ШУКРОНАИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

23

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш ҳамчун раиси Шурои Олии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони баруманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Хушбахтона, дар рӯзи сеюми Иҷлосия бахт барои миллати тоҷики азияткашида хандида, офтоби эҳсону баракат барояш нуру сафо бахшиду чеҳраи нави сиёсии сарсупурдаи миллат – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои олӣ, сарвари давлат эълон ва эътироф намуд. Дар воқеъ, ин Иҷлосия ба маънои томаш “Иҷлосияи тақдирсоз” гардид. Чунки дар он тақдири ояндаи миллати тоҷик ва фанову бақои давлат матраҳ мегардид. Дар ҳалли ин мушкилот Эмомалӣ Раҳмон гаронтарин масъулиятро ба дӯш гирифта, ҳамчун сарнишини сафинаи тақдири халқи тоҷик, ин миллати бошарафу азияткашидаро на танҳо аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, балки ин сафинаро ба соҳили мурод расонид.

Мавриди зикр аст, ки замоне ки фарзанди фарзона ва номбардори миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон, ки дар матбуоти даврӣ ва китобу мақолаҳо бо номҳои гуногун зикр гардидааст боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Бояд қайд намуд, ки зарари умумии бавуҷудовардаи ҷанги шаҳрвандӣ, бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуда, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони дар ҳақиқат ҷанги бемаънӣ ва талошҳои мансабталошиву ҳокимиятталабӣ гардиданд. Аз ҳама даҳшатнок он буд, ки, қариб 60 ҳазор кӯдак бепарастор монданд ва 25 ҳазор занони ҷавон аз шавҳарҳои худ маҳрум гадиданд.

Баъд аз иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҷумҳурӣ роҳи ҳаёти осоиштаро пеш гирифт. Дар назди ҳукумати қонунии навтаъсиси Тоҷикистон вазифаҳои ниҳоят мушкил, аз он ҷумла бо роҳи гуфтушуниди сулҳомезона ба даст овардани ризоияту созиши умумият, ҳарчи зудтар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва инчунин бартараф намудани оқибатҳои он меистод.

Барои ба даст овардани Ваҳдат дар Тоҷикистон зиёда аз чанд сол фурсат лозим шуд. Дар ин давра гуфтушунид байни ҳукумати қонунӣ ва иттиҳоди мухолифини тоҷик дар намояндагии чандин мамолики дуру наздики хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ зиёда аз бист вохӯриҳои расмӣ доир кардан лозим омад.

Марҳалаи охирини гуфтушуниди тоҷикон аз моҳи декабри соли 1996 оғоз гардид. Вақте он расида буд, ки барои ҳал кардани масъалаҳои тақдирсози сиёсӣ қарор қабул карда шавад. Бори нахуст дар муддати гуфтушуниди тарафҳо асосан масъалаи созишномаи байни гурӯҳҳои бо ҳам зид амалӣ гардид.

Ҳамин тавр, талошҳои пайгиронаи Асосгугори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарор намудани оромию осоиштагии сартосарӣ дар ҷумҳурӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Пас аз панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини тоҷикон барқарор гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад. Ин таҷрибаи таърихӣ ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Каримова Найсона Нусратуллоевна, донишҷӯйи курси 2-юми факултети таърихи ДМТ