САБКИ ТАЪРИХНИГОРИИ РАШИДУ-Д-ДИН ФАЗЛУЛЛОҲИ ҲАМАДОНӢ

74

Аз он ҷо ки баррасӣ ба мавзӯи сабки таърихинигории Рашиду-д-дин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ сурат гирифт, бояд гуфт, ки дар гузашта ва ҳол ба нигориш ва навишти он эҳтимом дода, таълифоти фаровоне дар ин замина рӯи кор омад, аммо дар ҳавзаи баррасӣ ва таҳқиқ корҳои нотамом зиёданд ва ба назар мерасад, ки дар ин росто ҳанӯз кори шоистае анҷом нашудааст. Аз сӯи дигар бархе аз нависандагон афкореро, ки танҳо ба равиши фикрӣ, майлу ҳавас ва ҳусни таваҷҷӯҳу завқи онҳо созгор буданд, дар набиштаи худ дарҷ намудаанд ва кори анҷомдодаи ин қабил ба истилоҳ «таърихнигорон», на танҳо аз ҳақиқат ва на танҳо бар асоси меъёрҳои таҳқиқоти таърихӣ анҷом нагирифта, балки появу асли таърихро хадчадор карда, дурустии онро зери суол бурдаанд ё дасти кам фаротар аз қаламрави ақл ва марзи пазириш дар назди касоне, ки ҳақоиқи таърихро мешиносанд берунанд. Дар ин набишта, бар пояи таҳқиқоти таърихӣ сабки таърихнигории Рашиду-д-дин Фазлуллоҳ, бахусус вижагиҳои боризи асари вай «Ҷомеъу-т-таворих» аз завоёи ҷадид таҳлил мегардад.

Хоҷа Рашиду-д-дин Фазлуллоҳ дар ҳаёти сиёсӣ ва илмиву адабии ҷомеъаи онрӯзи муғул ба унвони муҳимтарин узви ин ҷомеъа нақши босазо гузошт. Ӯ бо таҳқиқи мустақил ваҷомеъ дар умури пизишкӣ пардохт ва дар ин замина як зумра осори илмӣ нигошт.

Бо сабки таърихнигорӣ асари арзишманде бо номи «Ҷомеъу-т-таворих» навишт. Нигориши «Ҷомеъу-т-таворих» муҳимтарин кори Рашиду-д-дин Фазлуллоҳ буд. Пеш аз ӯ муаррихони милали мухталиф таърихи хешро дар чорчуби нигаришҳои динӣ ва фарҳангии вижаи ҳар давра навиштаанд, аммо «Ҷомеъу-т-таворих»барои нахустин бор дар ҷаҳон таърих ва фарҳанги давлатҳои бузурги Осиё ва Аврупоро бо бетарафӣ зикр кардааст.

Ва дар миёни осори мутааддиду муҳими асри элхонӣ ду китоб, «Таърихи Ҷаҳогушой»-и Ҷувайнӣ ва «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашиду-д-дин Фазлуллоҳ ва пас аз онҳо «Таърихи Васоф» ва«Таърихи гузида» асари Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дорои арзиш ва эътибори хос мебошанд, вале равшантарин намунаи таърихи ин давра «Ҷомеъу-т-таворих» аст.

