Миллати тоҷик муддати садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ ба сар мебурд ва дар тули ин ҳама давраҳо ҷони садҳо фарзандони бо нангу номусашро аз даст додааст. Ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар ибтидои истиқлоли Ватан бардоштем, бори дигар нишон медиҳад, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол ба маротиб аз бадастоварии он мураккабтар аст. Истиқлоли давлатӣ як ҷузъи ҳақиқати зиндагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Вале агар ин муқаддасот дар заминаи ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ устувор намешуду кор ба тарзи дигар сурат мегирифт. Воқеан, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба сулҳу ваҳдат расидани қувваҳои ба ҳам зид қаҳрамониест, ки аҳаммияту арзиши он бо сипарӣ гардидани ҳар чи қадар вақти зиёд боз ҳам бештар мегардад. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба монанди ҳамон ниҳолест, ки баробари бузург шуданаш пурсамартар гардида, меваи ширинтар медиҳад. Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи буҳронии мамлакат Тоҷикистонро ба як минтақаи доғи сиёҳ табдил дода буду мақоми миллат дар роҳи косташавӣ қарор дошт. Аз бетаҷрибагии давлатдорон ва зиддиятҳои гурӯҳӣ қувваҳои хориҷӣ истифода карда, раванди сиёсии хатарзоро боз ҳам шиддат мебахшиданд. Аз тағйирёбии вазъи сиёсӣ истифода карда, абарқудратҳо мехостанд тавассути буҳрони сиёсии Тоҷикистон ба минтақа роҳ ёбанду ҳадафҳои геостратегӣ ва геополитикии хешро амалӣ созанд. Баъзе афроди худхоҳ ва ноогоҳ аз манфиатҳои миллату давлат ба бозичаи дасти онҳо табдил ёфтанду ба муқобили миллату давлати худ амал карданд. Хоинони дохилӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои ғаразноки ҳориҷиҳо дар кишвар бо амалҳои золимона ва ғайринсонаи худ муосидат намуданд. Натиҷаи ана ҳамин фаъолияти хоинони ҳукуматох буд, ки қариб ним миллион аҳолии кишвар ба муҳоҷирати иҷборӣ рӯ овард. Зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони осоиштаи кишвар кушта шуд. Ҳазорон модар бе шавҳар ва ҳазорон тифл бе модару падар монд.
Бо назардошти ин ҳама сарвари навинтихоб – Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саъю талоши худро баҳри бартараф намудани омилҳои буҳронӣ равона кард. Хидмати бузурги ин сиёсатмадори барҷаста дар назди миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он аст, ки дар шароити ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ ҳифз кард. Бо ин бо боварии комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ва наҷотбахши давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Маҳз шахсияти ин абармарди сиёсат дар баробари фитнаҳои душманони миллат, ки дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тоҷиконро борҳо ба гирдоби хун кашида буд, қодир ба истодагарӣ гардид. Танҳо тасмими қавӣ ва ҷуръати инсонию миллиаш, ки бори вазнини эъмори давлатро ба дӯш гирифта буд, худ нишони қаҳрамонӣ мебошад. Танҳо ҳамин далел басанда аст, ки ҳеҷ кадом аз шахсиятҳои барҷастаи давлативу ҳизбӣ дар он лаҳзаи мураккаб ҷуръат накарданд, ки бори гарони масъулияти роҳбарии мамлакатро ба дӯш гиранд. Баръакс, аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон худдорӣ карданду мавқеи интизориро ихтиёр карда буданд.
Тоҷикистон ба як таҳаввулоти бузурге зарурат дошт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан силоҳдору бесилоҳ, гурезагону дар Ватан будагон, зиёиёну мардуми одӣ тавонанд бе таҳдид дар эҳёи кишвар саҳм дошта бошанд. Ҳукумат Қонун «Дар бораи авф»-ро қабул кард, ки ин маънои бахшиши гурӯҳҳои саркардаи ҷангро дошт. Сарвари давлат ба хотири мондагории миллату давлат ва якпорчагии Ватан такрор ба такрор аз иштирокчиёни мухолифатҳо бо мақсади аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан ва ба зиндагии шоиста қадам мондан даъват мекард. Ин сиёсати ҳукумат ва ташаббусҳои хирадмадонаи Сарвари давлат боварӣ ва эътимоди аксариятро зиёд намуд. Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, муноқишаҳои шадиди мусаллаҳона дар сарҳад ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, фишори сиёсии қувваҳои оштинопазир ба амалӣ кардани ислоҳотҳои сиёсиву иқтисодӣ идома медод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гардид, ки дар радифи устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, махсусан ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома бахшида, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонаду сулҳу ваҳдати миллиро, ки кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлатӣ мебошад пойдор намояд. Ана ҳамин хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид, ки мужда аз фарорсии ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, оғози бунёдкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ медод.
Акнун миллат ва шаҳрвандони кишвар сарҷамъ гардида, парешонӣ ва мухолифатҳои дохилӣ, ки ҳамчун хатар ба ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлол таҳдид мекард, аз байн бурда шуд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар аз таҷрибаи нодири таърихии хеш дар роҳи ба ҳам омадан баҳри наҷоти давлати соҳибихтиёр истифода карда, як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсозро сипарӣ намуд. Иродаи дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар кишвар гузошт. Имрӯз қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, барои якпорчагии Ватан ва осудагии миллат талош намоянд. Дар ин самт қишри зиёии ҷомеа бояд бештар фаъол бошанду муҳиммияти арзишҳои ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлолро ба насли наврас ва ҷавони кишвар фаҳмонанд. Насли наврасу ҷавонро бояд дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум ва ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ ташвиқ намоянд.
Муродов Суннатулло – н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДМТ