(БАРОИ ҲУЛУЛИ РӮЗИ МОДАР)
Бо таваҷҷуҳ ба манбаъҳои замони ғазнавӣ дар мавриди нақши занон дар арсаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ рушан мешавад, ки ин манбаъҳо ҳузури занонро дар ин арсаҳо ба ҳадди кофӣ барҷаста накардаанд. Илова бар ин, ба сабаби набудани манбаъҳои вижа, дар бораи занони замони ғазнавӣ омӯзиши амиқ ва таҳлили фарогирандаи онро душвор месозад.
Манбаъҳое, ки дар ин маврид маълумот медиҳанд, «Таърихи Яминӣ» (асри ХI), «Таърихи Байҳақӣ» (асри ХI), «Қобуснома» (асри ХI), «Зайну-л-ахбор» (асри ХI), «Ал-Комил» (асри ХIII) ва «Маҷмаъу-л-ансоб» (асри ХIV) мебошанд. Ҳар гоҳ дар робита ба масъалаи марбут ба давраи Ғазнавиён ниёз ба таҳқиқ ва касби маълумот лузум ояд, комилтарину муътамадтарин манбаъ дар ин маврид «Таърихи Байҳақӣ»-ст. Бо ин ҳол, дар ин китоб аз ҳаёти занон ё ба таъбири муаллиф «сарпӯшидагон» тасвири камранг дида мешавад. Ин масъала шомили ангезаҳоест, ки зикри ҷузъиёти он хориҷ аз ҳавсалаи як мақола аст. Ҳурраи Хутталӣ – хоҳари Султон Маҳмуд (997-1030), завҷаи ҳокимони Хуттал (аввал, Абӯалӣ Ҳасан, баъдан, Маъмуни дуйум Б.Н.Б.) буд. Осебпазирӣ ва аҷзи табақаи занонро аз номаи Ҳурраи Хутталӣ ба Масъуд метавон дарк кард: «Мо авроту хазоин ба саҳро уфтодем». Ҳар ҷое низ сухан аз занон ояд, Байҳақӣ, ҳатман, бо ин ки баъзе аз онҳоро зикри хайр мекунад, чун модари Ҳасанак ва Абдуллоҳи Зубайр, аммо чандон назари мусбате ба занон надорад, чунонки мегӯяд: «дукони занон ҳиллатҳост», «ҷазаъе накард, чунонки занон кунанд» ва амсоли ин. Бар асоси расму ойини роиҷи он давра мутуни таърихии қабл аз Байҳақӣ аз зикри сареҳи занон парҳез мекунанд. Аммо замони Салҷуқиёни Бузург (1037-1157) шоҳиди як тағйири бесобиқа шуд, ки занон ба ифои нақши муҳимтаре дар умури сиёсӣ пардохтанд. Ин нуфузи рӯзафзуни занон боис шуд, ки дар манбаъҳои таърихӣ ҳузури онҳо бештар сабт гардад.
Муаррихони давраи ғазнавӣшоҳиди густариши қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаи омӯзиши илмии занон ҳастанд. Фурсати таҳсил дар дастраси занон қарор гирифт ва заноне, ки аз қудрат ва имконот бархурдор буданд, ба осонӣ илму ҳунарро аз худ мекарданд ва дар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеа ширкатмеварзиданд. Аз назари сиёсӣ низ, занонеро метавон ном бурд, ки дар таърихи Ғазнавиён, ба вижа, таъйини султони вақт нақши аслиро ифо мекарданд. Дар ин давра заноне, ки мустақиман дар кори сиёсат ва умури давлат дахолат доштанд, ангуштшумор буданд. Бо вуҷуди ин, як намунаи муҳими ин занон Ҳурраи Хутталӣ, духтари Сабуктагин(977-997) – хоҳари СултонМаҳмуди Ғазнавист, ки дар баъзе маворид бо номи Ҳурраи Колиҷӣ низ ёд мешавад. Сабуктагин чанд духтар дошт. Дар ин миён, Ҳурра аз хирадмандӣ ва кордонии вижае бархурдор буд. Дар даврае, ки занон ҳарамсаронишин буданд, ин бонуи ҳушманд дар умури ҳукумат нақши калидӣ дошт. Бино бар гуфтаи Унсурмаолӣ, «духтарон фақат аҳкомишаръиатро меомӯхтанд ва аз таълими дигар донишҳомаҳрум буданд» .