САДА ЧӢ МАЪНО ДОРАД ВА ЧӢ ГУНА ҶАШН АСТ?

99

Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Сада чӣ маъно дорад, чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо маншаъ мегирад? Ба ин савол номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистион Ҷамолиддин Шарипов барои хонандагони сомонаи АМИТ “Ховар” посух медиҳад.

— Имрӯз ҳар як аъзои ҷомеаро зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Садаро ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани хонаву ҷойи кор, обод намудани маҳалли зисти хеш, сарсабз гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғҳо ва рушди босуботи Ватани маҳбубамон дар амал татбиқ намоянд.

Ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёкон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мебошад, ки нишоне аз волоияти тамаддуни мо маҳсуб меёбад. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб меёфт.

Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ, мардум ба афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Мардуми ориёӣ, ки бумӣ ва кишоварз буданд бо таҷлили Сада ба кишту кор омодагӣ медиданд. Ҷашни Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, он натиҷаи маҳсули тафаккури рушдкардаи ниёкони мо аст, ки аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод.

Мафҳуми Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ тафсир шудааст. Машҳуртарини он «сада»-ро аз шумораи 100 медонад, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. Ҳамчунин, истилои «сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ аст. Ниёкони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Сабаби ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони мо инъикос гардидааст. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ аст. Дар айёми Сада рӯзҳо то рафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад. Ин рамзҳо аз аҳди бостон ҳамчун ҷузъи асосии ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ниёкони мо пазируфта шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд. Он дар сатҳи дарбори шоҳу амирон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид, ки аз ин «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хабар медиҳанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».

Дар воқеъ, фалсафаи тамоми ҷашну маросими мардумии тоҷикон аз ваҳдати ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, омӯзиши илму ҳунар, маърифат, арҷгузорӣ ба тамоми унсурҳои табиат ва дигар падидаҳои нодир иборат мебошад.

Миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор ва покманишу фарҳангӣ буда, ин ҳама ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки аз аҳди бостон то имрӯз таҷлил мегарданд, нишоне аз тамаддуни воло мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Номзади илмҳои таърих Ҷамолиддин Шарипов

khovar.tj