Яке аз падидаҳои номатлубе, ки тайи ду даҳсолаи охир кулли мамолики ҷаҳонро ба ташвиш андохта, оромии қисме аз давлатҳоро аз байн бурдааст, зуҳури як қатор ҳаракатҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Ҳарчанд таърихи пайдоиши ин гуна гурруҳо дерина бошад ҳам, лек замони муосир ҳузури онҳоро бо ҷиллои наву тоза ҷилва дода, бо роҳу воситаҳои мухталиф доираи фаъолияту амалиётҳо ва хатару таҳдидҳои онҳоро густариш медиҳад. Инҳо зуҳуроти хатарзо ва зиёноваре тимсоли силоҳи тарканда мебошанд, ки ҷумла тару хушкро бо ҳам ба оташ кашида, оромию осоиштагиро аз байн мебарад ва тарсу ваҳшатро дар қалби инсон ҷой мекунад. Айни замон бошад, он ба мубрамтарин масоили ҳалношудаи аср табдил гашта, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”, ки мумкин аст, ҳар лаҳзаву сония сулҳу амният ва осииши ҳар як давлату миллати маскуни ҷаҳонро аз байн бибарад.
Воқеан, терроризм аз ҷумлаи хатарноктарин зуҳуроти бавуҷудомадае мебошад, ки бо амалиётҳои хашини худ, дар қалби инсон ваҳшатро ба вуҷуд оварда, тамоми ҳуқуқу озодиҳои онҳоро аз байн мебарад ва мақсади аслии террористон низ бо роҳи террор нест кардани рақибон, ғасб намудани ҳокимият, барангехтаи низоъ дар минтақа ва амалҳои дигар мебошад. Новобаста аз ин ки, ин ҳаракатҳо зиёновар буда, барои аз байн бурдани сулҳу салоҳи минтақа, амнияти миллӣ, оромии мардуми ҳар як кишвари сайёра хатарзо мебошанд, вале давлатҳои мутаррақии ҷаҳон барои аз байн бурдани он камтарин талошро анҷом медиҳанд ва қисме ҳам, барои густариш ёфтани он мусоидат мекунад.
Ҳақиқатан, бояд гуфт, ки зуҳури гурӯҳҳои терористию ифротагароӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон кори созмону баъзе аз давлатҳои манфиатҷӯ буда, аз ҷониби онҳо бо мақсади ба роҳ мондани сиёсати геополитикии хеш ҳамаҷониба маблағгузорӣ карда мешавад. Хусусан, дар кишварҳои гуногуни исломӣ, ки аз сарватҳои зеризаминӣ бой ҳастанд ва рушди онҳо ҳеҷ гоҳ ба манофеи давлатҳои пешрафтаи Ғарб созгор намегирад, фаъолияти баъзе аз гурӯҳҳои ифротию террористиро ба роҳ мемонанд. Ба ин васила, онҳо кишварҳо ва марказҳои асосие, ки тамаддуни ислом дар он ҷо ба вуҷуд омадааст, хору залил сохта, сарватҳои анбуҳи ононро рабуда, зери тасаллути сиёсати худ қарор медиҳанд. Пешвои миллат низ дар ин маврид таъкид намудаанд, ки “Бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтанд. Дар натиҷа, терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ карданд”.
Воқеан, кумаки давлатҳои мутараққии Ғарб аст, ки имрӯз гурӯҳҳои террористӣ бо тамоми намуди силоҳҳои пешрафта таъмин буда, бо маблағҳои ҳангуфт ҷавононро ба сафи хеш ҷалб месозанд. Ҳамин аст, ки рӯз ба рӯз амалиётҳои харобиовари онҳо домани худро васеъ намуда, манотиқи мухталифро ба коми хеш кашидааистодааст. Имрӯз маҳз кишварҳое мисоли Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия ва дигарон, ки дар гузашта аз ҷумлаи муҳимтарин ва бузургтарин марказҳои тамаддуни дини Ислом буду ҳазорҳо ҳазор донишмандонро дар тамоми риштаҳои улум ба майдони илм бароварда буд, ба маконҳои террористӣ табдил дода шуданд, ки мақсади аслӣ заиф намудану аз роҳи аслию воқеӣ берун сохтани мардуми ин минтақаҳо аст. Амалиётҳои террористон ба иқтисодиёти кишварҳои мазкур зарба зада, пешрафти онҳоро садсолаҳо ба ақиб партофт. Дар баробари ин, ҳазорҳо кушта шуду ҳазорҳо фирорӣ ва аз ҳама муҳим, мардуми ин мамлакатҳо аз роҳи илмомӯзӣ дур мондаанд. Дур гаштан аз илм инсонро ба силоҳи таркандаи ҷондор табдил медиҳад, ки ҳар лаҳзаву ҳар куҷо метавонад худ ва дигаронро бо тарзи ваҳшиёна аз байн барад.
Гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ дар зери шиор ва ниқоби “ғазавот” ҷавонони зиёдеро, ки аз лиҳози донишҳои дунявию диннӣ заиф ҳастанд ва маърифату тафаккури пасти маънавӣ доранд, мағзшӯи намуда, ба сафи хеш мепайванданд ва чун бомбаи тарканда истифода мебаранд. Агар барои онҳо мубориза барои ҳақоиқи дини лозим мебуд, дар Аврупову Амрико пайдо мешуданду ба қавле, зидди душманони Худо мубориза мебурданд, на ин ки ҳамкешону ҳамтаббору бародарони худро хору залил сохта, чун мурғи паршикаста аз байн мебаранд. Истифода аз номи дини мубини Ислом, ки ҳамеша инсонро ба ростгӯйиву кори неку кумак бар дигарон талқин месозад, танҳо ба хотири кам намудани нуфузи Ислом дар ҷаҳон ва мусалмононро чун террорист муаррифӣ намудан дар сар то сари ҷаҳон асту халос ва ҳақ низ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барҳақ, таъкид намудаанд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад”.
Дар замони муосир, рушди техникаву технологияи нав барои паҳн намудани ақоиди ифротию террористӣ мусоидат намуда, аз ҳар гушаву канори дунё ҷавонони камдониш ва онҳое, ки зери таъсири фанатизми ифротӣ қарор доранд, водор месозад, ки ба гуруҳҳои ифротию террористӣ шомил шаванд. Аз ин сардорони гурӯҳҳои террористӣ, ки аслан муздур ва фармонбардори хоҷагони хориҷии хеш ҳастанд, ин ҷавонони аз илму донишдургаштаро чун ашёи беарзиш истифода менамоянд. Ба қавле тире, ки аз камон ҷаст, дигар боз намеояд ва ин ҷавонон ҳам вақто ки мақсаду мароми онҳоро дарк мекунанд, роҳи бозгашти худро пайдо намесозанд ва ояндаи худро, ки шояд ҳам дурахшону пур аз хушиҳо буд, бо ҷаҳолати хеш аз байн мебаранд.
Муддатҳои мадидест, ки ҳукуматҳои қудратманди ҷаҳон эълони мубориза зидди терроризму ифротгароӣ намудаанду ба ивази он ки онҳо аз байн раванд, аммо баръакс рӯз то рӯз шумораи ин гуна гуррӯҳҳо афзун шуда, дигар минтақаҳоро фаро мегирад. Воқеан, агар он давлатҳои неруманду тавоно худ хоҳони осойишу оромӣ дар кулли ҷаҳон мебуданд ва инсоният назди онҳо арзише медошт, имрӯз ягон нуқтаи олам даргири ин гуна зуҳурот намешуданд.
Бо вуҷуди ин, бояд қайд намуд, ки ҳастанд давлатҳое тимсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба терроризм хати батлон кашида, ҳамеша алайҳи он муборизаи оштинопазир анҷом медиҳанд. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ терроризмро падидаи зиёновар шумурда, тамоми тадбирҳои заруриро баҳри нест кардани он меандешанд ва дар ин росто, чандин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ доир намуда, ба давлатҳои ҷаҳон таъкид намудаанд, ки “…танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад”.
Ҳамин тариқ, терроризм аз хатарноктарин падидаҳои пайдошудаи замони муосир буда, ба амнияти давлату миллат ва сулҳу салоҳи кишварҳо хатар дорад. Сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бошад, қимматтарин ҳадяи Офаридгор аст, ки на ба ҳар халқу миллатҳо доштани он муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз, дар замони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди технология вусъат пайдо намуда, ба ин васила хатари афзоиши гурӯҳҳои террористӣ ва ҷалби ҷавононро ба ин гуна гурӯҳҳо зиёд намудааст, ҳар як фарди бонангу ори кишварро, ки худро фарзанди ҳақиқии ин давлату миллат меҳисобад, дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри сарсабзию гулгулшуфоии меҳани азизамон саҳми арзишманд гузорем.
Самандар МАҲМАДАМИНОВ,магистранти курси 2-юмифакултети таърихи ДМТ