Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам дар таърихи тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро ишғол намуда, он ҳамчун рамзи истиқлолият, озодӣ ва ҳуввияти миллӣ шинохта мешавад. Баъди заволёбии ҷамъияти ибтидоӣ ва пайдоиши аввалин давлатҳо парчам низ бо хусусиятҳои аз ҷиҳати сохту мазмун гуногуншакл ба вуҷуд омад.
Пас аз бавуҷудоии аввалин давлатҳои мутамарказ ва густариши нишонаҳои фарҳангу тамаддун парчамҳо низ аз ҷиҳати мазмун, маъно ва сохторашон мураккаб гардида, ҷанбаҳои маъноӣ ва рамзии онҳо низ густариш ёфтанд.
Дар масири таърих халқиятҳое чун форсҳо, ошӯриҳо, бобулиҳо, мисриҳо, юнониҳо, римиҳо, чиниҳо ва ҳиндуҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки нақши арзандаи онҳо дар инкишофи тамаддун ва густариши илму дониш барҷаста буда, ҳар яки онҳо дорои фарҳанги вижа, парчам ва муқаддасоти миллӣ буданд.
Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони миллати тоҷик низ ҳанӯз аз бомдоди таърих, аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби парчаму нишони миллии худ буданд, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри Ориёӣ» меномиданд, ки ифодаи рамзи хуршед, покизагӣ, нишонаи абадият, ишораест ба чаҳор унсур хок, об, оташ, ҳаво, ки асоси мавҷудияти оламро ташкил медиҳад, мебошад.
Дар таърихи парчамдории миллатҳои мутамаддини ҷаҳон «Дирафши Коваёнӣ», яке аз парчамҳои қадимтарин шинохта ва эътироф гардида, ворисони ин миллати соҳибтамаддун онро ҳамчун нишоне аз озодӣ ва мустақилияти комил ҳифз менамоянд.
Аз омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти таърихию бадеӣ аён мегардад, ки дар ҷуғрофиёи ориёиҳо парчам дар масири таърих бо вожаҳои дирафш, алам, раъоят, ливо ва байрақ маъруфият пайдо намуда, мавриди истифода қарор гирифта аст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки вожаҳои дирафш, парчам ва алам аз забони форсӣ-тоҷикӣ таркиб ёфта, вожаҳои ливо ва раъоят ба забони арабӣ тааллуқ дошта, байрақ калимаи туркист. Аз миёни вожаҳои номбурда «дирафш» дар дунёи қадим ва асрҳои миёна аниқтараш то пайдоиши сулолаҳои турктабор серистеъмол буда, он дар луғатномаҳои «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ, «Луғатнома»-и Деҳхудо, «Фарҳанги Муъин», «Луғатнома»-и устод Айнӣ, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва дигарон муфассалан зикр ёфтааст.
«Парчам» вожаи суғдӣ («parčam») буда, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯйина ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта мешавад. Мувофиқи ахбори “Фарҳанги асотир”-и Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ маънои «дирафш» аз забони паҳлавии порсии миёна, ки аз забонҳои шарқӣ-эронии бохтарӣ падид омадааст, маънои “тобидан” ва “дурахшидан”-ро дорад. Зеро ҳар боре, ки онро баланд мекарданд, аз бисёрии гавҳарҳояш ҷаҳон фуруғ мегирифт.[1]
Куҳантарин маълумот дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авасто» зикр гардидааст, ки ҳамзамон ба зуҳури Зардушт ва густариши дини зардуштӣ мебошад. Дар нахустин фаргарди «Видевдод»-и Авасто аз шаҳри Балх, ки модари шаҳрҳо ва пойтахти шоҳ Гуштосп – тарғибгари зартуштия буд, бо унвони «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта» ёд мешавад.
Муаррихи маъруфи асрҳои миёнаи тоҷик, асосгузори таърихнигории солноманигорӣ Муҳаммад Ҷарири Табарӣ доир ба таърихи парчамдории ориёиҳо чунин маълумот додааст: Подшоҳии ориёиҳо хосси хонадони Ҳушангу Ҷам (яъне Пешдодиён – Т.Ғ) буд. Чун Заҳҳоки ғосиб подшоҳиро бо ҷодуву нобакорӣ аз марудми ҷаҳон гирифт бедодгарию золимӣ пеша кард. Вонамуд мекард, ки аз ду шонаи ӯ ду пора гушт баромада, чун сари афъӣ. Ононро бо либос мепушид ва барои тарсонидани касон мегуфт, ки ду мор аст ва ғизо металабанд. Чун гурусна мешуд ду пора гушт зери либоси вай меҷунбид. Фармон медод, ки барои морҳои ду китфаш ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морон хуронанд. Фарзандони Исфаҳон ҳамвора луқмаи морон мешуданд. Фарзандони Кобӣ (Коваи Оҳангар)-ро низ барои морҳои Заҳҳок бурданд. Кобӣ аз ғазаб асое бигрифт ва пӯсте, ки бар доман дошт бар он овехт ва дирафш барафрошт ва касонро ба мухолифати Заҳҳок хонд ва гуфт: «Мо то кай ин ҷабр барем.
