РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

110

Шуд парчами рахшандаи мо зебу фари мо,

Неруи тану ҷону чу нури басари мо,

Болои сари мову нигаҳбони сари мо,

Шуд дар раҳи фатҳу зафар ӯ ҳамсафари мо.

Бар парчами пояндаи худ арҷ гузорем,

Ёде зи ниёгони азизаш бишуморем.

Пайваста ба ҳам саф ба сафу сулҳшиорем,

Дар ҳифзи Ватан ҷону сари худ бисупорем.

Дар авҷи фазо бол кушода чу кабӯтар,

Бахшандаи шодист ба ҳар хонаву ҳар дар,

Рамзест зи неруву тавоноии кишвар,

Савганди ватандориву «Шаҳнома»-и дигар.

Ин парчами мо парчами иқболи баланд аст,

Чун боли ҳумо бар сари мо соя фикандаст.

Бар ҷону дили халқ азиз асту писанд аст,

Ҳомии Ватан аз ҳама озору газанд аст.

Муҳтарам Ҳотам

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менмаоянд, ки «халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарчамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».

Парчам рамзи ҳастии давлату миллати соҳиби­стиқлол мебошад, яъне ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои парчами давлатии худ мебошад. Яке аз муқад­дасоти давлат ин парчам мебошад, ки пайдоиш ва парафшонии он аз давраи Коваи оҳангар то имрӯз боқӣ мондааст.

Халқи тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошад. Аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд. Ҳанӯз дар асрҳои 3-2 пеш аз мелод қабилаҳои ориёинажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «меҳроб» ё «фарри ориёӣ» меномиданд ва он рамзи хуршед, офтоб покизагӣ ва нишонаи абадиятро дошт.

Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ таърихи парчамдорию парчамбардории халқи тоҷик аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣсоҳиби рамз ва нишони миллӣбуданд ва ин анъана то рӯзҳои мо идома дорад.

Дар китоби муқаддаси Авесто Бохтар ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳо барафрохта қайд гардидааст, ки далели соҳибпарчаму парчамбардор будани мардуми сарзамини тоҷиконро нишон медиҳад.

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатӣ, яъне муқаддасоти миллии тоҷикон, аз ҷумла парчами нави давлатӣ ба миён омад. Азбаски рамзҳои давлатии Тоҷикистони аҳди Шуравӣ ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии чумҳурӣ аз чиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Комиссияи махсус барои тайёр намудани парчами давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири парчам озмуни чумҳуриявӣ эълон гардид. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва қабул гадид.

Қабули Парчами давлатӣ ба давраи хеле ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавчудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст.

Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Бо ибтикори наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатамон, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд.

Баландии сутунпояи он 165 метр, дарозии матоаш 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби «Рекордҳои Гинес» ворид гардид.

Майдоне, ки онҷо Парчами баландтарин ҷойгир аст «Боғи Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли точикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад».

Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчами давлатӣ боиси ифтихори миллат, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллати соҳибтамаддуни мост. Рамзи ҳуввият, давлатдорӣ ва ягонагии халқҳои сарзамини Точикистон буда, шараф ва ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Пешвои миллат, Асосгузори сулу вадати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷикро лозим аст то аз Парчами миллии худ ифтихор намояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву Истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд”.

Парчами миллӣ – нишонаи муборизаву ҷонисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол илҳомбахши кору фаолияти мо ҷавонон ва роҳнамои мардуми кишварамон ба сӯӣ зиндагии пурсаодат мебошад.

Имрӯз мо ҷавонон, ифтихор аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу суботи Ватан озодона кор ва фаолият менамоем. Ва Парчами миллии мо, дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландии мо тоҷикон аст. Бигзор Парчами миллии мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватан мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон бошад.

Шарофиддинов Сӯҳроб,н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