Агарчи дар ин аср шеър ва адаби форсӣ аз равнақи пешини худ уфтод, аммо фани таърихнависӣ дар замони пас аз ҳуҷуми муғул, дар Эрон ва кишварҳои ҳамҷавор ривоҷ ёфт ва пешрафти азиме кард. Осори нафисе дар ин замина таълиф гардид, ки аз беҳтарин осори таърихӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб меёбанд. Таърихнигории забони форсӣ дар замони муғулҳо ба сатҳе расида буд, ки муаррихон танҳо ба рӯйдодҳои хориҷӣ иктифо намекарданд, балки бо шарҳи фармонравоии якояки Элхонон рӯйдодҳои таърихии дохилиро низ мавриди баррасӣ қарор медоданд. Китобҳои таърихии таълифшуда дар ин давра ҳамагӣ бо забони форсӣ аст ва тамоми элхонони муғул ба хубӣ аз матну матолиби онҳо огаҳ буданд. Дар ин росто метавон ба як нуктаи муҳим ишора намуд. Алоқаи муғулҳо ба забти воқеъаҳои таърихӣ, ёдоварии гузаштаҳои пурифтихор ва эҷоди ҳувияти миллӣ Ғозонхонро (692-703ҳ.қ./1293-1304м.) бар он дошт, ки вақоъеи таърихии муғулҳо ва Элхонон мактуб шавад, то ояндагон низ аз он воқиф гарданд. Ғозон бартарии фарҳанги милали мағлубро дар гузари замон бар бартарии низоми муғулҳо ғолиб медид ва мавқеи мардум бо фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар ҳукумати муғулҳо ин боварро бовартар месохт. Пас Ғозон вазири бофазилат ва огоҳи худ Рашиду-д-динро боистеъдодтарин фард барои расидан ба нияташ ҷиҳати ҳифзи таърихи муғулҳо ёфт ва аз ӯ хост, то таърихи ақвоми муғул, Чингизхон ва авлоди ӯро тадвин намояд.

Ховаршиноси бритониёнӣ Эдуард Броун менависад: «Ғозон барои анҷоми ин амри хатир Рашиду-д-динро интихоб фармуд ва иттифоқан беҳтар аз ин интихоб низ мумкин набуд, пас ҳамаи аснод ва навиштаҳои давлатиро ба инзимоми куллияи уламое, ки дар таърих ва осори аттиқаи муғул дорои басират ва иттилоъ буданд, дар таҳти фармони ӯ гузошт». Инчунин Ғозонхон, ки ба устура ва таърих дилбастагии тамом дошт, хост барои ояндагони худ ёдгоре ба сурати таърихи ҷомеъ, ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба ҷой гузорад. Рашиду-д-дин худ дар ин маврид менависад: «Одати муғул он аст, ки нисбати обову аҷдодро нигоҳ доранд. Аз ин ҷиҳат ҳеч як аз эшон набошад, ки қабила ва нисбати худ надонад ва ба ғайр аз муғул дигар ақвомро ин одат нест».

Яке аз омилҳое, ки муҷиби рушди ҷараёни таърихнигорӣ дар давраи Элхонон гардид пайдоиши фазои фарҳангии муносиб буд, ки дар партави ҳокимияти сиёсии мутамарказ ба вуҷуд омад. Аз сӯи дигар таҳкими пояҳои императории муғул, густариши қаламрави онҳо аз Чин то кишварҳои исломӣ, ба миён омадани равобит бо давлатҳои аврупоӣ ва ба дунболи он вуруди иттилооти ҷадид аз ин сарзаминҳо ба Эрон, муаррихони огоҳу бозавқе назири Рашиду-д-динро барои истифода аз ин заминаҳо тарғиб кард. Яъне муғулҳо, ки ба далелҳои зиёди худ алоқаманд ба таърих буданд, заминаҳои матлуберо барои рушд ва густариши таърихнигорӣ фароҳам сохтанд. Ин омилҳо фурсати матлуберо дар ихтиёри андешамандоне чун Рашиду-д-дин ҷиҳати баҳрагирӣ аз тамомии имконоти лозим барои эҷоди асари гаронқадре чун «Ҷомеъу-т-таворих» фароҳам сохт. Вай аз ҳамаи асноди мавҷуд ва иттилооти донишмандони миллатҳои мухталиф, ки дар дарбори элхонӣ ҳузур доштанд баҳра гирифт ва талош намуд, то «Ҷомеъу-т-таворих»-ро ба унвони як асари ҷаҳонӣ ва дархури императории муғул ба нигориш дароварад.

