ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

4

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».

Пешвои миллат чунин қайд менамояд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

Парчам рамзи ҳастии давлату миллати соҳиби­стиқлол мебошад, яъне ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои парчами давлатии худ мебошад. Яке аз муқад­дасоти давлат ин парчам мебошад, ки пайдоиш ва парафшонии он аз давраи Коваи оҳангар то имрӯз боқӣ мондааст.

Халқи тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошад. Аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд. Ҳанӯз дар асрҳои 3-2 пеш аз мелод қабилаҳои ориёинажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «меҳроб» ё «фарри ориёӣ» меномиданд ва он рамзи хуршед, офтоб покизагӣ ва нишонаи абадиятро дошт.

Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ таърихи парчамдорию парчамбардории халқи тоҷик аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то имрӯз идома дорад.

Дар китоби муқаддаси Авесто Бохтар ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳо барафрохта қайд гардидааст, ки далели соҳибпарчаму парчамбардор будани мардуми сарзамини тоҷиконро нишон медиҳад.

Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии точикон, аз ҷумла парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистони аҳди Шуравӣ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии чумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Комиссияи махсус барои тайёр намудани Парчами давлатӣ ташкил карда шуд.

Қабули Парчами давлатӣ ба давраи хеле ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлоли кишвар ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқ ҷой гирифта тасвир шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣякуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад».

Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчами давлатӣ боиси ифтихори миллат, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллати соҳибтамаддуни мост. Рамзи ҳуввият, давлатдорӣ ва ягонагии халқҳои сарзамини Точикистон буда, шараф ва ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷикро лозим аст то аз Парчами миллии худ ифтихор намояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву Истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд”.

Парчами миллӣ – нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти мо ҷавонон ва роҳнамои мардуми кишварамон ба сӯӣ зиндагии пурсаодат мебошад.

Имрӯз мо ҷавонон, ифтихор аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу суботи Ватан озодона кор ва фаолият менамоем. Ва Парчами миллии мо, дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландии мо тоҷикон аст. Бигзор Парчами миллии мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватан мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон бошад.

Суҳроб Шарофуддинов, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