ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ Ё ТАШКИЛОТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР НИҚОБИ «ХАЙРХОҲ»

275

Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тули таърих неруҳои муайяни сиёсӣ онро ба ҳадафҳои муғризонаи хеш истифода бурда, барои ба қудрати сиёсӣ овардани гурӯҳҳои сиёсӣ мусоидат намудааст. Ислом, пеш аз ҳама, як ҷаҳонбинӣ, ҳикмат ва дин аст, аммо ба арсаи сиёсат баровардани ислом бо истифода аз боварӣ ва эҳтироми бузурги мардум ба манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ гашта буд, аммо ба нархи ҷони кӣ ва манфиати кӣ?

Дар тули таърих ҳадафи стратегии дини мубини ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз «муттаҳид намудан», «бо ҳам овардан» ва «бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо» муаррифӣ мегардид, на тафриқа ва ҷудоиандозӣ: Чуноне, ки дар Қуръони карим омадааст: «…ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебои варзед!» (Анфол 46). Худи ҳамин иқтибосҳо далолат ба он мекунанд, ки ҳеҷ як гурӯҳи одамон ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки бо таъсис додани гурӯҳи сиёсӣ ва истифода намудан аз арзишҳои диниву мазҳабӣ, боиси ранҷу машаққати аҳолии бегуноҳ гардад. Мутаассифона, барои расидан ба мақсадҳои нопоку муғризонаи худ абарқудратҳо дар кишварҳои алоҳида ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои диниеро созмон дода, ба воситаи онҳо мақсадҳои нопоки худро амали кардани мешаванд. Онҳо хуб медонанд, ки барои ба мақсад расидан ва суд бурдан истифода аз дин афзалтар буда, зуд, осон ва бехарҷи гарон матлаб ба даст меояд. Аз ин рӯ, истифода аз дину мазҳаб ва таъсиси гурӯҳҳои ифротиро афзалтар мешуморанд. Ҳануз Абулқосим Фирдавсӣ ҳазор сол пеш дар «Шоҳнома»-и безаволаш ин нуктаро дуруст шарҳ дода, зикр менамояд, ки:

Зиёни касон аз паи суди хеш,

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Имрӯзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусалмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст, ки то ҳанӯз самари хубе ба ғайр аз харобиву катлу куштор дида намешавад. Беҳуда нест, ки дар китоби азимушшаън, яъне Қуръони карим борҳо ва такрор ба такрор таъкид гашта, ки ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ҷудокунии пайравони як дин боиси оқибатҳои нохуш мегардад: «…аз мушрикон мабошед аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гуруҳ-гуруҳ шуданд; ҳар гурӯҳ бо он чи назди ӯст, хурсанд аст!» (Рум,31).

Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудани гурӯҳи сиёсие ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои динӣ-исломӣ ҳаводорони онҳо худро мусалмонони воқеъӣ шуморида, бо гумони густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекунанд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ маротибаҳои зиёд аст, ки такрор мешавад ва мусалмононе зиёде аз ҷониби ин гурӯҳҳои зархарид азият мекашанд ва кушта мешаванд. Ҳаракат ва ё гурӯҳҳои ифротгарои динӣ имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ намудани «исломи ноб» зери шиори «ғазавот»-«ҷанги муқаддас барои дин» мусалмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, аз ҳаёт маҳрум намудаистодаанд. Ҳол он, ки шартҳои оддитарини ғазавоти исломӣ зарар нарасонидан ба заминҳои кишт, дарахтон ва таҷовуз накардан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоишта ва занону кудакон ба шумор меравад.

Ҳаводорон ва пайравони гурӯҳҳои ифротӣ пайрави кадом мазҳаб ва кадом ислом бошанд, ки қатли 49 нафар толибилмро дар муассисаи таълимӣ дар Покистон, рабуди 150 нафар донишҷӯдухтаронро дар Нигерия, зинда оташ задани ҳавонаварди Суриягӣ, қатли 45 нафар тифлони маъсум (бегуноҳ), оташ задани бузургтарин китобхонаи илмӣ, азобу машаққат ва таҷовуз ба молу амволи мардуми бегуноҳро раво медонанд ва дуруст мешуморанд? Дар мавриде, ки яке аз сарчашмаҳои мӯътамади мазҳаби ҳанафӣ «Ас-саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ, ки дар асри Сомониён бо супориши Исмоили Сомонӣ барои идора намудани фазои динии давлати Сомониён навишта шудааст, чунин омадааст, ки «ҳеҷ касро аз аҳли қибла кофир махонед, ба гуноҳ». Мувофиқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам нафаре, ки аҳли қибла аст, новобаста аз равияву ҷараёни он ӯро кофир шуморидан номумкин ва хуни ӯро рехтан қатъиян норавост. Чунин амалҳои зиште, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ анҷом дода истодаанд, дар тули таърих аз ҷониби ягон нафар мусалмон ва ё давлати исломие содир нашудааст. Дуруст аст, ки ин амалҳои ифротгароёна ва даҳшатафкани онҳоро сарвари давлатамон – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳоияшон «вабои аср» унвон доданд ва таъкид намуданд, «терроризм сарҳад миллат ва мазҳаб надорад».

Вобаста ба ин нуктаи воло гуфтори Паёмбари акрам (с)-ро овардан ба маврид аст: “Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд” ва ҳадиси дигаре, ки “Ҳар кадоми шумо то ончиро, ки ба худ раво мебинад, барои бародараш раво набинад, ҳанӯз имон наовардааст”. Ин гуфторҳо аз он далолат мекунанд, ки ҳатто мусалмоне аз дасту забони мусалмоне набояд озор бинад. Пас чигуна иҷоза дод, ки гурӯҳи махсусе аз мусулмонон номи исломро барои ба ҳадафҳои сиёсии хеш ва хоҷагони худ расидан истифода барад?!

Наметавон инкор кард, ки «салафикунонӣ», «ваҳобикунонӣ» ва ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии диниву мазҳабӣ ҷудо кардани мардуми кишвар низ маҳсули андешаҳои мутахассисони баландмақоми «дӯстон»-и аҷнабии мо мебошанд, ки сиёсати ҷудоиандозӣ ва «парокандасозии неруҳои солими кишвар» ҷавҳари стратегия ва тактикаи онҳоро ташкил медиҳад, ки бешубҳа бо ҳадафҳо ва ғаразҳои муайян дар марказҳои иттилоотии муайян рӯи кор оварда мешаванд. Бояд қайд кард, ки омилҳои мусоидаткунанда ба терроризм ва ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, дар мавҷудияти ҳизби характери исломидошта, таълими динӣ гирифтани ҷавонон дар донишгоҳҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ, бекорӣ ва ба ҷои кор таъмин набудани ҷавонон, бехабар мондани ҷавонон аз арзишҳои аслии ислом ва хусусияти гуманистии он мушоҳида карда мешавад.

Таъсиси ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок намудани чунин ҳизбҳо яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ва печидаи кишварҳое мебошад, ки сокинони онро аксаран мусулмонон ташкил медиҳанд. Ин масъала дар аксари ҷомеаҳои мусулмоннишин ба яке аз шадидтарин масъалаҳои ихтилофии дохилидинӣ ва фазои сиёсӣ табдил гашта истодааст. Неруи сиёсии исломӣ ва ё ҳизби диние, ки вазифаҳо ва нақши асосии худро дар назари ҷонибдорон иҷро карда наметавонад, хусусияти фаъолияти махфиёна ба худ касб мекунад ва барои роҳ ёфтан ба фазои сиёсӣ аз ҳама шеваҳои мубориза истифода намуда, боиси бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷомеа мешавад.

Воқеаҳои солҳои охири дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, ба ҳамагон маълум аст, ки дар чунин вазъи ногувори сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҷангҳои дохилӣ ва шаҳрвандӣ дар гирифтор намудани давлат ба чунин ҳолат нақши ҳизбҳои сиёсии динӣ ба монанди «Ихвону-л-муслимин» ва «Салафия» баръало намоён гардидааст. Имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нисбати ҳизбҳои хусусияти динидошта эҳтиёткор ва нозукбинона рафтор намоянд ва аз такрори ҳолатҳои номатлуб пешгирӣ намоянд. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд кард, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Мусаллам аст, ки мардумони форсу тоҷик дар оғози давраи исломӣ дар майдони илму дин афзалияти хешро нигоҳ дошта, аз ҳамин роҳ на танҳо фарҳангу давлатдории миллиашонро аз нав эҳё карда, фарҳанги оламшумули миллии худро эҷод намуданд, балки исломро дар давраи авҷи низоъҳои сиёсию мазҳабӣ аз харобшавӣ наҷот дода, дар ташаккули тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштанд. Имоми Аъзам мактаби аҳкоми фиқҳиеро дар пояи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ эҷод намуд, ки аз тариқи он ислом дар бисёр кишварҳо густариш ёфт ва он ғолибтарин мазҳаб дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.

Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Дар чунин сурат ҳизби сиёсии диние, ки манфиатҳои миллии тоҷикро дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳимоят карда наметавонад, барои инкишофи тафаккури солими исломии сокинони он монеа эҷод мекунад ва дар оянда бо зоҳир намудани чунин аломатҳои зикршуда метавонад дар ташаккули миллати тоҷик хатар эҷод намояд.

Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе ташкилотҳои байналмилалии хориҷӣ дар ниқоби «хайрхоҳона» аз оғози пайдоиш то кунун сиёсати неруҳои муайяни доираҳои сиёсиеро анҷом медиҳанд, ки дар марказҳои махсус ва бо ҳадафҳои махсус тарҳрезӣ гаштаанд. Ин неруҳо дар ҳар лаҳзаи зарурӣ ва муносиб метавонанд раванди ҳамзистии осоиштаро дар ҷомеа халалдор сохта, фазои динии онро носолим намоянд. Ҳамин тавр, байни ҳокимият ва дин ҳамеша дар ҳама кишварҳои ҷаҳон таъсири мутақобилае вуҷуд дорад, ки он дар муносибатҳои байни онҳо зоҳир мегардад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ин муносибат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва эҷобӣ сурат гирад. Дар соҳаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ҳокимият ва дин дорои як ҳадаф мебошанд: таъмини сулҳу салоҳ, осоиштагӣ, ризоият, ҳамдигарфаҳмӣ, амният, бехатарӣ, озодӣ ва ваҳдати ҷомеа. Танҳо ифротгароён ба хотири ҳадафҳои хеш раванди муносибатҳои ҳокимият ва ташкилотҳои диниро бо ҳар баҳонаву дасисабозиҳо ноором сохтанӣ мешаванд.

Т.М.Ғуломов, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