ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

60

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки: «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».

Пешвои миллат чунин қайд менамояд:«Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳанги халқамон мебошад».

Парчам рамзи ҳастии давлату миллати соҳибистиқлол мебошад, яъне ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои парчами давлатии худ мебошад. Яке аз муқаддасоти давлат ин парчам мебошад, ки пайдоиш ва парафшонии он аз давраи Коваи оҳангар то имрӯз боқӣ мондааст.

Халқи тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд. Ҳанӯз дар асрҳои III–II пеш аз мелод қабилаҳои ориёинажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «меҳроб» ё «фарри ориёӣ» меномиданд ва он рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадиятро дошт.

Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ таърихи парчамдорӣ ва парчамбардории халқи тоҷик аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то рӯзҳои мо идома дорад.

Дар китоби муқаддаси Авесто Бохтар ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳо барафрохта қайд гардидааст, ки далели соҳибпарчаму парчамбардор будани мардуми сарзамини тоҷиконро нишон медиҳад.

Баъди ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии тоҷикон, аз ҷумла парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар аҳди Шӯравӣ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсӣ мувофиқат намекарданд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Комиссияи махсус барои тайёр намудани парчами давлатӣ ташкил шуд. Барои таҳия ва тасвири парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул гардид.

Қабули Парчами давлатӣ ба давраи хеле ҳассосу тақдирсози таърихи халқи мо, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешону ноумедшудаи тоҷик аз оғози нек ва ҳамбастагӣ паём медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаи дорои се рахи уфуқии ранга мебошад:

— рахи боло – сурх, паҳнояш ба рахи сабзи поён баробар;

— рахи сафеди мобайнӣ – якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга;

— дар қисми мобайнӣ рамзи тоҷи заррин ва ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷойгир аст.

Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 мебошад.

Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатӣ гузошта шуд. Баландии сутунпоя 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо парчами баландтарин ҷойгир аст, «Боғи Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрванди ҳар як фарди ҷомеа бошад».

Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, бофарҳанг ва дорои тамаддуни бой дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчами давлатӣ боиси ифтихори миллат, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллати соҳбтамаддуни мост. Рамзи ҳувият, давлатдорӣ ва ягонагии халқҳои сарзамини Тоҷикистон буда, шараф ва ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷикро лозим аст, ки аз Парчами миллии худ ифтихор намояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд».

Чуноне ки адиби варзидаи тоҷик Муҳтарам Ҳотам дар васфи «Парчами иқболи баланд» чунин месарояд:

Шуд парчами равшании мо зебу фари мо,

Неруи тану ҷону чу нури басари мо,

Болои сари мову нигаҳбони сари мо,

Шуд дар роҳи фатҳу зафар ӯ ҳамсафари мо.

Бар парчами пояндаи худ арҷ гузорем,

Ёде зи ниёгони азизаш бишуморем.

Пайваста ба ҳам саф ба сафу сулҳшиорем,

Дар ҳифзи Ватан ҷону сари худ бисупорем.

Дар авҷи фазо бол кушода чу кабӯтар,

Бахшандаи шодист ба ҳар хонаву ҳар дар,

Рамзест зи неруву тавоноии кишвар,

Савганди ватандориву «Шаҳнома»-и дигар.

Ин парчами мо парчами иқболи баланд аст,

Чун боли ҳумо бар сари мо соя фикандаст,

Бар ҷон у дили халқ азиз асту писанд аст,

Ҳомии Ватан аз ҳама озору газанд аст.

Парчами миллӣ — нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти мо ҷавонон ва роҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи зиндагии пурсаодат мебошад.

Имрӯз мо ҷавонон ифтихор мекунем, ки дар фазои сулҳу суботи Ватан озодона кор ва фаъолият менамоем. Ва Парчами миллии мо дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландии мост. Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватан мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон бошад.

Шарифзода С., н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