Соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Сусиолистии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сусиолистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфтанд. Ҷумҳурии худмухтор ва соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сусиолистии Тоҷикистон дар муборизаи шадид бо ҳама гуна бадхоҳони халқи тоҷик ва миллатгароёни ҷараёнҳои гуногун ташкил ёфт.
Ин воқеаи муҳими сиёсӣ дар ҳаёти халқи тоҷик то дараҷае худогоҳӣ ва худшиносии миллии рӯшанфикрони онвақтаи тоҷик ҳам буд. Вале раванди ҳодисоти таърихӣ собит сохт, ки на ҳама рушанфикрони он солҳо фаҳмиши хуби сиёсӣ ва миллӣ доштанд. Бар асари кундфаҳмӣ ва лағжишҳои зиёди сиёсӣ, гаравидан ба ину он ҳаракату тудаҳо як ҳиссаи зиёиён ба миллати худ “хизмати хирсона” карданд. Ҳатто баъзе шахсиятҳои намоёни онвақтаи тоҷик дастёри бадхоҳону душманони халқи тоҷик гардиданд…
Мубориза алайҳи милатгароён ва бадхоҳони халқи тоҷик дар замони пирӯзии Инқилоби Октябр, солҳои аввали ҳукумати Шуроҳо, бахусус дар арафаи тақсимоти ҳудудии миллии Осиёи Миёна ва баъди он яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи тоҷик ба шумор мерафт. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сусиёлистии Тоҷикистон фаъолияти душманони халқи тоҷик боз аз нав авҷ гирифт. Онҳо ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд карда, мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро бешармона инкор мекарданд.
Дар ҳамин шароити душвор исботи мавҷудияти халқи тоҷик аҳамияти басо муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо намуд. Зеро фош сохтани моҳияти ақоиди иртиҷоии миллатгароён яке аз шартҳои ташаккули фарҳанги сусиолистии тоҷик ба шумор мерафт. Маҳз ба ин ният солҳои 1924-1926 дар саҳифаи матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихи халқи тоҷик ва ҷоннисориҳои рӯшанфикрони онро баҳри ҳифзи манофеи миллӣ инъикос мекарданд…
Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста – оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд.
Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия такони пурқуввате буд ба ҳаракати инқилобии заҳматкашони Туркистон. Дар охири соли 1917 ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Шуравӣ дар районҳои шимолии Тоҷикистон барпо карда шуд. Ҳанӯз соли 1918 дар Помир Ревком (Кумитаи инқилобӣ) ба вуҷуд омад.
Дар охири моҳи августи соли 1920 бо даъвати Ҳизби Коммунистии Бухоро шуриши мусалллаҳ оғоз ёфт. 2 сентябр бо мадади қисмҳои Армияи Сурх ҳокимияти амир вожгун гардид ва Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил шуд. Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи районҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) Ҳокимияти Шуравӣ танҳо моҳи майи соли 1921 ғалаба кард.
Инқилоби октябр таърихи башариятро бо шуълаи нав мунаввар кард ва озодкунандаи ҳақиқии оммаи меҳнаткашон гардид.
То Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр Тоҷикистон кишвари ақибмонда ба шумор мерафт, оммаи халқи заҳматкаш дар зери зулми боён, амалдорони аморати Бухоро ва Россияи подшоҳӣ азобу шиканҷа мекашид. Дар таҳти роҳбарии Партияи коммунистии Бухоро ва бо ёрии плоретариати рус халқи заҳматкаш сентябри соли 1920 сохти нафратангези феодалиро барҳам дод ва Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухороро эълон кард.
Пас, аз он, ки дар Осиёи Миёна Ҳокимияти Шуравӣ барқарор гардид дар ин маҳал ҶМШС Туркистон ва ҷумҳуриҳои халқии шуравии Бухоро ва Хоразм таъсис ёфтанд, аммо ин ҷумҳуриҳо ҷумҳуриҳои миллӣ набуданд. Ба хотири ба ҳар як миллат додани ҳудуди миллӣ Ҳукумати Шуравӣ масъалаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Марказиро пеш гирифт.
Барои сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар ин минтақа пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Дар ин масъала ҳанӯз асосгузори давлати шуроҳо В.И. Ленин таъкид карда буд: «мо исроркорона мегуфтем, ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан мебошад».
Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон дар як шароити хоси сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ ташкил ёфта, дорои хусусиятҳои хос мебошад (раванди барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ дар кишвари мо тул кашида, дар вазъияте ба амал омад, ки синфи коргари миллӣ ва ташкилоти сиёсии он миқдори хеле кам буд, дар натиҷаи иттифоқи ҳаматарафаи ҳарбӣ – сиёсии пролетариати рус дар симои Армияи Сурх бо аҳолии сершумори камбағали миллатҳои маҳаллӣ барпо гардид, аҳолии асосиро деҳқонон ташкил дода, сатҳи маданияти умумӣ ва сиёсии онҳо паст буда, зери таъсири рӯҳониён буданд ва ғайра).
Аз рӯзи аввали барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон дастаҳои босмачиён амал карда, аз охири соли 1917 то соли 1924 (дар баъзе минтақаҳо то соли 1931) фаъолияти мусаллаҳонаро пеш гирифта, аҳолии Осиёи Миёнаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ҳаракати босмачигарӣ харатери сиёсӣ гирифта, ба як қувваи калони ҳарбӣ табдил ёфта, такягоҳи асосии синфҳои собиқ ҳукмрон ва душманони хориҷӣ, ҳокимияти халқӣ гардид. Мақсади асосии онҳо нест кардани Ҳокимияти Шуравӣ дар Осиёи Миёна буд. Торумори дастаҳои босмачиён имконият дод, ки ба корҳои барқароркунӣ ва сохтмони ҷомеаи навин оғоз карда шавад. Бо сабаби ба ҳаёти осоишта гузаштани Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ 7 июли соли 1924 барҳам дода шуда, ба ҷойи он Комиттети Марказии Иҷроияи Муваққатии Бухорои Шарқӣ ташкил дода шуд. Моҳи августи соли 1924 интихоботи Шуроҳои маҳаллӣ барпо гардид, ки дар натиҷа садҳо собиқ сарбозони Артиши Сурх, иштирокчиёни ихтиёрӣ ва фарзандони деҳқонон ба мақомотҳои давлатӣ интихоб шуданд. Дар шаҳри Душанбе санаи 1-5 сентябри соли 1924 Съезди якуми Шуроҳои депутатҳои халқии Бухорои Шарқӣ барпо гардида, вазифаҳоро оид ба мустаҳкам намудани ҳокимият, инкишофи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва маданӣ муайян кард.
Академик Масов Р. дар асараш «Таърихи тоҷикон бо мӯҳри «комилан сиррӣ» оид ба марзбандии миллӣ чунин қайд менамояд: «Дар остона ва дар раванди баргузории марзбандии миллӣ дар соли 1924 понтуркистҳо тоҷиконро ба унвони қадимтарин мардуми бумии Осиёи Миёна қабул надоштанд. Ба тасаввури онҳо тоҷикони Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона ва манотиқи дигар узбакҳое буданд, ки забони эрониро пазируфтаанд…
Ҳарчанд, ки бар мабнои пажуҳиши сершумор бо истифода аз осори хаттӣ ва бостоншиносӣ собит шудааст, ки тоҷикон қадимтарин мардуми бумии Осиёи Миёна маҳсуб мешаванд, понтркистҳо, қирғизҳову узбакҳо ва туркманҳоро аз ҷумлаи нахустин бумиёни ин минтақа мешумурданд. Чунин тасаввуроти фиребанда ва гумроҳкунандае ба вуҷуд меояд, ки дар тақсимоти сарзаминҳо ба ҷумҳуриҳо ва вилоёти мустақил ва худмухтор ба таври куллӣ афроди ноогоҳ ширкат доштанд, ки худро роҳбари миллӣ медонистанд, дар ҳоле, ки воқеият чунин нест.
