«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ Фирдавсии Тӯсӣ яке аз падидаҳои нодири тамаддуни тоҷикон маҳсуб ёфта, омӯзиш ва таҳқиқи он барои имрӯзи миллат аҳаммияти басо муҳим дорад. Бояд гуфт, ки муддати зиёда аз 70 соли охир дар Шарқу Ғарб роҷеъ ба нашри илмии «Шоҳнома» ва таҳқиқи рӯзгору ҳамосаи бузурги Фирдавсӣ натиҷаҳои чашмрасе ба даст омадаанд, ки миқдоран зиёд ва сифатан пешравие доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Дақиқию Фирдавсӣ, Жул Мул ва Е.Э. Бертелс, ахиран нависандаи фарҳехтаи тоҷик Сотим Улуғзода, профессор Худоӣ Шариф ва дагарон даст ба кори «Шоҳнома» зада, бо эҳсоси ҷаҳони маънавӣ, фикрӣ, ҳодисаҳои бекарони он умр ба сар бурда, роҷеъ ба ин шохи баланд ҷое ёфта ва умри азизро бо амри тасодуф ва сарнавишт сарфи хушию завқу маърифат ва нокомию ноумедиҳои донишу пажуҳиш намудаанд.
«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафшоҳ Фирдавсии Тӯсӣ намунаи барҷастаи адабиёту фарҳанги ғановатманди тоҷик маҳсуб ёфта, дар мисоли худ ҳамто надорад. Услуб ва мазмуну муҳтавои ин асари мондагор то имрӯз диққати ҳазорҳо олимону донишмандонро ҷалб намудааст. Ҳамин аст, ки муаллифи онро бузургтарин ҳамосасаро дар таърихи адабиёти фору-тоҷик номидаанд. Ин чеҳраи мондагори миллати тоҷик бо эҷоди «Шоҳнома» кохи бегазанду ҷовидонае аз каломи манзум бунёд кард, ки он миёни 87 тан эҷодкорони «Шоҳнома» ҳамто надорад.
Дар «Шоҳнома» таърихи қаҳрамониҳои чеҳраҳои аҳди бостони халқи тоҷик инъикос гардида, барои наслҳои имрӯз ва фардои миллат чун намунаи олии қаҳрамонӣ дар роҳи истиқлол ва ҳифзи Ватан хидмат ҳоҳад намуд. Дар он шуҷоат, далерӣ, хирадмандӣ, таҳаммулпазирӣ ва дурандешӣ, ки нишони қаҳрамонист дар симои абармардони ориёӣ васф шудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қаҳрамони марказии ин шоҳасар – таҳамтани диёри ормонҳо Рустами Дастон аст, ки касе бар ӯ дар тӯли зиндагиаш пирӯз нашудааст. Рустам ҳомии боэътимоди марзу буми кишвар аст. Ҳатто Ҳаким Фирдавсӣ ин симои ормонии худро аз ҳокими замон – Султон Маҳмуд дар ҳузури ӯ ҳимоя менамояд. Дар ин шоҳасар корномаи наздик ба 50 тан шоҳон ситоиш мешавад, ки онро метавон бузургтарин қомуси давлатмардони замон унвон кард.
Ғояи меҳварии «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ асосан ватандӯстӣ, гиромидошти обу хоки Ватан, муттаҳидии мардумони кишвар ва аз як гиребон сар баровардани соҳибватанон ва монанди инҳо буда, шоири ҳаким ба ин маъни мегӯяд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан ниҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ё худ:
Бубандед бо якдигар домано,
Намонед бадхоҳу пиромано.
Ин қомуси миллии асримиёнагии фору-тоҷик шомили 63 достони комил ва 33 манзума буда, бо теъдоди 60 ҳазор байт рӯйи кор омадааст ва Ҳаким Фирдавсӣ дар эҷоди ин асари безавол сӣ соли умри азизро сарф кардааст, ки мегӯяд:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ба қавли адабиётшиноси турк Зиёпошшои Усмонӣ, Фирдавсӣ бо эҷоди «Шоҳнома» тулӯъи офтобро як саду бист навъ тасвир кардааст, ки ҳеҷ тасвире ба ҳамдигар монанд нест.
Ин аст, ки дар эҷоди каломи манзум – «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсиро аз силки симоҳои қудсии эҷод ном гирифтаанд, ки воқеан миёни оламиён беқиёс маърифат мешавад.
Метавон хулоса кард, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо таълифи «Шоҳнома» дар эҷоди ҳамосаи миллӣ марҳалаи тозаи худшиносиро бунёд гузошт ва беш аз ҳазор сол аст, ки ба тамоми халқҳои форсизабон, аз ҷумла мардуми шарифи тоҷик сабақи гиромӣ доштани марзу бум ва азиз донистани арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва фарҳангӣ медиҳад.
Имрӯз ҳар як насли тоҷик аз мазмуну муҳтавои ин қомуси миллат бояд бохабар бошад, чи тавре, ки юнониён аз достонҳои «Иллиада ва Одиссея» бархӯрдоранд. Омӯзишу дарки амиқи се паҳлуи ин асар: асотирӣ, қаҳрамонӣ ва таърихӣ имкон медиҳад, ки наслҳои наврасу ҷавони Ватан дар роҳи шинохти ниёкон ва ҳифзу гиромидошти муқаддасоти миллату давлат аз ҳарвақта дида бештар талош намоянд. Маҳз бо дарназардошти аҳаммияту муҳиммияти мазмуну муҳтавои ин қомуси миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров супориш доданд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо тиражи калон нашр гардида, ба тамоми оилаҳои кишвар тақдим карда шавад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар радифи китоби «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров, ки аллакай дастраси ҳар як оилаи кишвар аст, дар рушди тафаккури миллӣ сарчашмаи муътамаде маҳсуб меёбад. Дар ин раванди бисёр ҳассоси таърихӣ, махсусан поймол гардидани сарҳадҳои миллӣ, бархӯрди манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва масири бунёди давлатдории миллӣ омӯзиши чунин осори ғановатманд ва саршор аз ғояҳои миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Махсусан, ҷонбозиҳои қаҳрамонони асар дар роҳи ҳифзи сарҳади Ватан аз ҳуҷуми аҷнабиён, ғурури миллӣ ва дигар арзишҳои ватандорӣ, ки аз ҷониби муаллиф хеле хуб инъикос шудааст, дар бедорӣ ва рушди асолати миллӣ заминаи устувор мегузорад. Зарур аст, ки ҳанӯз аз давраи хурдсолӣ дар оилаҳо аз ҷониби волидайн мазмуну муҳтавои «Шоҳнома», махсусан корномаи қаҳрамонони он шарҳу тавзеҳ дода шавад. Дар шакли ривоят барои наслҳои наврас нақлу тафсир шавад, то аз гузашти пурифтихори хеш шарафманд бошанд. Бар ивази қаҳрамонони аҷнабӣ дар зеҳни фарзанди тоҷик бояд номи Рустам, Сӯҳроб, Исфандиёр, Сиёвуш, Гурдофарид, Кайхусрав, Лӯҳросп, Виштосп ва даҳҳо қаҳрамонони тоҷиктабор нақш бандад, то насли мо аз оила ба ҷомеа бо тоҷик будану ифтихор доштан аз миллияти хеш ворид шавад. Ҷасорати миллӣ аз хондани чунин асаре монанди «Шоҳнома» сарчашма мегирад. Зеҳну хиради Кайхусрав ва ҷасорату матонати Рустаму Исфандиёр бояд барои насли мо намунаи олии қаҳрамонӣ бошад. Бо дарназардошти ин ҳама гуфтан меарзад, ки имрӯз барои ҷомеа ва Ватани мо ҷавононе чун қаҳрамонони ин шоҳасар лозим аст, ки бо донишу хирад ва ҷасорати хеш дар бақои миллату давлат саҳмгузор бошанд. Бино бар ин, моро зарур аст, ки дар радифи саҳмгузорӣ дар инкишофи самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, ҳамчунин дар ташаккул ва рушди афкори миллии фарзандони хеш бетараф набошем. Маърифати ҷомеа аз оилаҳо маншаъ мегирад, маҳз насли соҳибтафаккуру дурандеша кафолат бақои миллат аст.
Муродов Назримат Сафаровичн. и.т., дотсент, декани факултети таърихи ДМТ