Вай бар хилофи расми роиҷи он рӯзгор, ки тибқи он доираиомӯзишбарои занон аз аҳкоми шаръиат фаротар намерафт, аз таълими дигар улум низ баҳравар буд. Ҳурра бонуисаховатманд, мудаббир ва донишманд буд, сабки нигоришаш, ба вижа, номае, ки ба Султон Масъуд (1030-1040) навиштааст, далели ин муддаост. Бо Султон Маҳмуд муносибати хубе дошт вабо фиристодани таомҳои гуворову хуштамъбародарро хурсанд мекард. Таърихи таваллуди Ҳурраи Хутталӣ мушаххас нест ва дар бораи зиндагиаш иттилооти маҳдуд вуҷуд дорад. Эҳтимолан, Ҳурра лақаби эҳтиромомезест, ки дар давраи Ғазнавиён бар озодазанон ва духтарони хонадони салтанатӣ итлоқ мешуд. Бар асоси ин тавзеҳ метавон, ҳадс зад, ки чаро аз ӯ бо номҳои Ҳурраи Хутталӣ ва Ҳурраи Колиҷӣ ёд шудааст.
Ин лақаб шояд, бад-ин сабаб бошад,ки хонадони Сабуктагин худ ғулом буданд, вале ғуломони озодгашта. Аз онҷо ки онҳоро дар зумраи озодшудагон медонистанд, лақаби “Ҳурра”-ро барои рӯшании ҳамин мафҳум қабл аз номи худ ва қабл аз зодгоҳ, ки ба он мансуб буданд, илова мекарданд. Дар он замон, унвони «ҳурра» ба таври густурда роиҷ буд ва маънии “зани озод”, “зани озодшуда” ё “озодазан” ба кор мерафт. Аз ин рӯ, метавон натиҷа гирифт, ки “Ҳурра” номи шахси муайян нест, балки лақаби ифтихориест ба маънии зани “озода” ё “озодазан”. Ҳамчунин, дар манбаъҳои таърихӣ ишораи андаке ба сабаби номгузории ӯ бо Ҳурраи Хутталӣ вуҷуд дорад. Ба назар мерасад, ки вай дар Хутал (Хутталон – Хатлони имрӯзӣ) ба дунё омада бошад. Аммо ҷои дигар ин матлаб чунин зикр мешавад: «Нисбати вай(Хутталӣ) низ бар он далолат дорад, ки вай аз ноҳияи Хутал ё Хатлон, аз тавобеъи Балхдар бахши улёи Ҷайҳун (Омударё) бархостааст». Ба гуфтаи Босворт дар манбаъҳоаз дудмоне, ки дар аввали давраи ғазнавӣ дар Хутал ҳукумат карда бошад, нишоне нест. Бад-ин тартиб, нисбат додани Ҳурра ба Хатлон (Хутталӣ), мумкин аст, нишонае аз пайванди хешовандии Ғазнавиён бо хонадонҳои маҳаллӣ бошад. Аммо ҳадси дигаре низ метавон зад, ки шояд модари Ҳурра аз мардуми Хатлон буда ва ё дар Хатлон бузург шуда аст ва ё ҳарду фарзия ҳамзамон дуруст бошанд. Ҳамон гуна, ки Маҳмуди Ғазнавиро Маҳмуди Зобулӣ низ мегӯянд, зеро, ки модараш аз Зобулистон буд: «…чун модараш духтари раиси Зобул, (яъне Қандаҳор) буд, ӯро бад-ин сабаб Маҳмуди Зобулӣ мегӯянд». Ҳамчунони дигар қаблан низ гуфта омад, ки дар он рӯзгор ҳар кас ба шаҳре, диёре, ё вилояте мерафт ва дар он ҷо муддати дароз иқомат мегузид, ба ҳамон диёр шаҳр, ё вилоят нисбаташ медоданд.
