АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ ВА САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК

447

Дар самти таърихнигории муборизаи мардумони Хуросону Мовароуннаҳр алайҳи истилогарони араб нисбати давраи истилои ин сарзаминҳо таҳқиқоти бештар анҷом пазируфтааст. Ин аз он сабаб буд, ки дар таърихнигории шӯравӣ ба масъалаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ бар муқобили ҳамаи истилогарон аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳамин ҳолатро дар таърихнигории давраи истилои юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, таркҳо ва русҳо низ метавонем мушоҳида кунем.

Дар самти таърихнигории муборизаи мардумони Хуросону Мовароуннаҳр алайҳи истилогарони араб нисбати давраи истилои ин сарзаминҳо таҳқиқоти бештар анҷом пазируфтааст. Ин аз он сабаб буд, ки дар таърихнигории шӯравӣ ба масъалаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ бар муқобили ҳамаи истилогарон аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳамин ҳолатро дар таърихнигории давраи истилои юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, таркҳо ва русҳо низ метавонем мушоҳида кунем.

Ҳуҷумҳо ва забткориҳои арабҳо дар Эронзамин, бар сари мардумони он мушкилоти зиёд ба бор овард. Дар баробари густариш ва ҷорӣ гардидани ислом ҷабру зулм ва муносиботи ноодилонаи волиёни араб нисбат ба “маволӣ” (яъне мардуми мусулмоншуда) зиёд гардида, минбаъд боиси сар задани исёнҳову ҷунбишҳои мардумии озодихоҳона гардид. Маҳз дар давраи Хилофати Умавиён (661-750) татбиқи арзишҳои исломӣ ба мадди дуввум гузашта, фишору зӯроварӣ, истибдод ва қавмгароии ифротии арабҳо, поймол кардани арзишҳои “бародарӣ ва баробарӣ”-и мусулмонон, алалхусус табъиз ва тафриқа миёни Арабу Аҷам ба ҳукми анъана ва муқаррароти расмӣ даромада буд.

Дар аҳди Умавиён аз ҳам ҷудо кардани мусулмонон ба арабу маволӣ (ғайриараб) як амри маъмулӣ буд. Онҳо эрониёнро ғайриараб ва ё «маволӣ» ном дода, аз вогузор кардани корҳои маъмурии давлатӣ ва динӣ бо онҳо ибо мекарданд. Бо маволӣ дар як саф роҳ намерафтанд, хондани ҷанозаи як нафар маволиро бар худ нанг медонистанд ва намоз хонданро аз паси ғайриараб саҳеҳ намешумориданд. Намозу рӯзаи онҳоро қабул надоштанд ва никоҳи бастаи онҳоро намепазируфтанд, ки хоҳу нохоҳ мардумро ба муқовимат меовард.

Яке аз муҳаққиқони барҷастаи неҳзатҳои фикрӣ Абдурафеъ Ҳақиқат ин масъаларо пайгирӣ намуда, қайд менамояд, ки таҳқир ва таллаву тороҷи доимии арабҳо ба мардумони фарҳангии зердасти онҳо хеле вазнин меомад ва тоқати ононро мешикаст. Бинобар ин аз ҳамон лаҳзаҳои аввали воридшавии арабҳо ба Хуросону Мовароуннаҳр ҷунбишҳои миллӣ ва озодихоҳии хуросониён ба вуҷуд омада буданд.

Дар ин ҷо як нуктаро бояд иброз намуд, ки сарзамини Ироқ қабл аз ислом дар муддати 1178 сол таҳти тасаллути давлати Эрон қарор дошт. Сурия, Фаластин ва Урдун бошанд қабл аз ислом таи 970 сол таҳти истеъмори давлати Рум буданд. Ҳамаи онҳо дар ин муддат то ҷое ба итоати давлати аҷнабӣ одат карда буданд. Аммо эрониёне, ки то ин дам ҳеҷ ҳукмрониҳои аҷнабиёнро (ба ҷуз давраҳои кутоҳ) ба худ раво намедонистанд, бар зидди арабҳо қиёмҳову ҷунбишҳо меангехтанд. Аз ҳамин сабаб арбобони араб барои барангехтани ошӯбҳо ҳамеша аз эрониён дар ҳарос буданд.