Ҳамчунин ин таҳаввулот муаррихонро мутаваҷҷеҳи таърихи миллатҳои дигари дунё ва таҳқиқи таърихи онҳо намуд, ки дар ин миён низ нақши Рашиду-д-дин бесобиқа аст. Рашиду-д-дин ба унвони муаррихи барҷаста мақоми мумтоз дорад ва ба таълифоти таърихии густурдааш аз лиҳози вусъату эътибор ва сабки илмӣ муҳаққиқону таърихпажӯҳон баҳои баланд додаанд. Тавре, ки дар боло ишора рафт «Ҷомеъу-т-таворих» аз таълифоти аслии Рашиду-д-дин аст, ки барҷастагии вижае дошта, як таърихи ҷамъ аз тамоми миллтаҳои тобеъи императории муғул мебошад. Ин таърихнависи камназир дар муқаддимаи китобаш таърихро бо шарҳу баёни хос чунин маънидод мекунад. «Торих иборат аст аз забт ва тартиби ҳар ҳоле ғариб ва ҳодисае аҷиб, ки ба нодир иттифоқ уфтад ва онро дар мутуни дафотар ва бутуни авроқ исбот кунанд ва ҳукамо ибтидои он ҳодисаро торихи он ҳол гӯянд ва миқдору каммийяти замон ба воситаи он бидонанд, бар ин маънӣ ибтидои ҳар миллате ва ҳар давлате торихи муайян бошад».

Арзиши фавқулодаи «Ҷомеъу-т-таворих» дар ҷилди аввали он, яъне дар Таърихи муғул ё Таърихи Ғозонӣ нуҳуфта аст, ки Рашиду-д-дин нигориши онро дар соли 1303 барои Ғозонхон оғоз кард, аммо пеш аз он ки тадвини китоб ба поён расад Ғозон дар соли 1304 даргузашт. Бо вуҷуди ин китоб дар давраи бародар ва ҷонишини ӯ Султон Муҳаммад Улҷойту (703-716ҳ.қ./1304-1317м.) ба анҷом расид ва ба амри ӯ ба номи бародараш Ғозонхон машҳур гардид. Рашиду-д-дин пас аз тақдими китоб аз тарафи Улҷойту маъмурият ёфт, то ба таълифи муфассалтаре бипардозад, яъне Элхон назм ва навишти таърихи ҳамаи қавмҳоеро, ки бо муғулҳо робита доштанд ба вай ҳавола кард… Ин кори сангин таълифи таърихи умумӣ аз тамоми қавмҳои авруосиё буд, ки бо муғулҳо иртибот доштанд…

Бад-ин тартиб бахши аввали ҷилди дуйуми «Ҷомеъу-т-таворих», ки дар аҳди Улҷойту ба итимом расид, аввалин таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ва Рашиду-д-дин худ нахустин муаллифест, ки дар таълифи таърихи Чин ба таври мустақим аз манбаҳои асливу муътабари чинӣ истифода карда, бо донишмандони чинӣ ҳамкорӣ ва иртибот доштааст. Ба ақидаи Заринкуб қисмати ба таърихи муғул бахшидашудаи «Ҷомеъу-т-таворих», ки бо ҳамкории муаррихони чинӣ ва муғулӣ бо истифода аз асноду маъхази муътабар таълиф шудааст, аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин бахш, низ иттилоот зиёд аст, ки ин натиҷаи истифода аз кутуби рӯзгори пешин ва садҳо мадорики боэътимоди таърихист. Худи ӯ дар бораи сабки таърихнигориаш чунин гуфта: «Чун ин заиф ба таълифи ин, «Ҷомеъу-т-таворих» маъмур шуд, аз он чи дар кутуби машҳури ҳар тоифа мастур ёфт ва аз он чи назди ҳар қавме ба нақли мутавотир шуҳрат дошт ва аз он чи доноён ва ҳукамои муътабари ҳар тоифа бар ҳасаби муътақиди худ тақрир карданд, ҳам бар он минвол бе ҳеч тағйир ва табдил ва тасарруф дар қалам овард».