Шабонкораӣ, муаррихи барҷастаи замони муғул дар «Маҷмаъу-л-ансоб» аз вай бо «номи хоҳари Султон, Хутталӣ-Хотун буда, зане бағоят оқилу муҳташам…!» ёд мекунад. Ба ривояти ӯ, Султон Маҳмуд зимни васияте, ки пеш аз марг ба хонадон ва хешони худ кард, хоҳараш Хутталӣ-Хотунро ба сарпарастии ҳарами худ ва занону фарзандонаштаъйин кард ва онҳороба фармонбардорӣ аз ӯ супориш дод. Нақши Ҳурраи Хутталӣ аз замоне оғоз мешавад, киСултон Маҳмуд даргузашт ва ӯ дар кори ҷонишинӣ ва ба тахтрасидани Масъуд таъсири бисёр дошт. Масъуд дар солҳои охири умри падар бо вай муносибати хубе надошт ва ба ҳамин сабаб, номзадии ӯро канор гузошт. ҲурраМасъудро бисёр дӯст медошт, чунонки Байҳақӣ ишора мекунад, «Ҳурраи Хутталӣ амматашхуд сӯхтаи ӯ буд», бинобар ин, талоши худро барои ҷонишинии Масъуд оғоз кард. Вай муҳаббате вофир ба Масъуд дошт ва дар замони зиндагии Султон Маҳмуд низ пинҳонӣ Масъудро аз иқдомоти Султон Маҳмуд огаҳ мекард. Ӯ, ки бо ҳама аҳли ҳарам дар Ғазнин буд, ба хатти худ номае ба Масъуд навишт ва ба таври пиҳонӣ ба ду рикобдор дод, то сареъанонро бирасонанд. Матни ин нома яке аз қадимтарин намунаҳоинасри форсӣ-тоҷикӣ ва аз номаҳои корсози таърихист. Ҳамзамон аз дурандешии сиёсии Ҳурраи Хутталӣ гувоҳӣ медиҳад. Баёни нома чунин аст: «Худованди мо, Султон Маҳмуд намози дигар рӯзи панҷшанбе, ҳафт рӯз монда буд аз рабеъу-л-охир, гузашта шуд, раҳимаҳуллоҳ ва рӯзи бандагон поён омад. Ва ман бо ҳама ҳурм ба ҷумлагӣ, бар қалъаи Ғазнин мебошем. Ва пасфардо марги ӯро ошкор кунем. Ва намози хуфтан он подшоҳро ба Боғи Пирӯзӣ дафн карданд ва мо ҳама дар ҳасрати дидори вай мондем, ки ҳафтае буд, то ки надида будем. Ва корҳо ҳама бар ҳоҷиб Алӣ меравад. Ва пас аз дафн саворони мусриъ рафтанд ҳам дар шаб ба Гузгонон, то бародар Муҳаммад ба зудӣ ин ҷо ояд ва бар тахти мулк нишинад. Ва аммаат ба ҳукми шафқат, ки дорад, бар амири фарзанд ҳам дар ин шаб ба хатти хеш мулаттафае набишт ва фармуд, то сабуктар ду рикобдорро, ки омадаанд пеш аз ин ба чанд муҳим наздики амир, номзад кунанд, то пӯшида ба ин мулаттафа аз Ғазнин бираванд ва ба зудӣ ба ҷойгоҳ бирасанд. Ва амир донад, ки аз бародар ин кори бузург барнаёяд. Ва ин хонадонро душманон бисёранд ва мо авроту хазоин ба саҳро уфтодем. Бояд, ки ин кор ба зудӣ ба даст гирад, ки валиаҳди падар аст ва машғул нашавад бад-он вилоят, ки гирифтааст ва дигар вилоят битавон гирифт, ки ин корҳо, ки то акнун мерафт, бештар ба ҳишмати падар буд. Ва чун хабари марги вай ошкоро гардад, корҳо аз лавне дигар гардад. Ва асл Ғазнин асту он гоҳ Хуросон ва дигар ҳама фаръ аст. То он чи набиштам некӯ андеша кунад ва сахт ба таъҷил басичи омадан кунад, то ин тахти мулк ва мо зоеъ намонем. Ва ба зудӣ қосидонро бозгардонад, ки аммаат чашм ба роҳ дорад. Ва ҳар чӣ ин ҷо равад, сӯйи вай набишта меояд».
Дар ин нома он чи бештар мояи нигаронии Ҳурра гардид, вазъи низомии кишвар ва назми хазинаи давлатӣ буд, ки ҳарду ба сабаби бекифоятии Муҳаммад метавонист, зери хатар уфтад. Ҳамчунон ки аз гуфтаҳои Байҳақӣ маълум мегардад, ин зани ботадбиру кордон ва дар масъалаҳоисиёсӣ соҳибтаҷрибадар умури давлат ҳатто аз модари Масъуд қудратмандтарбуд. Ҳурра барои расидани Масъуд ба салтанат нақши муассир дорад. Илова бар ин, ӯро дар ин кор ташвиқ мекунад ва мунтазири вокуниши ҷиддии ӯст, ҳатто бо исрор анҷоми инамри хатирро аз ӯ тақозо мекунад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Ҳурраи Хутталӣ то ин ҳад ба барканории Муҳаммад вабар тахт нишастани Масъуд сайъ меварзад? Дар ин маврид метавон ду далел овард:
1. Ҳурраи Хутталӣ ҳамчун зани ҳушманду дурандеш ба вузуҳ дарёфта буд, киМуҳаммад аз уҳдаикори давлатдорӣ ва ҳифозати салтанати Ғазнавиён барнамеояд.
2. Мавриди дигар ин аст, ки ӯ содиқонаМасъудро дӯст медошт, ҳамчунон ки Байҳақӣ ишора кардааст. Ин бонуи кордону ботаҷрибадар сафарҳои муътаддид Масъудро ҳамроҳӣ мекард ва ин худ далелест, ки аҳаммияти ӯро дар сиёсати аҳди Масъудва робитаи қавиашро бо ӯсобит мекунад.
Масъуд ин номаро ба Хоҷа Тоҳири дабирва дигар бузургон, монанди сипаҳсолор ва ҳоҷиби бузург дар миён ниҳод ва онҳо низ таъйид карданд, ки он чи Ҳурра навишта, аз сари хайрхоҳист ва бояд тибқи он амал кард. Масъуд бо дарёфти нома даст ба кор шуд ва бо ҳимояту пуштибонии сипоҳ дар минтақаи Ҷиболва мағриби Эрон дар соли421ҳ.қ./1030м. ба тарафи Рай ҳаракат кард. «Амир аз Сипоҳон ҳаракат кард ва бо нишоту нусрат панҷ рӯз боқӣ монда буд аз ҷимоду-л-ухро бар тарафи Рай». Дар ин ҷо маншури халифаро дарёфт ва сӯи Хуросон масири худро идома дод. Бузургоне, ки ба тарафдории Масъуд номаҳои ҷудогона навишта буданд, ҳамроҳ боМодари Масъуд ва Ҳурраи Хутталӣ заминаро барои ба қудрат расондани Масъуд фароҳам оварданд. Вақте Масъуд ба Ҳирот расид, Ҳурраи Хутталӣ ва модари Масъуд аз Ғазнин раҳсипори Балх шуданд. Масъуд пас аз вуруд ба Ғазнин дар соли 1031 ба чашмони бародараш Муҳаммад мил кашид ва Алии Қариб – Ҳоҷибро ба қатл расонид…
Ҳурраи Хутталӣ барои Масъуд таъомҳои зиёд ва ҳадоё фароҳам кард ва тавассути муътамаде барояш фиристод. Масъуд бо ройзанӣ ва нақшаи кашидаи ӯ бар авранги шоҳӣ нишаст…
Пас аз ин, эътибори Ҳурраи Хутталӣ дар назди Султон Масъуд болотар рафт. Бархе бо сароҳат гуфтаанд, ки Ҳурраи Хутталӣаз шахсиятҳои пушти парда буд, ки шахсиятҳои дохили саҳнаро таҳрик медод. Ҳурра, ки аз босаводӣ, тезҳушӣ, саховат, тадбир ва ҷасорат баҳравар буд, бо сиёсати хубу тадбири дуруст масири таърихро тағйир дода, омили асосии ба тахт нишастани Султон Масъуд шуд ва давлати ғазнавиро аз буҳрону фурӯпошӣ ҷилавгирӣ кард.
Ӯ дарк кард, ки Муҳмаммад қодир ба тазмини бақои давлати Ғазнавиён нест. Бино бар ин, масъулияти муҳиммеро бар уҳда гирифт, то Масъудро бар тахти салтанат нишонд ва бад-ин васила саҳми босазое дар бақову тавсеаи салтанати Ғазнавиён гузошт.
Ин нуктаро низ мебояд ёдовар шуд, ки Ҳурра бо иршоди Султон Маҳмуд сарпарастии занон ва духтарони хонадони ғазнавиро бар уҳда дошт. Эҳтимолан, Ҳурраи Хутталӣ дар бисёре аз тасмимоти Султон Масъуд таъсиргузор буд, чунонки ёздаҳ сол баъд аз навиштани номааш ҳангоме, ки Ғазнин дар маърази хатар қарор дошт ва Султон Масъуд омодаи ҳаракат ба сӯйи Ҳиндустон буд, Ҳурра ба фармондеҳон мегӯяд, ки «ҳаркасе, ки хоҳад ба дасти душман уфтад, ба Ғазнин бибояд буд», зеро касе ба ҷуз ӯ ҷуръати гуфтани чунин сухани бепарда ва далеронаро надошт. Пас, мусаллам аст, ки вай дар соли 1040, ки Султон Масъуд озими Ҳинд шуд, аз ҳамроҳони вай буд.
Дар бораи издивоҷ вафарзандони эҳтимолии Ҳурра метавон бар ин натиҷагириҳои мантиқӣ такя кард: Утбӣ аз издивоҷи Абу-л-Ҳасан Алӣ ибни Маъмун аз амирони хонадони маъмунӣ бо хоҳари Султон Маҳмуд (бидуни зикри номи ӯ) ёд кардааст. Пасаз марги Абу-л-Ҳасан бародараш Абу-л-Аббос Маъмун ибни Маъмун ҷонишини ӯ шуд. Дар соли 1015 Абу-л-Аббос бо иҷозаи Маҳмуд, Ҳурраро ба ақди хеш даровард. Байҳақӣ низ аз издивоҷи Ҳурраи Колиҷӣ бо Абу-л-Аббос Маъмун ибни Маъмун дар даврони ҳукумати Султон Маҳмуд ёд карда аст. Бар пояи гуфтаҳойи Босворт, “Ҳурраи Колиҷӣ” ҳамон “Ҳурраи Хатлӣ”-ст.
Бо ин ҳол, нисбати “Ҳурра” ба Колиҷ чандон мавриди таваҷҷуҳи муаррихон қарор нагирифтааст, вале метавон ҳадс зад, ки ӯ дар Колиҷ, шаҳре дар ҳудуди минтақаи Эрони кунунӣ ба дунё омада бошад. Ин нҷо зикри як мавзӯи муҳими дигар низ зарурист: Эҳтимол аст, ки Ҳурраи Хутталӣ, Ҳурраи Колиҷӣ ва зане, ки дар «Таърихи Байҳақӣ» бо номи Ҳурраи Зайнаб ёд шудааст, ҳар се хоҳарони Султон Маҳмуд, аммо аз модарони гуногун зода шуда бошанд. Чунин фарзияе низ дур аз воқеъият нест, чунки таъаддуди завҷот ва доштани канизакони бемаҳдуд дар миёни хонадони салотин ва ашрофу сарватмандон яке аз одоти роиҷи он замон буд. Чунон ки Ҷузҷонӣ, муаллифи «Табақоти Носирӣ», дар шарҳи аҳволи Султон Иброҳими Ғазнавӣ менависад: «Ва он подшоҳро чиҳил духтар буду сиву шаш писар». Пас пайдост, ки ҳамаи ин фарзанд наметавонанд, аз як зан ба дунё омада бошанд.
Аз ин лиҳоз, шояд қиссаи Ҳурраи Хутталӣ низ аз ҳамин зовия қобили баррасӣ бошад.
Дар бораи саранҷоми Ҳурраи Хутталӣ ва таърихи даргузашти ӯ иттиллое нест. Мусаллам аст, ки вай соли 1040 вақте ки Султон Масъуд ба сӯи Ҳинд роҳӣ шуд аз ҳамроҳони вай буд.
Хулас, заноне, ки дар давраи Ғазнавиён нақши сиёсӣ доштанд, хеле нодиранд. Онон заноне буданд, ки аз лиҳози босаводӣ ва порсоӣ дар дастгоҳи Ғазнавиён аз манзалати баланде бархурдор буданд, ки намунаи олии ин занон бонуи бонуфузу ботадбир ва бокифояту ҳушманд Ҳурраи Хутталӣ буд.
