ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

35

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта зимни вохӯрии навбатии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои таърих ва муштараки ДМТ бо МТО Белорус баргузор гардид.

Дар нишаст таъкид шуд, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷои ватан, ки барои Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, бо маҳорати баланди касбии сарбозии худ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, марзу буми кишварамон бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан, иҷрои вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии худро ва мақсаду мароми ягонаи худ мешуморанд.

Дар нишаст таъкид гардид, ки дарки ин мавзӯ вазифаи асосии ҳамаи муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро амалӣ гардонидани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» метавонад дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷиконро бедор созад.