НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

105

Бо ба даст овардани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуву омоли ҳазорсолаи мардуми тоҷик бароварда шуда, марҳилаи нави таърихие дар ҳаёти миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик оғоз гардид. Албатта, то ин замон мо империяву давлатҳои хурду бузурги худро доштем ва ҳатто ғосибонро тавассути ақлу хиради азалии хеш идора менамудем, аммо ҳамаи онҳо хосси тамоми аҳли ҷомеа набуда, танҳо манфиати табақаи ашрофону сарватмандонро ҳимоя мекарду халос. Истиқлоли давлатӣ тавонист, ки моро чун миллати номдору пурифтихор дар даҳаи охири асри XX ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, соҳибтамаддунию фарҳангсолориямонро ошкор намояд. Мутаассифона, аз ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ дере нагузашта, бо дасисаю иғвоҳо ва маблағгузории як чанд кишварҳои манфиатҷӯ, ки муттаҳидию сарҷамъии моро дидан намехостанд ва мақсади порча-порча кардани охирин такягоҳи миллати тоҷикро доштанд, дар кишвари азизамон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, тавассути баъзе аз тоҷикони роҳгумзада вазъияти сиёсии мамлакат муташанниҷ шуд ва пояҳои ҳукумати марказӣ комилан фалаҷ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯз аз рӯз доманаи худро васеъ намуда, минтақаҳои нав ба навро фаро мегирифт ва умеди кулли мардуми кишвар ба ояндаи рушану дурахшони мамлакат тадриҷан аз байн мерафт ва онҳо роҳи наҷотро дар фирор аз Меҳани худ медонистанд ва ҳамин буд, ки гурӯҳ-гурӯҳ тарки кишвар менамуданд. Сарварони онвақтаи кишвар натавонистанд сади роҳи чунин нобасомониҳо шаванд. Хушбахтона, бо ибтикору ғамхории як қисми аҳли зиё, донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик, ки сидқан Ватани азизи хешро дӯст дошта, аз ин фоҷеаи нангин нигарон буданд, дар пайи мусолиҳа ва роҳи ҳалли он афтода, бо ташаббуси онҳо ИҷлосияиXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз 16 ноябр то 2-юми декабри1992 даъват ва баргузор карда шуд. Акнун, умеди ягона ва охирини мардуме, ки то ба ҳол тарки кишвар накарда буданд, ба ҳамин Иҷлосия вобастагӣ дошт ва онҳо хоҳони сарвари лоиқманде буданд, ки тавонад кишварроаз ин офати ҷанги бародаркӯш берун бароварда, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиро дар Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон таъмин намояд.

Вакилони мардумӣ, ки аксаран шахсони донишманду ватандӯст ва аз миёни мардум бархоста буданд, ин ҳама нияту орзуву омоли халқиранҷкашидаву парешонро хуб медонистанд ва дарк мекарданд. Ҳамин аст, ки онҳо ба роҳбарии кишвар Сарвареро баргузиданд, ки дорои тамоми хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, додгусастарӣ, маърифатпарвар, инсондӯст ва сиёсатмадори барҷаста буд. Ин шахсияти нексириш ва абармарди волохирад Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист бо ақлу заковат ва донишу хирад зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта, мамлакати дар ҳоли фаноро наҷот ва мардуми парешонро сарҷамъ намояд ва масири кишварро ба ҷоддаи нав раҳнамуд созад.

Бояд гуфт, ки дар он замоне ки на қудрати сиёсӣ буду на ҳокимияти марказӣ сарварии давлатро ба уҳда гирифтан ва миллатро аз ин фоҷеаи сахту нангин баровардан кори саҳлу сода набуд ва дар як моҳу сол ҳалли он низ аз имкон берун буд. Зеро душманони хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат ҷавонониноогоҳи моро ба сӯйи худ ҷалб намуда, тавассути онҳо нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи худро амалӣ сохтан мехостанд ва ин боис мешуд, ки ҷанг идома ёфта, боз ҳам сахту сангин шавад. Онҳо аз номи як минтақа ҷавони минтақаи дигарро ба қатл расонида, пасон дар байни мардуми ноогоҳ шуру ошуб меандохтанд ва ин амр сабаб шуд, ки тоҷики як минтақа тоҷики дигар минтақаро душмани худ гумон карда, ба қатл расонад ва бо дасти якдигар хуни бародарони хешро резонанд. Вазъият дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон душвор гардид. Ба хусус, дар минтақаи Кулоб вазъ даҳшатовар буд.

Мардум аз нодорӣ ва наёфтани нон ҷуворимакка ва ҳатто сабусро нон карда мехӯрданд, ки ин боиси ҳалокати фоҷиавии даҳҳову садҳо инсон гардид. Акнун, Роҳбари кишварро мебоист, ки сабру таҳаммул намуда, ҳамаи оқибатҳои ин ҳаводисро бартараф ва мардумро аз ин ранҷу азоб берун барорад.