Дар воқеъ мардумони бумии қисмати шарқии Хилофат дар раванди забткориҳо барои дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ ва ҳам дар ҷабҳаи сарбозию ғазавот ва ҳам густариши илмҳои ақлию нақлӣ дар давоми асрҳои баъдӣ нақши бориз доштанд.

Бино ба гуфтаи Балозурӣ баъд аз тасхир намудани Хуросони бузург аз ҷониби арабҳо фарзандони минтақа дар футуҳоти дигари арабҳо ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун “авангард” ва ё “гурдон” дар сафи пеши лашкар меҷангиданд ва дар ихтилофи миёни арабҳо низ нақши ҳалкунанда дошта, ҳама гуна ихтилофҳоро ба кӯмаки онҳо ҳаллу фасл мекарданд.

Биноан баъзан аз шукуҳу шаҳомати сиёсию ҳарбии онҳо намояндагону волиён ҳатто халифаҳои араб ба тарс омада, дар пай нобуд кардани онҳо мекӯшиданд.

Чунин тарзи муносибат боиси он гардид, ки дар саросари Ироқ, Хуросону Систон, Ҷузҷон, Табаристон ва Мовароуннаҳр муборизаҳои озодихоҳона дар шакли шуришу исёнҳо ва неҳзатҳои фарҳангию мазҳабӣ ба амал меомаданд, ки машҳуртарини онҳо неҳзати фарҳангии шуубия, азрақиён, зайдия исёнҳои Ғурак, Деваштиҷ, Карзанҷ ва Ҷаланҷ, Собит,Кирмонӣ, Афшин Ҳайдари Истаравшанӣ ба шумор мераванд.

Мутаасифона баъд аз забти Мовароуннаҳр ва хусусан тасхири Самарқанду Бухоро аз ҷониби Қутайба ибни Муслими Боҳилӣ волии Умавӣ нисбат ба мардумон минтақа, зулму шиканҷаҳои зиёди ҷисмониву ситонидани хироҷу андозҳои миёншикан мардуми минтақаро ба зону дароварда буд. Ба гуфтаи Бобоҷон Ғафуров арабҳо бо он ҳама сарвате, ки ҳангоми забти шаҳрҳо ба даст оварда буданд, қонеъ нашуда, аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои аз ҳад зиёд меситониданд ва онҳоро водор мекарданд, ки хукуматдорони арабро бо ғулом, каниз, чорво, ғалла, маснуоти бофандагӣ ва дигар маводҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳукмронӣ ва чунин тарзи муносибати Умавиён ҳатто худи арабҳо норозӣ буда, ҳукумати онҳоро ғайриқонунӣ мешумориданд. Баъди муҳорибаи Сиффин, мухолифони Умавиён ҳукумати онҳоро ғайриқонунӣ дониста, бар зидди Умавиён тарғибот мебурданд. Норизоятии умумӣ нисбат ба сиёсати Умавиҳо хусусан дар замони хилофати Марвони II (744-750) қувват гирифта, мухолифат ба дараҷае расид, ки аскарони хоссаи дарбори халифа исён бардоштанд.

Нисбати дигар минтақаҳои забтшуда Хуросону Мовароуннаҳр ба маркази муборизаҳои озодихоҳонаи зиддиарабӣ табдил ёфта буд, ки дар саргаҳи он Абумуслими Хуросонӣ меистод. Абумуслими Хуросонӣ соли 745 дар синни 19 солагӣ ба дастури Имом Иброҳим бо ҳафтод нафар аз даъватгарон ба Хуросон омада, қиёмро зери парчами хонадони Аббосӣ омода карда, дар соли 746 ба Марв – зодгоҳи аҷдодияш омада, қалъаи Сафеддижро маркази амалиёти хеш қарор дод.

