ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

50

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз қабул ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикстон 28 сол гузашт. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон яке аз асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Мардуми мо ин санаи муҳимро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана қайд менамоянд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ мақоми хоса дорад, зеро ки ин рӯзи пурсаодат ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин рӯзҳои фирӯз расидан моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоему мамониятҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт 27 июни соли 2006 қайд намуд, ки «Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр намоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем» ва таъкид намудаанд, ки «Бо шарофати сулҳу Ваҳдат, ки ба хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнрав муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем.

Баъди беадолатиҳо ва кашмакашиҳои зиёди бемаънии сиёсии моҳи ноябри соли 1992, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз номзадии Раиси Шурои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бе ягон мамоният Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа интихоб гардид.

Аз он рӯзе, ки савганд ёд карданд, ба ваъдаҳо ва мақсадҳои дар пеш гузоштааш содиқона амал намуданд ва нахустин иқдоми пешгирифтаашон баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд. Аммо ин воқеа таърихест, ки дар хотираи халқ мемонад.

Шароити имрӯзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу оштии комил, ки натиҷаи талошҳои хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва таҷриба гирем.

Сулҳофаринӣ дар Точикистон раванди пай дар пайӣ ва табиӣ буд. Албатта, ба ҳар каси солимфикр маълум аст, ки дар як соли аввали баъди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳанӯз изҳорот дар бораи сулҳ аз баёнияҳо зиёдтар ва бештар буда наметавонист.

Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқиёси ҷаҳонӣ гузошт. Танҳо аз соли 1993, баъди он, ки амалиётҳои ҷанги каме суст гардид, зарурати муросои миллӣ боло гирифт.

9 марти соли 1996 қариб 30 ташкилотҳои ҷамъиятии сиёсӣ «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо намуданд. Мақсади асосии он ҳарчӣ зудтар ноил гардидан ба сулҳи байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт.

24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид. [

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо эъломияи Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин С.А. Нурӣ хеле муассир буд, ки ба ин ҳамкориҳои содиқонаи СММ, ҳукуматҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат намуда буданд ва дар натиҷа саъю кӯшишҳои муштараки онҳо ниҳоятан дар таърихи 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Назар ба эътирофи ҳамагон мусолиҳаи миллии Тоҷикистон як мисоли бориз ва барҷаста дар таърихи муносибатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, намунаи ибрат ва пайравӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва минтақавӣ дониста мешавад.

Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як воқеияти инкорнопазир ва пойдор мондани он як боястигии таърихист ва акнун, ки миллати бофарҳанги тоҷик бо ҳиммате мардона барои зинда гардонидани гузаштаи табнок ва пурбори таърихии худ пой ба роҳ ниҳодааст, бояд бедору ҳушёр пеш биравад ва таърихи ояндаи худро чунон бисозад, ки тӯфону тундбоди ҳаводис ва балоҳои рӯзгор натавонанд зарраи хоке аз кунгураи кохи баланд ва боазамати истиқлолу озодӣ ва оштиву бародарии он бикоҳад.

Хушбахтона, солҳои охир алалхусус баъди имзо шудани санади ниҳоии оштии миллӣ (27 июни соли 1997) раванди воқеии худшиносии миллӣ суръат ва сифати нав ба навро молик гашта, дар ташаккули сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши муассиртаре бар душ гирифт.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале мӯхими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрӯз дар гӯшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

Бинобар ин мо бояд ин санади тақдирсозро ҳамчун гавҳари нодир ҳифз намоем ва нагузорем, ки касе давлати соҳибистиқлоли моро ноором созад.

Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ,номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраитаърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