ПАЁМЕ АЗ ФАРҲАНГСОЛОРИИ МИЛЛАТИ КУҲАН

100

Дар воқеъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Олии Қонунгузори кишвар инъикосгари тамоми дастовардҳои миллат дар соли сипаришуда маҳсуб ёфта, дурнамои рушди давлатдориро ба таври мушаххас инъикос менамояд. Паёми навбатии Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки дар соли 2023 ҷомеаи Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле зиёду мондагор ноил гардидааст. Муҳимтарин дастоварди сол пеш аз ҳама ҳифзу гиромидошти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аст.

Дар муҳити истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати ҷомеа дар соли сипаришуда мо ба дастовардҳои мондегоре ноил гардидем, ки ин ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Паёми имсола дар радифи дигар соҳаҳои афзалиятноки кишвар бозтобкунандаи таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик буд. Дар Паём Сарвари давлат аз фарҳанги ғании тоҷикон сухан карда, таъкид намуданд, ки “Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”.

Ҳамчунин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки эътироф гардидани тамаддуни тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, яъне ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихии мо, нишона аз миллати қадима ва таърихию фарҳангӣ будани миллати бостонии тоҷик аст. Авзои ҷаҳон дар ҳолати бисёр мураккабу ҳассос қарор дорад.

Ва он ҳар лаҳза тағйир ёфта, албатта ба таъриху тамаддуни миллатҳои гуногуни олам таъсири худро расонида истодааст.

Аммо дар ҳамин гуна шароит Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърифу фарҳанги миллатро на танҳо нигоҳ дошатанд, балки фарҳанги тоҷиконро ҳамчун нигини тамаддуни ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намуданд. Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат таъкид дошатанд, ки “Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёконамонро ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ эҳтиром гузорем”. Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон хулоса кард, ки роҳбари давлати мо воқеан абармарде ҳастанд, ки бо ҳисси баланди миллӣ таъриху тамаддуни чандинасраи миллати тоҷикро зинда карда, маъруфу машҳури олам намуданд.

Иззатова Матлуба – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии ДМТ