Воқеан ҳам, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари кишвар дар таърихи давлатдории навини тоҷик як саҳифаи наверо боз намуда, ба он хотироти сиёҳу ноаён нуқта гузошт. Пешвои миллат тавонист, ки бо афроди ҷоҳилу мансабталаб ва душманони миллат гуфтушунид намуда, занҷиру завлони онҳоро, ки монеаи муттаҳидиву пешрафти мо буданд, бишканад. Сарвари давлат бо мардуми фиребхӯрда ва роҳгумзада сӯҳбату вохӯрӣ ва гуфтушунидҳоро оғоз кард. Бо маҳорати волои суханварӣ ва сиёсатмадорӣ онҳоро аз оқибатҳои ин фоҷеаи нангин огоҳонида, ба сӯйи сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Бо истеъдоди баланди худододиаш қалби садҳо мухолифинро тасхир намуда, аз роҳи нохалафашон боз гардонид. Дар ҳақиқат, ӯ “… тавонист мардуми тоҷикро дар атрофи як дастархони сиёсӣ муттаҳид намуда, манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва умумии мардуми Тоҷикистонро аз ҳама боло гузорад ва халқи ҳазор сол дар вартаи парешонӣ мондаро соҳибдавлат намуда, миллат ва давлати моро ба ҷаҳониёндар симои як давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ муаррифи намояд” (Холиқов А., Таърихи ҳуқуқ ва худшиносии миллӣ, -Д. –С. 35)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарди оқилу доно ва сиёсатмадори закӣ тавонист, ки бо роҳи даъват ва гуфтушунидҳои давомдор тадриҷан кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба сӯйи сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ қадам ниҳад. Ӯ ҷисму ҷон нагуфта, тамоми роҳҳои мушкилгузарро пушти сар гузошта, нақшаи хориҷиёнро барбод дод ва кишварро ба суботи сиёсӣ расонид. Ҳамин буд, ки 27 июни соли 1997 бо мухолифин ба тавофуқ расида, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гузошт. Дар ҳақиқат, “Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвору пуртаҳлукаи ҳаёти миллат роҳбарии давлатро ба ӯҳда гирифта, бо тамоми ҳастӣ баҳри сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ҳамдигарбахшӣ мубориза бурда, ба қуллаи мурод расид. Ин азму талоши собитқадамона барои ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон ӯро дар байни на танҳо ҳамватанон, балки дар арсаи байналхалқӣ чун муборизи матини роҳи сулҳу амонӣ маълуму маъруф намуд” (Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, Наср Бобо, -Д.: 2002, -С. 29).

Ба даст овардани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ кори осон набуд, аммо боварӣ ба худ ва ояндаи дурахшони кишвар сарвари давлатро водор намуд, ки бо азму иродаи қавӣ талош намуда, ба муроди худ расад ва сарнавишти миллатро тағйир диҳад. Ҳамакнун, кишвари азизамон дар як муддати кутоҳ тавонист, ки оқибатҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуда, ба радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ворид шавад. Дар андак замон, кишвар симои пешини худро куллан тағйир дода, шаҳру навоҳӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардиданд. Сохта шудани иншоотҳои нав ба нав дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа барои пешрафти кишвар мусодатнамуд ва кишвари азизамон ба биҳишти воқеии рӯйи замин табдил ёфта истодааст. Албатта, ҳамаи ин пеш аз ҳама аз сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ вобаста буда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар он беназир аст.

Ҳарчанд сулҳу Ваҳдат бо баёни сухан калимаи сода намоянд, аммо дар зери худ мафҳуму маънои васеъро доро мебошад, ки бидуни дастёбӣ ба онҳо наметавон ояндаи як кишвареро равшан дид. Сарвари давлат ин нуқтаро хуб медонистанд ва аз рӯзҳоинахусти роҳбариро бар дӯш гирифтан, баҳри ба даст овардани он собитқадамона талош варзиданд ва самараи он ҳама талошҳо ин буд, ки имрӯз кишвари маҳбубамон ба хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон мубаддал гашта, миллати пурифтихору номдори тоҷик бо таърихи шоёну фарҳанги воло ва забони шевову гуворои худ дар ақсои олам маълуму машҳур гаштааст.

Ҳамин тариқ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ барҷаста аст. Ӯ тавонист кишвари дар ҳоли фаноро бо сарбаландиву саодатмандӣ наҷот диҳад ва ба эъмори давлатӣ миллӣ асос гузорад. Сулҳу ваҳдати миллие, ки Пешвои миллат бо ҷасорату мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ ба даст овард, тимсоли меваи шаҳдборе аст, ки ҳамешаметавон аз ширинии он лазат бурд. Аз ин рӯ, кулли ҷомеаи кишварро мебояд, ки аз ин фоҷеаи сахту сангин ва нангин дарси ибрат омӯхта, чун фарди оқилу доно дар канори Пешвои миллат муттаҳид бошем. Ба қадри сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ расида, садоқатмандонабаҳри пешрафту нумӯи кишвари азизамон камари ҳимматбаста, Ватани азизамонро боз ҳам гулгулшукуфон намоем.

НАЗРИМАД МУРОДОВн.и.т., дотсент, декани факултети таърих