МАСЪАЛАИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҚИСМИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ

141

Дар замони истиқлоли давлатӣ яке аз нишондиҳандаи рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар дар мамлакат Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар бори дигар собит намуд, ки масъалаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ чун мавзуи меҳварӣ дар маркази таваҷҷуҳ ва диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аз мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат маълум мегардад, ки дар воқеъ таҳкими истиқлоли давлатӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар аз амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ вобастагии зиёд дорад. Маҳз амалӣ гардидани ин ҳадафҳои муҳим имкон медиҳад, ки суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баланд гардида, содироти маҳсулоти ватанӣ бартарӣ пайдо намояд ва Тоҷикистон аз бозори умумиҷаҳонии савдо ба таври самаранок истифода намояд.

Дар баробари дигар аз ҳадафҳои стратегии мамлакат дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бештар ба масъалаи истиқлоли энергетикӣ мароқ зоҳир карда шуд. Маълум гардид, то соли 2023 Тоҷикистон аз ҷумлаи яке аз кишварҳои пешсаф дар истеҳсоли нерӯи барқ, махсусан рушди неругоҳҳои обии барқӣ ба ҳисоб меравад. Сарвари давалат таъкид намуданд, ки 98 фисади истеҳсоли неруи барқ ба нерӯгоҳои обии барқӣ дар кишвар рост меояд. Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли нерӯи барқ (энергияи сабз) дар ҷойи 6-ум қарор дорад. Дар баробари рушди суръати сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ҳамчунин таъмиру тармими нерӯгоҳҳои обии барқии мавҷуда роҳандозӣ гардид.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳоло дар нерӯгоҳи Роғун 15 ҳазор коргар кор карда, 3,5 ҳазор техника мавриди истифода қарор дорад. Дар маҷмуъ 5 млрд сомонӣ то ҳол сарф карда шуд.

Ҳанӯз дар Паёми худ соли 2021 Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Сохта ба истифода додани нерӯгоҳи обии барқии Роғун умри Норакро як баробари дигар зиёд менамояд». Ҳамчунин, таъкид гардид, ки то соли 2025 агрегати сеюми НБО-и Роғун мавриди истифода қарор мегирад. То соли 2032 қувваи барқ дар кишвар 100% аз ҳисоби эенергияи сабз таъмин мегардад.

Дар воқеъ рушди дигар самтҳои саноат аз суръати инкишофи саноати барқ вобастагии зиёд дорад. Рушди ин соҳаи афзалиятнок, ки дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад, имкон медиҳад, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ дар кишвар сохта шаванд. Ҳамчунин, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои содиротии қувваи барқ табдил меёбад. Содироти нерӯи барқ имкон медиҳад, ки манфиати бештар расида, сатҳи зиндагии мардуми кишвар баланд бардошта шавад.

Ҳамин аст, ки дар даҳ соли охири давраи соҳибистиқлолии кишвар масъалаи истиқлоли эенергетикӣ боз ҳам таваҷҷуҳи бештарро ҷалб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар солҳои 2013-2023 ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардида, иншоотҳои бузурге аз қабили «Нерӯгоҳи барқии обии Сангтуда–2» бо иқтидори 220 мегаватт, «Маркази барқу гармдиҳии Душанбе–2» марҳилаи аввал бо иқтидори 100 мегаватт, марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармдиҳии Душанбе – 2» бо иқтидори 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дар соли 2018 агрегати якумии НБО-и Роғун ва соли 2019 агрегати дуюми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд. Ҳамзамон, нерӯгоҳҳои барқии обии хурд, ки 16 ададашон бо иқтидори 11,4 мегаватт таҳти назорати ШСХК «Барқи тоҷик» қарор доранд, ба истифода дода шуданд. Маҳз ин ташаббусҳои созанда буд, ки имрӯз мардуми шарифи кишвар аз мушкилоти энергетикӣ раҳо шуда, дар баробари таъминоти дохилӣ ҳамсояҳои ниёзмандро низ бо барқ таъмин менамоем. Маҳз ин худтаъминнамоӣ боис гардидааст, ки амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии CASA– 1000 шурӯъ гардида, сохтмони он айни замон идома дорад.

Ҳанӯз соли 2020 Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буданд, ки «Барои расидан ба ҳадафи истиқлоли энергетикии кишвар дар давоми панҷ соли минбаъда сохтмони НБО-и «Роғун» идома ёфта, ба истифода додани НБО-и «Себзор», хати интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA – 1000» анҷом хоҳад ёфт. Дар ин бахш таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», оғози лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Фон – Яғноб» ва дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар нақшаҳои минбаъдаи мо пешбинӣ шудаанд». Бо мақсади рушди иқтисоди кишвар зарур буд, ки ба истиқлоли энергетикӣ ҳарчи зудтар ноил гардем. Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисоди кишвар бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, кӯшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расид. Аз солҳои 2000-ум рушди босуръати соҳаи энергетика ба тарври назаррас мушоҳида мешавад. Ҳукумати кишвар дар доираи имконият лоиҳаҳои гуногунро амалӣ гардонид, ки дар натиҷа иқтидори энергетикии кишвар боз ҳам афзуд. Дар нақша аст, ки иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 ба 10000 мегаватт расонда шавад. Барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани кишвар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳаммияти бештар диҳем.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар масъулини Академияи миллии илмҳоро муаззаф намуд, ки пажӯҳишҳои илмиро дар самти боз ҳам густариш бахшидан ба раванди рушди соҳаи гидроэнергетика ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин, дастур доданд, ки дар баробари рушди гидроэнергетика механизми рушди дигар шаклҳои истеҳсоли нерӯи барқро дар кишвар дарёфт ва тавсеа бахшанд. Дар воқеъ, рушди устувори ин самти афзалиятнокро бе дарназардошти истифодаи комёбиҳои илму техника тасаввур намудан ғайримкон аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мутахассисони соҳа дар самти татбиқи лоиҳаҳои илмӣ боз ҳам фаъолноктар бошанд. Тоҷикистон бо шароити табиӣ ва хусусияти ҷуғрофиаш имкони боз ҳам рушди нерӯи сабзро дорад. Тавлиди босуръати нерӯи барқ дар кишвар имкон медиҳад, ки иқтидории иқтисодии мамлакат боз ҳам афзод.

Ҳамчунин, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро зарур аст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намуда, ба ин восита дар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд. Дар ин радиф сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардидани он тамоми қишрҳои ҷомеа бояд муттаҳиду устувор бошанд, чунки дар меҳвари ин сиёсат қабл аз ҳама татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷомеа қарор дорад.

Асоев Комрон – унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