Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳангии қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо мисли Наврӯз, Меҳргон, ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашну идҳои миллӣ ду бора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд». Ҳамзамон дар Паёми худ сарвари давлат соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда, барои рушду тараққиёти минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зисту зиндагонӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав замина гузоштаанд. Додани имтиёз ба ҳунармандон аз ғамхории сарвари давлат нисбат ба сокинони кишвар мебошад. Хусусияти дигари ин ҷашн дар он аст, ки он мисли Наврӯз марудмро аз хотимаёбии фасли сармо хабар дода, аз омадани ҳавои муносиб ва оғози мавсими кишту кор муждагонӣ меди-ҳад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки вобаста ба ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва шоистаи ҷашни Сада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам, ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани иди Меҳргон ишора карданд, ки «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада, мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. (7, )
Доктори илмҳои таърих, профессор Қ. Расулиён доир ба ҷашни Сада чунин қайд намудааст: «ин чашн рӯзи дахуми баҳманмох (30 январ) баргузор мегардад. Ин ки чаро «сада» ном гирифтааст, пажӯҳандагон пайдоиши онро аз вожаи «сад» дониста ва перомуни он фикру дидаҳои худро баён намудаанд. Тибқи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистониаш убур кардани хуршед ва ба баҳор майл кардани он, то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷох шаб, яъне сад шабу рӯз мондан ва ба нияти нерӯҳои сармо ва торикиро ақиб зада, хуршедро мадад кунанд то аз нав нерӯманд гардад, баргузор мегардад. (4, 197-198)
Муҳаққиқ Асрориён Ҷ. доир ба ҷашни Сада чунин навиштааст: «тибқи сарчашмаҳо нахустин подшоҳе, ки ба расмияти ҷашн даст дошт, Гуштосп буд. Ба қавли Ибни Балхӣ Гуштосп буд, ки «Аввал оташкада сохт ба Балх ва дувум оташкада ба Озарбойҷон ба ҷойе ва савум оташкадаи Истахри Порс». Пас ҳам дар он таърих фармуда, ҳама ҷойҳо оташгоҳ сохтанд. Аз ҳама бузургтарин оташкадаҳо «Навбаҳор» ва «Меҳрбарзин» дар Балх буданд. Пас аз ӯ Луҳросп дар Балх ҷашнгоҳ барои Наврӯз, Мехргон ва Сада бунёд ниҳод, ки бозору дукон ва растаҳо дошт».
Чун вожаи Сада аслан марбут ба рақами сад аст ва Ҷашни Сада мужда-расон аз сипарӣ шудани фасли сармо ва фарорасии анқариби Наврӯз, наз-дик шудани фасли баҳор ва оғозбахшандаи амалҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор мебошад.
Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо, шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон, чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бу-зургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ наму-да, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ мена-муданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ ме-диҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаш-тагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон, тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳа-зор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи ҷашни Сада чунин менависад:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зури каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳонро пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб- ут тафҳим» ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳоқ шуморида, фарорасии адолату осоиштагиро дар мамлкат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад… Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукуҳ истиқбол гирифта мешуд. Хамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ доир ба ҷашни Сада чунин зикр намудаанд: «Сада дар асл вожаи авестоӣ буда, яке аз маъноҳояш пайдо ва намоён шудан, ба хусус зоҳир шудани хуршед аст. Тибқи мушоҳида ва боварҳо хуршеди таваллудшуда, пас аз чил рӯз ба назар комилан зоҳир мегардид, ки ниёгони мо онро ҷашн мегирифтанд. Чунки тамоми пешрафти зиндагӣ, шукуфоӣ, ризқу рӯзӣ, чорводорию кишту кори одамон марбути ҳамин гармии хуршед буд. Ин буд, ки бо гузашти замон дар бораи Сада, устура ва ривоятҳои зиёде вобаста ба вожаи сад, партоб кардани санг ба мори сиёҳ аз ҷониби Ҳушанг, ба Заҳхок пирӯз омадани Фаридун ва амсоли ин ба вуҷуд омад. Дар ин бора Фирдавсӣ, Берунӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Низомӣ ва дигарон ёдовар шудаанд».
Хулоса ҷашни сада яке ҷашнҳои қадимаи мардуми мо буда, бо шаро-фати ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, имрӯз дар тамоми гушаву канори Тоҷикистони азизамон тачлил мегардад.
Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ,номзади илмҳои таърих,дотсенти кафедраи таърихнигорӣва архившиносии факултетитаърихи ДМТ