Дар таърихнигории форсу тоҷик шуриши Абумуслими Хуросонӣ мавзуи машҳур аст. Ҳатто ба ин масъала исломшиносон ҳам таваҷҷуҳ кардаанд. Дар адабиёти исломӣ ҳаракати Абумуслим ҳамчун бидъат ва Абумуслими Хуросонӣ ҳамчун ошубгари охирини зидди ислом муаррифӣ мешавад. Аммо дар адабиёти муосири ватанӣ Абумуслим ҳамчун қаҳрамонҳои миллии форсу тоҷик шинохта шудааст. Вобаста ба ин масъала таҳқиқоту мақолаҳои зиёд вуҷуд дошта бошад ҳам, месазад оиди ба кору пайкори ин шахсият таҳқиқоти махсус анҷом дода шавад.

Абумуслим пойгоҳи худро дар Марв мустаҳкам намуда, аз вазъияти ноороми сиёсии Хуросон, ки ҳатто миёни арабҳо ба монанди Шайбони Салмӣ, Наср ибни Сайёр ва Алии Кирмонӣ барои ба даст овардани ҳукумат дар мубориза буданд истифода карда, миёни онҳо ошӯб ангехт. Яке аз масъалаҳое ки дар таърихнигории ин давра ба он камтар аҳамият дода шудааст, бурузи зиддияти дохилӣ миёни қабилаҳои араб дар Хуросон мебошад, ки ихтилофи арабҳои шимолӣ ва ҷанубӣ аз он ҷумла мебошад. Ин фурсатро Абумуслим хеле хуб истифода кард. Абумуслим дар ин роҳ бо Кирмонӣ иттифоқ баста, аввалан Шайбониро аз миён бурд ва баъдан ба ҳукумати хилофати Умавиён дар Хуросон хотима бахшид. Пас аз он худи Кирмониро низ бо писаронаш аз миён бурд.

Инчунин Абумуслим тарғибгарони худ Абудовуд ва Амр ибни Айнаро ба Тахористон, Нодир ибни Сулайҳи Тамимӣ ва Шарик ибни Ғади Тамимиро ба Марворӯд, Абӯосим Абдурраҳмон ибни Сулаймонро ба Толиқон ва Абуҷахл ибни Атийро ба Хоразм фиристод, ки чанде баъд шумораи ошӯбгарон афзуда 9-июли соли 747 таҳти ливои Аббосиён муборизаи ошкоро оғоз намуданд.

Ба гуфтаи Р.Н. Фрай шӯриши Абумуслим натанҳо ҳаракати сиёсӣ ва динӣ буд, балки ҷанбаи иқтисодӣ низ дошт. Бисёре аз тарафдорони Абумуслим аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, ки натанҳо ҳадафҳои сиёсӣ, балки мақсадҳои иқтисодӣ низ доштанд (тамоми дороиҳои худро аз даст дода буданд) ва аз сиёсати Умавиҳо норозӣ буданд, зиёд мешуданд. Бо ин мақсад, ҳамаи онҳо ба лашкари Абумуслим мепайвастанд.

Мардумони аз ҷабру зулми Умавиён ситамдидаи Ҳирот, Фушанҷ, Марворӯд, Толиқон, Марв, Ниссо, Абевард, Тӯс, Нишопур, Сарахс, Балх, Чағониён, Тахористон, Хатлон, Кеш ва Насаф дар атрофи Абумуслим муттаҳид гардиданд. Инчунин аз мулкҳои дигар низ мухолифан дастаҳои худро ба шӯришгарон мерасониданд, ки чанде нагузашта шумораи онҳо ба 100 000 нафар расид.

В.В.Бартолд бо такя ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар ин маврид менигорад, ки «дар соли 747 мардуми Марв бар ҳокими умавии худ шӯриданд ва Абумуслим бо ёрии ҷамъе аз эрониён дар соли 748 Марвро гирифт ва волии Хуросон Наср ибни Сайёр (738-748) ба ҷониби Марвон паноҳанда шуд. Шӯришгарони Хуросон соли 749 бақияи сипоҳи Наср ва Кирмониро дар Наҳованд шикаст дода, бо ин тартиб қисмати шарқии хилофати Умавиён аз ихтиёрашон берун шуд ва пайравони Аббосиён бар ин навоҳӣ истило ёфтанд».

Дар доираи ин лашкаркашӣ Абумуслим дар ибтидо шаҳрҳои Балх, Тахористон, Гузгон, Абевард, Самарқанд, Табасай, Порс, Тӯс, Нишопур, Ҳирот, Ғур ва Систонро пайдарҳам тасхир намуда, дар ибтидои соли 750 қувваҳои ҳарбии намояндагони охирини Умавиёнро дар Ироқ ва Димишқ, ки 120 000-ро ташкил менамуданд, шикаст дода, хилофатро ба дасти Аббосиён таслим кард. Бо ғалабаи Аббосиён бар Умавиён, Хуросон, ки маркази аслии наҳзати зиддиумавӣ буд, чанд муддат зери ҳукмронии раҳбари воқеъии ҷунбиши озодихоҳӣ Абумуслим қарор дошт ва адолату озодии нисбӣ дар ин давра дар минтақа ҳукмрон гардид.

Бо шикаст додани охирин намояндагони Умавиён дар Ироқу ва таслими хилофат ба дасти Аббосиён нуфузу эътибори Абумуслим рӯз то рӯз меафзуд. Ҳар куҷо шуришу исёне рух медод, Абумуслим дарҳол ба он расидагӣ мекард ва саркубаш месохт. Аз ин рӯ аз лашкаркашиҳои Абумуслим, Аббосиён ба тарсу ҳарос омада буданд ва фикр мекарданд, ки вай рӯзе барои нишастан ба тахти хилофат даъво хоҳад кард. Мувофиқи маълумотҳои муаррихони машҳури асримёнагӣ Яъқубӣ ва Табарӣ тӯҳмату бӯҳтонҳои ҳокимону наздикони халифа ва суханони зиште, ки Абумуслим ба Мансур гуфта буд, боиси марги ӯ гардиданд. Ҷойи онаст, ки сабабу баҳонаҳои кушта шудани Абумуслим, ки ҳамчун душмни бузурги хилофат ба Мансур ҷилвагар менамуданд, аз матни китобҳои “Таърихи Яъқубӣ”-и Аҳмад ибни Возеҳи Яъқубӣ ва “Таъриху-р-русули ва мулук”- Муҳаммад Ҷарири Табарӣ бозгӯ намоем.

Ин равандро Яъқубӣ дар китоби арзишманди хеш чунин шарҳ додааст: Ҳангоме, ки Абумуслим ба ҳаҷ мерафт, Абуҷаъфар Мансури валиаҳд аз халифа фармони омилии Ҳаҷ гирифт. Ҳанӯз дар Анбору Ҳирра буд, ки халифа вафот кард ва фармони халифа шуданаш ба вай расид. Ҳама волиёни вилоятҳои наздик ба вай байъат ва нисбати фавти бародараш изҳори тасаллият карданд.

Ин манзараро Табарӣ дар асари арзишманди хеш ба гунаи дигар шарҳ додааст, ки мазмунан чунин аст: “Абумуслим ба Абулаббос (халифа) навишт ва иҷозаи ҳаҷ хост ва мақсадаш ин буд, ки пешвои намози касон бошад” [6:4137]. Аз сабаби он ки Абумуслим назди халифа эътибори баланд дошт, ба ӯ иҷоза дод, аммо ҳолатро ба Абуҷаъфар Мансури валиаҳд фаҳмонда, аз ӯ хост, ки Мансур низ иҷоза бихоҳад, то омили ҳаҷ шавад ва ба Абумуслим сабқат намояд. Абумуслим чун аз ин хабар огоҳӣ ёфт, чунин гуфт: “Абумуслим ҷуз имсол соле барои ҳаҷ кардан наёфт?” ин сухан ба Абуҷаъфар расид ва аз Абумуслим бадгумон шуд.

Дар аснои рафтан ба Макка Абумуслим дар ҳар манзил гарданаҳоро ислоҳ мекард, чоҳҳо меканд, роҳҳоро ҳамвор мекард ва ба бадавиён ҷома мепушонид, ки эътибори ӯро боз ҳам боло мебурд. Албатта ин амали ӯ ба гуфтаи Табарӣ ба валиаҳд хуш намеомад. Вақте аз ҳаҷ бо фосилае бозмегаштанд, номае дар бораи марги Абулаббос ва ҷонишинии Абуҷаъфар ба ӯ расид. “Абумуслим ба Абуҷаъфар тасаллият гуфт, аммо таҳнияти хилофат нагуфт”, ки ин рафтори Абумуслим хашми Мансурро нисбати ба вай боз ҳам афзун мекард.