Ба фикри мо, бузургоне чун Бӯалӣ Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва сойири уламо, шуаро ва нависандагоне, ки дорои шуҳрати ҷаҳонӣ ҳастанд, аз торихи даврони бостони мардуми тоҷик ба хубӣ огоҳ буданд. Ағлаби муҳаққиқон, ки дар замони баъд аз инқилоб пиромуни торихи тоҷикон зинда буданд ва дар таҳаввулоте, ки аз ҷониби Ҳокимияти Шуравӣ сурат мегирифт, фаъолона ширкат доштанд. Таҳқиқоти вижаи В.В. Бартолд, М.С. Андреев, А.А. Семёнуф (Семёнов) ва муҳаққиқони дигар роҷеъ ба торихи тоҷикон хеле шуҳрат дошт…
Шоёни таваҷҷуҳ аст, ки ҳатто худи И.В. Истолин (Сталин) бо торихи даврони бостони тоҷикон ошнойи дошт. Дар паёми табрикии Кумитаи Марказии ҳизби Коммунисти (болшевикони) Иттиҳоди Шуравӣ ва И.В. Истолин (Сталин) дабири кулли Кумитаи марказии ҳизб ба мардуми тоҷик ба муносибати эъломи Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистони Шуравии сусиёлистӣ гуфта мешавад:
«Дуруд бар Тоҷикистон – ҷумҳурии ҷадиди заҳматкашони Шуравӣ, ки дар дарвозаи Ҳиндустон қарор дорад. Самимона орзуманди муваффақиятҳои заҳматкашони Тоҷикистон дар табдили ҷумҳурии худ ба як ҷумҳурии намуна дар миёни кишварҳои Шарқ ҳастам.
Тоҷикон торихи ғанӣ доранд; қобилиятҳои созмондиҳӣ ва сиёсии онон дар гузашта аз ҳеҷ кас пинҳон нест…»»
Профессор Пирумшоев Ҳ.П. дар асараш «Таърихи халқи тоҷик дар тарозуи таърихнигорӣ» зикр менамояд, ки тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 ва таъсисёбии Ҷумҳурии Худмухтори Сотсиалисти Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, ба ҳамаи нуқсу беадолатиҳои нисбати тоҷикон зоҳир шуда, падидаи олиасосе буд, ки аз оғози роҳи эҳёи давлатдории тоҷикон мужда медод. Он вақт ба имконияти аз даст рафта, ки бо айби мутассадиёни расмии худиву бегона сар зада буд, на ҳама сарфаҳм мерафтанд. Бисёриҳо ҳатто шукронаи он доштанд, ки тоҷик баъди бедавлатии қариб ҳазорсола соҳиби як навъ мухторияти маҳдуд гаштааст. Маҳз ҳамин мухторияти маҳдуд барои тафаккури озодандешӣ ва истиқлолиятхоҳӣ заминаи қавӣ гузошт. Акнун тоҷики соҳибфарҳангу то кунун воқеан бедавлат бо назари нав ба мақоми таърихии худ менигарист. Дар ин ҷода ба ӯ таҳқиқоти шарқшиносони бузурги рус аз қабили В.В. Бартолд, А.А. Семёнов, М.С. Андреев ва дар қатори онҳо асарҳои дар рӯҳияи хештаншиносӣ таълифшуда публитсистӣ (сиёсӣ-тарғиботи)-и устод С.Айнӣ, ки бешак асосгузори воқеии илми таърихи ватанист ва чанде аз дигар соҳибмаърифатони марказиву маҳаллӣ кӯмак намуданд. Маҳз дар ҳамин давра тамоми заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои гузаштан ба зинаи нисбатан баландтару қавитари давлатдории миллӣ муҳайё гашта буданд.
Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия таконе пурқуввате буд ба ҳаракати инқилобии заҳматкашони Туркистон. Дар охири солҳои 1917 ибтидои соли 1918 Ҳокимияти Шуравӣ дар районҳои шимолии Тоҷикистон барпо карда шуд. Ҳанӯз соли 1918 дар Помир Ревком (Кумитаи инқилобӣ) ба вуҷуд омад. Дар охири августи соли 1920 бо даъвати Ҳизби Коммунистии Бухоро шуриши мусаллаҳ оғоз ёфт. 2 сентябри соли 1920 бо мадади қисмҳои Армияи Сурх ҳокимияти амир вожгун гардид ва Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро ташкил шуд. Дар Бухорои Шарқӣ (ҳудуди ҳозираи районҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон) Ҳокимияти Шуравӣ танҳо моҳи майи соли 1921 ғалаба кард.
Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки роҳбари Давлати Шуравӣ В.И. Ленин ба масъалаи мазкур диққати махсус додааст. Ҳанӯз моҳи июни соли 1920 ӯ тавсия кардааст, ки ба тақсимоти миллӣ – марзӣ эҳтиёткорона рафтор карда, ба тартиб додани харитаи этнографии Туркистон фавран шурӯъ намоянд.
Дар арафаи тақсимоти миллӣ – марзӣ дар Осиёи Миёна 47,7 % тоҷикон дар ҳайати ҶМШС Туркистон ва 52,3 % дар ҳайати Ҷумҳуриии Халқии Шуравии Бухоро зиндагӣ мекарданд.
