ТАҶРИБАИ ТАЪРИХИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

72

Миллати тоҷик таърихи куҳани ҳуқуқэҷодкунӣ ва фаъолияти қонунгузорӣдошта, он ба нимаи дуюми ҳазораи I то мелод рафта мерасад. Вале дар шакли муосир бо дарназардошти доштани қонуни асосӣ нахустин Конститутсия дар Тоҷикистон соли1924 қабул шудааст. Бояд гуфт, ки аввалин маротиба баъд аз 5-соли таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон28-уми апрели соли 1929 дар Анҷумани II ҶМШС Тоҷикистон Конститутсия қабул карда шуд. Конститутсияи мазкур дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 тайёр карда шуда буд. Сабаби асосии дер қабул шудани Конститутсия дар он буд, ки мақомоти олии намояндагии ҶМШС Тоҷикистон таъсис наёфта буд. Он соли 1926 бо номи Съезди Шурои ҶМШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Сабаби дигараш вазъи нооромии сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҳаракатҳоизиддиинқилобӣ буд.

Конститутсияи соли 1929 чунин масъалаҳоро дар худ инъикос менамуд:
– қоидаҳои умумӣ, дар бораи ташкилёбии мақомоти марказии Тоҷикистон, дар бораи ВМКБ, ҳокимияти маҳаллӣ, интихоботи Шуроҳо, ҳуқуқи буҷетӣ ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон.

Ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба санадҳои Анҷумани III фавқулоддаи Шуроҳои Тоҷикистон асос меёбад. 16-уми октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид ва мустақиман ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ВМКБ ва округҳои маъмурии Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Панҷакент ташкил ёфт. Дар ин анҷуман Эъломия дар бораи таъсиси ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд. Ба ҳукумати нави ҶШС Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи Конститутсияи навро тайёр карда, ба анҷумани Тоҷикистон пешниҳод намояд. Соли 1931 Анҷумани IV Шурои Тоҷикистон Конститутсияи Тоҷикистонро қабул намуд.

Конститутсияи соли 1931 масъалаҳои муҳимми ҳамон давра, аз ҷумла қоидаи умумӣ, дар бораи анҷумани шуроҳо, КИМ-и ҶШС Тоҷикистон, сохтори ҳокимияти марказӣ, ВМКБ, ҳокимияти маҳаллӣ, интихобот, ҳуқуқи буҷетӣ, рамз, нишона ва ғайраҳоро фарогир буд.

5-уми декабри соли 1936 дар Иттҳоди Шуравӣ Конститутсияи нав қабул карда шуд, ки он боиси қабули конститутсияҳои нави ҷумҳуриҳои иттифоқӣ гардид. Дар ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон масъалаи омода ва қабули конститутсияи нав ба вуҷуд омад. 1-уми марти соли 1937 Анҷумани VI фавқулоддаи Шуроҳои Тоҷикистон Конститутсияи соли 1937-ро қабул намуд, ки ин Конститутсия ғалабаи пурраи сотсиализмро дар худ инъикос менамуд. Дар Конститутсияи мазкур масъалаҳои сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти олии идоракунии давлатӣ, ВМКБ, мақомоти маҳаллӣ, буҷет, суд, прокуратура, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон, нишон, парчам, пойтахт ва тартиби тағйири конститутсия муқаррар карда шуданд. Конститутсия мақомоти нави олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро муайян намуд, ки ба ҷойи Анҷумани Шуроҳо ва комитети иҷроияи марказӣ шурои вазирони Тоҷикистонро таъсис дод.

Ҳамчунин, 7-уми октябри соли 1977 дар Иттиҳоди Шуравӣ Конститутсияи нав қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ конститутсияҳои нав қабул карда шуд. 14-уми апрели соли 1978 дар ҶШС ТоҷикистонКонститутсияи “сотсиализми мутараққӣ”, ё ин ки Конститутсияи давлати умумихалқӣ қабул карда шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт: асосҳои сохтори ҷамиятию сиёсии давлат, асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, сохтори давлатӣ ва марзиву маъмурӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ, мақомотимаҳаллӣ, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, ҳокимияти судӣ ва прокуратура, тартиби тағйири конститутсия ва ғайра.

Масъалаи тайёр ва қабули Конститутсияи охирони Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ба вуҷуд омада буд, ки асоси ҳуқуқии он эъломия дар бораи истиқлоли Тоҷикистон аз24-уми августи соли 1990 мебошад. 23-юми августи соли 1990 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуд, ки раиси он Қ.М. Маҳкамов интихоб гардид. Тобистони соли1991 комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияро тартиб дод, аммо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ба он имконияти қабул шуданро надод.

Бо эълони истиқлоли давлатӣ ва тағйирёбии вазъи сиёсию ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Лоиҳаи тайёргардидаи Конститутсия ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бино бар ин, давраи дуюми омодасозии лоиҳаи Конститутсия оғозшуд. 10-уми феврали соли 1992 комиссияи нави конститутсионӣ бо сарварии Раҳмон Набиев таъсис дода шуд. Ин навбат вазъи нооромии ҷумҳурӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қабули конститутсияро ба таъхир гузошт.

Оғози давраи сеюми тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори Иҷлосияи XVII Шурои Олӣ аз26-уми июли соли 1993 дар бораи таъғйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Мувофиқи қарор, раиси комиссияи конститутсионӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмоновинтихоб гардид. 4-уми сентябри соли 1993 аввалин ҷаласаи комиссия баргузор шуд ва дар он масъалаи аз нав тартиб додани лоиҳаи Конститутсия таъкид гардид. Комиссияи номбурда моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро дар ду шакл пешниҳод намуд: лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ; лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ. Комиссияи конститутсионӣ баъд аз омӯхтану муҳокимаи онҳо барои ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардани варианти конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия намуд. Раёсати Шурои Олӣ бо қарори худ аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссия супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шурои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-22-уми апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз гардид. Баъд аз интишор Конститутсия дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олӣ муҳокима гардида, ба райпурсӣ тавсия карда шуд. 6-уми ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ Конститутсия аз ҷониби халқ қабул карда шуд. Бояд гуфт, ки дар раванди омода намудани лоиҳаи Конститутсия ба комиссия аз ҷониби халқ8,5 ҳазор таклифу муроҷиатномаҳо пешниҳод шуд. То имрӯз дар заминаи Конститутсия396 қонун ва18 ҳазор санадҳои зериқонунӣ қабул шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ озодӣва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти давлатӣ ва марзию маъмурии кишвар, ҳуқуқи интихоботӣ ва низоми интихоботии мамлакат, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, ҳамчунин тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомотидавлатиро (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти Судӣ, Прокуратура, Ҳокимияти маҳаллӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшад.

Муродов Назримад Сафарович – н.и.т., дотсент,декани факултети таърихи ДМТ