Дар ин ҳангом душмани сарсахти онҳо Абдулло ибни Мӯсо байъат накард ва бар зидди онҳо ошуб ангехт. Халифа Мансур ба Абумуслим навишт, ки барои саркубии Абдулло ибни Мусо ҷуз ману ту каси дигаре нест. Ҳарчанд ин пешниҳод Абумуслимро хуш наомад ва мехост ба Хуросон баргардад, аммо ночор ба ҷанги Абдулло ибни Мусо рафт ва ӯро дар Насибин шикаст дода, хазонаи ӯро ба даст овард ва Абдулло ибни Мусо фирорӣ шуд.

Абуҷаъфар Мансур Исҳоқ ибни Муслими Уқайлӣ, Яқтин ибни Мусо ва Муҳаммад ибни Амри Тағлабиро гусел кард, то хазонаи ба даст овардаи Абумуслимро шумор кунанд. Абумуслим ба хашм омада гуфт: “Бар хунҳо амин шумурда мешавам ва бар молҳо не!?” Яқтин дар ҳол ҷавоб дод, ки халифа Абуҷаъфар Мансур моро назди ту барои таҳният гуфтан бар пирӯзии ту нафиристодааст.

Пас, Абумуслим ба фиристодагон ва ҳам Абуҷаъфар Мансур дашном дод, ки ин ҳолатро ҳасудхурон ба халифа арза карданд.

Яъқубӣ менигорад, ки халифа дар ин ҳангом дар Румияи Мадоин буд, Абумуслим оҳанги Хуросон кард ва ӯро хабар накард. Аз ин амал халифа огоҳӣ ёфта, Исо ибни Мусо ва чанд нафар донишмандони дигарро ба дунболи Абумуслим фиристонд, то ӯро аз райъаш баргардонанд. Ба гуфтаи Табарӣ барои ба худ наздик кардани душман халифа мехост Абумуслимро ба худ наздик карда, ӯро безарар намояд. “Абуҷаъфар бим кард, ки Абумуслим суйи Хуросон равад ва ба ӯ навишт, ки туро вилоятдори Мисру Шом кардаам, ки аз Хуросон беҳтар аст”. Чун нома ба Абумуслим расид, хашмгин шуд ва гуфт: “Маро ба Шому Миср мегуморад, дар сурате, ки Хуросон аз они ман аст!”.

Дар ҳамин ҳолат Абумуслим бо ҷонишини худ Молик ибни Ҳайсам машварат карда, ба чунин хулосае омаданд, ки Абӯмуслим ҳарчӣ зудтар ба Хуросон равад, вагарна дар дигар сурат халифа ба зиндагонии ӯ хотима хоҳад дод. Аммо, фиристодагони халифа ӯро аз рафтан ба Хуросон мунсариф карданд, ки ин хатои бузурги Абумуслим буд.

Дар аснои бозгашт ба ҷониби Румия боз чанд маротибаи дигар номаҳои халифа ба Абумуслим расид, ки онҳо аз макри халифа ва муносибати нарми ӯ бо Абумуслим дарак медиҳанд. Илова бар ин бо донишмандоне, ки барои бозгардонидани Абуслим равона карда буд, ҳарзамон ҳушдор мекард, ки “бо ӯ ба нармтарин вазъе, ки кас сухан тавонад кард, сухан гӯянд”, то аз мақсади шуми онҳо огаҳ нашавад.

Дар ин рӯзҳое Абуҷаъфар Мансур аз Абумуслим бадгумон шуда буд, ба Абудовуд – ҷонишини Абумуслим дар Хуросон нома навишта, аморати Хуросонро ба ӯ ваъда дод ва ӯро ҷониби худ кашид.

