СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

376

Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд. Эмомалӣ Раҳмон Дар воқеъ Истиқлоли давлатӣ падидаи гаронарзиш барои ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, заминаи амалӣ гардидани тамоми ормону мақсадҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад. Истиқлол ба миллати тоҷик соҳибихтиёрӣ ва озодиро таъмин намуд. Дар заминаи ин падидаи нодир ба мо муяссар гардид, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ – 31 сол ба дастовардҳои ҳаётан муҳим ноил гардем. Маҳз Истиқлол ба мо имкон дод, ки роҳи мутамаддини давлатсозиро дар такя ба таҷрибаи нодири таърихии ниёгон интихоб намоему дар ин самт муваффақ ҳам шавем. Имрӯз миллати тоҷик дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Яке аз рукнҳои бисёр муҳимми давлати ҳуқуқбунёд баробарии тамоми афроди ҷомеа дар ҳама самтҳо маҳсуб меёбад. Махсусан, баробарии зану мард ва волоияти ҳуқуқи онҳо кафили асосии бунёди давлати демократӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ дар роҳи таҳкими мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи хеле мусоид ва боэътимод гузошт.

Бояд қайд кард, ки занони тоҷик дар давраҳои мураккаби таърихӣ ҳамеша фаъол буда, ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва соҳибихтиёриву озодӣ талош менамуданд. Дар давраи моҷарои сиёсии солҳои 90-ум занони тоҷик дар баробари дигар афроди ҷомеа бо ҷасорату мардонагӣ миёни ҷонибҳои ба ҳам зид истода, бо маслиҳату насиҳатҳои пандомези хеш аксаран дар паст гардидани шиддати эҳсосот ёрӣ мерасониданд. Дар раванди музокироти неруҳои ҳукуматӣ бо мухолифин, ки ҳазорҳо километр дур аз Ватан баргузор мегардид, занони тоҷик бо муроҷиатҳо, барқия ва паёмҳои хеш музокирачиёнро дастгирӣ намуда, онҳоро барои таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ даъват мекарданд. Занон дар баробари мардон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯзҳои мушкилу мураккабро аз сар гузаронида, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми муносиби хешро гузоштанд. Новобаста аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул намуданд ва дар баробари мардон ҷиҳати устувор намудани сулҳу субот дар мамлакат бо муваффақият мубориза бурда, ба хотири мондагории миллату давлати тоҷик ҳастии хешро бахшиданд.

Дар ҷавоби ин ҳама хидматҳои шоистаи занони тоҷик Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидан ва имзои созишномаи сулҳ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як қатор чораҳои муассиро дар амал татбиқ намуд. Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз нахустинҳо шуда ҷиҳати масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, конвенсияҳои байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон”, “Ҳуқуқҳои кӯдакон”, “Ҳуқуқҳои занон””- ро қабул кард. Пас аз ин марҳила ба марҳила зиёда аз 30-санади муҳимми давлатӣ дар бораи масъалаи занон қабул карда шуданд, ки онҳо барои бонувони кишвар заминаи боз ҳам мусоидро дар тамоми самтҳои фаъолият ва зиндагӣ муҳаё сохтанд. Дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз тарафи ҷомеа, махсусан бонувон дастигирӣ гардид, ки он ҷиҳати аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ дар бораи нақши зан дар ҷомеа заминаи муосид фароҳам овард.

Санади мазкур ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти бонувон мусоидат кард. Дар ин замина Ҳукумати кишвар Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқи имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”-ро қабул ва мавриди амал қарор дод.

Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ширкати фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Имрӯз дар фазои соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу субот бонунвони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, ҳокимияти давлатӣ ва интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат карда, сафи онҳо ба маротиб дар тамоми шохаҳои ҳокимият зиёд шудааст.

Дар ин баробар ба хотири эҳтироми нақши бонувон, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмати модар ва дастгирии мавқеи занон ҳамчун узви фаъоли ҷомеа 8-уми мартро “Рӯзи Модар” эълон намуда, ин ҷашни фархунда дар кишвар бо ифтихор таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки “Мо бо меҳнати созандаи занони боғайрати кишвар ҳамчун қувваи фаъолу пешрафти ҷомеа ифтихор карда, нақши онҳоро дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат бо ифротгароию хуруфотпарастӣ арзишманд медонем”.

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти занон рӯз то рӯз дар ҷомеа ҷоннок гардида истодааст. Истиқлоли давлатӣ ба зани тоҷик имкониятҳои зиёд дода, мақому ӯро да ҷомеа боз ҳам афзуд. Занони тоҷик дар соҳаи маориф, тардурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ аксри кормандонро ташкил дода, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ қариб 25 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз зани тоҷик ба ҳайси номзади илм ва докторони илм фаъолияти илмию таълимӣ дорад. Дар пешрафти соҳаи илму маориф нақши занон ба таври барҷаста намоён аст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба воситаи “Квотаи президентӣ” садҳо духтарон – хатмкунандаҳои макотиби миёна ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм ҳамчун мутахассис ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Ҳамчунин як қисми хатмкунандаҳо ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоянд. Қисми зиёди ин духтарон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд бо назари нек менигаранд. Нақши бонувон дар амалӣ гардидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба таври аъло мушоҳида мешавад.

Дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбдунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар масъалаи соҳибмаърифат намудани занон диққати хосса дода мешавад. Занон қариб 50 фоизи аҳолиро ташкил намуда, дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши назаррас доранд. Имрӯз зарур аст, ки дар ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон рисолати бузурги хешро иҷро намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобастагӣ дорад, саҳми муносиб гузоранд. Модари тоҷик то имрӯз фарзандони фарзонаеро таълиму тарбия намудааст, ки дар рушди тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ нақши калидӣ доштанд. Аз Рудакӣ то Айнӣ ва аз Спитамену Исмоили Сомонӣ то Восеъву Бобоҷон Гафуровро модари тоҷик тарбия намудааст, ки бо фаъолияти пурсамари хеш маҳбубу маъруф гардидаанд. Месазад, ки ин анъанаи неки модари тоҷик идома ёбаду, сафи чеҳраҳои мондагор аз ҳисоби ин миллати тамаддунофар боз ҳам зиёд шавад.

Салимзода Марворид – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