ПАЁМИ ДАВЛАТМЕҲВАР

78

Паём ҳамчун воситаи муҳимми инъикосгари роҳи рушд ва дурнамои давлатдорӣ ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар ироа мегардад, ки дар он самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда мешавад ва он чун дастури барномавӣ ва роҳкушои оянда ба шумор меравад. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар сурат гирифта, чун санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масоил дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ, тақвияти ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушди кишвар муайян карда мешавад ва ҳамчун барномаи амалӣ барои ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Андешаҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ироа мегардад, чун дастурамал ё роҳнамое барои фардои дурахшони кишвар мебошад.

Ҷавҳари ҳар як андешаи созанда аз ибтидои он шуруъ мегардад.

Пешвои миллат низ ба ҳамин минвол паёми хешро оғоз намуда, ба таври мушаххас вазъи соли сипаришударо таҳлил карда, зикр намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, ҳамчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он… ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Дар ҳақиқат ҳам, мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик, ки таърихан ва аз азал, мардуми заҳматкашу меҳнатӣ ва ватандӯстдор ҳастанд, ҳамеша барои ободу зебо намудани як гушаи Ватани худ талош менамоянд ва ҳамин талошҳои садоқатмандонаи онҳо буд, ки бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсӣ ва бозиҳои зиёди геополитикӣ соли 2023-ро бо муваффақият сипарӣ намудем.

Новобаста аз он, ки вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хело мураккаб гардида, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ ва дигар низоҳо ба шаклҳои гуногун сурат гирифта истодааст, иқтисодиёти Тоҷикистон поён нарафта, баръакс рӯ ба афзоиш аст. Пешвои миллат низ ин нуктаро дар Паёми имсолаи худ мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии COVID-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодию молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳилаи ҳасос таъмин намоем.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5%-ро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 1, 5 баробар зиёд гардид”. Дар воқеъ, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисоди миллӣ рушд намуда, буҷети мамлакат афзоиш меёбад ва ин барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳамин омилҳо буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5% – соли 2017 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Пешвои миллат барои боз ҳам поён расонидани ин нишондиҳандаҳо ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки дар ҳафт соли минбаъда то ба даҳ фоиз паст кардани сатҳи камбизотӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Воқеан, агар ҳамаи мо “бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати хеш дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, ҳамчунин хизматҳои содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватан тамоми маллакаву маҳорати худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем” тамоми камбудиҳо бартараф гашта, кишварамон ба дигар мамолики тараққикардаи ҷаҳон баробар мегардад.

Дар зарфи чанд соли охир барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ ва расидан ба аҳдофи миллӣ Ҳукумати мамлакат ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ диққати махсус зоҳир намудаистодааст. Бо натиҷагирӣ аз бахшҳои зикргардида Пешвои миллат инкишофи самтҳои мазкурро хуб арзёбӣ намуда, фаъолияти соҳибкорон ва аз эҳсосоти баланди ватандӯстии онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Воқеан, дар муддати начандон зиёд ҷалби сармоя афзоиш ёфта, имконоти рушди соҳибкорӣ дар мамлакат афзун гардидааст. Соҳибкорони ватанӣ низ аз фароҳам гардидани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ дар кишвар хушнуд ҳастанд. Ҳамин аст, ки дар як соли сипаригашта “соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи кори сохта, ба истифода супориданд”. Ҳамзамон, бо ташаббуси онҳо “дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд”.

Барои он ки давлат дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои азим ноил гардад ва дар радифи мутараққитарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирад, саноати пешрафта ва азим лозим аст. Ҳукумати кишвар низ бо дарки ин масоил “Саноатикунонии босуръати мамлакат”-ро яке аз ҳадафҳои миллии хеш қарор дода, солҳои 2022-2026-ро ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки амалишавии он Тоҷикистонро аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил медиҳад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш низ аз бурду бохтҳои соҳаи саноат натиҷагирӣ карда, бори дигар муҳиммияти онро баён дошта, зикр намуданд, ки “Соҳаи саноат… яке аз манбаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад”. Дар воқеъ, Тоҷикистон иқтидори рушди соҳаҳои мухталифи саноатро доро буда, бо истифода аз имконоти худ метавонад аҳдофҳои банақша гирифтаи худро амалӣ сохта, ба пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намояд.

Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии он рушди соҳаи энергетика лозим аст.

Саноат чун ҳалқаи занҷира ба соҳаи энергетика васл буда, бе рушди энергетика наметавонад ба комёбии назаррасе ноил гардад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ”-ро низ яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуданд. Бо ҳамин мақсад, Роҳбарияти олии кишвар ба таҷдиду бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ ҳамаҷониба маблағгузорӣ намуда, дар як муддати кутоҳ иқтидори истеҳсолии қувваи барқро дар кишвар дар соли 2023 ба 22 миллиард киловатт-соат расониданд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба инкишофи энергетика аҳаммияти махсус зоҳир намуда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида дар ин самт, ба вижа бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Роғун”, “Себзор”, лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Санобод” ва “Чарсем”, истеҳсол ва афзоиш додани содироти нерӯи барқ ва ғайра ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки иҷрои бо марому мақсадноки онҳо расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин хоҳад кард.