Яъқубӣ дар хотима бо таассуф менигорад, ки Абумуслим чун мунсариф гашт ва рӯ ҷониби Ҳалвон кард, боз бо ҷонишини худ машварат кард ва гуфт маслиҳати ту дар ин кор чист?. Молик ибни Ҳайсам дар ҷавоб гуфт: “Маслиҳатро дар пушти гарданаи Ҳалвон раҳо кардӣ”. Абумуслим, ки аз ҳиллаҳои айёронаи халифа пай мебурд, гуфт: “Ба Худо қасам, ки ман ҷуз дар хоки Румия кушта намешавам”.

Табарӣ аз ҳиллаҳои дигари халифа хабар дода, менигорад, ки вақте Абумуслим ба Мадоин наздик шуд, халифа дастур дод, ки ӯро пешвоз бигиранд. Ва ӯро бо иззату икром пешвоз гирифта, ба хаймаи халифа бурданд.

Вақте, ки ба назди халифа ба Румияи Мадоин расид гумони ӯ амалӣ гардид ва Абумуслим баъд аз баҳсҳои зиёди лафзӣ бо халифа Мансур бо супоришу дасткӯбии ӯ кушта шуда, ҷасадашро дар гилеме печида дар Даҷла афканданд, то лашкариёну эътиқомандони ӯ огоҳ нашаванд.

Бино ба маълумоти Табарӣ 5 рӯз монда аз шаъбони соли 137 баробар ба 13 феврали соли 755 халифаи Аббосиён Абуҷаъфар Мансур (754-775) Абумуслимро, ки беш аз 35 сол надошт, аҳдшиканона ба қатл расонд.

Пас аз кушта шудани Абумуслим яке аз наздикони халифа Исо ибни Мӯсо ба Мансур хитоб карда, чунин гуфт: «Эй амири муъминон, итоати некхоҳии вайро надонистаӣ ва ин ки Имом Иброҳим дар бораи ӯ чӣ рой дошт. Халифа Мансур гуфт: Ба Худо рӯйи замин душмане бадтар аз ӯ барои ту намешиносам». Баъди шунидани ин суханон Исо ибни Мӯсо зуҳури ногузири ҷунбишҳои зиёди мардумиро ба халифа хабар дод.

Ба андешаи мо хабари қатли Абумуслим ба зудӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр паҳн гардида, сабаби сар задани чандин ҷунбишҳои озодихоҳӣ ва ҷунбишҳои зиддиарабӣ гардид ва ошӯбгарон сабаби шӯриши худро ба куштори Абумуслим рабт медоданд. Аҳамияти дигар ва фавқулоддаи таърихии ҷунбиши Абумуслими Хуросонӣ аз он иборат буд, ки ҷунбишҳо ва иттиҳодҳои озодихоҳонаи то ин замон шаклгирифтаи ду соҳили Ҷайҳун – Хуросону Мовароуннаҳрро бо ҳам муттаҳид намуд.

Хизмати дигари Абумуслим аз рӯзҳои аввали ба Хуросон омаданаш дар таъсиси иттиҳоди эронитабори зиддиумавӣ ва зиддитуркӣ зоҳир мегардад, ки дар осори таърихии ҳамасрони мо мушоҳида намегардад. Муаррихи амрикоӣ Фредерик Старр муҳимтарин хизмати Абумуслимро барои мардумони бумӣ чунин баҳогузорӣ менамояд, ки Абумуслим бо ошно гардидани вазъи сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр аввал ба душманони сарсахти дохилии онҳо қабилаҳои туркии ғарбӣ ва туркҳои шарқӣ, ки гоҳҳо барои кӯмаки ҳарбӣ бо ҳокимони маҳаллӣ паймон мебастанд, рӯбарӯ шуда, онҳоро аз ин сарзамин ронда, миёни ҳокимияти туркҳоро шикаста, аз ҷиҳати сиёсӣ онҳоро дар минтақа камтаъсир намуд.

Неҳзати Абумуслим дар тадқиқоти олимони аврупоӣ калонтарин исёни баамаломада дар минтақа аз лиҳози арзиши инсонӣ алайҳи душманони хориҷӣ – туркҳои шарқӣ ва лашкари фағфури Чин бо сарварии Ан Лушан, ки гӯё барои кӯмак ба ҳокимони маҳаллӣ ба Талас ё Тароз омада, аммо нияти тасхири Мовароуннаҳру Суғду Тахористонро доштанд, арзёбӣ мешавад. Ба андешаи муҳаққиқони аврупоӣ ин калонтарин ва даҳшатангезтарин исён дар таърих буд, ки ғалаба насиби Абумуслим гашта, умеди туркҳою чиниҳоро барои соҳиб шудан ба мулкҳои минтақа барбод дода, ин сарзаминро дар ихтиёри соҳибони аслияш боқӣ гузошт.

Баъди ноодилона кушта шудани Абумуслим ошӯбҳои озодихоҳии зиддиарабӣ авҷи тоза пайдо карданд. Агар дар замони хилофати Умавиён омилҳои сар задани исёнҳову ошӯбҳо ва норозигии мардуми маҳаллӣ ба сабабҳои иқтисодӣ, аз ҳад зиёд шудани андоз ва пайдо гардидани шаклҳои нави он баста бошанд, дар замони Аббосиён чунин исёнҳо бештаран характери озодихоҳонаро касб карда буданд.

Баъди қатли Абумуслим аз ҷониби халифаи Аббосӣ – Мансур, ки нисбати маволӣ, бахусус Хуросониён нафрати сахт пайдо карда, дар қатли Имоми Аъзам – Абӯҳанифа ҳам даст дошт, шуришу исёнҳои зиёди зиддиарабию мазҳабӣ, аз қабилӣ шуриши Сумбоди Муғ, Буосими Бустӣ, Саъиди Ҷуло, Ҳузайн ибни Руқод, Муҳаммад ибни Шадод, Барозбандаи Хуросонӣ, Озарӯя ва исёнҳои Марзбони Маҷусӣ, Ровандиён, Устод Сис, Юсуфи Барми Пушангӣ, Муқаннаъ, Мозёр ибни Қоруни Табаристонӣ, Ҳамзаи Систонӣ, Рофеъ ибни Лайс, Бобаки Хуррамдин, Ковуси Истаравшанӣ ва ғайраҳо бавуқуъ пайвастанд, ки натиҷаи онҳо раванди истиқлолхоҳии мардумии бумии минтақаро тезонида, дар ояндаи наздик онҳоро аз итоати халифаи араб берун намуд.

Машҳуртарин муаррихи тоҷиктабори ин давра Муҳаммад Ҷарири Табарӣ раванди қасосгирӣ ва хунхоҳӣ аз Абумуслимро тавассути як рӯҳонии зардуштӣ – Сумбоди Муғ, ки онҳоро танҳо мафкураи миллӣ – озодихоҳӣ мутаҳид мекард чунин баён мекунад: «Ба деҳе аз деҳаҳои Нишопур муғе буд Синбод ном. Пас, чун хабари куштани Абумуслим бад-ӯ расид ғамгин шуду гуфт: «Ҳаққи Бумуслим бар ман воҷиб аст, ки ман ин хостаро ҳама ба талаби хуни Бумуслим харҷ кунам. Ва чун хоста намонад, ҷон бидиҳам».

Яъне, натанҳо мусалмонони минтақа, ҳатто зардуштиёну, ровандиёну хуррамдинон низ, ба хунхоҳии Абумуслим қиём карданд. Дар ин маврид овардани андешаи Абдуррафеъи Ҳақикат амри воқеъист, ки мефармояд: «Абумуслим ҳадафе ҷуз истиқлоли Хуросон ва раҳоӣ додани мардуми ин сарзамин аз чанголи тозиён мақсади дигаре надошт». Аммо, садафсус, ки фирефтаи макри халифа гардид.

Шӯришу ошубҳои мардумӣ сарфи назар аз он ки ҳамаи онҳо ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд, вале барои коҳиш додани ситаму ҷафои халифаҳои араб ва намояндагони онҳо нақши муҳим гузоштанд. Инчунин пояҳои ҳукумати халифаҳоро заиф сохтанд. Агар ҷунбишҳои нимаи аввали асри VIII ба ҳукумати ситамгори Умавиён хотима дода бошад, пас қиёмҳову ҷунбишҳои нимаи дувуми асри VIII ва аввали асри IX хилофатро ба ақибниишинӣ водор сохт, ки яке аз натиҷаҳои он ба қудрати сиёсӣ роҳ ёфтани хонадонҳои маҳаллии тоҷик ба шумор меравад.

