ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИМА

116

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии худро муайян ва бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Яке аз ин кишварҳо ИМА буд. Миёни Тоҷикистон ва ИМА 19 феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. 13 марти соли 1992 фаъолияти сафорати ИМА дар Душанбе таҳти роҳбарии кордори Сафорат Эдмунд Маквиллиамс оғоз гардид. Сиёсатшинос А.Х. Алиҷонова қайд мекунад, ки «мураккабии ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он буд, ки он амалан аз сифр оғоз ёфт.

Дар кишвар анъанаҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ набуданд. Принсипҳои дипломатияи муқарраршудаи шӯравӣ бо идеология, мақсад ва вазифаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол созгор набуданд “.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ворид шуданд. Ёрдамчии собиқи котиби давлатии ИМА оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Р.Блейк, афзалиятҳои ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро муаррифӣ намуда, таъкид мекунад, ки “дар тӯли таърих Осиёи Марказӣ ҳамчун чорроҳаи стратегӣ хидмат мекард, ки Чинро бо Русия ва Аврупо бо Осиёи Ҷанубӣ мепайваст. Худи ин кишварҳо дар муайян кардани рӯйдодҳои ҷаҳонӣ нақши афзоянда доранд”.

Муҳақиқ Дороншоева Н. Ш. “таваҷҷӯҳи дипломатияи Амрико ба Тоҷикистонро аз рӯйи анъана бо ду омил муайян кардааст: якум наздикӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон дарозтарин сарҳад, тақрибан 1344,15 км доро мебошад ва дуввум, муносибатҳои стратегӣ бо Русия..” Сиёсати ИМА нисбат ба Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилаи бо пайдо шудани акторҳои нав, ба мисли Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия дар заминаи баррхӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ муайян карда мешавад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз нуқтаи назари хранологии таърихӣ ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст:

якум – аз соли 1991 то 2001, аз муколамаи байнидавлатӣ миёни ду давлат, то барҳамхӯрии низоми Толибон.

дуввум – аз соли 2001 то 2014, ба вуруди низомии ИМА ба Афғонистон марбут аст.

сеюм – аз 2014 то соли 2021 аз хуруҷи артиши Амрико аз Афғонистон то забти ҳокимият аз тарафи Толибон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон самти сиёсати хориҷии худро барои рушди муносибатҳо бо ИМА дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Иёлоти Муттаҳида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шабакаи васеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттилоотӣ ва гуманитариро маблағгузорӣ мекунад. Онҳо барои рушди демократия ва иқтисоди бозорӣ даъват карда мешаванд. Ин сохторҳо дар ҷумҳурӣ аз оғози солҳои 90 фаъолона кор мекунанд.

Аксарияти лоиҳаҳоро Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) идора мекунад. Агентӣ дар Душанбе намояндагӣ дорад, ки ба дафтари минтақавии USAID дар Алмаато ҳисобот медиҳад. Аз соли 2001 дар сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин “Комиссияи демократӣ” мавҷуд аст, ки грантҳои хурдро, ки аз ҷониби Бунёди Миллии Демократия аз ҳисоби буҷаи федералии ИМА маблағгузорӣ мешавад, тақсим мекунад. Қисми зиёди грантҳои ИМА аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатии Ғарб ва ВАО гирифта мешаванд. Дар Тоҷикистон чунин созмонҳо, ба монанди Бунёди Сорос, Радиои Озодӣ, Институти ҷанг ва сулҳ, Бунёди Авросиё, Интернюс ва як қатор дигар ташкилотҳо фаъолият мекунанд.

Аз соли 1991 сар карда, хароҷоти умумии USAID дар Тоҷикистон аз 450 миллион доллар гузашт, аз ҷумла дар соли 2018 23,6 миллион долларро ташкил медод. Ин маблағҳо барои як кишвари рӯ ба инкишоф назарас аст.

Дар солҳои охир, бештар грантҳои амрикоӣ ба лоиҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқ ҷудо карда мешаванд.

Имрӯз Тоҷикистон дар байни кишварҳои гирандаи кумаки Амрико дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст.

Соли 2017 Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бар зидди маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ беш аз 200 миллион доллар ҷудо кардааст.

Аз рӯйи ҳаҷми чунин кӯмакҳо Тоҷикистон дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал аст. Маҳз бо дастгирии молиявии Вашингтон дар соли 2010 баталиони посдори сулҳи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳукумати Амрико барои рушди он тақрибан 8 миллион доллар сарф кард. Он як қисми таҷҳизоти ҳарбиро ройгон медиҳад: либоси расмӣ, алоқаи радио ва воситаҳои нақлиёти истифодашуда (Jeep J-8). Ғайр аз он, афсарони Гвардияи миллӣ мунтазам ба таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии ҳарбии ИМА фиристода мешаванд. Моҳи июли соли 2011 Пентагон ба сохтмони Маркази миллии омӯзишӣ дар ғарби пойтахти кишвар, дар деҳаи Қаратоғ, ба маблағи 3,1 миллион доллар оғоз кард. Сохтмон автодром, майдони тирандозӣ, майдони тамрин ва казармаро дар бар мегирифт.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қудратест, ки барои ҳукмронии ҷаҳон кӯшиш мекунад ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистони рӯ ба инкишоф дар замони дигаргуниҳои ҷаҳони муосир барои ду кишвар аҳаммияти калон дорад. Ин пеш аз ҳама барои амнияти минтақавӣ зарур аст. Сиёсати бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди ҳамкориҳои мутоқобилаи ду давлат аҳаммияти умда дорад.

Итминон дорем, ки ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ояндаи нек дорад ва барои бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ зарур хоҳанд буд.

Иззатова М.Қ. н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии ДМТ