ҶАШНИ САДА ДАР ЗАМОНИ ҒАЗНАВИЁН

179

Ҷашну сурур аз замони бостон то ба ин дам яке аз омилҳои шодмона зистану ба фаромӯшӣ супурдани ғаму андӯҳ будааст. Зеро инсон тавре офарида шудааст, ки гирифториҳову ғамҳояш ҳамеша бештар аз шодиву нишот будааст. Ҷудо сохтани ойину русум аз таърихи як миллат ғайриимкон аст. Дар тӯли таърих бисёре аз ҷашну ойинҳо бо ақидаҳои динӣ ҳамроҳ гаштанд, ки як ҳодисаи табиӣ мебошад. Зеро ниёзи маънавии инсон тақозо мекард, ки ӯ ҳангоми шодиву ғам дар андешаи давом ёфтани яке ва зудтар тамом гаштани дигар бошад. Аз ин рӯ, ҷашнҳои шод низ бо розу ниёз гуфтани ӯ ба пешгоҳи Офаридагор ҳамроҳ гашт.

Мардумони эронинажод мувофиқи хулосаи донишмандон мардуме буданд, ки шод зистанро ҷузви ойини худ медонистанд ва дар сол шаст рӯз ба ҷашну шодӣ менишастанд. Фирдавсӣ ба ҳамин боварҳо ишора карда, менависад:

Ҳамеша хирадманд умедвор,

Наҷӯяд ба ҷуз шодӣаз рӯзгор.

Наяндешад аз кори бад як замон,

Раҳи тира гирад на роҳи камон.

Дигар ҳар ки хушнуд бошад ба ганҷ,

Наёзад, наёрад танашро ба ранҷ

Муҳимтарин ҷашнҳои мо Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба шумор меомаданд, ки қидмати онҳо ба ҳазорон соли қабл мерасад.

Агар ба ҳикмати барпоии ҷашнҳои мардуми эронинажод бияндешем, хоҳем дид, ки онҳо ҷанбаи асотирӣ, динӣ, табиӣва нуҷумӣ доранд. Бар ин се ҷанба ваҷҳи иҷтимоиро низ метавон илова кард. Ҷанбаи табиӣ ва нуҷумӣ муассиртар аз дигар ҷанбаҳо буда, мондагории ин ҷашнҳоро боис шудааст. Муқаддас донистани об, оташ, хок ва хуршед низ дар ташаккули ҷашнҳои ниёгони мо таъсиргузор будааст. Агар Меҳргон бо Меҳр ё Хуршед ҳамнаво бошад, Наврӯз ҷашни баҳору хуррамии табиат ва Сада ба навъе муқаддас донистани оташ ва парастиши он марбут аст. Яке аз муштаракоти дигари ҷашнҳои бостонии мо ин аст, ки онҳо ба шоҳони қадимиву асотирии таърихи мо нисбат дода мешаванд.

Наврӯз ба Ҷамшед, Меҳргон ба Фаридун ва Сада ба Ҳушанг. Дар бораи ваҷҳи иҷтимоии ҷашнҳои мардумони эронинажод ҳаминро бояд гуфт, ки дар қиёс бо ҷашнҳои сарзамини Ҳинд он аз ангезаҳои табақотиву каставӣхолӣ буда, тамоми мардумонро фаро мегирифт ва ин амр муҷиби фаротар рафтани ҷуғрофияи ин ҷашнҳо дар имтидоди таърих гаштааст. Ҷашнҳои бостонии ниёгони мо ниҳоят, сабаби ҷамъ омадани мутрибону овозхонҳову ҳунармандон мегашт, ки он дар навбати худ мероси фарҳангии моро ғановати бештар бахшид. Бо вуҷуди ин, барпоийи ҷашнҳо дар даргоҳи шоҳони худкомаву айёш тадриҷан ҷозибаву шукӯҳи онро камранг карда, харҷи ҳангуфти ин ойинҳо бар дӯши раияти ситамдида бор мешуд. Дар дарозмуддат ингуна харҷҳои газофу беинсофиҳои фармонравоён ҷашнҳои зеборо ба намоиши қудрати ситамгарон табдил дода, ойине ки аз ҷафокориҳои шоҳони кавдан пуштибонӣмекард, ба як низоми берӯҳу ҷудо аз мардум бадал шуду аз саҳифаҳои таърих маҳв гардид.

Ҷашни Сада ҳар сол дар рӯзи даҳуми моҳи хуршедии Баҳман (баробар бо 21-уми январ – 20 феврал) ҷашн гирифта мешуд.

Абурайҳони Берунӣдонишманди машҳури аҳди Ғазнавиён менависад, ки чун ин ҷашн сад шабонарӯз, яъне панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, бо Наврӯз фосила дошта, Сада ном гирифтааст (3, ).

Гардезии ҳамзамонаш низ ин фикрро тақвият додааст. Қавли дигар доир ба ин ҷашн он аст, ки чун ин Сада дар садумин рӯзи зимистони бузурги бостонӣ воқеъ мешудааст, бо ҳамин ном машҳур шуда. Инчунин фарзияе низ вуҷуд дорад, ки номи ҷашни Сада ба хотири гузаштани сад рӯз аз пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок номгузорӣ шудааст. Зеро гирифтор шудани Заҳҳок муҷиби раҳоии мардумон аз ситами вай ва нишоту комронии тамоми ҷаҳон гардид. Фирдавсии покзод ҷашни Садароба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг мансуб медонад. Бар асоси ривояти «Шоҳнома» бар асоси як тасодуф санг ба санг аз он оташ бархоста, Ҳушанг оташро фурӯғи рушноӣдонист ва ба шукронаи падид омадани оташ:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳдар гирди ӯбо гурӯҳ,

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯдигар шаҳриёр

Муҳимтарин рукни ҷашни Сада оташ афрӯхтан будааст, ки ба ёди ихтирои оташ баргузор мешуд. Ба ин муносибат шаҳру деҳотро меоростанд. Мардум фарорасии ҷашнро ба ҳам муборак мегуфтанд. Дар замони Сосониён, ки ойини зардуштӣ расмӣгардид, ин ҷашн бештар характери динӣ гирифт. Берунӣин ҷашнро ба Ардашери Бобакон нисбат додааст. Паридан аз болои оташ ва оростани лашкар низ аз ойинҳои маъмули ин ҷашн будааст.

Арабҳое, ки Эрону Варорудро фатҳ карданд, нисбат ба шоҳони тоисломӣва ҷашну маросими онҳо бадбин буданд. Аммо ба ин содагӣнаметавонистанд, ҷашну ойинҳои ҳазорсоларо аз байн баранд ва бо вуҷуди баъзе сахтгириҳо Сада ҷойгоҳи худро дар замони тасаллути арабҳо низ ҳифз намуд. Дар замони Умавиёну Аббосиён ин ҷашн таҷлил мегардид, ки номи арабии он Сазақбуд.

Дар дарбори Сомониён, ки эҳёкунандагони ойинҳои мардуми эронинажод буданд, Сада ҳар сола баргузор мешуд ва шуаро назди амир бор меёфтанд ва бад-ӯ таҳният мегуфтанд. Дар шабе, ки сивуякумин Сада дар замони ҳукумати амир Наср ибни Аҳмад ҷашн гирифта мешуд, Аббоси Урухсӣ – шоири Самарқандӣ, қасидае дар табрики ин ид суруда, ки матлаъи он ин буд:

Меҳтаро бор Худоё малики Бағдодо,

Сазақи сиву якум бар ту муборак бодо!

Ҷашни Сада дар дарбори дигар Бувайҳиён низ нақши муассире ифо кард ва шоирон қасоиди ғарро дар васфи ин идҳо пардохтанд. Хонадони Зиёриён низ ҷашни Садаро хеле бошукӯҳ таҷлил мекарданд.

Суннату русуми дарбори Сомониён бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт. Зеро Маҳмуду падараш Сабуктагин тарбиятёфтаи Сомониён ва бо ҷашну маросимҳои ин хонадон маънус буданд. Гузашта аз ин, ғуломони турк фарҳанги хоссе надоштанд, ки ҷойгузини тамаддуни дерини мардуми тоҷик кунанд. Сиёсати Ғазнавиён дар гиромидошти одобу русуми тоҷикон як навъ риояти вазъи мавҷуд ва ҳамоҳангӣ бо мардуми бумиву суннатҳои он буд. Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ғазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад. Сабаби дигари баргузории ин ҷашнҳо дар азди Ғазнавиён он буд, ки бо фароз омадани ҷашнҳо навъҳои гуногуни саргармӣ ва айшу нӯш барои амирону аҳли дарбор пеш меомад. Зеро маросимҳои ҷашну сурур дар замони Ғазнавиён ривоҷдошт. Дар ин рӯз султони ғазнавӣба тахт менишаст ва аҳли дарбор ба табрику таҳният фароз омада, ба фармонравои худ ҳадяву нисор мекарданду табъи вайро хӯш месохтанд.

Ҷашни Сада дар моҳи Баҳман (баробар бо 21-уми январ – 21-уми феврал) ҷашн гирифта мешуд. Ба ривояти сарчашмаҳо қабл аз фарорасии Сада ҷашни дигаре бо номи Баҳманҷана таҷлил мешуд. Баҳманҷана номи рӯзи дувуми Баҳманмоҳ буд, ки «аҷамон дар ин рӯз ид кунанду ҷашн созанд. Бинобар қоидаи куллия, ки назди эшон аст собит аст, ки чун номи рӯз бо номи моҳмувофиқ ояд, ид бояд карданду онро баҳманҷана низ гӯянд. Дар ин рӯсипандро бо шир бояд хӯрд ба ҷиҳати зиёдатии ҳофиза ва дар баъзе аз билод дар ин рӯз меҳмонӣ кунанд ба таоме ки дар он ҷамъи ҳубубот бошад ва баъзе гӯянд номи рӯзи дуюм аз ҳар моҳи шамсӣаст». Гардезӣ низ ойинҳои баҳманмоҳро навъе барқарор доштани беҳдошт ва тандурустии мардумон медонад. «Андар ин рӯз баҳмани сурх бо шири тоза бихӯранду онро муборак донанд ва чунин гӯянд, ки ҳифзро суд дорад ва чашми бад боз дорад».

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада дар шаб баргузор мегардид. Чанд рӯз қабл аз фарорасии ин ҷашн ҳезумро аз гӯшаву канор фароҳам мекарданд. Ҳезуме, ки тавассути он оташ фурӯзон мешуд, аз чуби махсуси дарахти газ бояд афрӯхта мешуд. Дар тарофи ин оташ мардум, аз ҷумла мутрибону ҳунармандон ҷамъ омада, ба шодиву тараб мепардохтанд.

Маликушшуарои дарбори Ғазнавиён Унсурии Балхӣ дар як қасидаии маъруфи худ дар мадҳи амир Наср ибни Носируддини Сабуктагин – бародари Султон Маҳмуд, ойини куҳани мардумони эронинажод будани ин ҷашнро таъкид карда, ба ойину маросимҳои ин ҷашн ишора мекунад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин гӯи ту имшаб кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯнури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рӯз аст шаб хондан-ш набояд,

Вагар шаб рӯз шуд хӯш рӯзгор аст.

Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст.

Фалакро бо замин анбозӣомад,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст…..

Гар аз фасли зимистон аст баҳман,

Чиро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?

Ба лола монад ин, лекин на лола аст,

Шарори оташи Намруду нор аст.

Ҳаме ҳар мавҷдарёро бисӯзад,

Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст…

Аз он зард аст доим рӯи динор,

Ки назди ҷуди ӯдинор хор аст

Тавре дида мешавад, Унсурӣ дар тасвиру таҷлили ҷашни Сада аз ҳеч сухани баланд дареғнамеварзад.

Аммо набояд аз як чизи муҳим ғафлат варзид ва он динзадагӣ ва таассуби шадиди Маҳмуд буд, ки иҷозат намедод, русуми тоисломии мардуми эронитабор ба таври шоиста таҷлил гардад.

Маҳмуд аз гирифтани ҳадяву нисорҳои ҷашнӣ, хушҳол буд ва нишон додани азамату шукӯҳи дарбори худро ба баҳонаи ин ҷашнҳо меписандид, вале дар айни ҳол ин ҷашнҳо ба бовари ӯ «русуми давраи ҷоҳилият» ва «бозмондаи габрҳо» ба шумор меомад. Унсурии маддоҳ, ки ҳар чӣ султонро хӯш ояд, ҳамонро мегуфт, гоҳе салиқаву завқи мамдуҳашро мадди назар дошта, бар хилофи қасидаҳои қаблан сурудааш ойинҳои тоисломии Меҳргону Садаро мазаммат мекунад. Дар яке аз қасидаҳои ӯчунин омадааст:

Худойгоно! Гуфтам, ки таҳният гӯям,

Ба ҷашни деҳқонойин, ба зиннати баҳман…

Чунин ки дидам ойини ту қавитар буд,

Ба давлат андар з-ойини зусраву баҳман.

Ту мардӣдиниву, ин расм расми габрон аст,

Раво надорӣбар расми габракон рафтан

Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Яҳё машҳур ба Бадеъуззамони Ҳамадонӣ (968-1008 м.), дар замони Сомониён зиста, авоили ҳукумати Ғазнавиёнро низ дирёфтааст, бузургтарин донишманди аҳли ҳадис ба шумор меояд. Саъолибӣ вайро ягонаи рӯзгори худ дар улуми диниву адабӣмедонад. Вай низ таҷлили ҷашнҳои тоисломӣ, аз ҷумла Сада дар Хуросонро мушоҳида карда написандид. Ӯ, ки хеле таассуби сахти мусулмонӣ дошт, ҷашну ойинҳои тоисломиро дар зумраи одобу одоти куффор мешумурд. Бадеъуззамон сокини Ҳирот гашта буд. Вай дар номае ба АбӯОмир Аднон ибни Муҳаммади Заббӣ раиси шаҳри Ҳирот, чунин навишт: «Ҷашни Сада гумроҳии бузург аст. Ин оташпарастон дар дунё идашон оташ аст ва Худо ононро дар қиёмат ба оташ бозгардонад. Ҷашни оташ, ҷашне беаслва шиори оташ шиори ширк аст. Худованд Садаро ҳуҷҷати худ қарор надодааст ва НаврӯзуМеҳргонро шарофат набахшида. Худо шамшери арабро бар Аҷам баркашид, зеро ойину оташҳояшонро намепасандид» (8, 265). Ҳамин тавр, тадриҷан дарбори Ғазнин зери таъсири мутассибон, ки дар раъси онҳо худи Маҳмуд қарор дошт, миёни ҷашнҳои мусулмонӣва томусулмонӣ фарқ қоил шуда, ҷашнҳои тоисломиро гоҳе паст мезанданд. Дар ин байти Унсурӣ ба ҷашни Сада нишастани амири ғазнавиро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки ин «ойини» Аҷам аст:

Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,

Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣбоду ҳумоюн.

Фаррухии Систонӣниз аз баргузории ҷашни Сада хабар медиҳад. Ӯ борҳо дар қасидаҳои худ фарорасии ҷашни Садаро ба амиру вазиру дигар акобири даргоҳи Ғазна табрик мегӯяд. Аз ҷумла, дар қасидае, ки ба вазири маъруфи Ғазнавиён Ҳасани Маймандӣбахшидааст, васфи барпо доштани ҷашни Садаро, ки бо афрӯхтани оташ шаб мисли рӯз шудааст, тазаккур медиҳад:

Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,

Чун шаби торӣ ҳаме аз рӯз равшантар шавад.

Рӯшаноӣ осмонро бошаду имшаб ҳаме,

Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад.

Рушанӣбар осмон з-ин отшаи ҷашни Садаст,

К-аз сарои Хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Оташе кардаст хоҷа к-аз фаровон муъҷизот,

Ҳар замон гирад ниҳоде ҳар замон дигар шавад

Дар ашъори Фаррухӣ низ, чун осори Унсурӣ зуҳуроти бегона донистани ҷашнҳои миллии тоҷикон ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ дар ин байт Фаррухӣ, ибораҳои «иди араб» (яъне иди Фитрё Қурбон) ва «шаҳи Аҷам»-ро ба кор мебарад:

Иди араб гушода ба фархундагӣ алам,

Фархунда бод иди араб бар шаҳи Аҷам.

Дар қасидаи дигари худ Фаррухӣ мамдуҳро дар фасли сармо ба гиромидошти ҷашни Сада фаро хонда, мегӯд:

Шаби Садаст яке оташи баланд афрӯз,

Ҳаққ аст мар садаро бар ту ҳаққи он бигузор

Дар байти дигари Фаррухӣ боз мо аз санаи баргузории ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён, яъне даҳуми баҳманмоҳогоҳ мешавем:

Аз пайи таҳнияти рӯзи ту омад бар шоҳ,

Садаи фаррухрӯз даҳуми баҳманмоҳ

Аз матни қасидаҳои Фаррухӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада гуфтааст, дармеёбем, ки ороста кардани либос ва шона задани мӯй ва хӯшбӯй кардан аз дигар ойинҳои ҷашнӣ будааст. Дар қасидаи 183-уми девони Фаррухӣ, ки ба бародари Султон Маҳмуд Амир Юсуфи Сабуктагин бахшида шудааст, пас аз зикри омодагиҳои амир Юсуф барои баргузории ин ҷашн зимни таманниёти ҷашнӣчунин мефармояд:

Фаррухаш боду худованд-ш фархунда кунод,

Иди фархундаи Баҳманҷинаи баҳманмоҳ.

Давлат ӯро ба ҳама кому ҳаво роҳнамой,

Эзад ӯро ба ҳама ҳодисаҳо пушту паноҳ.

Дар қасидаи дигари худ Фаррухӣ Маҳмудро шоҳи ғозӣ номида, бидъатсӯзии вайро ситоиш мекунад, ва мегӯяд ки ту фақат дар фикри он ҷаҳонӣ. Дар охири ин қасидаи ҷашнӣорзу мекунад, ки:

Чунин сад ҳазорон Сада бигзаронӣ,

Ба пирӯзиву давлату комронӣ

Султон Масъуд нисбат ба падараш таассуби камтар нишон медод.

Муносибати ӯбо ҷашну ойинҳои тоисломӣ аз сираи падар фарқ мекард ва беҳтар буд. Шоҳиди рӯзгори салтанати ӯБайҳақӣдар як маврид аз фаро расидани ҷашни Сада ёдовар мешавад. Байҳақӣ аз маҷлисе, ки рӯзи 17-уми сафари соли 426 (баробар бо рӯзи 23-уми декабри соли 1034) дар ҳузури амир шуда, гузориш медиҳад, ки дар он аъёну ашрофи дарбор ҷамъ омада, бар сари корҳои пешомад баҳс мекарданд. Қарор шуд, ки ба сабаби нооромиҳое ки бар асари ҷунбиши туркмонҳои салҷуқӣсар зада буд, амир ба самти Марв равона шавад. Сипас Байҳақӣчунин менависад: «Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз они ҳамаи лашкар ба саҳро бурданду газ[1]кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданду дар саҳрое, ки ҷӯйи оби бузург буд пур аз барф меафканданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чӯб сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар ҷамъ карданд, ки сахт бисёр буд ва ба болои кӯҳе баромад бузург. Ва алуҳ (уқоб – С.М.)-и бисёр ва кабутар ва он чӣ расм аст аз дорот (шукӯҳу азамат –С.М.)-и ин шаб ба даст карданд» (10, 479). Газ, ки ба навиштаи Байҳақӣяке аз василаҳои баргузории ҷашни Сада буда, номи дарахтча будааст, ки шохҳои нозуку баргҳои рез дошта, бештар дар канори ботлоқҳову заминҳои шӯр мерӯидааст. Дар ҷамъоварии газ ҳамаи мардум боястӣширкат мекарданд, то саҳми худро дар ин ҷашн бигузоранд.

Тавре мушоҳида мешавад, Сада низ чун Меҳргон дар шумули ҷашнҳои расмии Ғазнавиён будааст. Барои барпо доштани ин ҷашн ҳатто сафари зарурии амирро, ки барои таъмини марзҳои кишвар анҷом медод, ба таъхир меандозанд. Аз гузориши Байҳақии дабир чунин бармеояд, ки ин ҷашни Садаро дарбори Ғазнин дар даҳаи аввали моҳи январ баргузор кардаанд.

Байҳақӣменависад: «Ва Сада фароз омад. Нахустшаб Амир бар он лаби ҷӯйи об, ки шароъӣзада буданд, бинишаст ва надимону мутрибон биёмаданду оташ ба ҳезум заданд. Ва пас аз он шунидам, ки қариб даҳфарсанг фурӯӯғи он оташ бидида буданд ва кабутарони нафтандуд бигузоштанд ва дадгони барфандуд ва оташ зада давидан гирифтанд. Ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад»

Ҳамин тавр, аз он чӣ гуфта омад, метавон ба натиҷае расид, ки баргузории ҷашнҳои тоисломии мардуми тоҷик дар аҳди ҳукуматҳои исломгарое назири Ғазнавиён низ идома дошта, ҳукумати давр ин ҷашнҳоро ба хотири ҳамнавоӣ бо мардуми бумӣва баҳонае барои қабули ҳадяҳову нисорҳо баргузор мекардааст. Шоирони мутааххир, аз қабили Низомӣ, Хоқонӣ, Сӯзанӣниз дар бораи гиромидошти Сада дар асри XII ҳикоят кардаанд. Ҳамлаи муғул, ба фарҳангу тамаддун ва давлатдории тоҷик зарбаи ҷуброннопазир ворид карда, яке аз омилҳои ба боди фаромӯшӣ супурдани ин ҷашни зебои ниёгон гардид.

Сайфуллоҳи Муллоҷон д.и.т., профессори кафедраи д.и.т., профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