Хулоса, ошӯбу исёнҳои дар хунхоҳии Абумуслим ба амаломада бештар хусусияти ақидатӣ, сиёсӣ, озодихоҳӣ ва иқтисодӣ доштанд. Зуҳури ошӯбҳои зиёди зиддиарабӣ ва баланд гардидани таъсиру нуфузи хонадонҳои маҳаллӣ таваҷҷӯҳи халифаҳои аббосиро нисбат ба минтақа кам карда, дар охир ҷуз пардохти хироҷ аз Хуросон чизе умедвор набуданд. Дар ин маврид муаллифи “Таърихи Систон” қайд менамояд, ки шуҳрати Яъқуби ибнии Лайс бад-он ҷо расида буд, ки сафирон аз кишварҳои и Туркистону Чин, Ҳинду Синд, Сурия ва Руму Африқо ба вай ҳадяҳо меварданд, чунки халифа маншури ҳукумати Хуросону Мовароуннаҳр, Макка, Мадина, Бағдод ва Ҳинду Синдро ба ӯ ҳавола кард буд. Зиёда аз ин дар матни фармони халифа ёдовар мегардид, ки “Ин ҳама ислом ва куфр туро додем бар он ҷумла, ки ҳар сол моро 20 ҳазор ҳазор (20 000 000) дирҳам фиристӣ”. Маълум мегардад, ки қисми шарқии хилофат пурра таҳти таъсири хонадонҳои бузурги ҳукуматгари эронитабор қарор дошт.

Албатта натиҷа ва пайомади неҳзати Абумуслим ва таърихии ҷунбишҳои дигари мардумии Хуросону Мовароуннаҳр аз он иборат буд, ки дар натиҷаи онҳо таҳаввулоти фикрӣ ва ғоявии эрониён дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хилофат роҳ ёфта, бад-ин восита эрониён давлатшарики хилофат ва пешоҳангони соҳаҳои мухталифи олами ислом гаштанд. Илова бар ин, дар ин давра мардумони бумии Хуросону Мовароуннаҳр дар хилофат нафақат аксарияти табақаи равшанфикрону сиёсатмадоронро ташкил мекарданд, балки лашкар, низоми ҳарбӣ-сиёсӣ ва вазъи иқтисодии минтақа таҳти таъсири онҳо қарор дошт.

Муҳимтар аз ҳама натиҷаи шӯришҳои мардумӣ аз он иборат буд, ки як нерӯи бузург ва тафаккури зиддиарабиро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба миён оварда тавонист. Илова бар ин мардумони бумии минтақаро аз ҷумлаи хонадонҳои бузургу муаззами Бармакӣ – Яҳё, Фазл, Ҷаъфар, хонадони Саҳли Сарахсӣ – Фазл ва Ҳасан ибнии Саҳли Сарахсӣ, хонадони Тоҳир ибнии Ҳусайни Пашунгӣ – Талҳа, Абдулло, Тоҳир ва Муҳаммад, хонадони Тусӣ – Фазл ибнии Сулаймон (780 м) ва Ҷаъфари Тӯсӣ (788 м), хонадони Саффориён – Яъқуб ва Амр ибнии Лайси Саффорӣ, хонадони Сомониён – Асад ва фарзандону наводагони онҳо аз ҷониби халифаҳои аббосӣ ба умури давлатӣ, ба мансабҳои волиёни Хуросону Мовароуннаҳр, вазирон ва сарлашкарон таъйин мегардиданд, ки ин ормони деринаи мардумони бумии Хуросони бузург дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодияшон буд. Аз ин ба баъд Тоҳир ибнии Ҳусайн, Яъқуб ибнии Лайс ва Асад ибнии Сомон дар назди халифа эътибори фавқуллода пайдо намуда, минбаъд идораи Хуросону Мовароуннаҳр ба хонадонҳои Тоҳириёну Саффориёну Сомониён интиқол ёфта, пас аз чанде истиқлолияти ҳудудиву маъмурии хешро дар шакли аморат ба даст оварданд.

Ғуломов Т.М.,дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