Баъди ба амал омадани сохтори шуравӣ ва дар асоси барномаи ленинии ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо зарурати гузаронидани тақсимоти миллӣ – марзӣ дар Осиёи Миёна ба амал омад. Бо ин мақсад Комиссариати корҳои миллии ҶМШС Туркистон барпо гардид, ки дар ҳайати он шуъбаҳои зерин: арманӣ, туркманӣ, туркӣ, тоторӣ, узбекӣ, форсӣ, украинӣ, яҳудӣ, амал мекарданд. Вале соли 1921 бо қарори Комитети Иҷроияи Марказии Шуроҳои Ҷумҳурии Туркистон дар ҳайати комиссариат танҳо чор шуъба: узбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва миллатҳои хурд боқӣ монданд. Дар натиҷаи таъсир ва амалиёти туркпарастон (пантуркистон) шуъбаи тоҷикон ташкил дода нашуд, ки ин ба тақсимоти миллӣ – марзӣ таъсири манфӣ расонд ва ба хатоҳои ҷиддӣ овард.
Ходимони давлати Шуравӣ ва ҳизби коммунистӣ В.В. Куйбишев, М.И. Калинин, М.В. Фрунзе, И.А. Зеленский, Г.В. Чичерин дар тайёр кардан ва гузарондани тақсимоти миллӣ – марзӣ бештар фаъолият нишон доданд. Барои ба амал баровардани тақсимоти миллӣ-марзӣ комиссия таҳти сарварии В.В. Куйбишев таъсис дода шуд, ки амалан кори худро аз аввали соли 1924 оғоз намуд. Гарчанде ҷанги гражданӣ дар Осиёи Миёна ба охир расида бошад ҳам, вале тақсимоти миллӣ – марзӣ дар шароити хеле мураккаб мегузашт.
Ба ҳайати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи тақсимоти миллии давлати Осиёи Миёна ташкил ёфта буд, мувофиқи қарори Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии СССР аз 2 январи соли 1925 Помир ҳамчун Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ дохил шуд. Территорияҳои дигаре, ки аз ҳайати собиқ РАСС Туркистон ба РАСС Тоҷикистон дохил шуданд, вилоятҳои Ӯротеппа ва Панҷакент буданд, территорияҳое, ки аз ҳайати собиқ РХС Бухоро ба РАСС Тоҷикистон дохил шуданд, яъне қисми зиёди Бухорои Шарқӣ – вилоятҳои Душанбе, Ғарм, Қурғонтеппа ва Кулоб буданд.
Районҳои ҳозираи Хуҷанд, Нов, Исфара, Кони Бодом, Ашти Тоҷикистон дар вақти тақсимоти миллию давлатии Осиёи Миёна бевосита ба ҳайати РСС Ӯзбекистон дохил шуданд ва дар соли 1926 округи Хуҷандро ташкил карданд.
РАСС Тоҷикстон 135, 620 мураббаъ километр территория ва 739, 5 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, ки 65, 4 фоизи аҳолии республикаро тоҷикон ташкил медоданд. Ба ҳамин тариқ миллате, ки ба республикаи Тоҷикистон номи худро дод, аксариятро ташкил мекард.
Бо қарори Комитети Револютсионии РСС Ӯзбекистон аз 26 ноябри соли 1924 Ҳукумати мувақатии Тоҷикистони советӣ – Комитети Револютсионии РАСС Тоҷикистон ташкил карда шуда буд.
Тақсимот аслан бо хоҳиши мардуми бумии Осиёи Миёна ва тавассути сиёсати миллии Ҳизби коммунистии умумитифоқӣ гузаронда шуда, яке аз марҳалаҳои нахустин ва бунёдии сохтмони давлати шуравӣ арзёбӣ мешавад. Ба ақидаи бисёре аз таърихнигорон то соли 1924 ҷумҳурӣ ва воҳидҳои маъмурии Осиёи Миёна дар барқароркунии хоҷагии халқ, таҳкими сохти шуравӣ ва баланд бардоштани фарҳанги нави шуравӣ муваффақиятҳо ба даст оварданд, ба ҳаракати босмачигарӣ зарбаи ҳалкунанда зада, иттиҳоди ҳамбастагии ғоявии коргару деҳқон ба вуҷуд омад. Инҳо заминаҳои ҳалкунандае барои тақсимоти миллӣ-ҳудудии минтақа маҳсуб мешуданд. Аслан тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар Осиёи Миёна аз соли 1918 оғоз ёфта буд. Дар ин сол Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон дар ҳайати РСФСР, соли 1920 Ҷумҳури Халқии Шуравии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шуравии Хоразм таъсис ёфтанд. Вале дар тақасимоти онҳо нишонаҳои миллӣ ба назар гирифта нашуда буданд. Осиёи Миёна аз нигоҳи ҷобаҷошавии миллатҳо хеле печида ва гуногунранг буд. Халқиятҳои кучаку бузург асрҳо дар омехтагӣ бо ҳам зиндагӣ мекарданд.
