САҲИФАИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

47

(бахшида ба 100 солагии таъсисёбии Тоҷикистон)

Аз баргузории тақсимоти марзӣ-миллӣ дар Осиёи Марказӣ 100 сол пур мешавад. Вақте ба таърихи сиёсии минтақа назар меафканем, ба яке аз саҳифаҳои тақдирсози халқиятҳои он, ки дар таърих бо номи «Тақсимоти миллӣ-марзӣ» маъмул аст дучор меоем. Ин саҳифаест, ки тақдири миллати тоҷикро бо дурнамои давлатдориаш муайян сохт. Тақсимоти миллӣ-марзӣ яке аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Шуравӣ дар солҳои 20-уми асри гузашта буд, ки дар сарнавишти сиёсии миллати тоҷик ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ таъсири гуногун гузошта, дар таърихнигории ватанӣ бо номҳои мухталиф ёд мешавад. Баъд аз ғалабаи Инқилоби Сотсиалистӣ ва ташкили Ҳукумати Шуравӣ зарурати татбиқи ваъдаҳои пешазинқилобии болшевикон фаро расид. Ин зарурат на бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои ҳама мардумони шуравӣ ба таври объективӣ, балки бо мақсади мустаҳкам намудани низоми пешгирифта ба миён омад. Яъне бо кадом роҳе, ки набошад сотсиализм бояд ғалаба мекард. Дар радифи дигар аҳдофи стратегии ҳокимияти навбунёд ҷиҳати таъмини ғалабаи сотсиализм тақсимоти маъмурӣ чун барномаи асосӣ қарор дошт. Таҳлили адабиёти ҷойдошта нишон медиҳад, ки то даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин чорабинии сиёсии Ҳукумати Шуравӣ баҳои объективӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ (яъне шуравӣ) дода нашудааст. Агар баъзан баҳогузории танқидӣ аст, вале яктарафа. Ин омили субъективӣ дорад ва он дар мавҷудияти идеологияи ҳукумрон ва низоми ҷойдоштаи вақт ифода меёфт. Акнун дар ҷомеаи соҳибистиқлол миллати тоҷик ҳақу ҳуқуқи ба як саҳифаи кучаки таърихи худ, ки ояндаи давлатдориашро муайян кард, ба таври холисона воқиф шуданро дорад. Ба ақидаи мо имрӯз вақти он расидааст, ки муаррихон анъанаи карахтшудаи шуравиро шикаста, дар ҷомаи соҳибистиқлол таърихро бо даранзардошти манофеи миллат инъикос намоянд. Албатта, муаррихони тоҷик имрӯз рисолати худро то ҷое ҳам бошад иҷро карда истодаанду дар асоси асноди мавҷуда аз пайи ифшои ҳақиқати таърихианд.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон адабиёти зиёди таълимӣ ба нашр расид, ки оид ба истилои тақсимот мафҳумҳои нав ворид гардид. Чунончи, ба ҷои тақсимоти «миллӣ-марзӣ» истилоҳи «марзӣ-миллӣ» пешниҳод шудааст. Ин пешниҳод аз он хабар медиҳад, ки дар амал на тақсимоти миллӣ-марзӣ, балки тақсимоти марзӣ (маъмурӣ) ба амал омадааст.

Аз 14-уми октябри соли 1924 қарор дар бораи ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон баромад. Барои чӣ мухтор? Оё ин барои тоҷикон басанда буд, мавриди шукргузорӣ буд ё не? хато дар ки ва чи буд; гунаҳгор ки буд? ки ба тоҷик хубӣ намуд? ҳолати пешазинқилобӣ барои тоҷик хуб ва ё шуравӣ? Ин суолҳое ҳаст, ки ҳар як хонандаи тоҷик дар рафти мутолиаи ин саҳифаи таърихи халқ ба худ гаштаю баргашта онро дода ҷавоби қаноаткунандаро дарнамеёбад ба мисли мо.

Дар аксар адабиётҳо дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки сарвари Ҳукумати Шуравӣ аз рӯзҳои аввал нисбат ба масъалаи тақсимот диққати ҷиддӣ медод. Ҳатто моҳи июни соли 1920 таъкид намудааст, ки ба тақсимоти миллӣ-марзӣ эҳтиёткорона рафтор намуда, ба тартиб додани харитаи этнографии Туркистон фавран шурӯъ намояд. В.И. Ленин шахсияте буд, ки аз таърихи Осиёи Марказӣ, ҳайати этникӣ ва ҷуғрофияи он бохабар буд. Ин ахборотҳо ҳанӯз пеш аз инқилоб барои ӯ дастрас буд. Ҳанӯз дар солҳои 40-60-уми асри ХIХ муҳаққиқони рус ҷиҳати омӯзиши таърих, фарҳанг, ҷуғрофия, ҳайати этникӣ ва дигар хусусиятҳои маҳаллии минтақа таҳқиқот анҷом дода, натиҷаи онро ба марказ бурдаанд. Таҳлили осори аксар муҳаққиқони рус нишон медиҳад, ки аксарият аҳолии аморати Бухоро ва хонигарии Хуқанд ориёитабор – тоҷикон буданд. Махсусан, дар хусуси ҳайати этникии Бухоро ва Туркистон метавон осори Мейендорфро варақгардон намуд, ки Б. Ғафуров дар китоби худ «Тоҷикон» аз он иқтибос овардааст. Мувофиқи он тоҷикон халқи бумӣ, шаҳрнишину ҳунарманд ва кишоварзанд.

Пас барои чӣ минтақае, ки дар таърих ба худ ҳеҷ гоҳ исми туркро нагирифта буд, баробари ворид шудани забткорони Русияи подшоҳӣ номи Туркистон (яъне сарзамини туркҳо)-ро гирифт, дар ҳоле, ки аз асри Х сар карда то асри ХХ ба сифати забони давлатӣ забони тоҷикӣ амал мекарду, низоми давлатдорӣ бошад нусхаи низоми Сомониён (девонсолорию, аморатгарӣ) буд.

Минтақа аз ҷониби Русияи подшоҳӣ забт шуд, вале дар аморати Бухоро ҳоло ҳам чун мулки то ҷое мустақил забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ боқӣ монда буд. Соли 1917 инқилоб ғалаба кард ва соли 1920 низоми амирӣ барҳам хурд ва он ба Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро табдил дода шуду ба сифати забони давлатӣ забони туркӣ қарор гирифт. Ба ҳукумронии зиёда аз 10 асраи забони тоҷикӣ хотима гузошта шуд. Албатта, забткорон на туркҳо, балки Русияи подшоҳӣ буд. Пас, ки мусоидат кард, турки шикастхӯрда ва ё хонинони миллати тоҷик? Агар турк пас барои чӣ асосгузорони ҳаракатҳои тараққихоҳона – маорифпарварӣ ва ҷадидия дар Осиёи Марказӣ тоҷиконанд, ки дар саргаҳи эҳёи илму маърифат қарор доштанд ва боз талош намуданд. Ҷавоб дар аксар китобҳо пантуркизм аст. Пантрукизм аз куҷо ва бар зидди ки пайдо шуд? Барои чӣ маҳз дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ? Русияи подшоҳӣ барин империяи пуриқтидор ва давлати Шуравӣ барин бузург, ки имперализми аврупоиро шикаст дода, сотсиализмро паҳн намуд, наметавонист, як ҳаракати идеологиеро пахш намояд, ки нав реша гирифта истода буд? Пантуркизм магар дар Туркия пайдо шуд ва ё дар Русияи подшоҳӣ? Дар Туркияи ҷангзада, ки дар ҳоли барҳамхурӣ қарор дошт; Оё решаи пантуркизми Осиёи Марказӣ аз Истамбул об мехӯрд ва ё аз Боғчасаройи Қрим? Аз миёни чеҳраҳои бузурги фарҳангии турктаборони Осиёи Миёна ягон нафаре аст, ки муқобили тоҷикон ва фарҳанги онҳо мубориза бурда бошад? Агар бошад, ки мусоидат намуд? Ба ақидаи мо дар миёни чеҳраҳои фарҳангии Осиёи Миёна (яъне аз маҳаллиён) чунин шахсияте набуд, ки ба муқобили ақидаҳои А. Дониш ва С. Айнӣ барин донишмандон мубориза бурда метавонист.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фарқ кунонидани мавқеи Русияи подшоҳӣ аз давлати Шуравӣ нисбат ба тоҷикон ва ҳалли масъалаи онҳо барои мо насли ҷавон бисёр мураккаб аст. Ин мураккабиест, ки эҷодшуда аст. Барои шикасти мавқеи таърихии тоҷикон дар минтақа пантуркизм ташкил шуд ва баъдан истифода карда шуд.

