ПАЁМ ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФУ ФАРҲАНГ

101

Чун ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ибрози андеша менамояд. Ин аз он далолат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа меҳисобад.

Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар Паём қайд гардид, ки аз «1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи ичтимоӣ ва бучетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд».

Ин ҳолат кормандони маориф ва омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон дар муассисаҳои таълимии кишвар диққати бештар зоҳир намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати ба амал баровардани ислоҳоти соҳаи маорифро пеш гирифт, ки ин ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баладихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон маориф ва илму фарҳангро асоси пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёти миллат эълон намуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат нахустин санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 1993) дар вазъи муташаниҷи иқтисодию сиёсӣ таҳия ва қабул карда шуд.

Президенти кишвар қайд менамоянд, ки «маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тарақиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳони иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад».

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мачлиси Олӣ, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи Президенти кишвар қайд гардидааст, ки «Тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Соли 2023-юм 15-ёдгории таърихиву фарҳангии точикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид». Сарвари давлат бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ, ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод намуданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентиии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифаддор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд, ки бахшида ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Зеро, сарвари давлат Конститутсияро шаҳодатномаи миллат гуфтаанд ва нақши Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар баланд арзёбӣ намуданд.

Президенти кишвар нақши ҷавононро дар рушди илму фарҳанг назаррас шуморида, қайд намуданд, ки «Ҷавонони мо насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз чумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Точикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқии обии «Роғун» ва пешрафтти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд».

Инчунин дар Паёми мазкур зикр гардид, ки «бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

Гуфтан мумкин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ масоили маориф, илм ва фарҳанг таҳлил ва баррасӣ гардид.

Дар охир қайд кардан зарур аст, ки дар Паёми имсолаиПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Мачлиси Олии кишвар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар бо самимият истиқбол гардид.

Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ,номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ

Насим РАҶАБЗОДА,дотсенти кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