Кист, ки ба мо ёрӣ кунад ва халқро аз ҷабру ситам бираҳонем ва пас мардум гирди ӯ ҷамъ омаданд ва ӯро иҷобат карданд». Коваи Оҳангар бо ёрии шуришгарон алайҳи Заҳҳок ба мубориза бархоста, ба Табаристон рафта, Фарридунро, ки аз насли Пешдодиён буд, овард ва кишварро аз шарри Заҳҳок наҷот дод.
Табарӣ ҷойи дигар қайд менамояд, ки чун Кобӣ зафар ёфт, мардум дирафшро табаррук доштанд ва бар он бияфзуданд, то дирафши бузурги шоҳони Аҷам шуд, ва “Дирафши Кобиён” номаш карданд. Ин дирафш фақат дар ҳаводиси бузург, афрошта мешуд ва он ҳам бадасти шоҳзодагон буд.[2]
Таърихи пайдоиши дирафш ва давраи зиндагонию ҳукмронии Фариддуну Ковваро муайян кардан кори саҳл набуда, заҳмати зиёд талаб намуда, далелу бурҳони қавӣ мехоҳад. Табарӣ замони ҳукмронии Заҳҳоку Фариддунро ба замони дуродури таърихӣ нисбат медиҳад, ки ин фарзия тахминан ба ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод рост меояд. Академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар мақолаи хеш “Аз таърихи парчами тоҷик” таърихи ойини парчамдории тоҷиконро 4500 – сола медонад.
Ин андеша шоёни дастгирӣ буда, ойини парчамдории мо – ориёиҳо шояд аз ин ҳам муқаддамтар бошад. Зеро, тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ ориёиҳо аҷдоди мо тоҷикон ҳанӯз аз оғози таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни хоса ва муқаддасоти миллӣ буда, ҳанӯз дар ҳазораҳои 4-3 пеш аз милод, замоне, ки бештаре аз халқиятҳои имрӯзаи ҷаҳон дар саҳнаи таърих зуҳур накарда буданд, аниқтараш баробар ба давраи зиндагии Иброҳим, ки боиси шаклгирии ду халқи бузург – сомиҳо ва иброниҳо гардид, ҳатто баъди ҳодисаи туфони Нӯҳ иттиҳодияҳои худро таъсис дода, аввалин давлатҳои мутамарказро ба вуҷуд оварда буданд. Пайдоиши аввалин давлатҳои ориёии Пешдодиёну Каёниён гувоҳи ин гуфтаҳо буда, мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳои ориёӣ ҳанӯз дар даврони ҳукмронии онҳо шакл гирифта буд.
“Дирафши Коваёнӣ” минбаъд дар сарчашмаҳои таърихӣ – адабии даврони Сосониён «Ёдгории Зарирон» зикр шудааст. Дар ин сарчашма раванди ҷанги Эрону Турон инъикос гардида, аз кушта шудани Зарир бародари Гуштосп хабар медиҳад. Писари хурдии ӯ Настур ба ҷанг барои ситонидани қасоси падар роҳсипор мешавад. Ӯ дар майдони ҷанг писари Ҷомосп, яке аз шогирдони Зардушт,Гиромикро мебинад, ки “Дирафши Коваёнӣ”-ро сахт ба дандон нигоҳ дошта, бо душман қаҳрамонона меҷангад.
Бештари муаррихони асрҳои миёнаи арабу аҷам, аз қабили Берунӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Гардезӣ, Саолибӣ, Масъудӣ, Яъқубӣ ва дигарон аз шукуҳу шаҳомати “Дирафши Коваёнӣ” маълумот дода, аксари шоирони классикии тоҷик низ дар васфу ситоиши он шеърҳову достонҳо сурудаанд. Муҳимтарин сарчашмаи таърихии ин давра, балки шиноснома ва ифтихори миллати тоҷик “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 500 маротиба мафҳуми дирафш, парчам ва алам зикр шудааст. Аз ин рӯ метавон “Шоҳнома”-ро сарчашмаи худшиносӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон номид.
Аз тавсифи Фирдавсӣ маълум мегардад, ки “Дирафши Коваёнӣ” аз пусти шер сохта шуда, баъди пирӯзӣ ба Заҳҳок аз ҷониби Фаридун ба он тағйирот даровард шудааст.
Чу он пӯст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш “Коваёни Дирафш”
Фирдавсӣ
Муаррихи асри Х Абумансури Саолибӣ дар “Шоҳнома”-и хеш зикр менамояд, ки Фариддун пас аз ғалаба аз болои Заҳҳок Дирафши Коваёниро бо зарру сим, лаълу гавҳарҳои арҷманд оро дод, ки то кунун на чашме дида ва гуше шунида. Ва пасон лашкар ҳар ҷойе, ки майдондорӣ кард, дирафш дар қалб чун ситора медурахшид.
[3]Донишманди дигари тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи таърихи пайдоиши “Дирафши Коваёнӣ” андешаронӣ намуда, аз ҷониби Кова ва аз пӯсти шер сохтани онро таъкид менамояд,[4] ки дар раванди таърих ҳамчун намоди давлатдорӣ ва омили мутаҳидкунандаи ақвоми ориёӣ хизмати бузург кардааст.
Марҳилаи дигари пурифтихори парчамдории мо ба замони Ҳахоманишҳо, Ашкониён ва Сосониён рост меояд. Ҳахоманишиҳо низ дар баробари пазируфтани “Дирафши Коваёнӣ” ҳамчун дирафши расмии давлати хеш ба ифтихор мекарданд ва онро дар тантанаҳои расмии давлатӣ парафшон менамуданд. Дар ин давра Дирафши Коваёнӣ” бо рангҳои сапеду сурху бунафш зиннат дода шуда, “мардуми зиёда аз 23 сатрапро зари як андешаи давлатдорӣ муттаҳид мекард. “Дирафши Коваёнӣ” дар муддати асрҳои мадид, аз ҷониби шоҳаншоҳони зиёди Каёниву Ҳахоманишӣ ба тағйироти зиёд дучор омаданд. Мувофиқи маълумоти Берунӣ ҳар шоҳе меомад, барои бақои номи худ дар он гавҳаре насб мекарданд. Бо мурури замон дар “Дирафши Коваёнӣ” расми уқоб (баъдтар мурғи Ҳумо) бо дар доштани ду курра дар чанголҳояшон тасвир меёбад, ки муаррихон онро ба тарзҳои гуногун шарҳ додаанд.
Дар замони Ашкониён низ “Дирафши Коваёнӣ” азизу мукаррам дониста мешуд ва танҳо дар ҷашну маросими давлатӣ ба намоиш бароварда мешуд. Акнун дар ин давра “Дирафши Коваёнӣ” мақоми намоёнтареро соҳиб шуда, ба ҷуз ин парчам ба таъбири Фирдавсӣ ҳар паҳлавону сарлашкарону гарданкашон парчамҳои худро низ доштанд ва дар маркази лашкар “Дирафши Коваёнӣ” аз ҷониби гурдони хосе назорат ва барафрошта мешуд. Масалан насб шудани офтоб дар маркази “Дирафши Коваёнӣ” ва бар сарнайзаи он моҳу замин илова кардан аз Кайковус, дирафше бо нақши аждаҳо ва сайрнайзаи шердор аз Рустами Таҳамтан, дирафше бо пайкари пил аз Тӯси паҳлавон, дирафше бо расми шер аз Гударзи шерафкан, дирафше бо расми гавазн аз Сиёвуш мерос мондааст. Ашкониён низ дар сарнайзаи “Дирафши Коваёнӣ” моҳи нопурра ва заминро насб карданд, ки аз ҳукумати заминию осмонӣ доштани онҳо дарак медод.
Сосониён бо сарварии шоҳаншоҳони маъруфи худ Ардашери Бобакон, Шопури аввал, Хусрави Анушервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, як шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки зери “Дирафши Коваёнӣ” зиёда аз 70 қавму халқиятҳои ҷаҳони он рӯзиро муттаҳид мекарданд. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар Ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи партавафшонии парчами хешро васеъ менамуданд. Ойини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоссаи худро дошта, дар тамоми набардҳо парчамдорро дар сафи пеш қарор медоданд ва баъди пирӯзӣ онро бо тантана вориди пойтахт мекарданд. Сосонинён дар “Дирафши Коваёнӣ” иловаҳо зам намуда, тасвире бо намои чаҳоргуша бо ифодаи чаҳор тарафи олам ва чор унсури муқаддас ва дар маркази он намои офтобро инъикос карда, ҳамеша аз он ҳифозат мекарданд.