«Ҷомеъу-т-таворих» бар хилофи сабки фохиру фании «Ҷаҳогушой»-и Ҷувайнӣ ва сабки мубҳаму печидаи «Таҷзияту-л-масор»-и Васоф бисёр содаву равон, ба вижа дар баргардондани матнҳои муғулӣ ба забони муҳовараи рӯзгори муаллиф навишта шуда, ки бо он сабки нав дар нигориши форсӣ оғоз гардид, ҳатто муаррихоне чун Муставфӣ ва Банокатӣ дар сабки нигориш аз он пайравӣ кардаанд. Он чи дар бораи насри Рашиду-д-дин метавон гуфт ин аст, ки агар нуфузи калимот ва истилоҳоти муғулии вофир дар бахшҳое аз «Ҷомеъу-т-таворих», ки ба ночор омадааст бигзарем, насри Рашиду-д-дин Фазлуллоҳ ба сабаби содагӣ қобили таваҷҷӯҳ аст… Аз ибтидои асри ХIХ чопҳои зиёде аз бахшҳои бозмондаи «Ҷомеъу-т-таворих» дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон анҷом ёфтааст. Феҳрасти нусхаи хатии «Ҷомеъу-т-таворих» дар феҳрасти устураӣ гирдоварӣ шудааст ва бо нашри нисбатан сода навишта шуда, асари барҷаставу боарзиш маҳсуб меёбад.

Рашиду-д-дин зимни доштани мақоми вазорат дар асри ду элхони маъруф, Маҳмуд Ғозон ва Муҳаммад Улҷойту ба навиштани ин асари азим ҳиммат гумошт. Таълифоти зиёд боис шуд, то нисбат ба тааллуқи ин осор ба Рашиду-д-дин шак намоянд, аммо худи вай тасреҳ мекунад, ки алорағми пардохтан ба умури девонӣ аз таҳқиқ ва таълиф ғофил нашудааст ва сухани Васоф нишон аз азамати навиштаҳои вай дорад: «Пас махдуми ҷаҳониён Рашиду-л-ҳақ… фармон шуд, то китоби гаронқадри худро мураттаб кунад. Ин китоб даҳ муҷаллад бошад ва ҳар муҷалладе дувист ман, ки маҷмуъи он се ҳазор варақа бошад… ва бар ин намат бар ҳеҷ китобе навишта нашуда ва наёмадааст ва бад-ин тарз ва зобита дар ҳеҷ аҳде пардохта нашуда». Ҳамон тавр ки усули кори муаррих навиштани таърих бар асоси шунидаҳо, гуфтаҳо ва навиштаҳои дигарон аст, Рашиду-д-дин низ дар ҷилди дуйуми китоби худ, дар таълифи таърихи олам чунин равишро ба кор бурдааст. Ӯ бо ба даст овардани матнҳои таърихиву илмӣ аз миллатҳои гуногун мисли чинӣ, муғулӣ, фарангӣ ва тарҷумаи он матнҳо тавассути худ ё олимони дигар ва гоҳ касби иттилоот аз фозилону муҳаққиқони қавмҳои мухталиф, зимни доштани масъулияи вазорат дар авқоти фароғату мавқеи муносиб ба таълифи асари худ «Ҷомеъу-т-таворих» ҳиммат гумоштааст. Ҳамчунонки худи ӯ ишора мекунад: «Китобати ин торих аз вақти субҳ, баъд аз адои фариза ва баъзе аврод то тулуъи офтоб буда, чун дар авқоти дигар фароғат ба воситаи умури мулкӣ ва иштиғоли девонӣ муяссар набуда». Чунончи имрӯз барои навиштан ва гирдоварии як асар иддае аз олимон ва нависандагон ҷамъ шуда, ба кори нигориши он дар шохаҳои мухталиф мепардозанд ва дар кори таълифи асари азиме, чун «Ҷомеъу-т-таворих» низ ҷуз ин наметавон интизоре дошт, аммо назорати ниҳоӣ ва нигориши китоб, бахусус бахши таърихи муғулро худи Рашиду-д-дин ба уҳда доштааст. Ба ақидаи Бартолд, «Ҷомеъу-т-таворих» доиратулмаорифи таърихии азиме аст, ки ҳеч миллати воҳиде дар садаҳои миёна чи дар Осиё ва чи дар Аврупо назири онро надоштааст.

Дар фарҷом, бар асоси додаҳои ироашуда вижагиҳои ин асари нодирро метавон чунин хулоса кард: Аз таълифи «Ҷомеъу-т-таворих» пайдост, ки Рашиду-д-дин дар навбати аввал дурустӣ ва эътибори воқеаҳоро мушоҳидаи он медонад ва худ воқеъаҳои замонашро аз рӯи мушоҳидаҳои айнии худ ба тафсил менигорад. Барои дарки беҳтар ва огаҳӣ аз ҳақиқат мушоҳидаро асл медонад ва ҷои дигар онро муҷиби иқрор ба сидқ ва дурустии матолиб мепиндорад. Ҳатто барои исботи «мушоҳида» истидлол меорад, «чунонки мушоҳида мекунем». Сабки дигаре, ки Рашиду-д-дин дар навиштани таърих истифода мебарад, «муқоиса» аст. Ӯ ин шеваро барои тааммули бештар ва дарки саҳеҳтари таърих муассир медонад ва мегӯяд, ки «ба қиёс ҳама чиз маълум мешавад…».

Ҳамчунин дар мавриди истифода аз ривоёт ва гуфтаҳои дигарон бовар дорад, ки тавассути ривоёти интишорёфта низ метавон ҳақиқати таърихро гуфт. Дар мавриди воқеъаҳое, ки шоҳиди бевосита набошӣ ё худ аз забони мушоҳидони он воқеъа нашнида бошӣ ривоёти нашршударо тарҷеҳ медиҳад. Рашиду-д-дин вазифаи муаррихро интиқоли дақиқу бидуни дахл ва тасарруфи ривоёту гуфтаи ровиёни муътабар медонад. Аз ин рӯ дар бештар маврид пас аз нақли матлаб ҳамин гуфта, «ба уҳдаи ровӣ»-ро меорад, то дар сурати исботи нодуруст будани матлаб канор гирад ва масъулияти дурустиву нодуристии онро аз худ дур намояд. Бо вуҷуди ин чунин сабкро дар навиштани таърих қабул надорад. Рашиду-д-дин ба қазовати ҷаҳониёну ояндагон дар мавриди китобаш таваҷҷӯҳи хос дорад. Бо вуҷуди ин ки дар дарбор машғул аст, сайъ мекунад гоҳ-гоҳ амалҳои зишти муғулҳоро тавре ба тасвир кашад, ки ҳақиқатро нишон диҳад. Ӯ ба навиштани асли таъриху ҳақиқати воқеъаҳо мепардозад ва тартиби замониро риоя мекунад. Ҳар як воқеъаро сол ба сол менависад. Аз ибтикороти Рашиду-д-дин дар таърихнигорӣ пардохтан ба таърихи татбиқӣ аст, ки пеш аз ӯ ҷуз Абурайҳони Берунӣ ҳеч муаррихе ба ин иқдом даст назада буд ва пас аз ӯ низ то муддатҳо нишоне аз таърихи татбиқӣ дар осори муаррихон намебинем. Пас, месазад гуфт, ки иншои Рашиду-д-дин дар таърих сода, вале тағйирёбанда аст.

Докторанти кафедраи таърихи дунёи қадим,асрҳои миёна ва бостоншиносии факултаи таърихи ДМТ Нигина Наҷотова