ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

157

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз қабул ва ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикстон 27 сол сипарӣ мегардад. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон яке аз асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми тоҷик шароити мусоид фароҳам овард.

Мардуми мо ин санаи муҳимро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана қайд менамоянд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ мақоми хоса дорад, зеро, ки ин рӯзи пурсаодат ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин рӯзҳо расидан моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоему мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт 27 июни соли 2006 қайд намуд, ки «Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр намоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем» ва таъкид намудаанд, ки «Бо шарофати сулҳу Ваҳдат, ки ба хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнрав муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем.

Шароити имрӯзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу оштии комил, ки натиҷаи талошҳои хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва таҷриба гирем.

24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо эъломияи Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ, ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир буд. Назар ба эътирофи ҳамагон мусолиҳаи миллии Тоҷикистон як мисоли бориз ва барҷаста дар таърихи муносибатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, намунаи ибрат ва пайравӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва минтақавӣ дониста мешавад.

Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як воқеияти инкорнопазир ва пойдор мондани он як боястигии таърихист ва акнун, ки миллати бофарҳанги тоҷик бо ҳиммате мардона барои зинда гардонидани гузаштаи табнок ва пурбори таърихии худ пой ба роҳ ниҳодааст, бояд бедору ҳушёр пеш биравад ва таърихи ояндаи худро чунон бисозад, ки тӯфону тундбоди ҳаводис ва балоҳои рӯзгор натавонанд, зарраи хоке аз кунгураи кохи баланд ва боазамати истиқлолу озодӣ ва оштиву бародарии он бикоҳад.

Хушбахтона, солҳои охир алалхусус баъди имзо шудани санади ниҳоии оштии миллӣ (27 июни соли 1997) раванди воқеии худшиносии миллӣ суръат ва сифати нав ба навро молик гашта, дар ташаккули сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши муассире бар душ гирифт.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрӯз дар гӯшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

Бинобар ин мо бояд ин санади тақдирсозро ҳамчун гавҳари нодир ҳифз намоем ва нагузорем, ки касе давлати соҳибистиқлоли моро ноором созад.

Суҳроб Шарофуддинов,номзади илмҳои таърих, дотсентикафедраи таърихнигорӣ ва архившиносиифакултети таърихи ДМТ