Имрӯзҳо мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Тоҷикистон 28-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар шароити амну субот ва рӯҳияи баланди меҳанпарастиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба аркони давлатдории миллӣ таҷлил менамоянд.
Вобаста ба ҳифз ва гиромидошти чунин арзишҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар сатҳи баланди давлатӣ ва ифтихороти миллӣ ҳамасола солгарди чунин арзишҳои беназири миллатро таҷлил менамоянд.
Маврид ба зикр мебошад, ки дар бораи таърихи сулҳи тоҷикон, нақши Пешвои муаззами миллат дар тадбиқи сулҳ ва ризоияти миллӣ, раванди музокироти он, аҳаммияти таърихии он асару мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ, ёддоштҳо ва назару андешаҳои донишмандон, хосатан иштирокчиёни бевоситаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба тасвиб расидаанд, вале мо тасмим гирифтем, ки дар атрофи масъалаи нақши мафкураи миллӣ дар таҳкими сулҳ ва механизмҳои ҳифзи он дар оянда чанд андешаҳои хешро баён намоем.
Дар замони муосир, мафкура ва ё идеологияи миллӣ ҳамчун омили калидие маҳсуб меёбад, ки агар он мустаҳкаму қавӣ набошад, пойдорӣ ва равнақи дигар аркони давлатдорӣ заифу ноустувор ва ҳатто ғайриимкон мегардад. Таърихи миллати соҳибтамаддуни тоҷик борҳо собит намудааст, ки аз байн рафтани давлатдориҳои миллӣ бо сусту заиф гардидани мафкураи миллӣ вобастагии зич доштанд. Бақои давлату миллат, ҳифзи истиқлоли миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз андешаи солим ва нигоҳи мондагору созандаи афроди рушанфикри миллат сарчашма мегирад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки набудани мафкураи миллӣ ва ё сусту заиф тарғиб кардани он ба мондагориву пояндагии давлат хавфи ҷиддӣ таҳдид хоҳад кард.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки тавассути нерӯҳои зеҳнии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмиву таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ барои ташаккули «мафкураи миллӣ» ҳамчун як мактаби муназзами фикрӣ ва ё ниҳоди мустаҳками давлатӣ фавран ва бетаъхир мактаби махсуси соҳавие таъсис дод. Мақсад ва ҳадафи фаъолияти ниҳоди мафкураи миллӣ фарогирандаи масоили гуногуни густариши ғояҳои истиқлоли миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, механизмҳои ҳифзи ваҳдати миллӣ, тақвияти рӯҳияи миллӣ ва дар зеҳни аҳли ҷомеа парваридани асосҳои истиқлолияти давлатӣ ва ғ. буда, ба фаъолият пардохтани он амри ногузир мебошад.
Дар ин робита Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд”. Ҳақ бар ҷониби сарвари хирадманди давлат мебошад, ки маҳз зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро омили муҳим ва асосии ҳифзи истиқлоли миллӣ ва ваҳдати сартосарӣ арзёбӣ намудаанд.
Мавриди зикр мебошад, ки вазъи хатарафзо ва пурмоҷарои ҷаҳони муосир ва раванди тезу тунди ҷаҳонишавӣ, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат барои дар зери дасти худ нигоҳ доштани манотиқи аз лиҳози стратегӣ ва геосиёсӣ муҳим ва дар ҳоли ҳозир доман паҳн кардани ҷангҳои ошкорро омилҳое мебошанд, ки зарурияти густариши мафкураи миллӣ ва мавқеу муҳиммияти онро ба маротиб меафзояд.
Дар ин робита метавон гуфт, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ дарак медиҳанд, ки ҷаҳони муосир дар гирдоби пуртаззоди падидаву зуҳуроти гуногуни номатлуби эстремистию террористӣ қарор дорад, ки сокинони кишвар аз куҷо маншаъ гирифтану ба куҷо рафта расидани онҳоро кам огаҳӣ дорад. Танҳо ҳамин нукта маълум аст, ки ҳама гуна зуҳурот барои амалинамоии нақшаҳои ғаразноки як гурӯҳ ва ё афроди манфиатҷӯ хидмат намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои онҳо ба арзишҳои волои миллию мазҳабӣ дастдарозӣ менамоянд. Ин қудратҳо ва ё гоҳҳо гурӯҳҳо зери идеологияи фарҳангҳ бегона мехоҳанд, ки ҳадафҳои пасипардагии худро амалӣ созанд. Аз воқеоти нангини солҳои охири дар як қатор кишварҳои ҷаҳон рухдода, аён гардид, ки айни замон тамаддуни исломӣ бо тамаддунҳои масеҳию саҳюнистӣ ва буддоӣ дар як бархурди шадиди ошкорро ва пасипардагӣ қарор дорад, ки он рӯз то рӯз доманаҳои васеътарро фаро гирифта, шаклҳои гуногуни муборизаро касб карда истодааст.
Аз ин рӯ, равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир заруриятеро пеш овардааст, ки Тоҷикистони тозаистиқлол низ мафкураи миллиро ҳамчун як василаи мукаммали фикрӣ густариш дода, дар мафкураи аҳли ҷомеа, алалхусус насли ҷавон мустаҳкам ҷой диҳем. Ногуфта намонад, ки ин омил муҳимтарин ва таъсирбахштарин василаи ҷилавгирии интишори ақидаҳои ифротиву террористӣ ва тундгарои динии тахрибкори хориҷӣ ва ҳамчунин ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар маҳсуб меёбад.
Ваҳдати миллат, ваҳдати башар, ваҳдати вуҷуд, ваҳдати адён ва амсоли ин дар массири таърих, дар макази тавуҷҷӯҳи орифону олимон ва адибону давлатмардони аҳди бостону асрҳои миёна қарор дошт ва минбаъд низ ин падида, дар афкору аъмоли наслҳои минбаъда ба таври шоиста густариш ёфта, ба дараҷаи авҷи аълои худ расидааст.
Ваҳдати миллӣ ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ на танҳо боиси амнияту суботи минтақа гардид, балки механизмҳои рушди давлатдории миллиро заминагузорӣ кард.
Падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000 фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад ҳизмати арзанда анҷом диҳад. Албатта тибқи вазифа ва ӯҳдадориҳои комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирин буданд дар ҷумҳурӣ корҳи зиёдеро аз ҷумлаи реинтегратсияи (реинтегратсия калимаи лотинӣ буда, дар ин ҷо ба маънои шомил кардан, пурра кардан, муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи опозитсиони тоҷик ба қувваҳои ҳукуматӣ), размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ намудани онҳо, гузаштан аз камиссияи тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба сомон расонидаанд, ки дар ҳама ин равандҳои зикршуда милитсияи тоҷик фаъолияти пурсамар анҷом додаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш дар муроҷиатномаи хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон гуфта буд: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони баруманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Вақт собит намуд, ки ҳақиқатан Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи худро бо ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгирона амалӣ намуд. Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷанги таҳмилии бемаънии дохилии бародаркуш, ки зиёнаш аз 7 миллиард долари амрикоӣ бештар буда, 150 000 шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданду 25000 зан бесаробон ва 55000 кӯдак ятим монданд хотима ёфт. Ин аст, ки модели таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалии омӯзиши масъалаҳои ҷангҳои дохилию минтақавӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст.
Зикр намудан ба маврид мебошад, ки дар таърихнигории муосири тоҷик бузургтарин дастоварди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ ва шаҳрвандӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Ҳамин тариқ, дар идома ёфтани ҳашт давраи гуфтушуниди музокироти сулҳи тоҷикон байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Маскав, Теҳрон ва Хосдеҳ баргузор шуданд, шаш мулоқоти Президенти ҶТ ва Роҳбари ИМТ, ҳамчунон, се машварати тарафҳо, прокол ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар маҷмӯъ созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба миён меоранд, мувофиқа ва имзо шуданд.
Хулоса, мавриди ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо ҷомеаи инсонӣ, алалхусус сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ барои дар амал тадбиқ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар кишварҳои ҷангзада ҷанбаҳои гуногуни онро омӯхта, барои дар амал тадбиқ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талошҳо меварзанд. Аз ҷониби дигар, раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон нуфузу манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурд ва нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯи механизмҳо ва роҳҳои ҳалли масоили зиёди минтақавӣ ва байналмилалӣ такон бахшид.
Неъмонов Беҳрӯзҷон Зариёевич –номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон