ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсади овозҳоро ба даст оварданд!

421

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бино ба иттилои КМИР ҶТ, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медод.

«Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,42% интихобкунандагон иштирок карданд», илова намуд Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бино ба маълумоти КМИР дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

Маврид ба зикр аст, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.

khovar.tj