирии усулу ва бедории миллиро нигоҳ дорем, агар мо оромиву осудагии падару модар ва хонадонамонро таъмин намоем, дар ҳифзу амнияти ин марзу буми аҷдодӣ ҷонсупор бимонем, пас Парчами давлатӣ парафшон мемонаду кишвар ободтар мегардад.
Парчами миллӣ, парчами миллат… Аллакай ба ҳар фард маълум аст, ки ҳанӯз 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, он ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамо гашт. Мардум таҳти сарвари худ бо боварӣ ба оянда корҳои бузургро оғоз намуда, тамоми саду душвориҳоро бартараф намуда, пеш аз ҳама Сулҳи деринтизорро соҳиб гаштанду ба мардум озодӣ бахшиданд. Ин аст, ки Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ба монади Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораи даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.
Бесабаб нест, ки иддае аз сиёсатшиносон дар он андеша мебошанд, ки яке аз омилҳои фурӯ нишондани оташи ҷанги таҳмилӣ ин ба ҳам омадани миллати тоҷик дар атрофи Парчами давлатӣ, яъне дар атрофи як меҳвари муттаҳидгар мебошад. Зеро то он даме, ки миллати тоҷик рамзҳои давлатдории худро дар иҷлосияи ХVІ–уми Шӯрои Олӣ тасдиқ накарданду Роҳбареро интихоб нанамуданд заминаю боварӣ ба ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол то дараҷаи зарурӣ бовар надоштанд. Аз ин метавон гуфт, ки марудум боз соҳиби Парчам гашту бо роҳнамоии Пешвои хеш ба шоҳроҳи нав ворид шуд.
Оре, қабули рамзҳои давлатӣ аз зинаҳои барқарорсозии давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳанӯз дар санаи 23-юми ноябри соли 2018 таъкид карда буданд: «Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем».
Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Парчам рамзи пирӯзӣ ва истиқлол аст. Парчам, асосан, рамзи қудрати давлат аст. Ҳифз ва парафшонии он, чун нишон аз давлати соҳибистиқлол ва ободу осуда бешак ба фарзандони халқ кишвар марбут мебошад. Аз ҷумла, ба он ҷавонмардоне, ки имрӯзҳо сарҳади диёри азизи моро нигаҳбонӣ мекунанд.
То бихобат миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи пешини ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Имрӯз мо, мардуми кишвар бо Парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифти тоҷик мебошад. Дар китоби маҷмӯаи «Суханҳои ибратомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» омадааст: «Мо бояд дар дили ҳар фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем».
Оре, ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва бонанг диёр аз партавфишонии Парчами миллӣ ифтихор мекунад. Имрӯз бо боварӣ гуфтан метавон, ки ҳар вақте ки Парчами миллӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни суханрониҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвоии миллат давлату миллати моро муаррифӣ мекунад ва ё ба ифтихори ғолибияти ин ё он варзишгар дар сатҳи байналмилалӣ суруди миллии тоҷикон садо медиҳад ва парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дилхоҳ шахсро ҳисси хушҳоливу фараҳмандӣ фаро мегирад. «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон, Тоҷикистон» гуфтани шоир ҳам ҳамин ғояи бузургро тарғиб мекунад, яъне, истиқлолу озодият абадӣ бод, Тоҷикистони азизи мо!
САБЗААЛӢ АСОЗОДА,устоди ДМТ