Марҳилаи ибтдоии омодагӣ ба тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ, табдили ҷумҳуриҳои халқии Хоразм ва Бухоро ба ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ дар солҳои 1923-1924, қабули Ҳизби Коммунистии ин ҷумҳуриҳо ба ҳайати ҲКР (б), таъсиси Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲКР(б), (1922) ва таъсиси Шурои фаъолияти иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мебошад.
Баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ва ба шаҳри Душанбе омадани Кумитаи Инқилобии он, Коммисариатҳои халқии маориф, тандурустӣ, адлия ва судҳои халқӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Дар назди Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон, ки дар он аксаран кадрҳои миллӣ ба кор ҷалб шуда буданд, иҷрои вазифаҳои муҳим ва мураккаб меистод. Роҳбарони Кумитаи инқилобӣ, Комиссариатҳои халқӣ ва маҳаллӣ, ҳанӯз он ноадолатиҳое, ки ҳангоми тақсимбандии марзӣ, нисбат ба миллати тоҷик равона шуда буд таҳаммул накарда, ба ғайр аз вазифаҳои касбӣ, ки он дар шароити вазнин мегузашт, корҳои зеринро бояд ба сомон мерасониданд:
ü Барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ;
ü Барҳам додани мансабҳои давлатӣ ва ҷамъиятии аз замони амирӣ боқӣ монда;
ü Ташвиқи ғояҳои болшевикӣ;
ü Дар замири мардум бедор намудани худшиносии коммунистӣ;
ü Ҷалби ҳарчи бештари омма (камбағалон ва миёнаҳолон) ба идоракунии давлат;
ü Аз байн бурдани анъанаҳои мардумӣ ва динӣ.
Бо тақозои замон таваҷҷуҳи роҳбарони ватандӯсти ҶМШС Тоҷикистон барои бедор кардани хотираи таърихии миллат рӯз аз рӯз меафзуд. Онҳо барои ҷалби олимони шарқшиноси соҳибтахассус аз дигар миллатҳои шуравӣ кушиш ба харҷ медоданд.
Ҳамин буд, ки як зумра олимони рус аз қабили В.В. Бартолд, М.С. Андреев, А.А. Семёнов, А.М. Дяков, Б.Э. Бертелс, А.А. Фрейман ва дигарон дар баробари зиёиёни тоҷик ба омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон пардохтанд. Инчунин бо талоши онҳо ва бо ташаббуси раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум 9 -уми январи соли 1925 дар шаҳри Тошканд ташкилоте бо номи «Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқияти эронии бурунмарзии он» ташкил шуд. Олимони аъзои ин ҷамъият дар шаҳрҳои гуногуни Шуравӣ доир ба таърихи сиёсӣ, забону адабиёт, фолклор, этнографияи халқи тоҷик корҳои таҳқиқотӣ бурда, дар шакли мақолаю рисолаҳои илмӣ ба нашр мерасониданд. Баъзе аз чунин таҳқиқот дар шумораҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» низ чоп мешуданд. Дар чунин вазъияте, ки кори миллати тоҷик авҷ мегирифт, ҷамъияти номбурда барои инкишофи илми тоҷик, махсусан, таъриху фарҳанги он хизмати босазое намуд. Асосан доир ба бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва осори хаттии гузашта маводи зиёде ҷамъоварӣ шуд.
Пас аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон дар самти нашри китобу китобдорӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Бо қарори раёсати Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ ва имзои Н. Махсум аз 7 октябри соли 1925 дар Душанбе Нашриёти давлатии Тоҷикистон (НДТ) таъсис ёфт. Бюрои ташкилӣ ба вазифаи мудири он Абулқосим Лоҳутиро тавсия намуд.
25 феврали соли 1924 Пленуми васеи КМ ҲК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шурои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро Ф. Хоҷаев аз рӯи масъалаи «Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи Шуравӣ» маърӯза кард. Дар Пленум пешниҳод шуд, ки дар ин сарзамин ҷумҳуриҳои итттифоқии Ӯзбекистон ва Турманистон таъсис дода шавад: Аз ҳисоби Мастчоҳ ва Қаротегину Ғарм (Рашт) вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад.
10 марти соли 1924 ҷаласаи аъзои Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК (б) Россия бо иштироки аъзо ва номзадҳои КМ ҲК Туркистон ва раёсати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А. Раҳимбоев ба ҳайси котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК (б) Россия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рӯи ҳайати миллӣ мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ӯзбакҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, баъд баъзе халқиятҳои майда ташкил мекунанд».
21 августи соли 1924 дар ҷаласаи 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудудҳои он» баррасӣ гардид. Дар он раиси комиссияи тоҷикӣ Абдураҳим Ҳоҷибоеви 24 сола зимни суханронӣ изҳор намуд, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, ҳам аз чиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин лиҳоз онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд».
Дар ҷавоби суоли раиси ҷаласа дар мавриди Хуҷанд, тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе вилоятҳо (ҷамоатҳо) низ ҳастанд, онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд… Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст».
Дар ин миён лоиҳаи Комиссари халқии корҳои хориҷии ИҶШС Георгий Чичерин пешниҳод гардида буд, ки дар он таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва ба ҳайати он дохил гардидани Ӯзбекистон ба ҳайси ҷумҳурии мухтор пешбинӣ шуда буд. Ин лоиҳа пазируфта нашуд.
Ӯзбекҳо соҳиби Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва як қисми ками тоҷикон дар як гӯшаи дурдасти ватани аҷдодиашон соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон гардиданд.
Шарқшиноси барҷастаи рус академик В.В. Бартолд дар асараш «Тоҷикон» (Очерки таърихӣ), ки соли 1925 интишор ёфта буд, чунин қайд кардааст: «Вақте, ки соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии Туркистон тасдиқ карда шуд, миллатҳои таҳҷоии он танҳо қирғизҳо, узбекҳо ва туркманҳо этироф шуда буданд, сокинони қадимии кишвар – тоҷикон фаромуш шуда буданд».
Дар баробари шакли расмии гирифтани давлат Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкилоти партиявии он низ ба расимият дохил мешуд. Моҳи марти соли 1925 Бюрои ташкилоти КМ Партияи Коммунистии (болшевикони) Ӯзбекистон дар РАСС Тоҷикистон барпо гардид. Дар конференсияҳои партиявӣ масъалаҳои тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ, аз захираҳои иқтисодии республика истифода бурдан ҳал карда мешуданд. Тобистони соли 1925 Комитети револютсионӣ кори даъват намудани съезди муассисони советҳоро вусъат дод.
1 декабри соли 1926 съезди муассисони Советҳои депутатҳои коргарон, деҳқонон ва Аскарони Сурхи РАСС Тоҷикистон кушода шуд. Съезд давраи охирини ташкилёбии РАСС Тоҷикистон гардид. Съезд дар бораи ташкил ёфтани РАСС Тоҷикистон ва ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ва СССР дохил шудани вай декларатсия қабул кард. Дар ин съезд декларация дар бораи давлатӣ кардани замин, обҳо, сарватҳои зеризаминӣ ва бешазорҳо тасдиқ карда шуд.
Тақсимоти миллӣ – давлатӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои тараққиёти иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва давлатии халқи тоҷик аҳамияти бузург дошт.
Барпо карда шудани давлати ягонаи миллӣ барои ҷалб намудани оммаи меҳнаткашон ба идоракунии давлат ва ривоҷ додани кори Шуроҳо имкониятҳои калон фароҳам овард.
Дар солҳои аввали ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикисион органҳои давлатии советӣ дар марказ ва дар маҳалҳо боз ҳам мустаҳкам шуданд, сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ устувор гардид.
Дар наиҷаи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки қисми зиёди тоҷикони муқими Осиёи Миёнаро дар як мақомоти ягонаи сиёсӣ, дар як ҳудуди умумӣ муттаҳид менамуд, тадриҷан ба ҳам наздикшавии иқтисодӣ ва сиёсӣ ва муттаҳидшавии сарзамини тоҷикон, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон буданд, қаблан пурра ё аксар вақт дар муттаҳидшавии расмӣ оғоз шуданд.
Ҳамин тавр, тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар ҳаёти таърихии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик нақши калонро бозидааст.
Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ,номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