Адабиёт
1.Абулфазли Байҳақӣ. Таърихи Байҳақӣ. / Абулфазли Байҳақӣ. Тасҳеҳи Алӣ Акбари Фаёз. -Теҳрон: Ҳурмус, 1387. -970 с.
2.Абунаср Муҳаммад ибни Абдулҷаббори Утбӣ. Таърихи Яминӣ. / Абунаср Муҳаммад ибни Абдулҷаббори Утбӣ. Тарҷумаи Абушараф Носеҳ ибни Зафар ибни Саъдулмуншии Ҷарфодқонӣ. –Теҳрон, 1334. -298 с.
3.Абӯсаъйид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ. Зайну-л-ахбор (Таърихи Гардезӣ). / Абӯсаъйид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ. Ба тасҳеҳ ва муқобалаи Абдулҳай Ҳабибӣ. –Теҳрон: Дунёи китоб, 1363. – 733 с.
4.Абдулқодир ибни Мулукшоҳ Бадоунӣ. Мунтахабу-т-таворих. / Абдулқодир ибни Мулукшоҳ Бадоунӣ. Тасҳеҳи Мавлавӣ Аҳмад Алии Соҳиб.Ҷ.1. –Алигарх, 2018. -534 с.
5.Босворт К.Э. Таърихи Ғазнавиён. / Босворт К.Э. Тарҷумаи Ҳасани Анӯша. Ҷ.1-2. –Теҳрон: Амири Кабир,1378. -523 с.
6.Изуддин ибни Асир. Таърихи Комил. / Изуддин ибни Асир. Баргардони Ҳамид Ризо Ожир. Ҷ.13. –Теҳрон: Асотир, 1370. – 5930 с.
7.Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ. Табақоти Носирӣ. / Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ.Ҷ.1. –Кобул: Бунёди фарҳангии ҷаҳондорои ғурӣ, 1391. -631 с.
8.Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммади Шабонкораӣ. Маҷмаъу-л-ансоб. / Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммади Шабонкораӣ. Ба тасҳеҳи Мирҳошими Маҳдус. –Теҳрон: Амири Кабир, 1363. -374 саҳ.
9.Нажотова Н.Б. Газневидо-сельджукидские отношения в ХI-ХII вв: дис. … канд. ист. наук. 07.00.02. / Нажотова Н.Б. –Душанбе, 2011. –166 с.
10.Наҷотова Н.Б. Иртиботи Ғазнавиёну Салҷуқиён дар «Таърихи Байҳақӣ» / Наҷотова Н.Б. // Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷалаи илмӣ) –Душанбе: Сино, 2009 -№ 3 (51) –С.10-13.
11. Сайфуллоҳи Муллоҷон. «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ Муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Ғазнавиён. Монография / Сайфуллоҳи Муллоҷон. -Душанбе: Ирфон,2013.- 239 с.
12.Унсурмаолӣ Кайковус. Қобуснома. / Унсурмаолӣ Кайковус. Ба тасҳеҳ, муқаддима ва ҳавошии Амин Абдулмаҷиди Бадавӣ. –Теҳрон: Китобфурӯшии Ибни Сино, 1335ҳ./1956м. – 239 с.
13. Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ. Таърихи Байҳақӣ.Таҳияи Сайфуллоҳи Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014. -774 с.
14. «حره-ختلي»-بانوی-آزاده-و-سیاستمدار-دوره-غزنوی [манбаи электронӣ]. UKE: shahrvand-newspaper.ir (санаи истифодабарӣ: 27.01.2025)
15. روزنامه سرمایه (1385/11/01): بانوی آزاده عصر غزنوی «حره ختلی[манбаи электронӣ]. UKE:https://www.magiran.com › … (санаи истифодабарӣ: 31.01.2025)16. حُره خُتلی، خواهر با تدبیر و محتشمۀ سلطان محمود غزنوی UKE: [манбаи электронӣ].https://jameghor.com › article (санаи истифодабарӣ: 05.02.2025)
Баротзода Нигина Барот,докторанти кафедраитаърихи дунёи қадим,асрҳои миёна ва бостоншиносӣ