СУХАН АЗ КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

148

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар факултаи таърихи ДМТ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш дар радифи устодони факулта, ҳамчунин меҳмонон, яъне шоҳидони баргузории Иҷлосия монанди нависандаи маъруфи кишвар Ато Ҳамдам, Кароматулло Олимов ва Талбак Назаров ширкат намуданд.

Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факулта профессор Р.Я. Шарифов оғоз гардид. Дар ҳамоиш мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Асрориён Ҷ. О., А. Ҳамдам, К. Олимов, Қ. Расулиён маърза намуданд.

Таъкид гардид, ки истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз ба Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ тавъам аст. Маҳз интихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ кафолати наҷоту бақои миллату давлати тоҷикон гардид.