ТАҲҚИҚИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ

69

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, ин раванд ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Дар партави ин сиёсати фарҳангпарварона, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангӣ саҳми назаррас гузошта, тавассути тарбияи мутахассисони соҳаи таърих, бахусус бостоншиносӣ, амалан мусоидат мекунад.

Маҳз дар заминаи ҳамин дастур Донишгоҳ ҳамасола донишҷӯёни факултети таърихро барои таҷрибаомӯзии саҳроии бостоншиносӣ ба ёдгориҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор ва Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор сафарбар менамояд.

Соли 2025 бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтарам Э. С. Насриддинзода гурӯҳи донишҷӯёни факултети таърих ба пойгоҳи бостоншиносии Шаҳртеппа ирсол гардиданд. Шаҳртеппа яке аз ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, ба ибтидои асрҳои миёна мансуб аст ва то ҳол аз ҷониби мутахассисон пурра таҳқиқ нашудааст.

Донишҷӯёни Донишгоҳ ҳоло дар ковишҳои бостоншиносӣ фаъолона ширкат варзида, бо мақсади таҳкими донишҳои амалӣ ва саҳмгузорӣ дар омӯзиши мероси таърихӣ, таҳқиқоти саҳроӣ анҷом медиҳанд. Умед аст, ки натиҷаҳои ин таҷрибаомӯзӣ барои илмҳои таърихӣ арзишманд хоҳанд буд ва заминаи рушду густариши минбаъдаи ихтисоси бостоншиносӣ мегардад.