Иззудин ибни Асир муаррихи асрҳои XII-XIII-тоҷик дар асари худ “Ал комил фӣ-т-таърих” дар маврди “Дирафш” менигорад, ки “мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ аз баракати он Дирафш медонистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро “Дирафши Ковиён” меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бузург ва онро барнамеафроштанд, магар ҳангоме, ки бо пешомадҳои бузург рӯбарӯ мешуданд”[5].
Аммо, дар раванди забткориҳои арабҳо дар охири соли 636 қушунҳои араб бо қушуни Сосониён ба ҳам бархӯрданд, ки ин муҳориба се шабонарӯз давом кард ва дар рӯзи чаҳоруми набард бо талафоти 4000 – нафараи лашкари арабҳо ва талафоти 10 000-нафараи сипоҳи эрониён, арабҳо дар муҳорибаи Қодисия пирӯзӣ ба даст оварданд. Пас аз кушта шудани Рустами Фаррухзод – сарлашкари Сосониён ба дасти Ҳилол ибни Улфа, ва парчамбардорон Баҳман ва Ҷолинус аз дасти Зуҳра кушта шуданд ва «Дирафши Коваёнӣ» – парчами пирӯзмандии эрониён, ки чанд қарн дар бисёр майдонҳои ҷанг бо ғурур сар бар осмон меафрошт ба дасти арабҳо гузашт. Зирор ибни Хаттоб “Дирафши Коваёнӣ”-ро ҳамчун ғанимат бо худ бурд, ки бар ивази он сӣ ҳазор дирҳам ҷоиза гирифт. Дирафшро нади Умар ибни Хаттоб бурда, гавҳарҳояшро ҷудо карданд ва пӯсташро оташ заданд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ қиммати Дирафш аз ҷониби гавҳаршиносон муайян карда шуд, ки ба як ҳазор ҳазору дувист ҳазори дигар баробар буд. Яъне ба як миллиону дусад ҳазор дирҳам сиккаи тилло[6], баробар ба ду милион дирҳами тиллоии арабӣ ва бо асъори имрӯз ба ду милиард долари амрикоӣ баробар буд.[7]
Шояд ба қиммати гавҳаршиносони давр боварии инсони имрӯзи ҳосил нагардад, аммо бояд донист, ки андозаи “Дирафши Коваёнӣ” мувофиқи маълумоти Табарӣ “ҳашт ба дувоздаҳ зироъ”[8] (ҳар зироъ ба андозаи имрӯза воҳиди ченак 0,60 см-ро ташкил медиҳад) баробар 5 м бар ва 7 м дарозӣ дорозӣ дошт, ки
Баъди шикасти Сосониён ойини парчамдории мо коста гардида, дар замони давлатдории ҳокимони маҳаллии Хуросони бузург Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Бувайҳиён, Музаффариён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон аламҳои исломӣ ҷойи “Дирафши Коваёнӣ”-ро гирифт.
Соли 1924 бо таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Марказии Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки миллати тоҷик баъди гузашти зиёда аз ҳазор сол ба таври расмӣ соҳиби Парчам ва Нишон гардид.
20 – марти соли 1953 Қарори Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба парчами Тоҷикистон интишор гардид, ки матои он аз чор рахи ранги уфуқӣ: рахи боло сурх буда нисфи парчамро мегирифт, рахи сафед панҷяк, рахи сабз даҳяк, рахи поён сурх панҷякро гирифта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд.
23 – октябри соли 1981 Қарори нави Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи парчами давлатӣ ва тасдиқи «Низомнома дар бораи парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» интишор намуд, ки он тасвири парчамро ба чор рахи ранги уфуқӣ тасдиқ намуд, ки ифодагари сиёсат ва хусусияти даврони Шӯравӣ буданд.
12 – ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул кард.
Аз 200 тарҳи аксҳои Парчаму Нишон пешниҳод гардида ҷои аввалро дар озмун гуруҳи корӣ, ки сарварии онро Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошт ишғол намуд, ки муаллифи бевоситаи Парчам ва Нишони давлатӣ Маҳмадулло Сайдалиев эълон гардид.
24 – ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами давлатиро дар шакли имрӯзааш қабул намуд, ки Парчами давлатӣ аз се ранг, сурх, сафед, сабз ва акси тоҷу ҳафт ситора асос ёфт, ки ҳар кадоми онҳо моҳияти таърихӣ ва сиёсиро доро мебошанд.Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тавир шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира инъикос шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурхусафедусабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони мо расидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябрисоли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар дили Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони дунё қомат афрохт, ки намоди пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва рамзи мутаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Ғуломов Т.М., н.и.ф.,дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих
Неъмонов Б.З.,н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих