БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

106

Имрӯз 07.12.2023 дар робита ба дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” миёни донишҷӯёни курсҳои 1-2 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳои судманди мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсент, Саидов Ҳусниддин, мутахассиси шуъбаи тарбия М.Аминзода баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъулин доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, бегонапарастиву майл намудан ба фарҳанги бегона, иҷрои дурусти низомномаву талаботҳои донишгоҳ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳми созанда гузоштани ҷавонон дар корҳои ҷаъмиятиву фарҳангӣ суҳбатҳои муфид ба роҳ монданд.

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон