АҲАМИЯТИ ИЛМӢ-ТАЪРИХИИ «ТОҶИКОН»

352

Бобоҷон Ғафуров аз чеҳраҳои дурахшони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, корномаи рангини ӯ бахше аз ифтихороти ҳаммилатони мо ба шумор меравад. Агар ба рӯзгори ин фарзанди барӯманди миллат назар афканем, дар тамоми мароҳили он сабақу ибратҳои фаровонеро мебинем, ки барои тарбияи наслҳои ҷомеаи мо муфиду судманд хоҳад буд. Бобоҷон Ғафурови рӯзноманигор (1928-1941), корманди ҳизбию давлатӣ (1941-1946), роҳбари аввали ҷумҳурӣ дар душвортарин давраи барқарорсозии иқтисодии кишвар (1946-1956) ва раиси бузургтарин ниҳоди илмии мамлакат (1956-1977) аз ҷумлаи вазифаҳое буданд, ки ӯ бар дӯш дошт ва дар тамоми зинаҳо бо сари баланд кору фаъолият намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш «Чеҳраҳои мондагор» чунин зикр мекунад: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромуш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсопарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаеро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқиммати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардидани он сарф намудааст. Солҳои тулонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илми шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

Пирумшоев Ҳ. дар осори хеш «Таърихи халқи тоҷик дар тарозуи таърихнигорӣ» қайд менамояд, ки «Бобоҷон Ғафуров охири солҳои 30-юм, ибтидои солҳои 40-уми асри XX ба саҳнаи таърихнигории Шуравӣ ворид шуда, дар ташаккули илми таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҳалкунанда ва дар шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ мақоми назаррасеро соҳиб гардид. Мавқеи суръатафзои касбияш солҳои 50-60-ум ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Акнун ба туфайли заҳмати муттасил, ин донишманди тоҷик фазои илмии шарқшиносии ҷаҳониро муайян мекард». Ба чунин қуллаҳои эътирофу эътибори касбӣ расидани ин олими бузург амри тасодуфӣ набуда, аз воқеъияти замон ва қобилияти афзалияти азалии дарки қонунияти раванди таърихи ҷомеаи инсонӣ ва дар ҳамбастагӣ ба он тақдири таърихии ҳамавлодонаш тоҷикон маншаъ гирифтааст.

Моҳи июни соли 1946 истеъдоди роҳбарӣ, кордонию ташкилотчигӣ ва дигар сифатҳои барҷастаи Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, ӯро котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ба вазифаи роҳбари аввали ҷумҳурӣ интихоб шудани ин фарзанди асил барои кишвар ва сокинони он иқболи бузург буд. Дар адои ин вазифаи пурмасъул ва заҳматталаб Бобоҷон Ғафуров барои равнақу пешравии иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маорифу фарҳанг ва болораии мақоми ҷумҳурӣ дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ нақши басо бузург гузошт. Даҳ соли сарварии ӯ марҳилаи рушди босуръат ва баландшавии сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.

Қаҳҳори Расулиён оид ба шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Бобоҷон Ғафуров чунин навиштааст: «Ба фаъолияти Бобоҷон Ғафуров чун сарвари Институти шарқшиносии ИҶШC барин маркази бузурги илмӣ Шаши Бушан баҳо дода, чунин навиштааст: Бобоҷон Ғафуров соли 1956 директори институт таъин шуда, таҳқиқ намудани таъриху адабиёти бостонии халқҳои Осиёву Африқо ва омӯхтани масъалаҳои имрӯзаро вазифаи асосӣ меҳисобид. Бо кӯшиши вай дар институт шуъбаҳои нав бунёд ёфта, кормандон ба таҳқиқот пардохтанд. Бо сарварии Бобоҷон Ғафуров илми шарқшиносии Шуравӣ равнақ ёфт ва гуногунсоҳа шуд». Бо вуҷуди заҳмати бисёрсамтаи роҳбарии сиёсӣ ва давлатии ҷумҳуриро ба зимма доштан, Бобоҷон Ғафуров дар ташаккулу рушди таърихнигории миллӣ саҳми ҳалкунанда гузошт. Ӯ умдатарин проблемаҳои таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла муайян намудани доираи ҳудудии қабилаҳои Ориёӣ – аҷдодони тоҷикон, хусусиятҳои хоси ташаккулёбии халқияту мустақилияти давлатдории онҳо, нақши тоҷикон дар таммадуни минтақавӣ ва умумибашарӣ, вазъи зиндагии онҳо дар замони истилои аҷнабиён, дар шароити турктозиҳои бардавом ва мақоми ин халқи бостонӣ дар ҳайати силсиласулолаҳои кӯчиёни турку муғул, ки доимо пойдории фарҳангӣ ва анъаноти аҷдодии худро дар сатҳи намунавӣ нигоҳ медошт, ниҳоят воқеъбинона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Бобоҷон Ғафуров аз охири солҳои сиюм ва авали солҳои чилуми асри XX ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик оғоз карда, соли 1947 нахустин асари худро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» таълиф намудааст. Олими дақиқкор дар ин китоб бо далелҳои илмӣ исбот кардааст, ки тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд. Ӯ бо ин асараш саҳифаҳои норавшани сарнавишти халқи тоҷикро ошкор карда, илми тоҷикшиносии ватаниро бунёд гузоштааст.

Бобоҷон Ғафуров ба таърихи китоби «Тоҷикон» оғоз карда, доир ба таърихи тоҷикон маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ менамояд ва аз асарҳои олимони англис, олмонӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва эронӣ истифода мебарад. Китобро бо такя ба дастовардҳои охирини илми матншиносӣ, таърихнигорӣ, сиккашиносӣ, адабиётшиносӣ, мардум-шиносӣ, антропология ва бостоншиносӣ барои нашр омода мекунад. Хушбахтона, баъди заҳматҳои зиёд «Тоҷикон» ба забони русӣ соли 1972 бо теъдоди даҳ ҳазор нусха аз чоп баромад («Таджики. Древнейшая, древная и средневековая история. – М., «Наука»,1972»). Нашри китоби Тоҷикон дар ин солҳо яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърих дар илми Ховаршиносии иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон ба шумор мерафт.

Табиист, ки дар ин замон интишор намудани китоб бо номи «Тоҷикон» кори осон набуд ва на ҳар шахсияти сиёсиву илмӣ ба чунин иқдом даст мезад, вале мақоми илмиву ҷамъиятӣ ва ҷасорату матонати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ӯ асари худро маҳз бо ҳамин ном интишор кунад ва шуҳратӣ ҷаҳонӣ касб намояд.

Пажӯҳиши таърихи забон дар осори Бобоҷон Ғафуров ҷойгоҳи намоён дорад, зеро забон аст, ки таърихи воқеии ҳар миллатро дар ҳофизаи хеш нигоҳ медорад. Дар китоби «Тоҷикон» ба масъалаи ҷангҳои идеологӣ миёни фотеҳон ва мардуми бумӣ аҳамияти махсус дода шудааст, хусусан дар овони ҳамлаи юнониҳо ва арабҳо, ки масъала хеле ҳассосу сарнавиштсоз буд. Бештари муаррихон бар ин боваранд, ки китобсӯзӣ ва беэҳтиромӣ бо хату забони як қавм Искандарро бадноми таърих кардааст.

Аз диди муаллиф раванди ташаккули халқияти тоҷик ҳанӯз хеле пештар аз ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. «Протсеси этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, – таъкид намудааст олим. Боис гардид, ки Суғдиён, Хоразмиён, Фарғониён, Тахориён барин халқиятҳои гуногуни алоҳида пайдо шудаанд. Ҳар як аз ин халқият соҳиби маданияти худ буд. Вале чунин иддао ҳам ғалат мебуд, ки маданияти ин халқҳо, ҳар яке тамоман мустақилу махсус буду ба ҳамдигар муносибате надошт, дар айни ҳол онҳоро як чизи том номидан ҳам мумкин не, зеро ҳар яки онҳо дар худ маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, қисмеро таҷассум менамуд… Ҳудуди байни халқиятҳо як чизи рахнанопазири мустаҳками касногузар набуд, балки протсеси аз як халқият ба халқияти дигар гузаштани унсурҳои гуногун вуҷуд дошт».

Китоби «Тоҷикон» соли 1983 бо забони тоҷикӣ бо ҳидояти худи муаллиф сарчашмаҳои илмие, ки то 1977 доир ба таърихи халқи тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Миёна интишор нагардида буданд, ба китоб ворид ва феҳристи маъхазҳо такмил дода шудаанд. Ҳамин тариқ, академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи халқи моро аз давраи қадимтарин то ибтидои асри XX таҳқиқ карда, қаламрави пайдоиш ва зисти пешгузаштагони тоҷиконро дуруст муайян намуда, давраҳои асосии ташаккул ёфтани ин халқро дар асоси сарчашмаҳои хаттии қадимӣ, ҳафриёти зиёди бостоншиносӣ, рисолаҳои илмиву маҷаллаҳои муаррихону фарҳангшиносони маъруфи Ғарбу Шарқ мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Бобоҷон Ғафуров барои исботи сокинони қадимтарин ва қаламрави васеи Шарқ будани халқи тоҷик ва давраҳои ташаккули он аз мероси гаронбаҳои қадимаи «Авесто», «Ведаҳо», катибаҳои давраҳои гуногун, махсусан суғдиву бохтарӣ, бозёфтҳо аз бойгониҳои хаттӣ, асарҳои муаррихониу ҷуғрофиёшиносон, донишмандони илмҳои гуногун, хотираву ёддоштҳои сайёҳҳону сафирони кишварҳои хоричӣ, васиқаҳо, ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва ғайра фаровон истифода кардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйи мизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».

С.С.Шарофиддинов, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