ВАҲДАТ – АСОСИ ХУШБАХТӢ ВА САОДАТУ БЕДОРИИ МИЛЛАТ

228

Комгории Ватан, эй ҳамдиёр, аз ваҳдат аст,

Ваҳдати мо, эй азизон, иқтидори миллат аст.

Халқи тоҷик миллати қадимае мебошад, ки дар тӯли таърих соҳиби давлатҳои хурду бузург ва тамаддуни бой буда, барои имрӯзи мо таъриху фарҳанги ғание ба мерос мондааст. Тоҷикон дар ҳайати давлат-сулолаҳои Сомониёну Ғуриён, Куртҳои Ҳироту Сарбадорони Сабзавори Хуросон, ки ин сулолаҳо дар таърих ҳамчун сулолаҳои тоҷикӣ арзи ҳастӣ намудаанд, давлатдорӣ карда, бар зидди аҷнабиён муборизаи беамон бурдаанд. Лекин ин давлатҳои номбурда давлатҳои сулолавӣ буданду ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд. Боиси хушбахтии мо тоҷикон аст, ки дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем ва миллати тоҷик аз мустамликаи дигар давлат будан озод шуда, соҳиби давлати хеш бо номи Тоҷикистон гардид. Ҳарчанд истиқлолият халқи тоҷикро шоду хурсанд карда бошад, лекин бо дасисаву иғвои баъзе гуруҳхо, ки ҳеҷ вақт ба мафҳуми истиқлолият сарфаҳм намерафтанд, дар ҷумҳурии навбунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда, фараҳу шодии мардуми тоҷикро ба ғаму андух мубаддал намуданд. Ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то моҳи июни соли 1997, яъне 5 сол идома намуда, ҳама он дастовардҳое, ки дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон ба даст оварда буд, ба нестӣ бурд. Бо интихоб шудани фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кору фаъолияти намояндагони халқ тағйироти куллие ба вуҷуд омадан гирифт. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ вакилон бо интихоби сарвари хеш тақдири ояндаи давлати тоҷик ва сарҷамъии миллату якпорчагии Тоҷикистонро ҳал карданд. Чуноне ки медонем сарвари давлат аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ аз сулҳ сухан намуда, «ман ба шумо сулҳ меоварам»- гуфта дар миёни мардум савганд ёд намуда буд. Дар ҳақиқат кушишу талошҳои ин марди бузург буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат барқарор гардид.

Гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон аз оғоз то ба имзо расидани он роҳи тӯлонӣ ва пурпечу тоберо пушти сар намуда, дар масири худ ноҳамвориҳои зиёдеро тай кардааст. Ин раванд аз моҳи апрели соли 1994 оғоз ёфта ва моҳи июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон поён пазируфтааст. Гуфтушунидҳо дар 8 давр дар шаҳрҳои Маскави Федератсияи Россия, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ашкободи Ҷумҳурии Туркманистон доир гардиданд. Бояд афзуд, ки даври панҷуми музокирот дар шаҳри Ашкобод се марҳаларо аз 30 ноябри соли 1995 то 21 июни соли 1996 ва даври ҳаштуми гуфтушунидҳо ду марҳаларо аз 9 апрел то 28 майи соли 1997 дар бар доштанд.Дар таъмини сулҳи тоҷикон Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли СММ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози системаи муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, ҳайати музокиракунандагон аз ҳарду ҷониб саҳмгузорӣ намудаанд. Аммо бори сангин, гузашткуниҳо ва тасмимгириҳои оқилонаю хирадмандона ба хотири якпорчагии миллату давлати Тоҷикистон бар дӯши роҳбарони ду ҷониб- Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ буд.Ин маҷмӯаи мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо зина ба зина ҳарду ҷониби мухолифро барои даст ёфтан ба ҳамдигарфаҳмию бахшидани тарафи муқобил наздик намуда ва билохира ба рӯзи саиди ваҳдати миллӣ- 27 июн расонид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия аз ҷониби Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ба тасвиб расид, яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бо барқарор гардидани сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ ба пешравиҳо ва дастовардҳои зиёде ноил гардид. Шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хело ободу зебо гардиданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор як қатор иншоотҳои бузург сохта ба истифода дода шудаанд. Инчунин дар соли 2015 бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмн 3000-солагии Ҳисор ҷашн гирифта шуд. 26-27-уми октябри соли 2015 Президенти кишвар Эмомал Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард. Аз ҷумлаи иншоотҳое, ки Сарвари давлат дар рӯзҳои ҷашн ба истифода додаанд, ин биноҳои баланди истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дузандагӣ ва мағозаи фурӯши қолинҳо, ки дар қабати поёнии хонаҳо ҷой дода шудааст; ифтитоҳи чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллӣ, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад ва аз ҷиҳати меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбӯза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад; ба истифода додани корхонаи дӯзандагии Шарофат, ки бузургтарин дар ноҳия мебошад, дорои беш аз 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад: ба фаъолият оғоз бахшидани зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ» дар ноҳияи Ҳисор; кушода ва ба истифода додани сардхона ва боғҳои интенсивии Ҷамъяити дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр-Агро» дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор, ки дар ҳудуди 20 гектар замини обӣ сохта шудааст; иштирок ва шинос шудани Сарвари давлат ба корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор, ки муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ба шумор мерафт ва будани ин мамнуъгоҳ аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, ки барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат муҳим ба ҳисоб меравад ва ғайраҳо мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иншоотҳои бузург сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар широити имрӯзаи ҷаҳон, ки нооромиву беамнӣ хукмфармо мебошад, ба даст овардани сулҳ кори осон нест. Ва агар сулҳ ҳам ба даст ояд онро поянда нигоҳ доштан ҳам аз дасти ҳама намеояд.

Имрӯзҳо мо шукрона аз он менамоем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат ва оромӣ ҳукмфармо мебошад.

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури Ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.

Мо навиштаи хешро бо суханони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотима мебахшем, ки таъкид менамояд: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодату бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон- Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».

Нурмуҳаммад АБДУҲАМИДОВ, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики факултаи таърихи ДМТ