Яке аз масъалахои асосӣ дар назди Ҳукумати мамлакат рушд додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мебошад. Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт низ тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ин соҳаро рушд дода истодаанд. Албатта, бо воридшавии сайёҳон ба кишвар буҷети мамлакат афзоиш ёфта, шумораи ҷойи холии корӣ низ зиёд мегардад. Ҳамзамон, кишвари мо иқтидори ҳамаҷониба ишкишоф додани ин соҳаро доро аст. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар паёми худ ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо, таъсис додани гурӯҳи кории босалоҳияти доимиро талаб намуданд. Воқеан, бо дар назардошти мавҷуд будани баландтарин қаторкӯҳҳо, чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва иқлими мусоид дар кишвар имконоти беҳтари рушд додани сайёҳӣ мавҷуд аст ва амалисозии нақшаву барномаҳои тасдиқшуда ба ин масъала мусоидат мекунад.

Яке аз самтҳои афзалиятнок, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи махсус ва ғамхорӣ зоҳир менамояд, пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа-ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино бар ин, Пешвои миллат дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”. Аз ин лиҳоз, “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, ҳамчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.

Пешвои миллат “бунёди миллати мутамаддинро аз маориф” дониста, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдоштаро “сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ” эълон намуданд. Бино бар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш таъкид намуданд, ки “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Дар ҳақиқат, пешрафти мамлакат ва ояндаи ободи кишвар аз сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат вобастагии калон дорад. Ҷомеа чи қадар босавод бошад, давлат ҳамон қадар пешрафт мекунад ва миллате, ки аз илму маориф дур мегардад, хоҳу нохоҳ истиқлолашро аз даст медиҳад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат барои азнавсозиву бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди иқтидори илмӣ ҳамаҷониба талош меварзад.

Ҷомеа ҳамон вақт пешрафт мекунад, ки миллаташ солим бошад.

Солимии ҷомеа омили пешрафти тамоми соҳаҳо шуда метавонад.

Инсони қобили меҳнат имкони хуби омӯзиш ва тақвият додани дониши худро дошта, тавассути малакаву маҳорати андӯхтаи худ ба рушди дигар самтҳо мусоидат менамояд. Бино бар ин, Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи имконоту тадбирҳои лозимаро меандешад. Бо натиҷагирӣ аз рушди ин соҳа дар кишвар ва баъдан, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар нақшаҳо дар ин самт, Пешвои миллат дар паёми худ як қатор дастуру супоришҳо доданд, ки бо амалишавии ҳамаи он нақшаву барномаҳо бо итминони комил метавон гуфт, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шуда, бо кадрҳои баландихтисос таъмин хоҳад гашт.

Инсон ҳамон вақт соҳибмаърифату донишманд мегардад, ки тарбияи хуб дошта бошад ва тарбия ҳамон вақт, дар ниҳоди одам пайдо мешавад, ки ҳанӯз аз аёми тифлӣ модари покдоману меҳрубон ва донишманду соҳибтафаккур ӯро ба воя расонида бошад. Яъне, зан-модар дар рушди ҷомеаи инсонӣ нақши калидӣ дошта, омӯзгор ва тарбиятгари тамоми башарият аст. Ҳукумати мамлакат низ бо таваҷҷуҳ ба ин масоил ба баланд бардоштани ҳарчи бештари мақоми зан дар ҷомеа ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо талош меварзад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба ин масъала боз ҳам беҳтар таваҷҷӯҳ намуда, нақши онҳоро “дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳиси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, ҳамчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир” арзёбӣ намуданд. Воқеан ҳам, зан-модар қудрате дорад, ки ягон чиз ба он баробар шуда наметавонад ва беҳуда нест, ки императори бузурги Фаронса Наполеон пеши пойи он сар фуруд оварда, иброз доштааст, ки “Модар бо як даст гаҳвораро меҷунбонад, бо дасти дигар ҷаҳонро”.

Рушди ҷомеаи инсониро бе доштани маърифати ҳуқуқӣ тасаввур кардан мушкил аст. Инсоният замоне ба комёбиҳои бузург ноил мегардад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро донад ва аз он дифоъ карда тавонад ва бе танзиму риояти қонун ва қабули қонунҳои нав ҷомеа устувор боқӣ намемонад. Пешвои миллат ин нукотро хуб дарк намуда, дар Паёми хеш соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки воқеан қобили таҳсин аст. Зеро “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ” ва аҳаммияти калон дорад.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ роҳнамо ва дастурамал буда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат менамояд. Албатта, бо чанд ҷумлаи кутоҳ наметавон, тамоми масоили матраҳшудаи паёмро баррасӣ намуд, аммо ҳаминро метавон гуфт, ки воқеан ҳар як ҳарфу калимот ва ҷумлаҳои ироагашта маънову мафҳуми бузург доранд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи он инсонро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ раҳнамун сохта, амалишавии он ба рушди босуботи кишвар ва ба тараққиёти бузург ноил гаштани Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Назримад Муродов н.и.т., дотсент,иҷрокунандаи декани факултети таърихи ДМТ