Чун маълум буд, ки ягона халқи таърихи куҳан дошта ва моликони асосии ин марзу бум, ки шаҳрҳои бузург сохта, тамаддуни ғановатмандеро асос гузошта буданд, ва халқиятҳои воридшуда ба он ғута зада буданду аз кучманчӣ ва манзили ягона надоштани худ қариб, ки бехабар шуда буданд. Маълум буд, ки кадом як аҷнабие, ки вориди минтақа шуд дар рӯ ба рӯи тамаддуни тоҷикон истодагарӣ карда натавонисту шикаст хурд. Баъд аз Искандар давлати Кушониёну Ҳайтолиён, баъд аз арабҳо Сомониёну Ғуриён, баъд аз турку муғул забону низоми идорӣ боқӣ монд. Силоҳи асосии тоҷик фарҳангу маърифаташ буд, ки омили ғалаба ва пояндаю дароз гардидани умри ӯ чун миллат мегардид. Ин таърихест, ки барои Русияи подшоҳӣ ва давлати Шуравӣ равшан буд ва барои шикасти манзалати таърихан ҷойдоштаи тоҷикон аз пантуркизму шовинизм истифода шуд. Аввал фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо дигарон истифода шуданду баъдан чун хоинони давлати Шуравӣ қатл. Бари чӣ маҳз онҳо? Чун онҳо ҳимоятгари манофеи миллат буданд, омили даст ёфтани тоҷикон ба давлати соҳибихтиёр дар ҳайати шуравӣ шуданд. Дар муддати кутоҳтарин новобаста аз мухторият ва маҳдудияти ҳуқуқӣ ба ин чеҳраҳои мондагори тоҷик муяссар гардид, ки Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои соҳибихтиёр дар ҳайати Шуравӣ табдил диҳанд.

Давлати Шуравӣ дар ибтидо ба тоҷикон баъзе мулкҳоро надод, вале барои дар оянда миёни мардум хуб нишон додани худ Хуҷандро барои ҳимоя боқӣ гузошт. Интизори он буд, ки оё тоҷикон барои ҳуқуқи худ мубориза мебаранд ё не. Алабтта, медонист, ки вокуниш нишон дода мешавад. Чун таърихи ин халқи ҳақиқатпарвар ва меҳансолор барояш равшан буд. Баробари арзу шикояти фарзандони фарзонаи миллат Ҳокимияти Шуравӣ маҷбур шуд, ки шаҳри бостонии Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонида онро чун давлати соҳибихтиёр дар ҳайаташ пазирад. Дар ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон аз ҳеҷ аҷнабие шукргузорӣ намудан маънӣ надорад, чунки он бо ташаббуси худи тоҷикон амалӣ гардид. Ҳеҷ як қувваи хориҷӣ дар фикри ташкили давлати тоҷикон набуд, балки баръакс. Фақат олимоне буданд, ки дар заминаи таҳқиқоти илмӣ мавҷудияти тоҷиконро ҳамчун ҳалқи қадимтарини минтақа ва тамаддунофар исбот мекарданд. Вале омилҳои субъективӣ намегузошт, ки натоиҷи таҳқиқоти илмӣ амалӣ гардад.

Новобаста ба зиддиятҳо ва дастгирии ҳаракатҳои зидди тоҷикӣ ба ин миллат муяссар гардид, ки давлати мухторро ҳам бошад соҳиб гардида, номи худро дар таърихи оянда сабт намояду заминаи ташкили давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузорад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад: «Таҷрибаи арзишманди таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳаммияти фавқулодат ва ҳаётӣ дошт.

Таърих собит месозад, ки дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ миллати тоҷик бино бар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳои манфиатдор асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд». Андешаҳои хирадмандонаи С. Айнӣ ва амалҳои Н. Махсуму Ш. Шоҳтемур ва боз даҳҳо фарзандони ҷонисори миллат тири душманро бар бод дода, исбот намуд, ки тоҷикон, чун меросбарони Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ новобаста аз замон ва макон метавонанд дар муттаҳидӣ ғаразу амалҳои душманро шикаста ба насли оянда намуна бошанд.

Новобаста аз он ҳама эҷоди маҳдудиятҳо нисбат ба ҳуқуқи тоҷикон, таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон падидаи нодири таърихӣ буда, минбаъд дар заминаи он Тоҷикистон ба истиқлол расид. Танҳо бо дарназардошти ҳамин аҳаммияти мондагор барои миллат метавон 14-уми октябрро «Рӯзи Тоҷикистон» номид, ки 100 сол аз он санаи таърихию сарнавиштсоз пур мешавад. Маҳз аввалин маротиба 14-уми октябри соли 1924 давлате бо номи Тоҷикистон таъсис ёфт.

Шарифзода Ҷамолиддин Сафол – н.и.т., дотсент,директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат