ТАЛОШҲОИ ИСТИҚЛОЛХОҲОНАИ ТОҶИКОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

35

Истиқлоли давлатии тоҷикон тасодуфӣ набуда, заминаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар масири расидан ба озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар тули таърих, махсусан ҳазор соли охир садҳо фарзандони ҷасуру далери тоҷик ҷони хешро нисор намудаанд.

Ниёкони тоҷикон дар марҳилаҳои мухталифи таърих бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки тавонотарин қудрати замони худ буданд, вале бо ҷасорату шуҷоат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд.

Аз таърихи сиёсати забткоронаи аҷнабиён бармеояд, ки ниёкони тоҷикон барои озодӣ ва истиқлол то охирин нафас муқовимат намуда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҷон бохтаанд. Як рукни фаъоли ин муборизаҳои истиқлолхоҳӣ занону духтарони фидокор буданд, ки дар лаҳзаҳои мураккабтарини таърих на танҳо мардонавор ҷангида, марги бошарафро аз тобеияту асорат болотар шумориданд, балки ба низоми идораи мулк ва тахту тоҷи императорони аҷнабӣ роҳ ёфта, барои наҷоти Ватан ва расидан ба ормони истиқлол ҷонбозиҳо кардаанд.

Аҷдоди мо дар Хуросону Варорӯд ду соли тамом бо лашкари бешумору шикастнопазири Искандари Мақдунӣ бурдаанд. Набарду пайкорҳои беамон бурдани Спитамени суғдӣ, баъди марги Спитамен набардҳои ошкору ниҳонро дар қисмати ҷанубии қаламрави Бохтару Суғд ба муқобили Искандари Мақдунӣ идома додани Катан ва Овстан ва дар набардҳои муҳорибаи нобаробари минтақаи Паретакена қаҳрамонона ҳалок шудани онҳо аз ҷумлаи ин гуна саҳифаҳои муборизаҳои истиқлолхоҳии ниёкони тоҷикон маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, ба тахти Искандари Мақдунӣ қаҳрамонзани бохтарӣ Рухшонаи духтари Вахшуварт «ҳамсари шарқӣ ва асираи мақдуниҳо» нишаста, дар атрофи худу писари хурдсолаш Искандари IV неруҳои хайрхоҳ, аз ҷумла ашрофони бохтариро муттаҳид сохт ва дувоздаҳ сол, яъне то замони ӯро заҳр дода куштани рақибонаш империяи бузурги мақдуниҳоро идора менамуд. Талоши истиқлолхоҳӣ боиси он шуд, ки ба арсаи сиёсат ва давлатдории эллинӣ духтари Спитамен – Апама омад. Ӯ ҳамсари императори нави Мақдуниён дар Осиёи Марказӣ ва Эрон – Селевк буд. Писараш Антиохи I дар давраи зиндагии падараш Селевк меросбари қонунии салтанати Селевкиён гардида, ҳукмронии ҳудудҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла вилоятҳои Бохтар, Суғд, Марғиён ва Портро ба зима дошт.

Марҳилаи дигари ҳаракатҳои истиқлолхоҳонаи ниёкони мо ба замони ҳуҷуми арабҳо ва туркони бодиянишин рост меояд. Сулолаи Бармакиён дахолати хулафои арабро дар низоми давлатдорӣ шикаста, тамоми низоми идораи хилофатро ба даст гирифтанд ва барои ободию пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию мадании Хуросону Мовароуннаҳр чораҳои муфидро амалӣ карданд. Сарлашкари араб ва волии Хуросон Асад ибни Абдулло бо артиши зиёду ҷангдида муддати даҳ сол се маротиба пай дар пай ба Хатлон лашкар кашида, аз тарафи мардуми озодихоҳи он шикаст хӯрд.

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯмуслими Хуросонӣ бар зидди хилофати Уммавиён исён бардошта, ҳамчун сиёсатмадор, лашкаркаш ва ташкилотчии моҳир лашкари сершумори онҳоро шикаст дод ва ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳрро таҳти васояти худ оварда, бо ҳусни тадбиру зиракӣ, нахустин амири Хуросон аз миёни мардуми маҳаллӣ гардид.

Ҳаракату муборизаҳои фарзандони бонангу номус ва баруманди миллати мо – Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Шаҳбол, Восеъ ва даҳҳои дигар аз руҳи мубориза, меҳанпарастӣ, ҷавонмардӣ, ҳусни тадбиру зиракӣ ва ормонҳои волои истиқлолхоҳӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин радиф, дар таърихи халқи тоҷик ҷунбишҳои бузурги сарбадорон маъруф аст, ки дар он даҳҳо ҳазор афроди ватандӯст таҳти шиори муқаддаси «зиндагии бошарафона ё сар ба дор» муддати даҳсолаҳо пайкори озодихоҳона ва фидокорона кардаанд.

Заҳмату талоши сисолаи Фирдавсӣ дар навишти «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ буда, бо тасвири таърихи пурифтихори подшоҳони Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён шукӯҳу шаҳомати фарҳанги қадима ва оини давлатдории ниёкони тоҷиконро фузуда, дами шамшери хунрези бегонагонро кунд сохт ва истилогарони золиму истисмориро бо тамаддуни ғании гузаштагони мо ошно намуда, миллати моро аз хатари парокандагиву нестшавӣ эмин нигоҳ дошт.

Аҷдоди мо дар ҳама давру замонҳо, алалхусус ҳангоми истилои муғулнажодон дар ҷое бо силоҳу сипоҳ, дар ҷое бо зиракию ҳусни тадбир, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо ҳидояту панду ҳикмат ва дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки чеҳраҳои мондагори миллат монанди Куруши Кабир, Дорои Бузург, Спитамен, Вахшуварт, Канишкаи Бузург, Хусрави Анӯшервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи руҳи тавоною бешикаст, омезиши ҷасорати оқилонаи ирсию иродаи босубот, талошҳои хастагинопазири давлатсозию давлатдорӣ ва таҳкими озодиву истиқлол буданд. Ташкили аввалин давлати миллии тоҷикон – Сомониён натиҷаи ин ҳама талошҳо маҳсуб меёфт.

Таҷрибаи таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ – дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳаммияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт.

Миллати тоҷик давраи пур аз тазод ва муборизаҳои пурфоҷиаро сипарӣ намуда, се зинаи инкишофи давлату давлатдорӣ ва роҳи сахту сангини расидан ба истиқлолро тай намудааст: интиҳои давраи давлатдории аморати Бухоро, таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ва ниҳоят эълом шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва навсозию эҳёи давлатдории миллӣ.

Новобаста аз мушкилоти зиёде дар ибтидои асри ХХчанде аз шахсиятҳои сиёсию ҳизбӣ, алалхусус Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона варзиданд, ки ҳамаи ин дар маҷмуъ ба таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 мусоидат намуд.

Ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ як пораи фаромӯшнашавандаи эҳёи истиқлол ва давлату давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ буда, бо вуҷуди маҳдудиятҳояш Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро ба сӯйи иқтисоди пешрафтаи ҷаҳонӣ, техникаю технологияи мукаммал ва маърифати волои замонавӣ ҳидоят намуд. Вале дар замони шуравӣ барои такмили унсурҳои давлатдории миллӣ ва нуфузёбии арзишҳои миллӣ ба таври ошкору ниҳон монеаҳо эҷод менамуд. Дар ҳудуди ҷумҳуриҳои милли субъектҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние мавҷуд буданд, ки амалан тобеъи ҳокимияти марказӣ буда, ҳатто ба ҳокимияти олии ҷумҳуриҳои мавҷуда итоат наменамуданд. Бо баҳонаи ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумиҳизбӣ доираи манфиатҳои миллӣ маҳдуд гардида, ваколату уҳдадориҳои тарафайн дар рӯйи коғаз мемонд. Махсусан, эҳтироми таъриху фарҳанги миллат, забони миллӣ, урфу одат ва дигар расму оинҳои аҷдодӣ коҳида, ҷойи онро тантанаи расмиятҳои ҳизбию оинҳои шахспарастӣ мегирифт.

Омилҳои мазкур сабаби падид омадани буҳрони иҷтимоӣ дар ҷомеа гардида, дертар майлҳои марказгурезӣ ва истиқлолхоҳиро падид оварданд. Марҳилаи бозсозӣ ба раванди истиқлолхоҳӣ ва зуҳури ҳаракатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшида, тафаккури марказгароӣ рӯ ба таназзул мениҳод ва мавҷи ислоҳотхоҳӣ авҷ гирифт.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон расман ба парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ ва фаро расидани марҳилаи нави таърихӣ рост омад. Раванди фарорасии истиқлоли давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Тоҷикистон аз рӯйи расмият ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он дигаргуниҳои ҷиддӣ, алалхусус муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард.

Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон расман эълон гардид. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам гардид.

Акнун бо гузашти 33 сол маълум гардид, ки дар саргаҳи амалишавии тамоми ормонҳо истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи наҷотбахши истиқлоли тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз ҳамагӣ қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки ба ин арзиши меҳварии миллату давлат арҷгузор бошанду дар таҳкими он бо талошу заҳмати софдилона саҳмгузор.

Муродов Назримад Сафарович – н.и.т.,дотсент, декани факултети таърихи ДМТ